Научная статья на тему 'НАҚШИ БАРАНДА (ЖУРНАЛИСТ) ДАР РАНГОРАНГИИ БАРНОМАҲОИ СОҲАВИИ ТЕЛЕВИЗИОН'

НАҚШИ БАРАНДА (ЖУРНАЛИСТ) ДАР РАНГОРАНГИИ БАРНОМАҲОИ СОҲАВИИ ТЕЛЕВИЗИОН Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
270
32
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БАРАНДА / ТЕЛЕВИЗИОН / ЖУРНАЛИСТ / ТЕАТР / АКТЁР / РАНОГРАНГ / МУСТАқИМ / САНЪАТ / ТАМОШИБИН / ҷАЛБ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Муъминҷонов Зулфиддин, Воҳидӣ Рустамҷон

Дар мақолаи мазкур муаллифон дар бораи нақши баранда (журналист) дар рангорангии барномаҳои телевизионӣ сухан ронда, аз бар намудани матн ва ба амалиёт пайваст намудани онро барои барандагони телевизион самарабахш мешуморанд. Аз ин лиҳоз аз бар намудани матн ва мутоилаи китобҳои бадеӣ ҷаҳонбинии барандагонро васеъ гардонда барои баланд бардоштани савияи дониш кумак мерасонад. Барандаи телевизион ба монанди актёри театр ба матн ворид гардад. Арганикаи бадан бояд матнро дарк кунад. Он лаҳза сухан зинда ва самимӣ садо медиҳаду вазифаи худро иҷро менамояд. Чунки таъсирнокии сухан ва мазмуни хабарҳо ба тамошобин рафта мерасад, таваҷҷуҳи тамошобин зиёд гардида талаботи маънавии бинандаро қонеъ мегардонад. Барандаи (журналисти) барномаҳои телевизионӣ бояд маълумоти олии ихтисосии журналистикаи соҳавии телевизионро бояд дошта бошанд. То дар соҳаи муайян бо мутахассис ин соҳа суҳбат ороста тавонанд. Махсусан ҳангоми бурдани барномаи мустақими телевизионӣ худро бой надода, дар ҳолати худро гум кардани ҳамсуҳбаташон ба кумак расонида тавонанд. Хулоса, нақши баранда (журналист) дар раногрангии барномаҳои телевизионӣ хеле муҳим буда, ҷалби бинандагон ба он вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ баранда (журналист) мувофиқи талаботи замони муосир бояд ҳаматарафа омода бошад, ки тавонад мисли актёрҳо вобаста ба мавзуи барнома барандагӣ карда тавонад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF THE LEADER (JOURNALIST) IN COLORITY INDUSTRY TV PROGRAMS

In this article, the authors talks about the role of the presenter (journalist) in the colorfulness of TV programs and considers it effective for TV presenters to include text and connect it to action. From this point of view, reading the text and reading fiction broadens the horizons of the leader and contributes to his increase in the level of knowledge. The TV presenter enters the text like a theater actor. The organic body must understand the text. At this moment, the speech sounds lively and sincere and fulfills its duty. Since the effectiveness of the speech and the content of the news reaches the viewer, the viewer's interest increases and the spiritual needs of the viewer are satisfied. The host (journalist) of television programs must have a higher professional education in the field of television journalism. To be able to speak with a specialist in a particular field. Especially during a live TV show, they can help their interlocutor if he loses his self-esteem. In conclusion, we note that the role of the presenter (journalist) is very important in the production of television programs, it greatly depends on attracting viewers. Therefore, the presenter (journalist) must be fully prepared in accordance with the requirements of the modern era so that he can lead the program in the same way as the actors.

Текст научной работы на тему «НАҚШИ БАРАНДА (ЖУРНАЛИСТ) ДАР РАНГОРАНГИИ БАРНОМАҲОИ СОҲАВИИ ТЕЛЕВИЗИОН»

УДК: 621.397(575.3)

НАЦШИ БАРАНДА (ЖУРНАЛИСТ) ДАР РАНГОРАНГИИ БАРНОМАХОИ СОХДВИИ ТЕЛЕВИЗИОН

Муъминцонов З., Бохцдп Р.

Донишкадаи давлатии фар^анг ва санъати Тоцикистон ба номи М. Турсунзода

Дар шароити имрyзаи чахонишавй ва рушди кайхонии шабакаи Интернет ба воситахои ахбори омма зарyр аст, ки маводи касбиёна ба мyшариёни хеш пешниход намоянд, то ки онхоро аз даст надиханд. Дар байни воситахои ахбори омма телевизион барои аксарият дастрастарин ба шумор меравад. "Телевизион зина ба зина мавкеи худро дар байни воситахои ахбори омма ёфта, ба яке аз воситахои ахбори оммаи асосии чумхурй табдил ёфтааст. Имруз дарёфти хонадоне, ки барномахои телевизиониро тамошо намекарда бошад душвор аст. Ин воситаи ахбори омма оинаи хаёти хакикии хамарyзаи чомеа гашта, ба афкори умум ва чахонбинии мардум таъсири амик мерасонад" [4, с. 43]. Шароити имрyза талаб мекунад, ки барномахои телевизионй бо касбияту рангоранг тахия шаванд. Дар ин чода накши журналист-баранда хеле мухим мебошад, зеро ки барномаи телевизионй тарики баранда ба бинандагон пешниход карда мешаванд. Маколаи илмии мазкур ба хамин мавзуи мухим бахшида шуда "Накши баранда дар рангорангии барномахои сохавии телевизион" унвон гирифтааст.

Дар барномахои телевизионй нутк ва ифоданокии сухан яке аз заруратхои асосии барномахо ба хисоб меравад. Aз ин ру, бояд дар барномахо мавкеи ифоданокии сухан, нутки бурро ва шевоии сухангу тархрезй гардад. Саволе ба миён меояд, ки барандаи барномахои телевизион кй буда метавонад? Aндешахо дар ин бобат гуногунанд. Aксаран аз тачрибаи шабакахои телевизионии Точикистон ба мушохида мерасад, ки ба вазифаи барандагии барномахои телевизионй чавондухтарони чехраи зебодошта новобаста аз он ки маълумоти олии журналистй доранд ба кор даъват карда мешаванд. Aлбатта чехраи зебо диккати тамошобинро тез ба худ чалб мекунад. Aммо дорандагони чехраи зебо босавод, ихтисосманди касби журналисти телевизион набошанд, махбубият пайдо кардани онхо дар байни тамошобинон гайриимкон аст. Зеро бинандагон аввал ба чехраи зебо менигаранду баъд ба мазмуну мундарича ва мантики суханронии y. Суханронии бемазмуну бе мантик чехраи зеборо химоя карда наметавонад. Баракс суханронии пурмазмун хамагуна чехраро барои тамошобин гарм мегардонад.

Х,олати ба барандагии барномахо чалб кардани мутахассисони сохахои гуногун вобаста ба сохаи муайян низ дида мешавад. Дар ин холат мутахассиси як сохаи муайян будани баранда боиси ба таври бояду шояд тахлил шудани мавзуи барнома хохад шуд. Aммо мутахиссиси як сохаи муайян аз махсусиятхои фаъолияти ихтисосии журналистй бехаб асту хеч гох ба журналист баробар шуда наметавонад. Дар натича барнома якранг гардида, рангоранг нахохад шуд. Aз тачрибаи шабакахои телевизионии мамлакатхои хоричй ба хулоса омадан мумкин аст, ки бехтар мебуд, ки барандагии барномахоро ба зиммаи журналистоне, ки ин барномаро тахия мекунанд гузошта шаванд. Зеро журналисте, ки маълумоти олии ихтисосй дорад ва сенарияи барномаро навиштааст, аз барномахои иттилоотй сар карда то барномахои тахлиливу публитсистикаи бадеиро метавонад бе когазу телесуфлёр барандагй кунад. Журналист пеш аз навиштани сенария мавзуъ ва кахрамони барномаро меомyзад ва ин имкон медихад, ки y хангоми барандагй кардан озодона ва табии суханронй намояд. Aз ин ру дар ин макола баранда гуфта пеш аз хама журналист дар назар аст. Таъкид намудан зарур аст, ки дар хакикат, нутки баранда дар рангорангии барномахои телевизион накши мехвариро мебозад. Aгар мо ба барномахои журналистони шабакахои телевизионии чумхуриамон назар афканем, дархол дарк ва эхсос менамоем, ки онхо ба камбудй рох медиханд. Ин хатогихо аз он сар мезанад, ки баранда таваччухи зиёд ба матн ва ифодаи сухан намекунад. Aгар матнхо бо диккат омyхта шаванд, тарзи хониши онхо, рангорангии ифодаро пайдо мекунанд. Aммо бепарвой ба онхо имкон намедихад, ки ин пахлуи корро хуб ба анчом расонанд, о6ру ва нуфузи худро хамчун баранда ва ё ровй баланд бардоранд. Онхо ба мазмуни матн диккат намедиханд, ки сухан дар бораи чй меравад? Руякй

як маротиба аз назар мегyзаронандy дардол ба эфир мебароянд, ки дар натича барнома бо сифати паст ба тамошобин пешнидод мегардад. Аз ин сабаб, датто барномадои иттилоотиро, ки аз руйдоддои мудими ватанивy хоричй омода карда мешавандy аз барномадои асосии телевизион ба дисоб мераванд бинандагон тамошо намекунанд.

Ин камбудидои чиддии баъзе аз журналист-барандагони шабакадои телевизионии чумдуриявии ватанй бардак аз тарафи Президенти Чумдурии Точикистон, Пешвои миллат Эмомалй Радмон дар маросими ифтитоди муассисадои давлатии телевизиондои "Варзиш", "Синамо" ва Академияи воситадои ахбори омма чунин таъкид карда шуданд: "Бе омодагии пешакй барои тадияи намоиш нишастани журналистон масъалаи аз дама асосй мебошад. Ин масъала низ бордо гуфта шуда буд, вале доло низ мебинем, ки як нафар имруз барномаи кишоварзй, фардо барномаи мусикй, рузи дигар аз иктисодиёти чадон ва будрони молиявй судбат мекунад" [14].

Агар ба барномадои шабакадои телевизионии мамлакатдои пешрафтаи хоричй нигарем, он аз дама чидат диккатчалбкунанда аст ва дар бинанда ходиши то ба охир тамошо кардан пайдо мегардад. Зеро ки чобачогузории мутобикати навору матн ва тарзи суханронй ба мавкеъ буда, хушку холй нест.

Аз омузишу тадлилдои фаъолияти кории актёр дар театр ва баранда (журналист) дар телевизион ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин ду фаъолият бо дам наздикй доранд. Зеро баранда барои суханаш чолиб ва диккатчалбкунанда баромадан мисли актёр бояд мувофик ба мазмуни матн онро санъаткорона талаффуз намояд ва датто нигодаш суханашро пурра намояд. Боиси афсус аст, ки ингуна барандадо дар шабакадои телевизионии Точикистон ангуштшуморанд. Аксаран барандадои телевизион бепарвоёна бо хости диди худ, ба таври умумй барандагй мекунанд, ки ин аз касбият дур будани ондоро нишон медидад.

Ба хулоса омадан мумкин аст, ки барандагй дар барномадои телевизионй як шохаи санъати гуфтугуй ба шумор меравад, зеро ба санъати актёрй шабодат дорад. Дар санъати актёрй ва дар хониши бадеии театрй, мавкеъи асосиро сухан ва ифодаи он дар бар мегирад. Дар барномадои телевизион дам чунин аст. Бояд вазифаи аввалиндарачаи баранда мувофик ба мавзуи руйдод санъаткорона расонидани иттилои руйдоди бавукуъомада ба тамошобин мебошад. Иттилооти аз руи когаз ва ё аз телесуфлёр бепарвоёна, маънии онро нафадмида якранг хондашуда таъсир надорад. Зеро фикру андешаи баранда ба матни дар когазбуда ва ё телесуфлёр равона мегардад. Аз ин ру, чунин барномадои телевизионй таваччуди тамошобинро аз худ дур мекунанд.

Иттилоот дар барномадои хабарй ба намуддо таксим мешавад, ки онро вобаста ба мавзуъ муайян кардан мумкин аст. Пеш аз дама забони хабар расмй бояд бошад. Истифодаи духурагй ва бадеият дар матн катъиян манъ аст. Калимадои хабар ба як маънии оммафадм бояд садо дидад, то ки ба дама фадмо бошад. Вазифаи аввалиндарачаи баранда (журналист) он аст, ки пеш аз баромадан ба эфир хабардоро бодиккат хонда ба маънии он сарфадм рафта онро аз худ намуда сипас онро кироат намояд. Инчунин баранда бо режиссёри барномаи иттилоотй аз руи сенария матни кироатмешударо коркард бояд кунад. Хабар аз руи мавзуъ ба намуддои зиёди зерин таксим мешавад:

1.Хабари сиёсй - расмй;

2. Хабари фардангй;

3.Хабари иктисодй;

4.Хабари ичтимой;

5.Хабари чиной;

6.Хабари варзишй ва гайрадо. Яъне дар як хабар вобаста ба мавзуъяш бояд кироат карда шавад. Яъне ин хабардо тарзу хусусияти хониши худро доранд ва бояд ба он этибори чиддй дод. Зеро хондани матни хабари сиёсй дигар асту фардангй дигар. Дар хондани матндои фармону карордои дукуматй ва дигар хабардои мудим, ки оданги хоса ва суръати оромонаи нуткро талаб мекунад, бояд хушбаён бароянд. Хондани хабардоро фарк карда тавонад. Дар кадом долат, беист хондани чумла ба пасту баланд шудани овоз адамият дидад. Дар вакти кироати хабардои сиёсй аз ровй талаб карда мешавад, ки ифоданок бе галат матнро кироат намояд, зададои мантикии онро дар чойи муайяншуда гузорад ва ба ист (пауза) вергул, хитоб ва савол риоя намояд. Афлотун мегуяд: «Гуфтор бояд мавчудияти зинда бошад». Аммо гуфтордои барандагони мо зинда нестанд, хушк садо медиданду

бетаъсиранд. Аз ин сабаб барномадои иттилоотии шабакадои телевизионии Точикистонро мардум кам тамошо мекунанд. Дар дакикат тамошобинони телевизион, баъди тамошои барномаи фардангй ва ё филми бадей агар барномаи иттилоотй огоз гардад телевизионро хомуш мекунанд ва ё ба дигар шабака мегардонанд. Сабаб чист? Сабаб яктост. Якранг ва бетаъсир будани барномадои иттилоотй. Х,ар шаб шодиди он мегардеи, ки ровиён матндои хабарро дазм ва ё аз бар накарда баромад мекунанд. Дар матн, ки додисаи руйдода дарч гардидааст, таваччуди зиёдро аз баранда талаб менамояд. Ба баранда лозим аст, ки матнро фикран ва ботинан аз бар намуда, самимй ба забони адабии гуфтугуй мутоби; намояд. Ондо бояд дар хона ва куча низ бо забони адабии гуфтугуй сухан гуянд, ки дар хотирашон накш бандад, то мушкилие сади роди ондо нагардад. Забони асардои Садриддин Айнй забони хоси гуфтугуй аст, то дол дунармандон дар театр онро пос медоранд. Ин забон аз равону суфта буданаш, дар вакти мутоила низ ягон душворие намеорад. Аз ин ру, ровиёнро лозим аст, ки бештар асардои Садриддин Айниро мутоила намоянд, то забонашон равону суфта гардад. Ровй масъулиятро набояд фаромуш созад, пайваста ба тозагии забон бикушад ва дамаруза барои бо нут;и тозаи адабии гуфтугуии точикй сухан гуфтанро битавонад.

Табиати телевизион пешнидоди барномадоро бештар ба тарики мустаким талаб мекунад. Чунки бинанда эдсос намояд, ки баранда дар айни дол сухан карда истодааст. "Барандаи (журналисти) барномаи мустакими телевизионй шахсе бояд бошад, ки ботачриба ва касбй. Дар долати аз кор баромадани тачдизоти техникй худро гум накарда, вобаста ба долати рухдода сухане гуфта, барномаро давом дидад. Ва ё дар долати суханро гум кардани иштирокчиёни барнома ба ондо кумаки худро расонда, ондоро аз долати ногувор бароварда тавонад" [3, с. 130]. Инчунин барандаи барномаи мустаким содаеро, ки дар бораи он барнома мебарад, махсусан барномаи мустаким бояд донад. Яъне журналист-барандаи барномадои телевизионй, махсусан баранда-журналисти барномаи мустаким журна- листи содавии телевизионй бояд бошад.

Унсурмаолии Кайковус дар «^обуснома» дуруст мегуяд: «Забонро сухан гуфтан ёд дед ва дамеша дамон гуяд, ки ёд дода будй». Барандагони мо зинда ва самимй гуфтанро бояд омузанд ва тарзи дурусти ифодаи суханро кор фармоянд.

Барандаи радио ва телевизиони собик Иттидоди Шуравй Левитан солдои чанги Бузурги Ватанй бо овози ширадори самимии худ диккати миллиондо мардумонро бо калимаи «диккат, диккат» гуфтанаш ба худ чалб мекард. Чунки у матни навишташударо аввал бо диккат мехонд, ба маънии у эдтибор дода, максади муаллифро ба худ муайян менамуда баъд максади худро мегузошт, ки бо кадом максад онро кироат намояд. Вакте ки максаддо аник ва ё равшан шуданд, чойи исти (паузаро) калима ва ё чумларо ба худ муайян менамуд, баъд зададои мантикии онро меёфту аз бар намуда ба забони адабии гуфтугуи мутобик менамуд, баъд ба сабт ичозат медод. Агар матн, матни даъват кардан барои димояи Ватан бошад, онгод максади даъват карданро ба хониш бояд гузорад. Аз ин сабаб бисёр барномадои шабакадои телевизионии Россияро дунармандони театр мебаранд, ки зинда ва самимй аст.

Рафоати Абдусалом дар китоби «Телевизион ойинаи зиндагист» чунин меорад: «30 маи соли 1968 буд. Ман ва Хунарпешаи мардумии Точикистон Мадмудчон Водидов - шахсе, ки уро чун санъаткори бомадорату нотакрор ва суханвари хушгуфтор дама эдтиромаш мекарданд, бояд дар садна барандагй мекардам. Маро даячони беандозае фаро гирифта буд. Аввал ин ки дар толор бинандагони нишинос чамъ омада буданд, дигар масъулиятшиносй, саввум бо чунин шахси сухандон ба мисли Мадмудчон Водидов ба садна баромадан касро ба даячон наоварда наметавонист. Мадмудчон маро ором кард. «Тасаввур кунед, ки шумо дар хонаи худ, ру ба руи дустон судбат доред» мегуфт бо чиддият...

Хамин тавр, ман кисми тантанавиро ба таври муъчаз ба забони точикиву узбекй огоз кардам. Баъд Мадмудчон Водидов бо оданги самимй ва ифтихормандона газали шоири оламшумул Хоча Хофизи Шерозиро кироат кард:

Мардабо, эй пайки муштокон, бидед пайгоми дуст, То кунам чон аз сари рагбат фидои номи дуст. Волаву шайдост доим дамчу булбул дар кафас, Тутии табъам зи ишки шаккару бодоми дуст, Гар дидад дастам, кашам дар дида дамчун тутиё, Хоки род, к-он мушарраф гардад аз икдоми дуст.

Дар толор дидахо медурахшиданд, назархо гуё Уро боз хам ба сахна мехонданд, хозирон поси эхтиром давомнок кафкубй мекарданд... Махорати шеърхонии у дар сахна, озодона харф гуфтанхояш, оханги сухангуиву самимияти у маро ба андеша водор мекард. Мехостам чизеро аз у омузам» [1, с. 12-13].

Aз суханхои Рафоати Aбдyсалом бар меояд, ки озодона харф задан, ворид шудан ба матн, самимона гуфтан барои баранда кори асосй аст. Aз ин лихоз хунарманди театр ва баранда ин чизхои оддии ровигиро аз бар намояд. Чунки хунарпешагон тез ба матн ворид мегарданд. Ва мохияти матнро самимй кушода медиханд.

Донишманди маъруфи точик Aбyалй Сино дар китоби худ чунин меорад: «Он чиро, ки бад мефахмем, наметавонем хуб баён кунем». Ин гуфтахо ба хунармандони театр ва барандагони телевизион ва радио низ тааллук дорад. Дар хакикат, бояд матнро аввал хонда мазмуни уро сарфахм рафт, ки гап дар бораи чй меравад? Aгар Шумо матнро руяки хонеду мазмунашро нафахмед, баён кардани он барои Шумо мушкилй меорад. Шояд он мушкилиро худатон нафахмед ва ё хис накунед. Aммо тамошобин ва ё шунаванда инро тез дарк ва эхсос менамояд. Онгох аз хониши шумо руй мегардонад. Aтоyлло Махмуди Хусайнй мегуяд, ровй бояд «Хатми калом ба чизе кунанд, ки ба хасби лафзу маънй хубу маргуб бошад, чун он охири чизест, ки ба гуши сомеъ мерасад: Пас агар хуб бошад, лаззату латофати он дар хотири у мемонад ва агар дар абёти собик кусуре вокеъ шуда бошад, онро бартараф мекунад, монанди таоми лазизи латиф, ки дар охири таомхо мехуранд». Дар хакикат, агар овози баранда гуворо бошаду нуткаш равону суфта ва суханаш самимй бо амалиёт садо дихад барномахои телевизион рангоранг мегарданд. Тамошобин низ хохиши гуш кардан ва тамошо карданро пайдо мекунад. Гуфтори барандагон чун гуфтаи Aтоyлло Махмуди Хусайнй «монанди таоми лазизи латиф, ки дар охири таомхо мехуранд» ширин бошаду кайфият бахшад. Барои хуб садо додани овоз ва равону суфта таллаффуз кардани калима барандагонро мебояд, ки хамаруза машкхои овоз, нафас ва нуткро ба анчом расонанд. Aлбата, мохияти ин машкхо дар муддати кутох ба даст намеояд. Ин ранч ва захмати зиёдро талаб мекунад. Aз захмат рухафтода нашуда, машкхоро идома додан лозим ва руз аз руз, зина ба зина тагйир ёфтани овоз ва инкишофи ёфтани диафрагма, ки дар он нафас чойгир мешавад дарк ва эхсос хохед кард. Дар муддати чанд вакт нутки шумо равону суфта мегардад. Вакти он расидааст, ки барандагон бе навиштачоти когазй ва телесуфлёр баромад намоянд. Вакте ки матн аз руи варак хонда мешавад, фикр равона мегардад ба варак ва сухани самимй аз тахти дил садо намедихаду амалиётро гум мекунад. Aз ин сабаб барандагонро лозим аст мазмуни матнро аз бар намоянду бо сухани худ баён намоянд. Aгар дар вакти сухбат бо рафикатон эхтибор дода бошед, дар хол эхсос мекунед, ки сухани у бо кадом максад баён гардид ва амалиёти сухани у шуморо ба андеша ва ё ба чавоб гардондани он водор менамояд. Aз ин сабаб, бо сухани худ баён намудани максади матн хуб аст. Чунки фикр тамоми арганикаи баданро ба кор дароварда ба самимияти гуфтор ва ба нишонрас шудани хадаф наздик мекунад. Aммо ин кори басо мушкил аст. Ба ин зехни тез, тафаккури васеъ лозим аст, ки шумо мувофики маънои матн чумла сохта тавонед. Сохтани чумла ва ифодаи фикр аз мутолиаи адабиётхои бадей вобаста аст. Aз ин ру, шуморо лозим аст, ки бештар китоби бадей мутолиа намоеду чахонбинй ва фонди лугавии худро васеъ гардонед. Дар акси хол нишони шумо ба хадаф намерасад.

Баранда ва ё наттоки телевизион ба шеър низ дилбастагии беандоза дошта бошад. Шеърхои зиёдро аз бар намуда ба тарзи хониш, вазни шеър, ифодаи сухан ва ба охангу амалиёти сухан эътибор доданро омузад. У метавонад завки бинандаро нисбати мазмуни шеър бедор намояд. Он ровие, ки мазмуни шеърро ба дарачаи зарурй дарк ва эхсос менамояд, онро бо амалиёти сухан ва оханги таъсирнок кироат намояд, ба шунаванда таъсир расонда метавонад, дилхоро тасхир намуда дар ботини шунаванда, хиссиёти олй ва фикрронии уро нисбати мазмунаш бедор менамояд. Aгар ровй самимй бо махорати баланди хунарй шеърро кироат намояд, у метавонад тамошобнро ба олами зебой, мехру садокат рахнамун созаду чароги мухаббатро фурузон гардонад. Дар олами орзу ба дилхо тугён барангезад. «Дар студия ва хам дар сахнахои театр бо эхсосоти баланд ва овози маргуладор ва оханги нихоят дилкаш хондани ашъори классикони точику форс ва шоирони адабиёти муосири точик аз тарафи Хунарпешаи мардумии Точикистон, шодравон Махмудчон Вохидов дидахоро пурнур мегардонд ва он лахзахо дар чашмони мухлисонаш ашк халка

мезад. Масалан, у дар яке аз барномадояш шеъри шоири мадбуби халки точик Мирзо Турсунзодаро мехонд:

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд, Ба сели ашк мешуд гарк манзил, манзили ман буд. Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд, Ба зери мавчи дарё монда содил, содили ман буд. ...

Хама хомуш, гуё садои дили гамзадаи модарро мешуниданд. Бархе аз ондо долати олами ботинии уро дарк намуда гуё баробари модар ашк мерехтанд. Зане, ки падлуи ман менишаст, оде кашиду ба зани дигари дамшафаташ гуфт: «Илодо деч кас гами фарзандро набинад...».

Пайдоиши чунин эдсосоти баланд аз як тараф дар натичаи хониши бомадорати дунарпеша бошад, аз тарафи дигар мазмуну мундаричаи олии шеър аст, ки дар якеро мутаассир накарда наметавонад» [1, с. 98-99]. Дар дакикат дам хониши Мадмудчон Водидов аз диссиёт ва амалиёти сухан, ворид шудан ба матн ва таъсирбахш хондани у вобастагй дорад. Вакте, ки матн аз бар шуд аргиникаи бадан низ ба фикр ва бинишу эдсосот омехта гардида, онро табии баён менамояд. Чунки ин тарзи хониш мудимтарин омили омузиш аст. Барои чунин тарз кироат намудан баранда бояд кушиш ба харч дода онро омузад. Аз чунин хониш тамошобин даловат бурда ба вачд меояд. Аз ин ру барандаи барномадои телевизионро зарур аст, ки мисли актёри театр ба кироати матндои мехондагиаш вобаста ба мавзуи барнома бомасъулиятона рафтор намояд, то ки бинандаро ба худ чалб чалб намояд.

Имруз талаби замон аст, ки кадрдои журналистй вобаста ба содадои мудими даёти чомеа тарбия карда шаванд. Зеро журналисте, ки як содаро намедонад, чи хел бо мутахассиси он сода судбат мекунад ва ё дар бораи он сода барнома тадия мекунад. Ин гайриимкон буда, дар долати мавчуд будан тадияи гайрикасбии барномадо ба миён меояд. Ин долатро имруз мо дар шабакадои алодидаи телевизионии содавии чумдурй дида метавонем. Якрангй, дар шакли шаблонй тадия намудани барнома, сатдй ва умумигуй боиси он шудааст, ки имруз баъзе шабакадои телевизионии содавии чумдуриявй тамошобини худро аз даст додаанд. Бинандаи имруза хеле закй шудааст, барномадои шабакадои телевизионии Точикистонро бо барномадои шабакадои телевизионии мамлакатдои хоричй мукоиса карда, барномаи бо касбият тадияшударо интихоб карда, тамошо мекунад. Аз ин ру мебояд, ки кадрдои журналистии телевизион вобаста ба содадои мудими даёти чомеа такмили ихтисос гиранд ва кадрдои дар шуъбаву факултетдои журналистии донишгоддову донишкададо тарбиягирандадо датман вобаста ба яке аз содадо тарбия карда шаванд. Вобаста ба далли ин проблемаи мудим дар Донишкадаи давлатии фарданг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббуси устодони кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонй аз огози соли 2022 бо дастгирии Академияи миллии илмдои Точикистон ва Вазорати фарданги Чумдурии Точикистон ва бо маблаггузори Хукумати Чумдурии Точикистон Лоидаи тадкикотй зери унвони "Масъаладои тарбияи кадрдои баландихтисоси содавии журналистикаи телевизион (солдои 2022-2026)" амалй шуда истодааст.

Вобаста ба ин дар Донишкадаи давлатии фарданг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба донишчуёни ихтисоси рузноманигори телевизион дар баробари фандои ихтисосй фандои нутки садна, мадорати ровигй дарс дода мешаванд, ки он дар тарбияи журналистони содавии телевизион накши мудим мебозад. Натичаи дамин аст, ки донишчуёни ин ихтисосро аз курси дуюм сар карда барои дамкорй ба шабакадои телевизионии чумдурй даъват мекунанд. Хамасола хатмкунандагони ин ихтисос пурра бо чои кор таъмин мегарданд.

Хулоса, барандагони барномадои содавии телевизионй дар рангорангии барномадо накши калидй мебозанд. Аз ин ру имруз вакти он расидааст, ки барандагони (журналистони) телевизион бояд маълумоти олии журналистикаи содавй дошта бошанду бо гуфтору ладни зебои хеш бинандагонро ба тамошои барномадои телевизионй чалб карда тавонанд.

Адабиёт

1. Абдусалом, Р. Телевизион ойинаи зиндагист / Р. Абдусалом - Душанбе, 2002. - 144 с.

2. Абуалй ибни Сино. Осори мунтахаб. Ц. 1 /Абуалй ибни Сино - Душанбе, 1981. - 487 с.

3. Муъминцонов, З. Жанруои журналистикаи телевизион / З. Муъминцонов. - Душанбе, 2017. - 144 с.

4. Муминджонов, З. Эволюция таджикского телевидения в годы независимости / З. Муминджонов. -Душанбе, 2021. - 336 с.

5. Наимбоев, С. Хониши ифоданок / С. Наимбоев. - Душанбе, 1990. - 196 с.

6. Сайфуллоев, А. Мирзо Турсунзода/А. Сайфуллоев. - Душанбе, 1983. - 361 с.

7. Станиславский, К. С. Работа актёра над сабой / С.К. Станиславский. - М., 1955.

8. Тодоров, Л. В. Работа над стихом в школе /В.Л. Тодоров. - М., 1965. - 184 с.

9. Унсурмаолии Кайковус. Цобуснома / Унсурмаолии Кайковус. - Душанбе, 1983.

10. Усмонов, И.К. Журналистика. Ц.3 / И.К. Усмонов. - Душанбе, 2008. - 280 с.

11. Фирсов, Г. П. Наблюдения над звукавой и интонационной стороной речи /Г.П. Фирсов. - М., 1959. -304 с.

12. Хоцаев, Ц. Суханвари / Ц. Хоцаев. - Душанбе, 1976.

13. Язовицкий, Е. В. Выразительное чтение как средство эстетического воспитания /Е.В. Язовицкий -Ленинград, 1963. - 412 с.

14. Эмомали, Раумон. Суханрони дар маросими ифтитоуи муассисауои давлатии телевизионуои "Варзиш", "Синамо" ва Академияи воситахои ахбори омма [манбаи электрони]. - URL: mfa.tj/tg/mfin/pajomho-va-sukhanronihoi-prezident (санаи муроциат 25.12.2022).

НАЦШИ БАРАНДА (ЖУРНАЛИСТ) ДАР РАНГОРАНГИИ БАРНОМАХОИ СОХДВИИ ТЕЛЕВИЗИОН

Дар маколаи мазкур муаллифон дар бораи накши баранда (журналист) дар рангорангии барномахои телевизионй сухан ронда, аз бар намудани матн ва ба амалиёт пайваст намудани онро барои барандагони телевизион самарабахш мешуморанд. Аз ин лихоз аз бар намудани матн ва мутоилаи китобхои бадей чахонбинии барандагонро васеъ гардонда барои баланд бардоштани савияи дониш кумак мерасонад. Барандаи телевизион ба монанди актёри театр ба матн ворид гардад. Арганикаи бадан бояд матнро дарк кунад. Он лахза сухан зинда ва самимй садо медихаду вазифаи худро ичро менамояд. Чунки таъсирнокии сухан ва мазмуни хабархо ба тамошобин рафта мерасад, таваччухи тамошобин зиёд гардида талаботи маънавии бинандаро конеъ мегардонад. Барандаи (журналисти) барномахои телевизионй бояд маълумоти олии ихтисосии журналистикаи сохавии телевизионро бояд дошта бошанд. То дар сохаи муайян бо мутахассис ин соха сухбат ороста тавонанд. Махсусан хангоми бурдани барномаи мустакими телевизионй худро бой надода, дар холати худро гум кардани хамсухбаташон ба у кумак расонида тавонанд. Хулоса, накши баранда (журналист) дар раногрангии барномахои телевизионй хеле мухим буда, чалби бинандагон ба он вобастагии калон дорад. Аз ин ру баранда (журналист) мувофики талаботи замони муосир бояд хаматарафа омода бошад, ки тавонад мисли актёрхо вобаста ба мавзуи барнома барандагй карда тавонад.

Калидвожахо: баранда, телевизион, журналист, театр, актёр, раногранг, мустаким, санъат, тамошибин,

чалб.

РОЛЬ ВЕДУЩЫЙ (ЖУРНАЛИСТА) В КРАСОЧНОСТИ ОТРАСЛЕВЫХ ТЕЛЕВИЗИОННЫХ ПРОГРАММ

В данной статье авторы говорят о роли ведущего (журналиста) в красочности телепрограмм и считает эффективным для телеведущих включение текста и подключение его к действию. С этой точки зрения чтение текста и чтение художественной литературы расширяет кругозор ведущева и способствует его повышению уровня знаний. Телеведущий вводит текст как театральный актер. Органическое тело должно понимать текст. В этот момент речь звучит живо и искренне и выполняет свой долг. Поскольку действенность речи и содержание новости доходит до зрителя, повышается зрительский интерес и удовлетворяются духовные потребности зрителя. Ведущий (журналист) телепрограмм должен иметь высшее профессиональное образование в области тележурналистики. Чтобы иметь возможность поговорить со специалистом в определенной области. Особенно во время прямой телепередачи они могут помочь своему собеседнику, если он потеряет чувство собственного достоинства. В заключение отметим, что роль ведущего (журналиста) очень важна в производстве телепрограмм, от нее сильно зависит привлечение зрителей. Поэтому ведущий (журналист) должен быть полностью подготовлен в соответствии с требованиями современной эпохи, чтобы он мог вести программу так же, как и актеры.

Ключевые слова: ведущый, телевидения, журналист, театр, актёр, красоност, прямой, искусство, зритель, привлечение.

THE ROLE OF THE LEADER (JOURNALIST) IN COLORITY INDUSTRY TV PROGRAMS

In this article, the authors talks about the role of the presenter (journalist) in the colorfulness of TV programs and considers it effective for TV presenters to include text and connect it to action. From this point of view, reading the text and reading fiction broadens the horizons of the leader and contributes to his increase in the level of knowledge. The TV presenter enters the text like a theater actor. The organic body must understand the text. At this moment, the

speech sounds lively and sincere and fulfills its duty. Since the effectiveness of the speech and the content of the news reaches the viewer, the viewer's interest increases and the spiritual needs of the viewer are satisfied. The host (journalist) of television programs must have a higher professional education in the field of television journalism. To be able to speak with a specialist in a particular field. Especially during a live TV show, they can help their interlocutor if he loses his self-esteem. In conclusion, we note that the role of the presenter (journalist) is very important in the production of television programs, it greatly depends on attracting viewers. Therefore, the presenter (journalist) must be fully prepared in accordance with the requirements of the modern era so that he can lead the program in the same way as the actors.

Keywords: presenter, television, journalist, theater, actor, beauty, direct, art, spectator, attraction.

Дар борам муаллифон

Муъминцонов Зулфмддмн

Доктори илмдои филология, профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонй

Донишкадаи давлатии фарданг ва санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода 734025, Ч,умхурии Точикистон, ш. Душанбе, к. Борбад, 73-а Тел.: (+992) 935 05 14 63 E-mail: zulfiddin. m@mail. ru

Вохидй Рустамцон

Дотсент, мудири кафедраи режиссура ва продюсерй

Донишкадаи давлатии фарданг ва санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода 734025, Ч,умхурии Точикистон, ш. Душанбе, к. Борбад, 73-а Тел.: (+992) 934 00 34 00

Об авторах

Муминджонов Зулфиддин

Доктор филологических наук,

профессор кафедры журналистики

телевидения и радиовещание

Таджикский государственний институт

культуры и искусств имени М. Турсунзаде

734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе,

ул. Борбад, 73-а

Тел.: (+992) 935 05 14 63

E-mail: zulfiddin. m@mail. ru

Вохиди Рустамджон

Доцент, заведующий кафедры режиссура и продюсерство

Таджикский государственний институт культуры и искусств имени М. Турсунзаде 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Борбад, 73-а Тел.: (+992) 934 00 34 00

About the authors Muminjonov Zulfiddin

Doctor of Philology, Professor of the Department

of Television and Radio Journalism

Tajik State Institute of Culture and Arts

named after M. Turzunzade

734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe,

Borbad st., 73-a

Ph.: (+992) 935 05 14 63

E-mail: zulfiddin. m@mail. ru

Vokhidi Rustamjon

Associate Professor, Head of the Department

of Directing and Producing

Tajik State Institute of Culture and Arts

named after M. Turzunzade

734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe,

Borbad st., 73-a

Ph.: (+992) 934 00 34 00

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.