ТДУ 659 (575,3)
ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ФАРХДНГЙ ДАР РЕПОРТАЖИ ТЕЛЕВИЗИОНЙ
Муллоева Н. С.
Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Тоцикистон ба номи М. Турсунзода
Сохаи фарханг хамчун тачассумгари симои маънавии халк, муттахидсозандаи нерухои ахлокиву зехнй, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, хулку атвори хамида ва дигар мукаддасоти миллй дар чомеа макоми арзанда дорад. Бидуни шак, ин соха дар замони сохибистиклолй дубора эхё гардидаву ахамияти фарогиреро касб кардааст. Бо шарофати сулху оромй ва вахдати миллй, фазои мусоиди меъёрию хукукй чихати фаъолияти пурсамари муассисахои фархангии кишвар ва халлу фасли мушкилоти соха як силсила конун ва барномахои давлатй ба тасвиб расид ва бо рушду такомули фарханги миллй такони чиддй бахшид. Махз дар замони сохибистиклолии кишвар ёдгории таърихии «Саразм» ва «Боги миллии Точикистон» хамчун мероси фархангии шомили руйхати умумичахонии ЮНЕСКО шуданд. Мусикии классикй «Шашмаком» низ аз чонибии ЮНЕСКО хамчун мероси суннатии точикон эътирофи байналхалкй ёфт. Лозим ба тазаккур аст, ки дар ин давра васоити ахбори омма низ дархури фазои озоди сохибистиклолй корашонро рохандозй карда, чун оина рушди фарханг, масоили дигари ичтимоиро дар худ мунъакис месозанд.
Бидуни шак вазифаи чонии BAO пешниход намудани иттилооти саривактй ва мухим оид ба сохахои мухталифи фаъолияти сиёсй, ичтимой, фархангй, хукукй ва гайра ба хонанда, шунаванда ва бинанда аст. Aлбатта вобаста ба талаботи аудитория кормандони сохахо, аз чумла тавассути иттилооти пешниходшуда на танхо дониш ва маърифати хешро васеъ менамоянд, балки неруи эчодиашонро низ тахким мебахшанд. Aз ин нуктаи назар воситахои ахбори омма барои баланд бардоштани маърифати чомеа, тахким ва рушди фаъолияти он мусоидат менамоянд.
Воситахои ахбори омма талош доранд мардумро бо дастовардхои сохаи фарханг ва санъат ошно сохта зарурати ворисияти маданият, нигох доштани анъанахо, рухияи миллй ва амсоли инро дар онхо тарбият намоянд. Ин вазифаи BAO барои ошно намудани омма бо махсусиятхои фарханг ва санъати халкхои гуногун, тарбияи завки зебошиносии мардум, якдигарфахмй, дустй ва рафокати халкхо мусоидат менамояд. Х,оло он, ки дар кишвар фазои озоди инъикоси масоили дахлдор ба фарханг фарохам аст. Aхли калам бо истифода аз рисолати касбй кодиранд дар колаби жанрхои гуногун мавзуи мавриди назарро хушобуранг ба хонанда пешниход кунанд. Лозим ба зикр аст, ки накши BAO на танхо дар инъикоси масоили фархангй, шиносой бо анвови санъат, балки рушди робитахои фархангй ва гуфтугуи тамаддунхо низ назарас аст. Ёдовар мешавем, ки на хамеша BAO доираи васеи мавзуъхои ба фарханг рабтдоштаро дар худ гунчонда метавонанд. AFлаб намоишхо бе дарки амики мавзуъ, масъалагузории аник ва дакик ба бинанда пешниход мешаванд. Бидуни шак сатхи пасти барномахои фархангй боиси паст шудани завки зебоипарастй ва фархангии одамон мегардад.
Рузноманигор барои васоити ахбори омма маводи гуногунжанр тахия мекунад ва чунон ки арз шуд, як бахши хеле бузург ва кобили таваччухи сахифахои матбуот ё барномахои телевизиону радио ба масоили фарханг иртибот дорад [7, с. 4.].
Имруз хушбахтона барои фаъолияти васоити ахбори омма, заминахои хукукй фарохаманд. Aз як тараф истиклолияти давлатй, аз суй дигар асноди хукукй боис гардид, ки матбуоти точик рушд ёбад. Масалан, агар соли 1991 дар Точикистон хамаги 191 рузномаву мачалла интишор мегардид, имруз наздик ба 450 рузномаву мачала ба табъ мерасад. Aз ин теъдод 245 адади он чамъиятиву хусусй мебошад. Дар солхои аввали истиклолият дар кишвар танхо як очонсй фаъолият мекард, имруз теъдоди онхо ба 11 адад расидааст, ки 10 тои он Fайридавлатй аст.
Пешравихо дар васоити ахбори электронй бештар ба назар мерасад. Масалан, дар замони шуравй дар Точикистон 1шабакаи радиой ва 1шабакаи телевизионй мавчуд буд, ки бо вакти махдуд ба эфир мебаромаданд. Х,оло дар кишвари сохибистиклоли мо 76 шабакаи радиотелевизионй амал мекунад, ки аз ин микдор 13 телевизиони давлатй 32 телевизиони
гайридавлатй, 10 радиои давлатй ва 21 радиои гайридавлатй фаъолият доранд. Дар 31-соли Истиклоияти давлатй даххо иншооти дорои ахамияти фархангй бунёд ва таъмину навсозй шуданд. Ч,араёни ин хама ибтикорот хамеша дар васоити ахбори омма мунъакис мегашт. Бо ёрии ВАО инсон яке аз талаботхои мухими худ дастрасй ва иттилоотро бароварда мегардонад. Яъне, х,ама намуди иттилоотро, мо метавонем тарики ВАО пайдо намуда, аз ходисахои бароямон мухим огох шавем [9, с. 33].
Фарханг низ чун яке аз чузъхои чудонашавандаи чомеа бо ВАО робитаи зич дорад. Махз тавассути ВАО урфу одат, анъана, эчодкорй ва дигар пахлухои фарханг пешниходи чомеа мегардад. Шабакаи телевизионй, радио ё рузномае нест, ки дар он доир ба ашъори адибон, асархои нависандагон, дастовардхову пешравихои театру кино матлабхои чолибе нашр нашаванд. Рузномаю мачаллахо дар инъикоси ин масъала чойгохи хоса доранд. Бартарияти маводи чопй дар он аст, ки хонанда дар дилхох вакт онро вара; зада гизои маънавй мегирад.
Яке аз воситахои ахбори омма радио мебошад сахми он дар таргиби фархднг назаррас аст. Мардум тавассути барномахои радио метавонанд аз рушди фархангу санъат бохабар шаванд. Ба касе пушида нест, ки муштариёни радио нисбат ба дигар ВАО зиёдтаранд. Зеро гуш кардани радио аз шунавандагонаш вакти зиёдро талаб намекунад, мо метавонем хангоми ичрои кори хона, сайру гашт, хангоми дар наклёт будан ё дигар холатхо бе ягон монеа радиоро гуш кунем. Аз инчо ба хулосае омадан мумкин аст, маълумоте, ки таввасути радио пешкаш мегардад, ба ахолй таъсири зиёд мерасонад.
Телевизион низ дар баробари рузномаву радио дар таргиби фарханг накши калон дорад. Боиси зикр аст, ки дар мархилахои ташакулёбиаш мавзуи фарханг ва таргиби он миёни омма яке аз самтхои асосии кори кормандони телевизион будааст. Бартарияти барномахои фархангии телевизион дар тасвири вокеии онхост. Намоиши телевизион бо гуфтор ва тасвираш руйи бинанда бештар таъсир мегузорад. Таври мисол барномаи фархангии телевизиони «Ч,ахоннамо» дар бораи рушду нумуи хунархои миллиро гирем, ё баргузори чашнхои миллй чун Истиклолияти давлатии Ч,Т, иди Навруз, Вахдати миллй ва дигар иду чорабинихо хатман тавассути ВАО, аз чумла телевизион ба мардум нишон дода мешавад. Тавассути чунин барномахо мо аз анъанахои миллиамон, ки ба ин ё он минтака хосанд, шинос мешавем. Х,атто дар барномахои ахбор, ки хислати сирф расмй доранд, сахифахои фархангй чой доранд. Ин холат баёнгари ниёзи чомеа ба масоили фархангист.
Репортаж яке аз жанрхои собикадори ВАО ба хисоб меравад. Мафхуми репортаж аввалин маротиба дар миёнахои асри Х1Х дар матбуоти Англия пайдо шудааст. Журналистоне, ки ба идораи нашрияхо хабархо мерасонданд, репортёр меномиданд. Мафхуми репортёр маънои махдуд касб карда, ба сифати жанри хоса шинохта шуд ва репортаж ном гирифт. Дар охирхои хамин аср репортаж хамчун сухани руз, сухани рохбаладу рухафзои иттилоотй на танхо байни рузноманигорон, балки миёни адибон маъруф гашта, баъдтар дар матбуот ва дигар ВАО мавкеъ пайдо кард, инкишоф ва тахаввул ёфт. «Репортаж» аз калимаи франсузии «repotage» ва калимаи англисии «report», ки маънояш иттилоъ додан, хабар расонидан ва ё огохонидан мебошад, сарчашма мегирад. Маълум аст, ки хамаи жанрхои хабарй мохиятан вазифаи аз навгонихо вокиф намудани аудиторияро доранд.
Мухаккики сохаи журналистика А.Нуралиев дар бораи жанри репортаж чунин гуфтааст: «Репортаж ин таърихи вокеа мебошад, ки тасвири ходисахои содиршударо дар эхсосоти бевоситаи журналист- шохид ва ширкаткунандаи он ба калам медихад. Х,одисахои ахамияти чамъиятидошта асоси репортажро ташкил мекунанад» [4, с. 7]. Хусусияти мухимтарини репортаж мохияти руйдодро дар инкишофу тараккиёт нишон додан аст. Яъне динамизми репортаж, руйдодро пай дар пай нишон дода тавонистан мебошад.
Асоси репортажро вокеаи шавковари ахамияти ичтимоидошта ташкил медихад. Аммо на хар вокеаи ичтимой барои репортаж хос аст. Масалан, дар бораи баргузории конфронси илмй ва ё муаррифии ин ё он китоб наметавон репортаж навишт. Вокеахое ба сифати предмети инъикоси репортаж карор мегиранд, ки аз чузъиёт ва лахзахои гуногун иборатанд. Ба мисли махфили идона, ба кор андохтани заводу фабрика, кушодани мучассама, мусобикахои варзишй ва гайра. Ин гуна вокеахо дар репортаж натанхо инъикос мешаванд, балки чараёни вусъатёбиашон нишон дода мешавад. Нишон додан бо тасвир сурат мегирад. Ин аст, ки тасвир аз унсурхои асосии репортаж ба хисоб меравад. Тасвири репортаж бо
вучуди махдудият доштан, яъне симои вокеии руйдодро нишон додан, эчодкорона аст. Ба ин мазмун И.Усмонов дуруст таъкид мекунад, ки «Репортёр имкон дорад бо максади эчодии худ чузъхои вокеаро пай дар пай не, бо тагйиротхо тасвир кунад. Талаботи асосй хангоми навиштани репортаж вайрон накардани факту ракам ва номхо аст». Яъне, вокеа дар репортаж тавре тасвир мешавад, ки хакикати хол дигаргун намешавад, балки пурра мегардад. Барои ин талаботро риоя намудан муаллифро мебояд, аввалан бевосита дар чойи вокеа иштирок дошта бошад, баъдан харакати вокеаро бо чузъиёташ мушохида кунад.
Репортажро метавон аз руи воситаи пахши ахбор, мундарича ва шакл ба навъхо чудо намуд. Репортажи матбуотй, радиой ва телевизионй мешавад. Дар репортажи матбуотй фаъолмандй ва хунари журналист дар чойи аввал меистад. Тамоми рукнхои репортаж вобаста ба кобилияти мушохидакорй, маънибардорй ва тасвиргароиву сухандонии у таъсир пайдо мекунанд. Яъне, аз интихоби вокеа то тахрири матн ба души журналист аст, журналист руйдодро бо сухан тасвир мекунад. Бинобар он вазифаи тасвири вокей дар кори эчодии журналисти матбуот мухим аст. Дар репортажи радиой ва телевизионй ба гайр аз журналист, воситахои сабт ва наворбардор низ иштирок мекунанд. Дар репортажи радиой воситахои сабти овоз ва дар репортажи телевизионй наворбардор накши мухим доранд. Аз руи тарзи пахш репортажхои радиой ва телевизиониро боз ба ду навъ: сабтшуда ва мустаким чудо мекунанд. Репортажи сабтшуда дар студия коркард мешавад. Дар чараёни коркард муаллиф метавонад баъзе лахзахоро ихтисор ва ё шарху тавзех дихад. Дар репортажи мустаким «Раванди вокеа дар холати чараёни он накл мешавад ва журналист дар як замон хам мухаккик ва хам баёнгари вокеа мебошад». Репортажи мустакими телевизионй аз журналист ва наворбардор хунар ва масъулияти касбиро бештар такозо менамояд. Дар пахши ин навъи репортаж кушиш бояд кард, ки кадр бо сухан мувофик ояд, шархи муаллиф содаву равон барояд, калимаву иборахои якхела такрор нашаванд.
Репортажи телевизионй аз се чузъи асосй: стенд-ап, иттилооти иловагй ва синхронхо иборат аст. Х,олати бевосита ба камера нигох карда ба бинандагон мурочиат намудани журналистро стенд-ап меноманд. Иттилооти иловагй як навъ ахборест, ки вокеаи нишондодашавандаро шарх медихад. Синхрон мусохибаи бевосита бо иштирокчиёни вокеа мебошад, ки дар репортаж истифода мешавад.
Мухаккик И.Усмонов «се шакли репортаж: одй, лирикй ва фоторепортаж»-ро аз навъхои асосии ин жанр махсуб дониста, маънидод мекунад, ки дар репортажи одй хама чиз бо сухан, дар лирикй бо эхсосот ва сухани малех ва фоторепортаж бо сурат ва сухан равшан карда мешавад.
Дар таксимбандии мухаккикон А.Саъдуллоев ва С.Гулов се навъи репортаж-рузмарра, проблемавй ва лирикй нишон дода мешавад.
Хусусияти репортажи рузмарраро фаро гирифтани вокеахои навтарин ташкил медихад. Дар репортажи проблемавй шархи проблема ва талаби халли он чойгохи хоса дорад. Репортажи лирикй доир ба ходисахои рухияи тантанавидошта эчод гардида, дар он хиссиёту хаячон ва каломи пардозшуда бартарй пайдо мекунад. Чунин репортажхо аз идхо, чашнхои хунармандон, тачлили анъанахои миллй, базмхои шеъру суруд ва дигар маросимхои тантанавй навишта мешаванд [3, с. 113-118].
Х,ангоми омода сохтани репортаж журналистро зарур меояд, ки ба хатогй рох надихад, зеро репортаж мустакиман манзури бинанда ё шунаванда мегардад.
Репортаж ин истилох дар журналистика, махсусан дар журналистикаи телевизион хеле зиёд истифода мешавад. Албатта дар пахши мустаким харф задан махорати бойи касбиро талаб мекунад.
Дар репортаж тахлил нест, тасвири чараёни вокеа дида мешавад, ки бо андешахои муаллиф ва иштирокчиён пурра карда шудааст. Масалан, тасвир дар репортажи телевизионй на аз хунари журналист, балки хунари наворбардор вобаста аст.
Дар репортажи телевизионй матн набояд чизхоеро такрор намояд, ки тамошобинон худ аз навор мебинад, балки хамчун илова онро пурра кунад.
Дар репортаж на танхо чузъиёти вокеа, балки мухити вокеа, манзараи вокеа хам инъикос меёбад.
Журналист дар репортаж хатман шохид ё иштирокчии вокеа аст. Гайр аз ин репортажнавис имкон дорад, ки иштирокчии вокеа будани худро бо ишорахои "ман" ё "мо" нишон дихад. Албатта, хусусияти жанри репортаж ба ин маъно намешавад. Аммо ин мутлако
маънии онро хам надорад, ки репортаж ба харакату амалиёти мухбир табдил ёбад. Ин таъкид барои он лозим аст, ки баъзе муаллифон дар репортажхояшон асосан саргузашти худро нишон доданй мешаванд. Репортёр имкон дорад бо максади эчодии худ чузъиёти вокеаро пай дар пай не, бо тагйиротхо тасвир кунад. Талаботи асосй хангоми репортаж вайрон накардани вакту ракам ва номхо мебошад. Вобаста ба хамин фаромуш набояд кард, ки репортаж тавре навишта шавад, ки хонанда вокеахоро тасаввур карда тавонад, бинад. Яке аз воситахое, ки онро имконпазир мегардонад, тавсилоти вокеа, чузъиёти вай аст.
Вокеан, яке аз фаркхои асосии репортаж аз очерк низ дар хамин аст - очерк таърихи ташаккули характер аст, репортаж симои вокеа аст. Х,амин симо будан тасвирро талаб мекунад [5, с. 70].
Олими сохаи журналистикаи телевизион Муъминчонов З. дар бораи жанри репортаж чунин мегуяд: «Дар телевизион репортаж хамчун яке аз жанрхои асосй ва маъмул истифодашаванда ба хисоб меравад. Телевизионро бе жанри репортаж тасаввур кардан гайри имкон аст. Бояд таъкид кард, ки репортажи хакикй дар телевизиони имруза хеле кам ба назар мерасад, дар холати тахия гаштанаш хамчун бозёфт ба шумор меравад. Аксар сюжетхои иттилоотиро репортаж мегуянд, ки галат аст» [1, с. 52-58]. Дар ин гуна жанр аз хама бештар масъалаю мушкилихои харруза, муаммохои доги руз бардошта мешаванд.
«Х,ама чиз андозае дорад. Журналисти навкалам бояд бидонад, ки факту навигарихои мусбат ба хонанда таъсири нек мерасонанд ва дар зиндагй некбин буданро дар онхо мепарваранд, дили мардумро ба зиндагй гарм месозанд, хисси ватанпарварии онхоро бедор мекунанд. Навигарихои танкидй низ заруранд, агар онхо вокей бошанд, ислохи он бо чамъият фоидаовар бошад, эродгирихо мухиму принсипалй бошанд. Зеро яке аз принсипхои мухимтарини журналистика инсондустй аст, ки журналист дар ин маврид хамчун химоягари манфиатхои ичтимоии мардум, хукук ва озодии шахс баромад мекунад» [2, с. 78-85]. Ба хамин васила мушкилие халли худро меёбад.
Хулоса, агар мо чорабинихои бошукухи фархангй баргузор кунем, даххо консерту намоишномахои театрй тахия намоем, филмхои бадей офарем, хунархои миллиро аз нав эхё созему махфилхои шеъру суруд ташкил намоем, аммо хамаи инро дар васоити ахбори омма пахш нагардонем, аз ин хама огох на мешавад. Албата танхо хамон нафароне, ки шохиди вокеа буданду халос, шояд як кисми мардум аз забони дигарон огохй пайдо кунанд ва бо хамин доираи иттилоъёфтагон хотима ёбад. Вакте ходисахо тавассути рузномаву радио, телевизиону шабакахои интернетй пахш мегарданду, руи чоп меоянд, аксарияти ахолии на танхо дар Точикистон, балки берун аз он низ аз дастовардхои фарханги миллии мо бохабар мешаванд. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки ВАО яке аз воситахои мухими таргиби фарханг ба шумор рафта, рузноманигоронро мебояд дар тахияи мавод нихоят масъул бошанд, зеро сухани онхо ба омма таъсиргузор хохад буд. Махсусан, агар ин мавод тавассути жанри репортаж пешниходи умум гардонида шавад. Ин жанр зинда, хаётй ва ба дилу дида асаргузор аст.
Адабиёт
1. Муъминцонов З. Жанрхои хабарии журналистикаи телевизион. - Душанбе , 2011. - 66 с.
2. Муъминцонов З. Телевизиони «Пойтахт» - меваи Истицлол. - Душанбе, 2016. - 120 с.
3. Муродй М., Салимзода О. Асосуои фаъолияти эцоди журналисты. - Душанбе, 2022. - 172.
4. Нуралиев А. Жанрхои ахбории матбуот. - Душанбе, 2004. - 146 с.
5. Рафоат А. Телевизион ойинаи зиндагист. - Душанбе, 2002. - 144 с.
6. Усмонов И. Жанрхои публисистика. - Душанбе, 2009. - 140 с.
7. Хоцазод С. Таърихи телевизиони Тоцикистон. - Душанбе, 2007. - 288 с.
8. Хоцаева М.Ю. Бозтоби масъалщои фарханг дар ВАО (Маводи таълим барои донишцуёни ихтисоси рузноманигорй). - Хуцанд: Меъроц, 2013.
9. Куддус Ч,. Асосуои журналистикаи телевизион. - Душанбе, 2008.
10. Х,афтаномаи "Чщони паём". - 2019. - № 33 (1026). - 9 окт.
ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ФАРХАНГЙ ДАР РЕПОРТАЖИ ТЕЛЕВИЗИОНЙ
Маколаи мазкур ба инъикоси хаёти фархангй дар жанри репортажи телевизионй бахшида шудааст. Муаллиф кушиш кардааст, ки дар бораи жанри репортажи телевизионй хамчун инъикосгари фарханги миллй мухтасар маълумот дихад. Жанри репортаж ба гурухи жанрхои иттилоотй дохил шуда, дар ВАО яке аз жанрхои
асосй ба шумор меравад. Он аудиторияро бо хабархои мухим ошно месозад. Аз хар вокеаи мухиме, ки руй медихад журналистон имкон доранд репортаж омода намоянд, хатто мумкин аст, ки ба тарзи мустаким дар холати рух додани вокеа репортаж омода ва ба бинанда пешкаш кунанд. Инчунин, муаллифи макола дар бораи репортаж хамчун жанри хабарй ва мавкеи он дар телевизион ибрози акида намуда, андешаашро ба далелхо шарх додааст. Роху усули тахия кардани репортаж, аз чониби журналист талаботхои асосй дар сохтори он ва мавкеи истифодаи ин жанр дар замони муосир вобаста ба ташаккули техника ва технология шархи мукаммал дода шудааст.
Калидвожахо: репортаж, телевизион, фарханг, иттилоот, радио, матбуот, руйдод, мустаким, вокеа, навгонй.
ОТРАЖЕНИЕ ПРОБЛЕМЫ КУЛЬТУРЫ В ТЕЛЕРЕПОРТАЖАХ
Данная статья посвящена отражению культурной жизни в жанре телерепортажа. Автор попытался дать краткую информацию о жанре телерепортажа, отражающего национальную культуру. Жанр репортажа входит в группу информационных жанров и считается основным жанром в СМИ. Он знакомит зрителей с важными новостями. Журналисты имеют возможность подготовить репортаж о любом важном событии, даже предоставить зрителю репортаж на прямом эфире. Автор статьи наравне с иследователями пытается изложить свое мнение о репортаже, как новостном жанре и его позиции на телевидении. Также в статье дано полное разъяснение о путях и методах создания репортажа журналистом, основные требования к его структуре и положение использования этого жанра в современном мире, в мире новой техники и технологии.
Ключевые слова: репортаж, телевидение, культура, информация, радио, пресса, событие, прямой эфир, событие, новость.
REFLECTION OF CULTURAL QUESTION IN TELEVISION REPORTS
This article is dedicate to the reflection of cultural life in the genre of television reporting. The author has tried to provide brief information about the genre of television reporting reflecting national culture. The reportage genre is included in the group of informational genres and is considered the main genre in mass media. It introduces the audience to important news, unfortunately, this genre is rarely seen in television news programs. Journalists have the opportunity to prepare a report on any important event that happens, even to prepare and present the report directly to the viewer. Culture as an integral part of society has attracted the attention of the author. As a student, he tried to make culture as a main pillar of society and reflect it in the mass media. Also, the author of the article explained his opinion about the reportage as a news genre and its position on television as an expression of opinion along with the researchers. The ways and methods of creating a report, the main requirements in its structure and the position of using this genre in modern times, in relation to the development of techniques and technology, have been given a complete explanation by the journalist.
Keywords: reportage, television, culture, information, radio, press, event, live, event, news.
Дар бораи муаллиф
Муллоева Нишона Сангмадовна
Докторант аз руи ихтисос (PhD) Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода 734025, Ч,умхурии Точикистон, ш. Душанбе, к. Борбад, 73-а Тел.: (+992) 93 727 97 57
Об авторе
Муллоева Нишона Сангмадовна
Докторант по специальности (PhD) Таджикский государственний институт культуры и искусств имени М. Турсунзаде 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Борбад, 73-а Тел.: (+992) 93 727 97 57
About the author
Mulloeva Nishona Sangmadovna
Doctoral student (PhD)
Tajik State Institute of Culture and Arts
named after M. Turzunzade
734025, Republic of Tajikistan,
Dushanbe, Borbad st., 73-a
Ph.: (+992) 93 727 97 57