Научная статья на тему 'Criticism of poetry and the problems of new poetry in the journal “Sadoi Shark” (“the voice of the Orient”)'

Criticism of poetry and the problems of new poetry in the journal “Sadoi Shark” (“the voice of the Orient”) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
93
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КРИТИКА ПОЭЗИИ / CRITICISM OF POETRY / САДОИ ШАРК / ТРАДИЦИОННАЯ ПОЭЗИЯ / TRADITIONAL POETRY / НОВАЯ ПОЭЗИЯ / NEW POETRY / СОВРЕМЕННАЯ ТАДЖИКСКАЯ ЛИТЕРАТУРА / MODERN TAJIK LITERATURE / "SADOI SHARK"

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Юсупова Мархабохон Юнусовна

В статье рассматриваются некоторые проблемы нового стиха в современной таджикской поэзии. Основная цель данной статьи анализ и обобщение научных материалов, опубликованных на страницах журнала «Садои Шарк» в конце двадцатого века. В статье приведены мнения исследователей о новом стихе в современной литературе, а также определены роль и место Лохути в этой области.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «Criticism of poetry and the problems of new poetry in the journal “Sadoi Shark” (“the voice of the Orient”)»

Юсупова Мар^абохон Юнусовна,

унвощуи кафедраи адабиёти муосири тоцики ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров

НАЦДИ ШЕЪР ВА МАСЪАЛА^ОИ ШЕЪРИ НАВ

ДАР МАЧАЛЛАИ «САДОИ ШАРЦ» (бар асоси маводи адабии мачаллаи «Садои Шарк» дар солх,ои 80-90-уми асри ХХ)

Тадкики масъалахои хунарии адабиёти муосири точик, бахусус вижагихои хунариву мавзуии он дар шеъри шуарои насли нав ба таври кофй сурат нагирифтааст, дар холе ки бояд накди адабии шеъри нав хампоя ба такомули шеър тахаввул пазирад. Тахкикоти мухаккикон Мухаммадчон Шакурй, Худой Шарифов, Абдурахмон Абдуманнонов, Аскар Х,акимов, Юсуф Акбаров, Абдунабй Сатторзода ва дигарон бештар масъалахои марбут ба вижагихои шеъри насли солхои 80-ум, ашъори Лоик Шералй, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва хамсолони ин гурухро фаро мегиранд. Нахустин кушишхо барои тадкики бевоситаи шеъри даврони истиклол ва намояндагони насли нави адабй аз чониби мухаккики эронй Алиасгари Шеърдуст бо номи «Чашмандози шеъри имрузи точик» (5) ба сомон расидааст. Х,арчанд ки пажухиши ин мухаккик дар пайвастагии ду насли адабй ба сомон расидааст, вале таваччухи зиёди у ба ашъори шоирони даврони истиклол аз он дарак медихад, ки дар ин рисола тахкики вижагихои шеъри шоирони давраи нав имтиёзи комил дорад. Баъдтар дар соли 2012 дар Эрон китоби дигари ин донишманди эронй тахти унвони «Таърихи адабиёти навини Точикистон» (6) ба дасти чоп расид, ки онро метавон такмилаи китоби аввалй унвон кард.

Дар баробари ин, интишори маколахои чудогонаи мухаккикон дар сахи-фахои рузномаву мачаллахо аз падид омадани фазои мусоиде барои тадкики бархе аз масоили умдаи шеъри муосири точик дарак медиханд. Махсусан, дар ин ришта накши мачаллаи «Садои Шарк» хамчун мачаллаи адабй кобили таъкид аст. Дар баробари ин метавон ба сахми мачаллахои дигаре чун «Сайхун», «Хучанд», ки баъдтар ба мачаллаи «Паёми Сугд» табдил ёфт, низ таъкид намуд, ки дар хавзаи адабии вилояти Сугд дар солхои навадуми асри ХХ чойгохи холии мачаллаи «Садои Шарк»-ро тавонистанд пур кунанд.

Ёдовар бояд шуд, ки харчанд дар солхои нахустини сохибистиклолии Точи-кистон бар асари мушкилоти молиявй ва мураккаб шудани вазъияти сиёсиву иктисодии кишвар муддате мачалла аз нашр бозмонд, вале дар давоми хар сол як ё ду шумора ба чоп расидани мачалла комилан раванди нашри онро нигох дошта тавонист ва пас аз солхои 2000-ум нашри мустадоми мачалла аз сар гирифта шуд. Аммо набояд фаромуш кард, ки накши мачалла дар солхои 80 ва бахусус солхои аввали сохибистиклолии Точикистон, яъне 1991-1992 дар нашри

пурвусъати маводи марбут ба накди адабй муассир аст. Дар ин макола хам бештар ба матолиби шуморахои хаминдавраи мачалла таваччух зохир шудааст.

Тахлили вазъи умумии нашри маколоти чудогона рочеъ ба масъалахои шинохти шеъри нав нишон медихад, ки дар фосилаи мавриди назари мо дар сахифахои мачалла маколоти зиёде ба нашр расидаанд, ки дархури завк ва баёнгари холати куллии шеършиносй мебошанд. Мусаллам аст, ки шинохти шеъри нав ва бахсу баррасии махсусиятхои хунарии он аз мухимтарин масоили бахси адабиётшиносй ва накди адабии даврони истиклол махсуб мешавад.

Дар ростои тахкики масъалахои шеъри нав низ як зумра адабиёт-шиносон ва мунаккидон кадамхои устуворе бардошта, бахри муаррифии ин навъи шеър ва махсусиятхои он дар адабиёти муосири точик корхои шоистае ба анчом расонидаанд. Дар ин самт низ ду равиши тахкики масъала чун боз-шиносй ва дидгохи нав ба адабиёти асри ХХ риоя мешавад. Аввалан, масъа-лахои назарии шеъри нав баррасй мешаванд ва сониян шинохти махсусиятхои шеърй дар зовияи эчодиёти ин ё он шоир чараён мегирад. Дар ин чода бештару пештар маколахои адабиётшиносон ва мунаккидон Мирзо Муллоахмадов, Юсуф Акбаров, Рустами Ваххобиён, Мисбохиддини Нарзикул ва дигарон дар сахифахои мачаллаи «Садои Шарк» интишор ёфтаанд, ки аз баррасии пахлухои чудогонаи масъалахои шеъри нав дар адабиёти имрузи точик дарак медиханд. Гохо дар ин нигоштахо тахкики масоили бозшиносии адабиёти даврони шуравй ба назар мерасад ва таваччух ба асли матлаб ин нуктаро рушан мекунад, ки ин мунаккидон дар заминаи мурочиат ба адабиёти садаи ХХ заминахои тахаввули шеъри навро бозчуй кардаанд. Масалан, дар маколаи мунаккиди шинохта Юсуф Акбаров «Хун дар димоги булбули мискин» (2) бахси масъала рочеъ ба хусусиятхои ашъори Пайрав Сулаймонй аст. Аммо мутолиаи макола бозгуи он аст, ки муаллиф бо тахкики ин масъала ба зухури падидахои шеъри нав дар эчодиёти ин суханвар низ таваччух дорад. Чун борхо таъкид шуд, дар карни ХХ Пайрав Сулаймонй аз аввалин суханвароне аст, ки дар заминаи шеъри инки-лобй ба шеъри сапед таваччух зохир кард ва аз назари шакл муваффак хам шуд.

Дар маколаи фавк, кабл аз хама, муаллиф ба тахлили назароти мухталиф ва пеш аз хама танкидбори мухаккикон ва адабиётшиносон мепардозад, ки то имруз чараён доштанд. Ба кавли муаллифи макола хам дар зиндагй ва хам баъди марг Пайрав Сулаймонй мавриди тозиёнаи танкиди гуруххои муайян карор дошт ва ба кавле баъди марг хам устухони уро дар кабр ором нагу-зоштанд. Барои хамин Юсуф Акбаров таъкид мекунад, ки холо замоне раси-дааст, ки ашъори у аз дидгохи нав арзёбй шавад (1, 134).

Тахлили ашъори шоир бо дидгохи нав имкон додааст, ки аз вазъи умумии мулохизоти макола нуктахои зайл хамчун хулосахои мухими Юсуф Акбаров дар бораи зиндагй ва эчодиёти шоир ба даст оянд:

1. Пайрав Сулаймонй дар сурудани шеъри суннатй хеле муваффак аст ва ин амр аз мулохизоти устод Айнй дар «Намунаи адабиёти точик» сарчашма мегирад.

2. Пайрав Сулаймонй шоири хунармандест, ки бештар ба чанбахои хунарии шеър андеша мекунад ва таваччух ба ин масъала бознигарии вайро ба колиб ва шаклхои шеъри нав ифода мекунад.

3. Пайрав Сулаймонй аз аввалин суханваронест, ки дар партав ва асари шеъри инкилобии рус, хоса ашъори В. Маяковский ба эчоди шаклхои шеъри нав таваччух зохир намуд.

Хулосаи чолиби муаллифи макола дар бораи Пайрав Сулаймонй он аст, ки ба назари у барои он ки ба кудрати каламу завку биниш, дарачаи эхсосоту самимият ва тахайюли шоиронаи Пайрав амиктар сарфахм равем, ба ашъори ишкй, хасбихолй, ки дар ин кабил ашъор чахони маънавию ахлокй, гардишхои азими калбию олами рухии инсон бехтару хубтар ва амиктар ошкор мешаванд, махсус таваччух зохир кардани мо бесабаб нест. Азизтарин, шевотарин, дил-навозтарину дилфигортарин ва самимитарину муассиртарин хиссаи осораш шеърхоеанд, ки дар хамин мавзуот иншо шудаанд. Пайрав навишта буд: Аз нуги хома чун мижаам хун хамечакид, Ёраб, ба сина захм зи тири нихони кист? (1, 140)

Юсуф Акбаров шинохти шеъри нави Пайравро танхо аз руи шаклу колиб муайян накардааст, балки дар макола навгарой ва навчуихои маънавии шоир дар колиби шеъри суннатй низ таъкид шудааст, ки ин матлаб дар гуфтаи боло рушан аст.

Ин равиши накду баррасии шеъри даврони шуравй аз дидгохи нав на танхо махдуд ба хамон солхои аввали сохибистиклолии Точикистон мондааст, балки мутолиаи маколахои солхои охир дар мачалла нашршуда низ баёнгари он аст, ки баробари тахкики масоили шеъри имруз мухаккикону мунаккидон аз таваччух ба шинохти дигаргунаи шеъри он давра даст накашидаанд. Барои мисол метавон ба маколаи мунаккид ва шоир Рустами Ваххобиён ручуъ намуд, ки соли 2009 зери унвони «Меъёрхои шеърият» (3) нашр шудааст. Дидгохи кобили таваччухи муаллиф дар ин макола дар он зухур мекунад, ки у чанбахои поэтикаи шеъри замони шуравиро бар асоси ашъори Мирзо Турсунзода мукаррар намудааст.

Маколаи дигари Юсуф Акбаров, ки «Андухи дили сухта» (1) унвон дорад, низ дар доираи меъёрхои хамингуна диду бозшинохти адабиёти мархилаи нав эчод шудааст. Аммо дар ин макола махсусиятхои ашъори яке аз шоирони дигар - Гулрухсор Сафиева, ки дар ростои зухури тозакорихои адабиёт аз пешгомони шеъри нав махсуб мешавад, сухан меравад. Муаллифи макола барои шинохти чахони маънавии шоир ва баёни махсусиятхои эчодиёти у аз дидгохи тахкики чанбахои мавзуии шеъри у рах кушодааст. Баёни холати мазкур ба он ишора мекунад, ки тахкики масъалахои шеъри нав танхо баста ба бозгуии шакли шеърй нест, балки нав шудани мавзуи шеър хам ба зоти худ як навъ навчуй махсуб мешавад, ки бояд аз назари ахли тахкик берун намонад. Ин нуктаи назар аз дидгохи Юсуф Акбаров берун намондааст ва тахлили ду маколаи мунаккид нишон медихад, ки дар таълифоти у ду равияи махсуси шинохти шеъри нав дар адабиёти имруз тафсиру бозгуй мешавад:

1. Навоварй дар колаби шеъри суннатй

2. Навсозии мавзуъ ва дарунмояи шеър.

Маколаи дуюм бештар аз равияи дуюм бархурдор аст ва ба хамин сабаб аст, ки чое муаллиф таъкид дорад: «Гулрухсор чун аксари шуарои точик мазмунсарост, яъне маншаъ ва манзураш аз шеър на ба калам овардану нишон

додану нигоштани холату манзара ё лахзае, балки ибрози андеша ва хулосае, ки аз дидану дарки ашё ё вокеа хосил шудааст, зикри суханонест, ки ба аклу идроки одамй, ба шуур, ба одобу ахлоки чамъият асар мекунад. Ба тарзи дигар гуем, у ба чои нишон додану тасвир кардан ва олами нав офаридан, мегуяд, гап мезанад» (1, 134).

Мазмунгарой ва маънихои нав, ки хосили андеша ва тафаккури шоир мебошанд ва аз холати нави зиндагй ва мархилаи дигар ба вучуд омадаанд, ба навъе навгароии шоирро метавонанд ифода намоянд. Хулосаи аслии муаллифи маколаро метавон ба хамин вачх тавзех дод, ки дар ин маврид равиши тахкики махсусиятхои шеър дар мархилаи нав баста ба навшавии мавзуи он аст, ки аз мухити нави ичтимоиву сиёсй сарчашма мегирад.

Дар сахифахои мачаллаи «Садои Шарк» дар ин давра як силсила маколахое низ ба нашр расидаанд, ки назари нави мухаккиконро ба ашъори Абулкосим Лохутй ифода мекунанд. Аз чумлаи онхо ду макола аст, ки дар рисола тахлили онхо аз ахамият холй нест. Яке нигоштаи адабиётшиноси сохибназари точик Мирзо Муллоахмадов «Умри тозаи шоир» (4) ва дигаре маколаи Шахло Сафарова «Шеъри хитоба ва махорати шоир» (7) мебошанд, ки масъалахои тахкику баррасии эчодиёти устод Лохутиро бо назари нав ифода кардаанд. Маълум аст, ки дар кишвари мо бештар тахкики эчодиёти Лохутй дар Иттиходи Шуравй баррасй шудааст. Аммо тозагии бахси маколаи Мирзо Мулоахмадов пеш аз хама, дар он ифода мешавад, ки муаллиф ба тахкики эчодиёти Лохутй дар Эрон пардохтааст. Нуктаи чолиби таваччух дар макола он аст, ки муаллиф бо истинод ба андешахои мухаккикони ватаниву хоричй собит кардааст, ки асосгузори шеъри нав дар Эрон на Нимо Юшич аст, балки Абулкосим Лохутй мебошад. Муаллиф дар такя ба андешахои мухаккики осори Лохутй дар Эрон Ахмади Баширй менависад: «Ахмади Баширй ба ин масъала (манзур нишон додани Лохутй хамчун асосгузори шеъри нав - М.Ю.) ба таври чиддй даст зада, бо далелу санадхои котеъ исбот мекунад, ки бунёдгузори асли шеъри нав дар Эрон на Нимо Юшич, балки Абулкосим Лохутй мебошад. У бе хеч дудилагй менависад: «Бо чигунагй дарёфта мешавад, ки падари шеъри нав Лохутист ва на чунонки гурухе бар онанд, ки Нимо Юшич. Ва агар инро хам ба ёд дошта бошем, ки Нимо Юшич дастикам дах сол аз Лохутй калонсолтар аст (Лохутй соли 1266 хуршедй по бар чахон ниходааст ва Нимо Юшич соли 1274 хуршедй зода шудааст) ва ногузир аз Лохутй дертар дастбакори гуяндагй шудааст. Ва гузашта аз ин, агар чунонки навиштаанд, овозаи Нимо Юшич дар кори навсарой аз соли 1345 х. /1925 огоз шуда бошад, Лохутй, ки чакомаи «Вахдат ва ташкилот»- ро дар соли 1923 ва бегумон пеш аз он хам сарводахои дигаре дар хамин шеваву моя доштааст, бояд басе пешгомтар аз Нимо Юшич дар рохи дигаргун кардани чахорчуби сарояндагй дар Эрон ба шумор ояд» (4, 136).

Аз ин бахс нуктае бармеояд, ки дар макола назари тоза дар бораи заминахои ба вучуд омадани шеъри нав баён шудааст, ки ба макоми Лохутй дар зухури шеъри нав бастагй дорад.

Дар баробари ин, дар сахифахои мачаллаи «Садои Шарк» чанд маколаи дигар рочеъ ба масъалахои мухталифи фахму дарки шеъри нав ба нашр

расидааст, ки тавзехи мухтасари онхо барои муайян намудани равишхои хосаи масъалагузорй ва баррасии вижагихои шеъри нав накши муайян мегузоранд.

Нигоштаи Рустами Ваххобиён «Набзи сухан» (7), ки дар шумораи шашуми соли 1989 ба нашр расидааст, баррасии шеърро аз назари корбандии шаклй ва истифодаи анвои авзони шеърй фаро мегирад. Маълум аст, ки гузариш ба шеъри нав танхо дар сурати шикастани суннатхои кадима ва эчоди сохтмони нав нест, балки дар мархилаи аввал, ки ба унвони шеъри нимойй имруз маъруф аст, ин навъи шеър асосан ба вазни аруз такя мекунад. Ин аст, ки гохо онро арузи озод низ мегуяд. Арзиши маколаи мазкур аз ин чихат кобили таъкид аст.

Мисбохиддини Нарзикул дар маколаи худ «Устод Лоик ва манзалати сухан», ки дар шумораи 1-3 соли 2003 ба нашр расидааст, вижагихои яке аз саромадони шеъри имрузи точик устод Лоик Шералиро баррасй мекунад. Кушишхои мухаккик ба он равона шудаанд, ки бо корбандии усули киёсии тахкик у макоми устод Лоикро дар байни суханварони хамзамони худ муайян созад. Муаллиф бо истифодаи ин равиши тахкик ба он хам муваффак шуда, ки чойгохи Лоикро дар густариши шеъри нав ва хам навоварихо дар каламрави адабиёти имрузи точик мукаррар намояд. Ин аст, ки арзиши маколаи мазкур дар шинохти макоми хунарй ва адабии Лоик кобили таъкид мебошад ва муаллифи он дар заминаи маърифати шеъри як нафар суханвар барои муайян намудани равандхои умумй ва арзишхои шеъри нави точик тавфик ёфтааст.

Маколаи Шахло Сафарова «Шеъри хитоба ва махорати шоир», ки дар шумораи 7-8 мачалла аз соли 1992 нашр шудааст, ба тахкики яке аз шаклхои нави шеърй, ки бештар аз назари мавзуъ тозагй дорад, ба осори Лохутй бахшида шудааст. Мухимтарин дастоварди муаллифи макола дар муайян намудани макоми Лохутй дар ин навъи шеър ва назари тоза ба шеъри Лохутй ба шумор меравад.

Дар мачмуъ, бахси умумии масоили шинохти мохияти шеъри навро дар маколоти мачаллаи «Садои Шарк» ва назароти муаллифони ин маколахоро ба таври зайл метавон чамъбаст намуд, ки навчуихои шоиронро дар се самт мукаррар кардаанд:

1. Навоварй дар колабхои суннатии шеър.

2. Ч,устучуи мазмун ва маънохои нав, вобаста ба инъикоси мухити нави сиёсиву ичтимой дар шеър, ки рисолати аслии шоир буданро ифода карда метавонад.

3. Гароиш ба колабхои нави шеърии нимойй, сапед ва озод.

Агарчи ин нигоштахо асосан дар нимаи аввали солхои навадуми асри бистум ба дасти чоп расиданд, вале мушохидахои илмй ва пажухишй собит ме-созанд, ки аглаби маколоти дар сахифахои мачаллаи «Садои Шарк» интишор ёфта минбаъд ба сурати китоби чудогона аз рохи такмилу тахкики бештар ба дасти хонандаи худ расидаанд.

Калидвожа^о: нацди шеър, Садои Шарц, шеъри суннатй, шеъри нав, адабиёти муосири

тоцик

Пайнавишт:

1. Акбаров Юсуф. Андухи дили сухта. // Садои Шарц. -1989. - №10. -с. 128-140.

2. Акбаров Юсуф. Хун дар димоги булбули мискин // Садои Шарц. -1992. - №5. -С. 134-

142.

3. Ващоб Рустам. Меъёр^ои шеърият (Аз руи ашъори Мирзо Турсунзода). // Садои

Шарц. -2009. - №11. -С. 126-132.

4. Муллоа^мадов Мирзо. «Умри тозаи шоир» // Садои Шарц. -1990, - №12. -с.133-140.

5. Шеърдуст Алиасгар. Чашмандози шеъри имрузи тоцик. -Душанбе: Адиб, 1997.

6. Шеърдуст Алиасгар. Таърихи адабиёти навини Тоцикистон. -Те^рон: Интишороти Суруш, 1390.

7. Сафарова Ша^ло. Шеъри хитоба ва ма^орати шоир // Садои Шарц 1992, - №7-8. -

С.139-143.

8. Ващоб Рустам. Набзи сухан // Садои Шарц. -1989, - №6. -С. 122-130.

9. Нарзицул Мисбощддин. Устод Лоиц ва манзалати сухан // Садои Шарц. -2003, -

№1-3. -С. 134-145.

Юсупова Мархабохон Юнусовна,

соискатель кафедры современной литературы ХГУ им. акад. Б. Гафурова

Критика поэзии и проблемы нового стиха в журнале «Садои Шарк»

Ключевые слова: критика поэзии, Садои Шарк, традиционная поэзия, новая поэзия, современная таджикская литература

В статье рассматриваются некоторые проблемы нового стиха в современной таджикской поэзии. Основная цель данной статьи - анализ и обобщение научных материалов, опубликованных на страницах журнала «Садои Шарк» в конце двадцатого века. В статье приведены мнения исследователей о новом стихе в современной литературе, а также определены роль и место Лохути в этой области.

M. Yusupova

Criticism of Poetry and the Problems of New Poetry in the Journal "Sadoi Shark" ("The

Voice of the Orient")

Key words: criticism of poetry, "Sadoi Shark", traditional poetry, new poetry, modern Tajik literature

The article dwells on some problems in reference to a new verse in modern Tajik poetry. The main objective of the article is aimed at analysis and generalizatoin of scientific materials published on the pages of the journal "Sadoi Shark" at the end of the XX-th century. The author adduces the opinions of researchers concerned with the new verse in modern literature; she also touches upon the issue related to the role and place of Lakhuti in the literary genre in question.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.