ТАЪРИХ ВА ИНКИШОФИ ИНСТИТУТИ МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛК ТО БАРЦАРОРСОЗИИ ^ОКИМИЯТИ ШУРАВИ ДАР ТОЦИКИСТОН
И ТВОРЧЕСТВА
Зокиров Зафар Хайруллоевич, Донишкадаи омузгории Тоцикистон дар ноуияи Рашт, ш. Гарм, Респубдика Тоцикистон
E-mail: [email protected]
ТАЪРИХ ВА ИНКИШОФИ МУСОДИРАИ МОЛУ МУЛКТО БАРЦАРОРСОЗИИ ^ОКИМИЯТИ ШУРАВИ ДАР ТОЦИКИСТОН
Анотатсия. Дар хдмин макола сухан дар бораи таърих ва инкишофи мусодираи молу мулк то баркарорсозии Хркимияти Шуравй дар Тоцикистон меравад. Таърих ва инкишофи институти мусодираи молу мулк дар даврони идоракунии тоцикон бисёр мураккаб буда, дар санадх,ои таърихй-хукукй ба монанди Авесто, Матикони хдзор дадистон, Конунномаи Сосониён, Куръон, Ёсо, Беликх,о, Тузукнома ва дигар чорах,ои ба мусодираи молу мулк алокамандбуда оварда шудааст.
Муаллиф дар маколаи мазкур рушди институти мусодираи молу мулкро хдмчун цазои циноятй дар даврах,ои мухталифи таърихй мавриди баррасй карор додааст.
Калидвожа: мусодираи молу мулк, циноят, цазо, конунгузории циноятй.
ИСТОРИЯ РАЗВИТИЯ КОНФИСКАЦИИ ИМУЩЕСТВА ДО ВОССТАНОВЛЕНИЯ СОВЕТСКОЙ ВЛАСТИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН
Аннотация. В данной статье говорится об истории и развитии конфискации имущества до восстановления советской власти в Республике Таджикистан. История развития института конфискации имущества в течение правлении таджиков имела тернистый путь и была перечислена в таких
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
правовых источниках, как Авесто, Матикан хазар дадистан, Сасанидское законодательство, Коран, Ясо, Беликы, Тузук-наме и других, относящихся к конфискации имущества.
Автор в статье рассматривает развитие института конфискации имущества как разновидность уголовного наказания в разной эпохи исторических перипетий.
Ключевые слова: конфискация имущества, преступление, наказание, уголовное законодательство.
HISTORY AND DEVELOPMENT OF CONFISCATION OF PROPERTY BEFORE RECOVERY OF SOVIET POWER IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
Abstract. This article deals with the history and development of confiscation of property before the restoration of Soviet power in the Republic of Tajikistan. The history of the development of the institution of confiscation of property during the rule of the Tajiks was very difficult in historical and legal sources like: Avesto, Matikan Khazar Dadistan, Sassanian legislation, the Koran, Yaso, Beliky, Tuzuk-name and other measures related to the confiscation of property.
The author in the article considers the development of the institution of confiscation of property as a type of criminal punishment in different epochs of history.
Key words: confiscation of property, crime, punishment, criminal legislation.
Таърихи ташаккули институти мусодираи молу мулк дар раванди рушди давлатдории точикон хеле мураккаб аст. Дар сарчашмахои хукукй, ба монанди Авесто, Матикони хазор дадистон [22], Куръон, суннахо, Ясо [51], Биликхо, "Тузукнома" ва f., сухан дар бораи мусодираи молу мулк чун чазои чиноятй меравад. Чдзои мусодираи молу мулк дар худуди Точикистони кунунй таърихи кадимй дорад. Авесто яке аз сарчашмахои кадимии дини зардуштй мебошад. Матни ибтидоии Авесто, ки дар байни ахли мазхаб шифохй интикол мешуд, баъдтар китобат гардида, дар ахди Сосониён (асрхои III - VII) расмият пайдо намуд. Авесто аз 21 китоб иборат буда, 350000 калимаро дар бар мегирифт, ки аз онхо танхо 83000 калимааш то замони мо расидааст. Авесто хамчун манбаи хукукии таърихй дар катори фармоишоти сирф маросимию мазхабй, унсурхои илмй, тиббй, ахлокй, эстетикй тасаввуроти конунгузорй оид ба чиноят ва чазоро дар бар мегирифт. Ба андешаи Президенти кишвар Эмомалй Рахмон "Нахустин К,омусномаи чахон, нахустин китоби зарнавишти дини мукаммали олами мутамаддин, нахустин хамосаву сурудахои бекаринаи хазорсолахои дур -Авестои човидона - дигар дар колаби сархадхои кучак намеFунчад, зеро
14
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
хама гуна садду монеа ва худудхои сунъиро шикаста, кайхо ба укёнуси тамаддуни чахонй омезиш ёфтааст" [31, с. 40-41].
Низоми кадимии хукукй, ки дар махдудаи Точикистони кадимй вучуд дошт, зардуштй буд [18, с. 241]. Он падидаи чазои халкхои эронй ба хисоб меравад. Дар Авесто хам баъзе намудхои чиноят ва хам принсипхои чазо барои онхо оварда шудаанд [33, с. 16]. Лекин, ба ин нигох накарда, онхо махсус тадкик нашудаанд, ки ба фарханги хукукии зардуштиён бахшида шуда бошад [45, с. 12].
Ба андешаи Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон фаромуш сохтани хотираи таърихй, муносибати беэхтиромона ба гузаштаи бошарафи миллат ва анъанахои арзандаи он, махдудияти шуури таърихй ва аз ухдаи нигох доштани мероси бузурги фархангй набаромадан инсонро аз масъулият дар назди имруз ва фардо махрум мекунад. Тачрибаи таърихй, хох мусбй бошаду хох манфй, аз чониби наслхои минбаъда набояд нодида гирифта шавад [31, с. 130].
Ва, албатта, ин камахаммият нест. Точикон, ки фарханги волоро ба вучуд овардаанд, хануз дар умки таърихи бостон ва баъдан дар назди курдуди тамаддуни азизи сухтанобудшавандаи худ моту мабхут монда, имруз аз сари нав барои зиндагй рухи тоза гирифтаанд [47, с. 2].
Бахусус тахкики амик ва омузиши дакики институти чазои мусодираи молу мулк хамчун ходисаи таърихй-хукукй, ки то хол объекти тахлили мукаммали илмй карор нагирифтааст, барои давлати хукукбунёд ва демократии Точикистон мисли боду хаво зарур аст. Ба сатхи дарккунй, бахогузорй ва тафсири чазо дар худуди таърихии Точикистони имруза, хусусан дар даврахои кадим ва асрхои миёна, тасодуфнокии асноди хукукй, набудани коркарди дакики фахмиши чазо, таснифи намудхои хукуквайронкунихо ва чазохо тартиби низомнокии мучозотхо таъсироти халкунанда расониданд. Зимнан, Авесто тавассути риояти коидахои техникй-хукукй системанок шудааст [35, с. 6]. Конунномаи Сосониён, Ясои Чингисхон, Тузукномаи Темур дар давраи асрхои миёна ва асархои хукукии дигар аксаран мачмуи тасодуфии коидахо буданд ва аз хамин ру на танхо бо мукаррароти дар фахмиши умумй, балки бо фахмиши тасодуфии намудхои алохидаи мучозотхои барои содиркунии онхо мукарраршаванда махдуд мешуданд. Дар натича ин фахмиши умумии чазо, меъёрхои чудокунии гуногуннамудии хукуквайронкунихо, мафхумхои умумй, максадхои чазо, меъёрхои тартиби системаноки онхо муайян карда нашуданд.
Гайр аз ин, дар даврахои рушд ва дигаршавии навъхои мухталифи системахои давлатй-хукукй - зардуштй, исломй ва посоисломй- усули додашудаи илмй имкони муайянкунии махсуси тачзияи институти чазоро медихад. Барои хамин хам тахлили конунияти рушди институти чазои
15
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
мусодираи молу мулк дар як мархилаи калони зикршудаи замон дар асоси кабули даврияти раванди таърихй имконпазир аст.
Дар доираи методи додашудаи илмй инчунин таъсири омилхои фархангй-илмй ба дарккунй, баходихй, шарх ва мустахкамкунии хукукии институти чазои мусодираи молу мулк дар доирахои намудхои хамдигаривазкунандаи фархангхо - зардуштй, исломй, пасоисломй -муайян карда мешаванд.
Хусусиятхои мухталифи чазохои чиноятй дар чомеаи ориёй ба мушохида мерасад. Ба акидаи С. Хайруллоев, дар чамъияти ориёй барои бекиштукор гузоштани замин, истифодабарии нодурусти об барои обёрй, муносибати Fайриодй ё беадолатона байни хешовандон ё аъзои чомеа, муносибати беадолатона ба хайвонот, нофармонй ба шох, рохзанй, Fоратгарй, дуздй чазохои мухталиф таъйин карда мешуданд [41, с. 349].
Баъзе аз чазохои дар он замон истифодашаванда ба ислохкунии шахси чиноятсодиркарда нигаронида шуда буданд. Масалан, ба чунин намудхои мучозот чазохои асосан беобрукунандаро, чун лаFви номи кас аз руйхати наздикони шох, бадарFа аз чои зист, чазохои молу мулкй (чарима ва мусодираи молу мулк), баъзе чазохои чисмонй ва Fайраро, чудо намудан мумкин аст [52, с. 27].
тч и •• __и
Барои вайронкунии конун дар чамъияти ориёй чазохои шадид таъйин мегардиданд [52, с. 349]. Чдзохо хислати чисмонй, молу мулкй ва динй-таомулй (сунатй) доштанд. Инчунин барои содири чиноятхои алайхи саломатй нисбати онхо то маргарзан - хукми катл, мусодираи молу мулк ва ё чарима ба андозаи 300 стир - ба назар гирифта мешуд.
Дар Авесто чунин чазохо пешбинй шуда буданд: катл, чазои чисмонй, мусодираи молу мулк, чуброни зарархо (компенсатсия) бо рохи додани моликият (кисман ва ё пурра), бадарFа аз чамъият ва F. Аммо дар аксари маворид чазохои дорои хислати молу мулкй (чазохои хислати молу мулкй дошта (чарима, мусодираи молу мулк, додани моликият хамчун чуброни зарар ва F.) таъйин карда мешуданд. Бар тибки тахкикоти К. Косович, чазои катли инсон танхо дар мавриди хиёнат ба мазхдб чоиз аст. Дар холати содир кардани чиноят чазо дар намуди мусодираи молу мулк: хайвонот, асп, гусфанд ва монанди он ичро мешуд [19]. ^азои чисмонии инсон то задани 1000 дурра ичозат буд. БадарFа якчоя бо чунин чазохое, чун мусодираи молу мулк (моликияти шахсй), чарима ва чазои чисмонй, истифода карда мешуд [7, с. 110]. Ч,азо дар намуди мусодираи молу мулкро дар нисбати ашхоси ба сохирй (чодугарй) машFулшаванда низ истифода мекарданд [4, с. 24]. Масалан, машFулият бо сохирй яке аз гуноххои азим (вазнин) хисобида мешуд, ки асосан бо катл чазо мешуд, вале ба сифати чазои иловагй мусодираи молу мулкро истифода мебурданд [7, с. 110].
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
Дар замони хукмронии шох Аршак шахсонеро, ки чинояткоронро панох додаанд, хамрохи онхо катл мекарданд - хатто агар онхо сарвари мубадон ё раиси вилоят бошанд [14, с. 235]. Шох ба шахсони ичрокардаи хукм ваъда медод, ки дар шакли тило (зар) кори онхоро кадр хохад кард. Гайр аз ин, у фармон медод, ки молу мулки мусодирашудаи мучримонро ба хазина супоранд.
Дар "Матикони хазор дадистон", чун манбаъи таърихй-хукукй, чазохо хеле муфассал баррасй шудаанд. Бархе муаррихон зикр менамоянд, ки муаллифи он Фрахвмарт пури Бахром мебошад. Нусхахои кадимии ин китоб дар китобхонахои Эрон, Фаронса, Бритониёи Кабир, Русия, Миср ва диг. нигахдорй карда мешаванд. Махсусан дар таълифи ин дастнависхо фаркиятхои бисёр аст. Вале дар мачмуъ ин асар аз 7 кисм иборат мебошад: К,исми 1. Х,укуки инсон;
Кисми 2. Гуруххои агнистикй: оила ва никох;
К,исми 3. Х,укукхои молу мулкй (дорой);
Кисми 4. Дороии оилавй ва конун дар бораи мерос; К,исми 5. Х,укуки хатмй; К,исми 6. Ч,иноятхо;
К,исми 7. Мурофиаи судй.
Дар кисми 6 чиноятхо ва гуруххои (намудхои) онхо, чиноятхо бар зидди шох, хуккоми дастнишонда (намояндагони шох дар минтакахои гуногун), ашрофон, заминдорон, точирон, рухониён, Fуломон ва F. шарх ёфта, барои гунахгорон чазои катл, чазои чисмонй, чарима ва мусодираи молу мулк таъйин карда мешуд [14, с. 235]. Дар ин манбаи хукукй омадааст, ки хангоми чизи Fасбшуда, кашида гирифта шуда ва дуздишуда, бояд каблан худаш ва бар илова товонаш баргардонида шавад. Дар кисми 7-ум сухан доир ба рафти ташкил ва мурофиаи судй, манбаъхои бурдани мурофиаи судй, ордалия [2] ва касамхурй меравад.
Хдмин тарик, Матикони хазор дадистон аз он шаходат медихад, ки дар ахди Сосониён конун амал мекард ва он нисбати хамаи гуруххо, табакахои чамъиятй ва ахолии мамлакат татбик мегардид. Дар кисми 47-и фасли 42-и Мухтасари Конунномаи Сосониён навишта шудааст, ки: "Бар тибки фармони махсус, хар молу мулки барои ташвики зиндикия (дуализм, куфр) ё пайваст шудан ба зиндикиён (одамони мазхаби зардуштй) мусодирашуда (дар хар шахре) ба подшох тааллук дорад" [46.С.147]. Аммо як тараф сиёсати Хусрави IV (579 - 590), ки аз мусодираи молу мулки ашрофон ба фоидаи сипохиёни одй ва таъкиби рухониёни зардуштй иборат буд, раванди муътадилшавии холати сиёсии чомеаи сосониро душвор гардонид.
Куръон китоби мукаддаси мусалмонон махсуб меёбад, ки сарчашмаи
17
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
асосии шариат аст [14, с. 236]. Мувофики таълимоти исломй, Куръон китобест, ки абадй вучуд дорад. Он аз 114 сура (90-тояш дар шахри Макка ва 24-тояш дар шахри Мадина нозил шудааст) иборат аст [30.С.60]. Аз 114 сураи Куръон кариб дар 40 фоизи он меъёрхои хукукй бевосита ва ё бавосита дида мешавад. Аз руи таълимоти Ислом, Куръон (арабй, айнан: хондан) пора-пора тавассути фариштаи мукарраб Чдбраил ба Мухаммад (с) сурат гирифтааст [48, с. 231], ки мачмуъест аз ваъзу хутбахо, мукаррароти таомулй ва хукукй, дуохо, хикоёти пандомез, масалхо ва F.
"Шариат" калимаи арабй буда, мазмуни луFавии он конун, хукм, рохи даркорй ва кори дуруст аст. Фахмишхои мухталифи шариат дар илми хукукшиносй чой дорад. Шариат, менависад М.М. Муллоев, меъёрхои хукукиест, ки аз тарафи синфи хокими давлати феодалй-теократии давраи Хилофат мукаррар карда шудаанд [23, с. 36]. Ба андешаи банда шариати исломй мачмуъи конунхои динй, ахлокй, мулкй, меъёрхои сиёсй ва чиноятхое хастанд, ки барои хамаи мусалмонхо хатмианд. Хдмзамон дар адабиёти исломй таърифи умумии шариат хамчун чамъи дастуруламалхои ба мардум нигаронидашуда, ки Аллох мукаррар намудаву тавассути ПаЙFамбар ба онхо расонида шудааст, тасдик гашт [37, с. 78]. Махз ба хамин маънй мафхуми "хукуки исломй" бо мафхуми "шариат" муродифу хаммаъност [13, с. 412]. Яке аз зухуроти бузург дар тамаддуни асримиёнагии Шарк хукуки исломй (шариат) гардид [25, с. 105]. Низоми исломии хукук низ хислати динй дорад ва манбаъи сиёсату хукук Аллох махсуб мешавад [6, с. 71]. Суннат, хадис, ичмоъ, истехсон, киёс ва фатво манобеъи хукуки исломй махсуб мешаванд Сураю оятхои зиёде вучуд дорад, ки масъалахои молу мулкй, ваколат, чазо ва чиноятро дар бар мегирад [48, с. 234]. Ба фикри мо, назару акидаи он мухаккикинро бештар объективй хисобидан мумкин аст, ки Куръонро манбаъи асосй мешуморанд [40, с. 32]. "Чдзо", чун категорияи фикх (хукуки динй), калимаи арабй буда, аз чумла, маънои "шиканча", "азоб" ва Fайраро дорад. "Меъёрхои чиноятй-хукукии Куръонро асос гирифта, метавон чазоро чунин шарх дод: чазо - ин касоси таъйиншуда ва подоши бадихои содиркарда мебошад, ки Куръон, чихати пешгирии содиркунии чиноят ва талофии зарари воридкардашуда, мукаррар намудааст ва аз номи Аллох (дар баъзе мавридхо бо ризояти зарардида) таъйин карда мешавад [25, с. 21]. Чдзохо ё идеяхои амалй, ки бо онхо дар ислом чазохое асоснок карда мешаванд, асоси чамъи коидахои исломиро ташкил медиханд [39, с. 73]. Он, чун категорияи хукукй, ба Куръони мукаддас аз суннатхои тоисломй гузаштааст. Чдзохо бо асосхои сирф такмилй (мукаммал; ратсионалй) тасниф мешуданд, онхо дар мархалаи баъдй ба категорияхои дар хукуки исломй кабулшудаи худуд, кисос ва дийаву тазир таксим мешаванд [24, с. 18]. Мутобикан дар таълимоти Ислом чазо ба катл, кисос, пешгирии чиноятхову насихатдихихо (панди
18
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
хамидадихихо) ва м.и. таксим карда мешавад [14, с. 236]. Гайр аз чазохои зикршуда он хам имконпазир буд, ки чинояткор ба чазохои дигар, аз чумла ба мусодираи молу мулк низ, гирифтор карда мешуд [49, с. 160]. Чдзохои иловагй бадарFа, мусодараи молу мулк, талофии зарари воридгардида ва чазохои аксессорй-махрум сохтан аз хукуки баъдан шаходатдихй, махрум сохтан аз хукук ба мерос ва наслгузорй буданд [42, с. 62]. Чдзои кисос чун чазои чинояти категорияи вазнин (чиноят алайхи хаёт ва саломатй) хисобида мешуд. Барои ашхоси содиркардаи чиноят усули "хун ба хун" ё "чашм бар ивази чашм" истифода карда мешуд.
Дар хукуки чиноятии исломй барои аздинбаргардй чазои муайяни уадд дар намуди катл хамрох бо мусодираи молу мулк мукаррар шуда аст [8, с. 23]. Масалан, тибки таълимоти Абу Хднифа мусодира кардани танхо он молу мулки аздинбаргашта мумкин буд, ки вай баъди хиёнат ба ислом андухтааст [3, с. 39]. Назарияи хукуки исломии чиноятй тазирро хамчун чазое муайян мекунад, ки бо Куръон, Суннатхо ё акидаи ягонаи хукукдонхо (ичмоъ) ба таври дакик мукаррар нашудааст ва хамчун чазо барои содиркунии чиноятхое истифода карда мешавад, ки метавонанд хам ба "хукукхои Аллох" (хамаи чамоат) дахолат кунанд [20, с. 20].
Куръон ва суннат 5 намуди чазоро мукаррар мекунанд: катл, кисос, дийа, таазир, каффора ва мусодираи молу мулк. Мусодираи молу мулк, чун чораи чазои иловагй, дар сурати суйистифода аз вазифаву мартаба, хангоми чиноят содиркунии мансабдорони хадамоти давлатй ва феодалхои калон истифода карда мешуд [23, с. 56]. Ин чазо дар нисбати шахсони бо ченкунй, судхурй машFул ба кор бурда мешуд [32, с. 128]. Мусодираи молу мулк -ситонидани молу мулк ё молу мулки шахсони кушандаи аз рохи чинояткорй аз хисоби чамоати мусалмонй ё чамъият зистан ба фоидаи давлат мебошад [28, с. 79]. Чдзои мусодираи молу мулк нисбати шахсони масъул (волихои навохихо, сарлашкарон, маъмурони андоз ва F.) бештар таъйин карда мешуд. Баъзе аз шахсони эътимодноки халифа муFризона даст ба амалхои Fайриконунй, ба монанди Fорат намудани моли мардум ва чиноятхои хусусияти молидошта мезаданд. Ба халовати лаззат ва хушнудии муфт дода шуда, онхо хисси масъулиятнокиро аз даст медоданд. Хднгоме ки ваколатдори андоз аз мардуми одй молиёти зиёдатй чамъ мекард, халифа аз ин бохабар шуда, вайро чазо медод, ва барзиёдихои бо рохи Fайриконунй дарёфтнамударо ба хазинаи давлатй мегузаронд. Ин молу мулк ба ятимон, бенавоёну факирон, бевазанхо ва дигар ниёзмандон таксим карда мешуд. Молу мулки баъзе аз вазирони собики бо тухмати одамони дарбор хиёнаткор эълоншуда пурра мусодира карда мешуд, хиёнаткорон зиндонй мегардиданд ё ба катл махкум карда мешуданд.
19
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
Арабхо касонеро, ки аз адои молиёт саркашй кунанд, ба чазохои мудхиш гирифтор мекарданд ва заминхои онхоро мусодира менамуданд [9, с. 315]. Ашрофони араб дар кишвархои забтшуда заминхои бехтарин ва воситахои обёриро мусодира мекарданд, шахрхоро хироч мебастанд [14, с. 236]. Кисмате аз чанговарони араб дар заминхои сабзу хуррами аз ахолии махаллй мусодирагардида манзил гирифтанд. Дар соли 637 арабхо бе муковимат шахри Тайсафунро, пойтахти Давлати Сосониёнро, забт намуданд. Х,ама бойигарихои мусодирашудаи шохи сосонй, аз чумла тахти заррин ва дигар чизхои киматбахо, ба халифа Умар фиристода шуданд.
Хона ва заминхои ашхоси аз пардохти молиёт ва хироч саркашинамуда мусодира карда шуданд. Инчунин дар шахри серточири аз тарафи Кутайба ибн Муслим забтшудаи Пайканд арабхо молу мулку дороихои баробар ба хирочи солонаи тамоми Хуросонро мусодира ва Fорат намуданд. Танхо аз як точири нобино 5 хазор либоси абрешимй (кимати хар либосе - 1000 дирхам) мусодира гардид. Бар илова - мусодираи хамаи зарфхои нукрай ва тилоии маъбади шахрй. Сипохиёни араб манзилхои зист ва касрхои бухориёнро мусодира намуда, худи онхоро зуран ба пардохти хироч мачбур карданд. Баъди Fалаба бар Гурак, волии СуFду Самарканд, (709 - 738) ва бастани сулхи ичборй Кутайба, бар изофаи пардохти якбораи 2000 дирхам, 200 000 дирхам хирочи солона ва 30 000 Fулом, мучасаммахои зарандуди мукаддасро мусодира намуд. Танхо аз мучасаммахо ба у 250 000 мискол (ченаки вазн, 1 мискол = 4,68 гр.) расид. Баъди ишFOлкунии пурраи Мовароуннахр арабхо хар чизи имконпазирро, аз чумла хонаву дороихоро, мусодира намуданд.
Хулоса, дар даврони салтанати Хилофати араб дар сарзамини точикон асрхо аз чазои мусодираи молу мулк зиёд истифода карда шуд.
Дар давлати Сомониён бинобар меъёрхои хукуки исломй намудхои мухталифи чазохо мукаррар шуда буданд, ки дорои хислати нихоят вазнин буданд [36, с. 154]. Дар давраи идораи Сомониён асосан чазохои исломии катл, махрум сохтан аз озодй, чарима, чазои чисмонй (дурразанй, бар чашм мил кашидан) ва мусодираи молу мулк ба кор бурда мешуданд. Баъди саркуби карматиён хукумати Сомониён молу мулки онхоро мусодира намуд [9, с.55].
Дар таърихи давлатдории точикон мисолхои фаровоне бар он шаходат медод, ки худи шох аз хакки чазодихии хар шахси ба назараш гунахкор, мусодира намудани молу мулки вай ва хатто катли у бархурдор буд [41, с. 365]. Ва бо амри худи шох чандин бор хукми катл бекор гардида, молу мулки мусодирашуда ба сохибаш баргардонида мешуд. Бисёр адибон, уламо ва вазирон бо тухмати бахилони дарбор мувочехи мусодираи молу мулк ва баъзан катл хам мешуданд. Аз хамин сабаб олимон ва хирадмандон
20
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
(донишмандон) подшохонро даъват мекарданд, ки дар сари кахр ва ё зуду бидуни тахкики лозим хукми катл ё мусодираи молу мулк, содир накунанд, хукмхои Fайриинсофона набароваранд [41, с. 349].
Дар замони Газнавиён чунин расм роич буд, ки ба хангоми азли нафаре аз дарбор чумла молу мулку дороии уро пас аз баршуморию номнависй мусодира мекарданд [34, с. 21]. Дар худуди давлати Газнавиён амали харакати "карматия" чиноят хисоб шуда, бо фармони султон молу мулки хамаи карматиён мусодира карда мешуд [14, с. 237]. Мирхонди муаррих менависад: «Байхакй баъди давраи кутохе аз тахт сарнагун шуд ва баъди мусодираи молу мулкаш вай зиндонй шуд [21, с. 134].
Муаррих Ибни Асир, бо вучуди он ки ин корхои Махмудро ситоиш мекунад, иброз медорад, ки агар Махмуд ба моли касе хам чашми тамаъ медухт, уро бо бединй ё карматй будан гунахгор мебаровард. Аз чумла ба у хабар доданд, нафаре аз ахолии Нишопур сохиби молу неъмати фаровон шудааст; уро ба дарбор даъват карда, уро дар курбату пайвастан ба мазхаби карматй гунахгор кард. Ин шахси сарватманд фахмид, ки гарази Махмуд чист ва ба султон пешниход кард, ки хамаи моламро ба ту бахшидам, танхо маро аз доштани чунин айбе озод намо. Махмуд зуд моли уро мусодира намуда, ба у хуччат хам дод, ки бадмазхаб нест [27, с. 134].
Рушду инкишофи конунгузорй дар замони султаи муFулхо аз пайдоиши Ясо ва Биликхо, чун манбаъхои хукукй, OFOЗ мегардад: муFулхо ба заминхои точикон бо худ онхоро низ оварданд. Шакли пурраи навишти он "Ясок", ба мугулй "дзосок" аст. Ясо сараввал ифодагари карору фармонхои Чингизхон ва баъдан хамаи амрномахои хонхои мугулиро, ки оид ба масоъили хукукй бахшида шуда буд, дар бар мегирифт [43, с. 252]. Аз ин ру, бархе олимон онро чун мачмуи конунхои мугулй маънидод намудаанд [15, с. 56-57].
Бояд тазаккур дод, ки дар замони хукмронии муFулон хукуки чиноятй аз дарачаи зиндагии кабилаии (кучии) онхо шаходат медод ва, аслан, кафомондаву консервативй буд. Хукуки чиноятии муFулхо чавобгарии чиноятй дар баробари халки худро баробар намехисобид. Масалан, барои куштори як муFул ё як мусалмон 40 балиш [50] ситонида мешуд, барои куштори як хитой - худудан нархи як хар. Дар Ясо барои куштани муFулхо чазо пешбинй нашудааст, маълум барои он, ки чунин коре бе суду бе сухан ба гунаи хеле берахмона чазо мешуд [10, с. 234].
Дар ин бора дар асари таърихии УлуFбек "Таърихи чор улус" зикр шудааст. Он - масъалаи хунбахо (талофии хунй)-ст, ки дар "хукуки муFулй" бар ивази хун танхо хун талаб карда мешуд. Баъдан "хунбахо" бо пул хам ситонида мешуд [48, с. 381]. Чдзои асосй барои онхо, ки дар Ясои Чингизхон пешбинй шуда буд, катл буд [38, с. 14], чазои иловагй - мусодираи молу
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
мулк буд.
Дар баробари мусалмонкунии муFулхо, Ясо ва конуну коидахои муFулй аз ин чохо рафтанд. Ч,ои онхоро одату коидахои бар шариат асосёфтаи исломй гирифтанд [48, с. 379].
Баъди салтанати Темуриён, дар давоми таъсиргузории беш аз 300-солаи худ ба Осиёи Миёна туркхо тавонистанд, ки тавассути неруи сиёсй тадричан кисме аз суннатхои хукукй ва ухдадорихои хукукии худро "конунй" созанд. Бехтарин карору фармонхои Темур дар «Темурнома» оварда шудаанд. Меъёрхои хукуки чиноятии Тузукхо дар баробари он ки ба меросхурони Темур манбаи даромади молй ва кудрат медоданд, вале ба онхо дар холатхои хукуквайронкунй чазо низ пешбинй менамуданд [44, с. 271]. Дар ин манбаъ боби махсусест тахти унвони "Дар бораи чазои фарзандон, наберагон ва хешовандони ман, умарову вузаро". Дар ин боб, аз чумла, гуфта мешавад, ки: "... агар кадоме аз фарзандони ман ба хокимияти давлатй таъарруз мекунад, ман фармони катли уро содир намекунам, балки хохиш менамоям, вайро то пушаймон шуданаш ва изхори надомат карданаш дар зиндон нигох доранд".
Дар Тузукхо намудхои чинояти ашхоси вазифадор мукаррар карда шудааст. Масалан, азхудкунии Fайриконунии молу мулки давлатй аз тарафи вазир вобаста ба хачми он муайян шудааст. Агар вазир, бо доштани ихтиёр бар хазина, кисме аз ашё ё пулхоро тасарруф менамояд, агар кимати ашёи Fайриконунй дарёфтшуда аз маоши вай камтар бошад, он вакт он руёнида намешавад. Вале агар кимати маблаFи Fайриконунй гирифташуда аз андозаи маоши семохаи у бештар бошад, тамоми молу мулкаш вочиби мусодира буд. Барои чинояти иктисодй вазири молияро чазо дар намуди дурразанй интизор буд [48, с. 399].
Аммо вазирхо ва фармондехонро дар аксари холатхо чазо дар намуди мусодираи молу мулк бо махрумк сохтан аз вазифахо, унвонхо ва мукофотхо дар пай доштанд. Инчунин маълум мешавад, ки барои чиноятхои молу мулкй вазирон ба чазои моддй низ мувочех мешуданд.
Дар давраи Темуриён чор намуди заминдорй: давлатй, шахсй, чамъиятй ва вакфй вучуд доштанд. Заминхои давлатй аз хисоби чангхо, кашида гирифтани заминхои заминдорони саркаш ва гохо мусодира намудани заминхои шахсй ташкил меёфт [48, с. 388]. Темур ин хиссаро аз хисоби забти мулку давлатхои дигар, Шохрух - мусодираи заминхои ракибони сиёсии худ, Абусаид аз хисоби суюрголхо ва г. мегирифтанд.
Чдзои чиноятй, алалхусус мусодираи молу мулк дар замони хукумронии Мангитиён низ таъйин мегардид. Тамоми молу мулки одамон аз чониби амирони ма^итй бидуни ягон асос зуран кашида гирифта мешуд. Чднгхои дохилй, хархашахои байнихамдигарй ва пардохти товони чанг
22
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
хазинаи Аморати Бухороро заиф карда буданд. Амир Музаффар чиддан роххои пур кардани хазинаи холишудаи давлатро чустучу менамуд. Кисми зиёди заминхои вакф ба фоидаи аморат мусодира карда шуд [9, с. 661]. Ба андешаи академик Б.Г. Гафуров: "Он кас, ки розй намешуд ва ё акаллан мехост, ки ба мансабдорони амир каме итоат накунад, ба чазохои вахшиёна гирифтор мешуд... [9, с. 661]" Хокимони вилоятхо тавассути амлокдорон (чамъкунандагони молиёт) ва шахсони дигари худ худсарона ба Fундоштани молиёт, корхои молиявй, мусодираи молу мулк ва F. машFул мешуданд. Ва касе инро тафтиш хам намекард. Амлокдорон бар ивази лаFв кардани молиётхои калон духтарони дехкононро (мардуми одиро) ба Fуломй мегирифтанд ва хонахои худи онхоро мусодира менамуданд [17, с. 453].
Тибки такикоти М. Варигин, дар Бухоро чаримахо ва мусодирахои Fайриконунии молу мулк васеъ сурат мегирифт [11, с. 792]. Ёдовар шудан лозим аст, ки шахсони мансабдор маблаFхои калон ва молу мулкро мусодира менамуданд. Ваколатдорони амир аз ахолй зуран хироч ва закотро ситонида мегирифтанд, онхоеро, ки саркашй мекарданд, ба мусодираи молу мулк гирифтор карда мешуданд. Зикр кардан лозим аст, ки хазинаи давлат аз хазинаи амир чудо набуд, ва хама чизи мусодирашуда дар ихтиёри вай карор мегирифт.
Олими шинохта М. Варигин навишта буд, ки "... дар Бухорои Шариф чаримахои Fайриконунй ва мусодирахои Fоратгаронаи молу мулкй амалй мешуд» [11, с. 793].
Ба гуфтаи Х. Пирумшоев, аксари мансабдорон ва вазифадорони ма^итй аз тарафи давлат маош намегирифтанд, ва аз хисоби мусодирахои молу мулки мардуми одй "мезистанд" [29, с. 106].
Маком ва дарачаи мухиммии муфтиён дар ин давра хеле баланд буд. Шахсоне, ки молу мулкашон мувочехи мусодира мегардид, кабл аз хама бояд ба назди муфтй (муфассири шариат) мерафтанд ва баъди додани ришва ба вай фатвои хаттии мукарраркунандаи дурустии шариатии (конунии) хар кореро мегирифтанд, то сипас барои дарёфти адолат ба назди козй (додгустар; судя) раванд [41, с. 325]. Дар санади додаи муфтй дарачаи номутобикатии кори содиршуда ба шариат муайян карда мешуд ва ин санад хангоми баровардани хукм аз тарафи козй хамчун хуччати мухимми расмй ба инобат гирифта мешуд [29, с. 106].
Баъди ба хайати Генерал-губернатории Русия хамрох карда шудани Туркистон ва дар давраи баъдй Точикистони имруза системаи хукукии ин минтака ба низоми хукукии Русияи шохй мутобик гардонида шуд [1, с. 119]. Лозим аст кайд намуд, ки то ин вакт дар худуди хонигарихои Куканд ва Бухоро хукуки исломй ва анъанавии мардуми махаллй амал мекарданд [44, с. 281]. Дар худудхои Точикистони таърихй низоми хукукии исломй дар хачми пуррааш то инкилоби Октябр, ва кисман бо махдудкунии Хокимияти
23
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
Шуравй то солхои 30-юми асри ХХ амал кард [5, с. 63]. Таба;ахои камбаFали ахолй бо рохбарони масъулони хукуматй дар мусодиракунии молу мулки хочагихои феодалй-бойй ба ма;сади таъмини дех;онон бо замин ширкати фаъолона доштанд [16, с. 36].
Дар давраи шуравй дар Точикистон ;авонини ху;у;ии Русияи шохй, аз чумла Мачмуи ;онунхои чиноятии соли 1903, инчунин "Асосхои ху;у;и чиноятии Ч,ШСФР, Кодексхои чиноятии Ч,ШСФР, Ч,ШС Узбакистон ва Ч,ШС Точикистон амал менамуданд. Бар тиб;и "Кодекс", дар ;исмати шимолии Точикистон ;онунхои Русияи шохй, ба монанди "Мачмуи ;онунхои чиноятй ва ислохотии соли 1845 дар тахрири соли 1885, Ойиннома дар бораи таъйини чазохо аз чониби судяхои оштидихандаи соли 1864, Мачмуи ;онунхои чиноятии соли 1903, амал мекарданд.
АДАБИЁТ:
1. Абдулов А.М. Российские трюмы на территории Туркестанского генерал-губернаторства // Труды академии. - 2005. - № 8. - С. 119.
2. Агар дар он замон масъала бо мурофиаи судй халли худро намеёфт, ордалия бо оташ, ях, охани тафсон, равFан ё оби тафсон корбурд мешуд. Масалан, Сиёвуш ба тухмати Судоба аз байни оташ гузашт.
3. Азизов У. А. «Худуд» как категория наказания в мусульманском праве // Правовая жизнь. - 2015. - № 2 (10). - С. 39.
4. Азизов У.А. Наказания как основное средство воздействия на общественно-опасные деяния и его историческая роль в регулировании общественных отношений // Правовая жизнь. - 2016. - № 3 (15). - С. 24.
5. Азизов У.А. Особенности преступлений, за которые предусмотрено воздаяние равным (кисас) и назидательное наказание (тазир) в истории развития уголовного права Таджикистана исламского периода // Вестник педагогического университета.- 2015. - № 1 (62-1).- С. 63.
6. Азизов У.А. Понятие и признаки преступления в уголовном праве Таджикистана (история и современность) // Вестник педагогического университета. - 2014. - № 4 (59). - С. 71.
7. Азизов У. А. Эволюция институтов преступления на территории исторического и современного Таджикистана: историко-правовое исследования: Дис. ... д-ра юрид. наук. - Душанбе, 2015. - С. 110.
8. Артемов В.Ю. Основные института мусульманского уголовного права: автореф. дис. ... канд. юрид. наук. - М., 2008. - С. 23.
9. Б. Гафуров. Точикон: Таърихи кадимтарин, кадим, асрхои миёна ва давраи нав. - Душанбе: "Дониш", 2008. С. 315.
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
10. Буриев И.Б. История государства и права Таджикистана. Том 1, часть 1-4 (от древнейших времен до начала XX века). - Душанбе, 2016.- С. 234.
11. Варыгин М.А. Опыт описания Кулябского бекства // Изв. РГО.-Т. 52. -Вып.10. - 1916. - С. 792.
12. Гафуров Б.Г. Таджики древнейшая, древняя и средневековая история. - Душанбе: «Ирфон», 1989. - С. 55.
13. Дворецкий М.Ю. Учение об уголовной ответственности и наказании в уголовно-правовой семье религиозного права: проблемы теории и практики применения // Вестник ТГУ. - 2012. - Вып. 9 (113). - С. 412.
14. Зокиров З.Х. История развития уголовного законодательства Республики Таджикистан о конфискации имущества // Весник ТНУ. -2016. - № 2/6 (210). - С. 235.
15. И. Буриев. Действие мусулманского право в дореволюционном Таджикистане (VIII начало-ХХ вв). - Душанбе, 1999. С. 56-57.
16. Имомёрбеков А. История формирования и развития органов милиции на Памире (1917-1945 гг.): дис. ... канд. истр. наук. Душанбе, 2015.- С. 36.
17. Искандаров Б. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Душанбе. «Дониш», 2012. - С. 453.
18. Латифзода Н.Р. Эволюционный путь развития ограниченных вещных прав в законодательстве Таджикистана досоветского, советского и современного периодов // Весник ТНУ. - 2016. - № 2/6 (210). - С. 241.
19. М. Иброхимов. Коссович: «Авесто»-ро омузед. Faraj. ^
20. Махарамов Я.А. Наказание по мусульманскому уголовному праву: понятие, цели, виды: автореф. дис. ... канд. юрид. наук. - М., 2009. - С. 20.
21. Мирхонд. Равзату-с-сафо фи сирати-л-анбиёи ва-л-мулуки ва-л-хулафо.- Кисми аввал. Китоби 1. - Душанбе: «Эр-граф», 2004. - С. 134.
22. «Матикони хазор дадистон»-ро инчунин Китоб дар бораи хазор хукмнома низ меноманд.
23. Муллаев М.М. Происхождение и реакционная сущность шариата. -Душанбе: Ирфон, 1967. - С. 56.
24. Назаров А.К. Действие уголовно-правовая норм шариата в странах Ближнего Востока // Правовая жизнь. - 2015. -№ 3 (11). - С. 18.
25. Назаров А.К. Уголовно-правовая нормы Карана и хадиса и их классификация по институтам уголовного права: автореф. дисс. канд. юрид. наук. - М., 2012. - С. 21.
26. Насурдинов Э.С. Трансформация правовой культуры таджиков и развитие её содержательных компонентов в рамках исламской цивилизации // Бизнес в законе. - 2014. - № 2. - С. 105.
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
27. Хртамов Н., Довуди Д., Муллочонов С., Исоматов М. Таърихи халки точик. Нашри дуюм. Бо илова, ислохот ва тавзехот. - Душанбе: «Эр-граф», 2015. С.134.
28. Петровский А.В. Мусульманское уголовное право и особенности уголовного законодательства мусульманских государств. Монография.-Краснодар: Кубанский гос. ун-т., 2013. - С. 79.
29. Пирумшоев Х. История Дарваза.-Душанбе: «Ирфон», 2008. С. 106.
30. Попова И.А. Источники мусульманского права // Бизнес в законе. -2009. - № 4. - С. 60.
31. Рахмонов Э. Ш. Точикон дар оинаи таърих. Китоби 1.: «Аз ориён то Сомониён». - Лондон, 1999. - С. 130.
32. Садагдар М.И. Основы мусульманского права. - М., 1968. - С. 128.
33. Саидвалиева Б.С. Уголовно-правовые и криминологические проблемы амнистии в Республике Таджикистан: автореф. дисс. ... канд. юрид. наук. -М., 2012. - С. 16.
34. Сайфуллохи М. «Таърихи Масъудй»-и Абулфазли Байхакй (муруре пиромуни сохтори идорию русумоти дарбори Газнавиён). - Душанбе: «Ирфон», 2013. - С. 21.
35. Сативалдыев Р.Ш. Основные этапы развития юридической техники // Правовая жизнь. - 2015. - № 2 (10). - С. 6.
36. Сафаров И.Д. Правовая система государства Саманидов (1Х-Х вв.). Дис. ... канд. юрид. наук. -Душанбе, 1998. - С. 154.
37. Сюкияйнен Л. Мусулманско-правовая культура и светское государство // Ислам и светское государство. - Ташкент, 2003. - С. 78.
38. Табаров Н.Д. Институт военного судьи в досоветском Таджикистане (историко-правовое исследование): автореф. дис. ... канд. юрид. наук. -Душанбе, 2015. - С. 14.
39. Талезари, Али Аббас. Становление и развитие институтов преступления и наказания в истории права Ирана: дис. ... канд. юрид. наук. - Душанбе, 2015. - С. 73.
40. Тохиров Ф.Т. Инкишофи хукук дар Точикистон. - Душанбе, 1994. - С. 32.
41. Хайруллоев С. Асри конун, Мачмуаи гузоришхо, мусохибахо ва маколахо. - Душанбе: «Шарки озод», 2005. - С. 349.
42. Халиль Х.Х. Система наказаний по мусульманскому уголовному праву: дисс. ... канд. юрид. наук. - Махачкала, 2008. - С. 62.
43. Холиков А. Таърихи давлат ва хукуки Точикистон. Китоби дарсй-Душанбе: «Эр-граф», 2014. С. 252.
44. Холиков А. Таърихи давлат ва хукуки Точикистон. Китоби дарсй. ^исми 1. Душанбе, 2002. - С. 281.
ВЕСТНИК НАУКИ И ТВОРЧЕСТВА
45. Холиков А.Г. Общая характеристика Авесты как источника зороастриского права // Бизнес в законе.- 2013. - № 6. - С. 12.
46. Холикзода А. Г. Мухтасари конунномаи Сосониён. - Душанбе: «Эр-граф», 2015. - С. 147.
47. Худоёров Б.Т., Рахмонова Л.А., Сафарова Х.А. Государство Саманидов. 1100 летие образования государство Саманидов // Вестник Высшего Экономического Суда Республики Таджикистан. - 1999. - № 3. -С. 2.
48. Хдкимов Н. Таърихи халки точик. - Душанбе: «Ирфон», 2006. - С. 234.
49. Хдкимов Н., Азизкулова Г. Таърихи давлат ва хукуки халки точик. -Душанбе, 2002. - С. 160.
50. Як балиш баробар ба 300 динор буд.
51. Ясо дар баъзе сарчашмахои таърихй хамчун «Ёсо» ё «Ёсонома» оварда шудааст.
52. . ч-1.¿I(^лг-—1^!.и *"*( 1 и^^' ^ ' ?- Уз'" у—'/. 1388 , и^^^ - .15 № - .2010 .27
27