Научная статья на тему 'ФАРҲАНГ ВА ЗАБОН'

ФАРҲАНГ ВА ЗАБОН Текст научной статьи по специальности «Прочие гуманитарные науки»

CC BY
25
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
забон / фарҳанг / тафаккур / мафҳум / иртибот / байнифарҳангӣ / падида / ақидаҳо / робитаи ҷаҳони / ҷаҳони воқеӣ.

Аннотация научной статьи по прочим гуманитарным наукам, автор научной работы — Солиева Муҳайе Абдулакимовна

Қабл аз ҳама, забон воситаи ифодаи афкор, воситаи муошират аст. Забон берун аз фарҳанг вуҷуд надорад. Забон яке аз ҷузъҳои муҳими фарҳанг, шакли тафаккур аст. Забон ва фарҳанг аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Агар забон ин фарҳанг бошад, пас фарҳанг, пеш аз ҳама, забон аст. Мафҳуми фарҳанг дар иртиботи байнифарҳангӣ мафҳуми марказӣ маҳсуб мешавад. Олимон натиҷагирӣ карданд, ки дар айни замон таърифҳои гуногуни фарҳанг мавҷуданд. Ин ҳолат аз он сабаб ба амал омадааст, ки фарҳанг падидаи бениҳоят мураккаб ва гуногунҷабҳаест, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ФАРҲАНГ ВА ЗАБОН»

УДК. 801.8

ФАРХДНГ ВА ЗАБОН

СОЛИЕВА МУХДЙЕ АБДУЛАКИМОВНА

Дотсенти факултети молия, гумрук ва хизмати МД "Донишкадаи байналмилалии

Хучанд"- и ДБССТ

СОЛИЕВА МУХАЕ АБДУЛАКИМОВНА

Доцент факультета финансов, таможенного дела и службы гу «Худжандский международный университет» - Международного университета туризма и предпринимательства Таджикистана

Аннотатсия. Кабл аз щма, забоя воситаи ифодаи афкор, воситаи муошират аст. Забоя беруя аз фар^аяг вуцуд яадорад. Забоя яке аз цузщои мужами фар^аяг, шакли тафаккур аст. Забоя ва фар^аяг аз щм цудояашаваяда мебошаяд. Агар забоя - ия фар^аяг бошад, пас фар^аяг, пеш аз %ама, забоя аст. Мафхуми фар^аяг дар иртиботи байяифар^аягй мафхуми марказй ма^суб мешавад. Олимоя яатицагирй кардаяд, ки дар айяи замоя таъриф^ои гуяогуяи фар^аяг мавцудаяд. Ия %олат аз оя сабаб ба амал омадааст, ки фар^аяг падидаи беящоят мураккаб ва гуяогуяцаб^аест, ки тамоми па^лу^ои %аёти иясояро фаро мегирад.

Калидвожахр; забоя, фар^аяг, тафаккур, маф^ум, иртибот, байяифар^аягй, падида, ацида^о, робитаи ца^ояи, ца^ояи воцей.

Annotation. First of all, language is a means of expressing thoughts, a means of communication. Language does not exist outside of culture. Language is one of the important components of culture, a way of thinking. Language and culture are inseparable. If language is culture, then culture is, first of all, language. The concept of culture is considered a central concept in intercultural communication. Scientists have concluded that there are currently different definitions of culture. This situation is caused by the fact that culture is an extremely complex and diverse phenomenon that covers all aspects of human life.

Keywords; language, culture, thinking, concept, communication, intercultural, phenomenon, ideas, world connection, real world.

Мафхуми фар^аяг дар иртиботи байнифархангй мафхуми марказй махсуб мешавад. Олимон натичагирй карданд, ки дар айни замон зиёда аз 500 таърифхои гуногуни фарханг мавчуданд. Ин холат аз он сабаб ба амал омадааст, ки фарханг падидаи бенихоят мураккаб ва гуногунчабхаест, ки тамоми пахлухои хаёти инсонро фаро мегирад. Он хама чизе, ки онро зехн ва дастони инсон офаридааст, дар бар мегирад, бинобар ин фархангро шумораи зиёди илмхо: семиотика, чомеашиносй, таърих, антропология, аксиология, забоншиносй, этнология ва гайра меомузанд. Х,ар кадоме аз илмхо фахмиш ва таърифи худро оиди фарханг тахия мекунад. [1, с. 45].

Дар хаёти харруза мафхуми фарщяг ба се маънои асосй истифода мешавад:

• сохаи алохидаи хаёти ичтимой, ки дар шакли низомхои муассисахо ва ташкилотхое, ки бо истехсол ва пахн намудани сарватхои маънавй (чамъиятхо, клубхо, театрхо, осорхонахо ва г.) машгуланд, вучуд дорад;

• мачмуи арзишхо ва меъёрхои мутаалли; ба гурухи калони ичтимой, чомеа, мардум ё миллат (фарханги ашрофзодагон, фарханги рус, фарханги чавонон ва г.) тааллук дорад;

• ифодаи сатхи баланди дастовардхои инсон дар ягон сохаи фаъолият (фарханги маишй, шахси бофарханг ба маънои "сохибмаълумот ва ботарбия" ва г.). Аслан, фарх,анг - рохи мутоби; кардани инсон ба мухити мавчудбудаи физикй ва биологии хастй мебошад. Урфу одатхо, анъанахо, меъёрхои аз чониби умум кабулшудаи рафтори барои зинда мондан ва

инкишоф зарурй дар хар миллат аз насл ба насл мегузарад. Туфайли ин фарханг хаёти инсонро хифз менамояд, осон мегардонад ва мухофизат мекунад. [2, с. 80].

Забон дар фарханги хар як миллат ахамияти фавкулода бузург дорад. Дар адабиёти фархангшиносй мафхуми забон чунин таъриф дода шудааст:

• оинаи фарханг, ки дар он на танхо олами атрофи инсон, балки худшиносии кавм, хислати миллии он, анъанахо, урфу одатхо, ахлок, низоми меъёрхо ва арзишхо, манзараи чахон инъикос мешавад;

• хазинаи фарханг, зеро хама чизи аз чониби ин ё он кавм чамъшуда: дар фолклор, китобхо, дар нутки шифохй ва хаттй дар низоми забон нигох дошта мешавад;

• хомили фарханг, зеро он бо ёрии забон аз насл ба насл интикол мешавад;

• воситаи фархангие, ки шахсияти одамро ташаккул медихад,зеро махз тавассути забон шахс симои фархангии чахони мардуми худро дарк мекунад.

^абл аз хама, забон воситаи ифодаи афкор, воситаи муошират аст. Забон берун аз фархднг вучуд надорад. Забон яке аз чузъхои мухими фарханг, шакли тафаккур аст. Забон ва фархднг аз хам чудонашаванда мебошанд. Агар забон - ин фарханг бошад, пас фарханг, пеш аз хама, забон аст.

Дар хаёти инсони муосир хамкории фаъоли кишвархои гуногун, халкхо ва фархангхои онхо накши мухимро мебозад. Иртиботи байнифархангй - ин муоширати одамоне мебошад, ки фархангхои гуногунро намояндагй мекунанд. Назарияи иртиботи байнифархангй илми нисбатан чавон аст, новобаста ба он, ки одамон хануз аз даврахои кадим иштирокчиёни робитахои фархангй буданд. [3, с. 70].

Вакте ки одамон ба иртиботи байнифархангй ворид мешаванд, онхо бо намояндагони фархангхои дигар дучор мешаванд, ки метавонанд бо забон, хуроки миллй, сарулибос, меъёрхои рафтори ичтимой, муносибат ба чахон ва одамони дигар аз якдигар куллан фаркият дошат бошанд.

Аз сабаби фаркияти байни хамдигар робитахои мазкур душвор шуда метавонанд, баъзан хатто имконнопазирмешаванд. Х,амзамон хар як инсон фарханги бегонаро тавассути фарханги худ дарк менамояд, ки ин ба робитахоибайнифархангй халал мерасонад. Барои хуб шудани муоширати байни намояндагони фархангхои гуногун иртиботи байнифархангии самарабахшро махсус омухтан зарур аст.

Ташаккули назарияи иртиботи байнифархангй хамчун фанни таълимй пас аз Ч,анги дуюми чахон дар ИМА огоз шуд. Дар давоми чанг намояндагони кишвархои гуногун мачбур буданд, ки мушкилоти чахонро муштарак халлу фасл намоянд. Махз дар давраи чанг дар Иёлоти Муттахидаи Америка гурухи забоншиносон, антропологхо ва мутахассисони сохаи иртибот барои тавзех додани тафовутхо ва хусусиятхои рафтори фархангии хам иттифокчиён ва хам душманон таъсис дода шуд. [4, с. 55].

Пас аз Ч,анги дуюми чахон шумораи зиёди мансабдорони америкой ва мутахассисони гуногун дар хорича ба кор шуруъ карданд. Ботадричдарки он ба миён омад, ки танхо донистани забони хоричй кофй нест, фарханги мардуми дигар, урфу одатхо, анъанахо ва меъёрхои рафтори онро омухтан зарур аст.

Ин боиси он гардид, ки соли 1946 хукумати ИМА Донишкадаи хизмати хоричиро бо сарварии забоншинос Эдвард Холл таъсис дод. Дар ибтидо тадкикотгарони иртиботи байнифархангй дар назди худ вазифахои зерини амалиро гузоштанд:

1) америкоихоро ба фаъолияти самаранок дар хорича омода кардан;

2) кумак ба донишчуёни хоричй барои шароити Иёлоти Муттахида мутобик шудан;

3) кумак дар халли мунокишахои байнинажодй ва байнимиллй.

Соли 1954 китоби Э.Холл ва Д.Трагер «Фарханг хамчун иртибот» ба табъ расид, ки дар он маротибаи аввал истилохи иртиботи байнифархангй пешниход карда шуд. Махз Э.Холл аввалин шуда пешниход намуд, ки масъалаи иртиботибайнифархангй ба фанни мустакили таълимй табдил дода шавад. Дар 1960 сол таълими фанни мазкур дар як катор донишгоххои ИМА огоз шуд.

Дар Аврупо ташаккули иртиботи байнифархангй хамчун фанни таълимй нисбат ба Иёлоти Муттахида каме дертар сурат гирифт ва бо таъсиси Иттиходи Аврупо вобаста буд. Дар ин робита таваччухи олимон ба масъалахои иртиботи фархангй ташаккул ёфт. Дар баъзе донишгоххои Аврупои Гарбй дар огози солхои 70-80-уми асри ХХ шуъбахои иртиботибайнифархангй ифтитох шуданд. [5, с. 40].

Дар илм ва низоми маорифи Россия дар бораи зарурати омузиши иртиботи байнифархангй аввалин шуда, омузгорон фикру андешахои худро изхор карданд, чунки дарк намуданд, ки барои муоширати самаранок бо намояндагони фархангхои дигар танхо донистани забони хоричй кифоя нест. Х,амин тавр, курси назарияи иртиботи байнифархангй, ки ба барномаи таълимии донишгоххои Россия дохил карда шудааст, ба ташаккули шахсияте равона карда шудааст, ки метавонад ба кадри кофй ва дар холати имконпазир бо намояндагони фарханги омухташудаи забоншиносй бо муваффакият муошират намояд.

Аз огоз назарияи иртиботи байнифархангй фанни байнисохавй буд. Он методологияи худро аз забоншиносй, назария, таърих, фалсафаи фарханг, антропология, равоншиносй, чомеашиносй ва илмхои дигар иктибоскардааст. Дастовардхои илмхои мазкур тадричан ба як фанни мустакил бо мавзуъ ва методи хоссаи худ - назарияи иртиботибайнифархангй муттахид шуданд.

Х,ачми калонтарини донишхои назариявй ва методй, тачрибаи амалй дар сохаи иртиботи байнифархангй дар чунин илмхо, ба монанди фолклористика ва этнология чамъоварй шудааст. Аз ин ру, дар сохаи иртиботибайнифархангй ду самти тадкикот ба вучуд омадааст. Якум самт ба фолклористика такя мекунад. Вазифаи он - тавзех додани хусусиятхои чукури фарханги онхо тавассути омузиши рафтори харрузаи одамон мебошад. Самти дуввум, ки ба этнология асос ёфтааст, меъёрхо, коидахои рафтор ва арзишхои гуруххои гуногуни ичтимоиро меомузад. Донистани хамаи ин хусусиятхо имкон медихад, ки масъалахои мубрамро дар вазъияти нофахмии байнифархангй халлу фасл шаванд, кор дар гуруххои сермиллат ба таври муътадил ба рох монда шавад ва f.

Тибки акидаи аксарияти мухаккикон, хадафхои асосии тадкикот дар сохаи иртиботи байнифархангй чунинанд:

• тавсифи мушкилот ва мавзуъхои асосии иртиботи байнифархангй, азхуд кардани мафхумхои асосй ва истилохот;

• инкишофи кобилияти сахех тафсир кардани зухуроти мушаххасрафтори коммуникативй дар фархангхои гуногун;

• ташаккули малакахо ва махорати амалй дар муошират бонамояндагони фархангхои дигар.

Х,амин тарик, объекти омузиши назарияи иртиботи байнифархангй - раванди робитахои табий дар шароити табий байни намояндагони фархангхои гуногуни дорои забон ва мавзуи он - тахлили намудхои хамкории намояндагони фархангхои гуногун, омузиши омилхое мебошанд, ки ба натичаи хамкории иртиботй таъсири манфй ё мусбй мерасонанд.

АДАБИЕТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Вежбицкая А. Забон. Маданият. Дониш / А.Вежбитская. - М.,1996. - 416 с.

2. Верещагин, Е.М. Забон ва фарханг / Е.М. Верещагин, В.Г.Костомаров // Забоншиносй ва минтакашиносй дар таълими забони русй хамчун забони хоричй.-Нашри 3.-М., 1976-246с.

3. Воробьёв, В.В.Лингвокультурология / В.В. - М., 1997. - 332 с.

4. Гак, В.Г. Забон хамчун шакли худшиносии халк / В.Г.Гак // Забон хамчун воситаи интиколи фарханг. - М., 2000. - С.54-68.

5. Богатикова, Л.И. Хусусиятхои зухури дахолати фархангй-прагматикй дар муоширати байнифархангй / Л.И. Богатикова // Мачмуаи маводи Конфронси байналмилалии илмй-амалии «Забон ва фарханг», марти 2006 - Челябинск, 2006. - с.27-30.3 Богин, Г.И.Типологияи фахмиши матн: китоби дарсй / Г.И.Богин. - Калинин, 1986. - 87 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.