Научная статья на тему 'РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЉАЛБИ САРМОЯГУЗОРИЊОИ ХОРИЉЇ ДАР РУШДИ ИЌТИСОДИЁТ'

РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЉАЛБИ САРМОЯГУЗОРИЊОИ ХОРИЉЇ ДАР РУШДИ ИЌТИСОДИЁТ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
256
32
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
проблемы совершенствования управления / социальная / производственная / иностранные инвестиции / эффективность / привлечение капитала / управление / капитал.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Султанзода Иса Мухаммад

В научной статье авторы отмечают, что привлечение иностранного капитала в Республику Таджикистан является одним из важнейших вопросов, требующих решения. А в условиях изменений и перехода к новой структуре рыночной экономики приток иностранного капитала является фактором экономического прогресса. Иностранный капитал может входить в различные отрасли экономики республики и восполнять внутренний финансовый дефицит. В статье также делается вывод о том, что, наряду с иностранным капиталом, решающее значение в экономике республики имеют новые технологии, производственный и управленческий опыт, технические знания, высококвалифицированная рабочая сила.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по экономике и бизнесу , автор научной работы — Султанзода Иса Мухаммад

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЉАЛБИ САРМОЯГУЗОРИЊОИ ХОРИЉЇ ДАР РУШДИ ИЌТИСОДИЁТ»

РО^ОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЛАЛБИ САРМОЯГУЗОРИ&ОИ ХОРИШ ДАР

РУШДИ ИКТИСОДИЁТ

СУЛТАНЗОДА ИСА МУХАММАД

Бахтарский государственный университет имени Насыра Хусрава, старший преподаватель

кафедры банковской деятельности.

Аннотация. В научной статье авторы отмечают, что привлечение иностранного капитала в Республику Таджикистан является одним из важнейших вопросов, требующих решения. А в условиях изменений и перехода к новой структуре рыночной экономики приток иностранного капитала является фактором экономического прогресса. Иностранный капитал может входить в различные отрасли экономики республики и восполнять внутренний финансовый дефицит. В статье также делается вывод о том, что, наряду с иностранным капиталом, решающее значение в экономике республики имеют новые технологии, производственный и управленческий опыт, технические знания, высококвалифицированная рабочая сила.

Ключевые слова: проблемы совершенствования управления, социальная, производственная, иностранные инвестиции, эффективность, привлечение капитала, управление, капитал.

Чумхурии Точикистон имруз дар шароити иктисоди бозорй карор дошта, руз то руз комёбихои зиёд ба даст меорад. Гузаштан ба иктисоди бозорй ба бисёр корхонаву ташкилотхои чумхурй таъсири зиёд мерасонад, ки онхо ба маблагхои сармоягузорй эхтиёч пайдо мекунад. Сиёсати сармоягузорй яке аз кисмхои марказии низоми бозорй мебошад. мафхуми сиёсати сармоягузорй дар аввал одй менамояд, лекин он нихоят мураккаб буда, нозукихои худро дорад. Омухтани ин нозукихо, ки на он кадар осон мебошад, таваччухи бештарро талаб менамояд. Агар аз чониби Хукумати Чумхурй сиёсати сармоягузорй дуруст ба рох монда шавад, пас ин ба пешравии иктисодиёт ва бехтар гардидани вазъи иктисодии ахолй мусоидат мекунад.

Омузиши маъалаи тахкикшаванда муайян менамояд, ки якчояшавии Чумхурии Точикистон ба системаи хочагии чахонй ва гузаронидани ислохоти иктисодй ба чалби сармоягузории хоричй зич алокаманд мебошад. Дар ин миён хачми сармоягузорихои хоричй дар иктисоди Точикистон дакикан кам ба назар мерасад нисбат ба талабот. Сабаби он пеш аз хама дар мавчуд набудани сиёсати пай дар пайи дарозмухлати давлат дар самти танзими сармоягузории хоричй мебошад. Воридоти сармояи хоричй самаранокии рушди иктисодиро хавасмандгардонида, устувории сиёсй ичтимоиро таъмин менамояд.

Чдлби бомуваффацкона ва татбики босамари сармоягузорихои хоричй танх,о бо рохи фазои мусоид ва устувори сармоягузорй имконпазир буда, чузъхои мухими он устувории сиёсй, шароитхои мусоид барои рушди иктисодй, инчунин конунгузорй, ки манфиатхои шахсй ва чамъиятиро ба х,исоб гирифтаанд мебошад [4, с.124-129].

Бояд кайд кард, ки сармоягузории хоричй сабаби рушди иктисодиёт мегардад ва ба сармоягузории дохилй таъсири калон мерасонад, хамчунин ба кавитар гардонидани робитахо байни бозори дохиливу байналмилалй мусоидат менамояд.

Сармоягузорони хоричй бояд хамеша аз лоихахои сармоягузорй бохабар бошанд, ки боиси пешрафти фаъолияти онхо мегардад. Дар холатхои мавчуд будани лоихахои сармоягузорй ва бехабар будани сармоягузорон, Точикистон маблагхои калонро аз даст медихад. Танхо дар хамин холат фаъолияти маблаггузорон дар Чумхурии Точикистон ривоч ёфта, сабаби баландгардии иктисодиёти чумхурй мегардад.

Гуфтахои дар боло зикршуда ба он далолат менамоянд, ки танхо дуруст ба рох мондани сиёсати сармоягузорй дар Чумхурии Точикистон метавонад ба рушди

иктисодиёт таъсири мусбат расонад. Бинобар ин, чихати бехтаркунии фазой сармоягузорй мамлакат ва баландбардории чолибнокии сармоягузории сохахои иктисоди миллй чорахои зеринро бояд андешид:

- баланд бардории мавкеи (рейтинги) сармоягузории Точикистон;

- устуворгардонии бозори ватанй;

- бозхам рушд додани низоми молдиявию карзй;

- хавасмандгардонии андозии сармоягузорй;

- омода намудани кадрхои баланедихтисоси ба талаботи замони муосир чавобгу;

- бозхдм такмил додани конунгузории андоз барои паст кардани сарбории молиявии корхона хангоми равона кардани воситахои иловагй барои сармоягузорихо;

- аз тарафи давлат дастгири ёфтани ташаккули бозори дуюмдарачаи когазхои киматнок, таъсиси фондхои сармоягузорй ва бонкхои сармоягузорй барои хизматрасонии сохахои мухталифи иктисодиёт;

- тахияи шиносномаи сармоягузории сохахои чолибнок барои хар як минтакаи чумхурй, барориши маълумотномаи барчаста оид ба корхонахои сохахои гуногуни иктисодиёт ва лоихахои сармоягузории онхо;

- таъсиси сомонахои вилоятхо ва шахру нохияхои чумхури дар интернет, ки дар онхо бояд сохахои пешкаламу чолибнок барои сармоягузорй инъикос ёбанд.

Мутобики Консепсияи сиёсати давлатии чалб ва химояи сармоягузории Чумхурии Точикистон сиёсати давлатии сармоягузорй бояд ба фарохам овардани шароити мусоиди сармоягузорй ва бартараф намудани махдудиятхои конунгузорй ва институтсионалй барои афзоиши сармоягузорихо дар истехсолот, таквиятбахшии тамоюли ичтимоии онхо, озод намудани ташаббуси бахши хусусии иктисод, муковимат ба тахдидхои баъди бухрони молиявии чахонй бавучудомадаи бесуботии фаъолияти хочагидорй дар кишвар бинобар фарсудагии чисмонии аз хад зиёди бахши истехсолй нигаронида шавад [3, с.26]. Принсипхои асосии сиёсати давлатй оид ба чалб ва химояи сармоягузории Чумхурии Точикистон дар доираи таъмин намудани рушди мутавозин ва босуботи иктисоди кишвар инхо мебошанд:

- мукаррар кардан ва дар конунгузорй дакикан зикр намудани "коидахои бозй" дар сохаи фаъолияти сармоягузорй, бо дарназардошти манфиатхои стратегии кишвар ва афзалиятхои рушди он, ки сиёсати дакик ва пайгиронаи ба дурнамои дарозмухлати чалби сармоягузорихо ва химоя намудани эътимоди сармоягузорон нигаронидаи давлатро инъикос менамояд;

- ошкоро ва дастрас будани иттилоот дар сохаи фаъолияти сармоягузорй;

- таъмин намудани шароити баробар дар дастрасй ба захирахои сармоягузорй (дастрасии баробари сармоягузорони хам ватанй ва хам хоричй ба иттилоот, барномахои сармоягузорй, озмунхои лоихахо чихати ворид намудан ба барномахои сармоягузорй ва ширкат дар озмунхои сармоягузорй);

- мутобицати муцаррароти асосии сиёсати чалби сармоягузорй дар тамоми шохахои хокимият дар сатхи давлатй ва минтакавй, инчунин дар

доирахои сохибкорй;

- мутобикати изхорот ва амалхои вокей, вучуд надоштани тагйироти муваккатии (конъюнктурии) сиёсй, возехии барномаи мушаххаси амалхои макомоти хокимияти давлатии сатххои мухталифе, ки ру ба амалхои макомоти хокимияти давлатии сатххои мухталифе, ки ру ба бехбудй овардани мухити сармоягузориро дар кишвар таъмин менамояд.

Афзалиятхои сиёсати давлатии сармоягузорй бояд ба чанбахои зерин мутамарказ карда шаванд:

- афзалиятхои сохавй: ташвик намудан ва хавасмандгардонии намудхои фаъолияти барои кишвар мухим, аз чумла содироти махсулоти ракобатпазир ва воридоти технологияхои нав, чалби сармоягузорихо ба сохахои афзалиятноке, ки номгуйи онхо бояд ба таври мунтазам тачдиди

назар карда шавад;

- афзалиятхо нисбати ширкатхо: дар баробари хавасмандгардонии сармоягузорихои ширкатхои бузург бояд ба чалби сармоягузорихои ширкатхои хурд ва миёна, ки ба такмилдихии заминаи умумии конунгузории хавасмандгардонии сармоягузорихо ва пешниход гардидани кафолатхои устувории шароити фаъолияти сармоягузорй дар тамоми сатххо эхтиёчи хеле бештар дорад;

- афзалиятхои рушди минтакавй: дар баробари амалияи фарохамоварии шароити махсусан мусоиди фаъолияти сармоягузорй дар минтакахои озоди иктисодии алохида, истифодаи ташаббус ва иктидорхои захиравии минтакахо бо дарназардошти рушди инфрасохтор ва ниходхои маъмурие, ки барои чалби сармоягузорихои ояндадор зарур мебошад;

- афзалиятхои минтакавй ва кишвар: суръатбахшии раванди чалби сармоягузорихо ба иктисоди кишвар вусъатбахшии (диверсификатсияи) манбаъхои воридоти сармоя ба кишварро, хам аз хисоби давлатхои аз нигохи иктисодй мутараккй ва хам аз кишвархои дорои бозорхои босуръат рушдёбанда, бо дарназардошти эхтиёчот ва тамоюли рушди тамоми минтакаи Осиёи Марказй, талаб менамояд.

Афзоиши хачми сармоягузорй ва ташаккули фазои сармоягузорй дар кишвар хамчун вазифаи стратегй ва омили мухими тачдиди иктисодиёти миллй муайян шудааст. Накши давлат дар чалб ва равонакунии сармоягузорй ба рушди бахши вокеии иктисодиёт, фарохам овардани шароит барои ташаккули бозори когазхои киматнок, чоннок намудани фаъолияти карзии бонкхо дар бахши вокеии иктисодиёт, хавасмандгардонии чалби сармояи хоричй ва риояи катъии манфиатхои Точикистон таквият меёбад.

Сармоягузории хоричиро метавон х,амчун омили суръатбахши рушди ицтисод, пешрафти технология, тачдид ва навсозии дастгоххои истехсолй, усулхои пешрафтаи идоракунии истехсолот ва омода кардани мутахассисони баландихтисос номид. Чдлби сармоягузорихои хоричй метавонад боиси афзоиши намудхои гуногуни махсулот гардад ва бо кумаки шарикони хоричй густариш ёбад. Барои баланд бардоштани самаранокии истехсолот дар баъзе сохахо, истифодаи технологияхои хоричй мухим аст. Барои мисол, ин ба сохахои истехсоли молхои содиротй, истихрочи маъдан ва коркарди нафт дахл дорад. Агар бо кумаки сармоягузорихои хоричй мо ба пешбурди ин вазифахо муваффак шавем, ин барои эчоди иктисоди муосир сахми назаррас хохад буд.

Дар ин росто, масъалаи чалби сармояи хоричй, алалхусус дар шароити бухрони сармоягузорй дар Точикистон айни муддаост. Аз он, ки то кадом андоза чалби сармоягузорихои хоричй самарабахш мебошад, вобаста аст аз суъати рушд, дарача ва натичаи гузаронидани ислохот дар самти чалби сармоягузории хоричй. Дар шароити гузариш аз як системаи хочагидорй ба системаи дигар ва таъмин намудани механизми чунин гузариш хачми зиёди сармоягузорй такозо мегардад [5, с.76-80].

Давлатхои ру ба тараккй кушиш мекунанд, ки сармоягузории хоричиро ба худ чалб намоянд. Сармоягузории хоричй метавонанд бо рохи ташкили корхонахои муштарак ва корхонахое, ки пурра ба сармоягузорихои хоричй таалук доранд, чойхои нави кориро таъмин кунанд, махсулот истехсол намоянд, ба буча андоз супоранд ва бо хамин воридшавии даромадхои пуллии лозимаро ба буча таъмин намоянд. Ин даромадхоро давлат дар навбати худ метавонад акалан дар мадди аввал барои субсидиякунонии сохахои содиротй равона кунад. Чдраён ва чалбномоии сармояхои хоричй барои баромадан аз бухрони иктисодй хаётан мухим аст.

^айд кардан ба маврид аст, ки чалби сармояи хоричй, дар ицтисодиёт нацши мухим дорад. Онхо барои рушди устувори ицтисодиёт, таъмини бе танаффусии истехсолот заруранд. Бидуни сармоягузории хоричй дар шароити муосир, ракобат ва ракобатпазирии истеасолкунандагони мол дар бозори хорил! ва дохил! гайриимкон аст.

АДАБИЁТ:

1. Бромвич, М. Анализ экономической эффективности капиталовложений. - М.: ИНФРА-М, 2006. - 432 с.

2. Рахимов З. Инвестиционная деятельность банковской системы в условиях рынка. Душанбе, «Ирфон», 2002.

3. Сафаров А.А. Ч,абх,ах,ои назариявии ташаккулёбии сармоягузорй хамчун омили рушди иктисодй // Паёми ДМТ. Бахши илмхои ичтимой-иктисодй ва чамъиятй, 2018. - №11. -Душанбе, 2018. - С.26.

4. Саидмуродов, Ш.М. Зарурати чалби сармояи мустакими хоричй дар иктисодиёти миллй // Паёми Донишгохи давлатии ^ургонтеппа ба номи Носири Хусрав, 2017. - № 1/1(43). - С. 124-129.

5. Султонзода, И.М. Арзёбии чалби сармоягузории хоричи ва накши он дар иктисодиёти Чумхурии Точикистон// И.М. Султонзода // Паёми Донишгохи миллии Точикистон. Бахши илмхои ичтимои -иктисодй ва чамъияти -№1. - Душанбе, 2019. - С. 76-80.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.