Kabirov Kh. Sh. Toponyms of the Zeravshan Valley in Shindjan Area of China
ББК 81. Т-3 Х. Ш. КАБИРОВ
УДК 4 (Тад)
ТОПОНИМ^ОИ ВОДИИ ЗАРАФШОН ДАР ^АВЗАИ ШИНЧОНИ ЧИН
Добили зикр аст, ки чун дигар забонхои чахон як кисмати муайяни таркиби лугавии забони сарикулиро низ ономастика ташкил медихад. Омузишу тахкики номхои чугрофй (топонимхо), номхои одамон (антропонимхо), номхои чирмхои кайхонй (астронимхо) ва г. на танхо ахамияти забоншиносй ва ё сохаи илми марбута доранд, балки пажухиши онхо ахамияти калони таърихй, фархангй ва сиёсии хар як халкро доро мебошанд.
Бесабаб Президенти кишвар Эмомалй Рахмон дар баромадашон аз 6 октябри соли 2012 ба муносибати Рузи забони давлатй дар иртибот ба ин мавзуъ чунин таъкид накардаанд: «Яке аз масъалахои мухим барои таърихи миллат ин гирдоварй ва омузишу тахкики дакики номхои чугрофй мебошад. Номхои чугрофии минтака ба таъриху сарнавишти миллат иртибот дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамоянд. Номхои чугрофии хар мавзеъ ва хар минтака арзишмандтарин сарвати таърих ва мероси миллии ин сарзамин дониста мешаванд. Ин номхо таърихи зиндаи миллат буда, бештари онхо аз гузаштаи дур маншаъ мегиранд. Яке аз хусусиятхои ин номхо дар он аст, ки онхо ба даврахои гуногун ва забонхои махаллии ин сарзамин мансуб мебошанд. Аммо, мутаассифона, теъдоде аз ин номхо дар тули таърих ба номхои бегона иваз карда шудаанд, ки имруз аз руйи адолату хакикати таърих бояд эхёи тоза ёбанд» (8). Дар иртибот ба ин масъала номхои чугрофй, яъне ойконимхо (юнонй: aikos- хонаву чой ва onuma- ном), ки як шохаи топонимхоро (юнонй: topos-чой ва onuma- ном) ташкил медиханд, дар муайян ва мукаррар намудани хадду худуди сукунат ва харитаи этникии халку миллатхо маводи боэътимод шуда метавонанд. Пеш аз он ки оид ба номхои чугрофии мавриди назар дар худуди Туркистони Шаркй ё худ Бухорои Хурд, алхол нохияи худмухтори Синсзяну Уйгури (НХСУ) Чумхурии Мардумии Чин (Ч,МЧ) таваккуф намоем, лозим аст, ки оид ба таъриху сабабхои пайдоиши номхои чугрофии эрониасл дар ин минтака мухтасаран маълумот дихем.
Олимоне, ки ба омузишу тадкики таъриху фарханги мардумони Осиёи Марказй машгул шудаанд, Туркистони Шаркй, яъне Бухорои Хурдро яке аз гахворахои тамаддуни мардуми эрониасл мехисобанд ва онро бархак ба худуди этникии халки точик шомил мекунанд (3;4;5;6;7;9;10) ва хатто зикр мекунанд, ки кабилахои эрониасл то доманакуххои Тибетро макони зист карор дода буданд ва ин минтакаи пахншавии кавмхои ориёй Скифияи бузург номида мешуд. Вокеан, дар марзхои пахновар ва биёбонхои нопайдоканори ин минтака хануз кабл аз солшумории мелодй мардуми ориёй мезист ва ин нуктаро академик Б. Гафуров низ таъкид мекунад: «Дар замонхои кадим махалли пахншавии
- 211 -
Кабиров Х. Топонимхри водии Зарафшон дар хрвзаи Шинчрни Чин
забонхо ва тоифахои эронй назар ба асрхои миёна ва давраи нав хеле васеътар буд. Вай сарзамини пахновареро аз Европаи Чднуби Шаркй то Туркистони Шаркй ва аз назди Урал то чануби Эрон фаро мегирифт» [3, с. 50].
Тибки шаходати сарчашмахои фаровони таърихй ва мадракхои бостон-шиносй хануз дар ахди биринчй дар худуди Туркистони Шаркй кабилахои ориёии сакоиву хутанй мезистанд. Оид ба вусъати худуди пахншавии кабилахои эронизабон муаррих X,. Шарифов кайд мекунад, ки: «То аввали карни II пеш аз мелод мардуми эронизабон ахолии асосии Мугулистони Гарбиву Марказиро низ ташкил медоданд. Ачдоди худи туркону мугулони хозира он дам дар атрофи кули Байкал, Мугулистони Дохилй ва Манчурияи Шимолй мезистанд» [11, с. 15]. Аз чониби дигар, дар асри дуюми пеш аз милод кушода шудани Рохи бузурги абрешим, ки дар давраи кадим ва асрхои миёна Чинро бо кишвархои Осиёи Миёна ва Осиёи Наздик мепайваст, яке аз халкхои ориёнажод - сугдхо дар тичорат аз тарики шохрохи мазкур накши асосиро дар дасти худ гирифта буданд [2, с. 46 ва 52]. Точирони сугдй хануз дар карни III то мелод Шохрохи абрешимро сохибй карда, то Чин расида буданд. Дар кад-кади ин шохрох корвонсарой, работу деху шахракхои зиёде сохта, диаспораи онхо хазорон нафарро ташкил медод. Чунончи, аввали асри IV мелодй танхо дар шахри Дунхуан беш аз 1000 нафар сугдй зиндагй мекард. Хатто забони сугдй хамчун забони муошират на танхо байни точирону дипломатхо, балки миёни мардуми бумии Туркистони Шаркй мустаъмал буд [11, с. 27].
Ин бунёдкорихову нуфузи сугдиён, бешубха, боиси ба миён омадани силси-лаи номхои чугрофй-топонимхо гардид. Баъдан, туфони дахшатноки хучуми мугул ва катлу горати гушношуниди эшон дар Осиёи Миёна хамватанони моро ба гушахои дурдасти Осиёи Марказй парешон намуд ва хатто соли 1248 дуртар аз Урумчй шахре бо номи Самарканд ва дехкадае ба хамин ном дар вилояти Кошгар аз хисоби хамватанони мухочиршудаи мо бунёд гардида буданд [12, с.81]. Дар асрхои охир бошад, бар асари ходисахои хунрез теъдоди зиёди дигари хаммиллатони мо барои начоти чони худу ахли хонаводаашон аз Осиёи Миёна ба суйи Туркистони Шаркиву Хиндустон фирор карда бошанд, теъдоди дигарашон барои пайдо кардани ризку рузй ва таъмини рузгор ба Туркистони Шаркй пайваста точирй менамуданд. Ин омилхо низ дар зухури номвожахои чугрофии эрониасл дар ин хавза беасар намонд. Лекин, тавре ки осори фаровони таърихиву илмй шаходат медиханд, дар асари тохту тоз, фишору тазйик ва катли берахмонаи кабилахои кучманчии туркнажод мардуми эрони-табори Туркистони Шаркй ба суйи Мовароуннахру Хуросон руй меоварданд ва бад-ин сабаб тадричан ба парокандагй ва таназзулёбй мувочех мешаванд.
Ин раванди фочиаборро муаррих X. Шарифов хеле одилона ба калам додааст: «Ба касрати мухочирати паёпай ва пурфочиа ахолии точики Кошгар сахт кохиш ёфт ва окибат ба нестй расид. Шамъи точик танхо дар баландкух-водии Сарикул ва баъзе мавзеоти атрофи Ёрканду Хутан фурузон монду халос» [11, с. 135].
Мусаллам аст, ки номхо чузъи таърихи миллат ва баёнгари давра^ои мухта-лифи рушду инкишофи забону фарханги чомеа буда, вобаста ба омилхои гуно-гун дар масири таърих ба вучуд омада ва, хусусан, номвожахои чугрофй дар
- 212 -
Kabirov Kh. Sh. Toponyms of the Zeravshan Valley in Shindjan Area of China
мавриди муайян намудани таъриху сарнавишт ва худуди этникии халку кавмхо накши бориз доранд. Дар номвожахои чугрофии хавзаи ТТТинчони Ч,МЧ як силсила номвожахои чугрофии ватани ачдодии сугдиён - водии Зарафшон аз кабили Самарканд, Ёрканд, Харашкат, Чинанкат, Зарафшон (номи дарё), Кошгар (Кухи яшм), Артуч, Артучи Кошгар, Кичик Артуч ва г. ба мушохида расид, ки хар яке аз таърихи хеле дури ниёгони мо дарак медихад.
Топоформант ё худ анчомаи топонимсози kat, ки дар шаклхои: kand, kant, kent, qand, kata, kada дар таркиби садхо топонимхо ба назар мерасад, унсури хеле кадимаи эронй буда, дар забони сугдй ба шакли kat роич ва дар топонимхои Самарканд, Ёрканд, Харашкат (xvaras + kat, яъне мавзеъ, шахри офтобруя), Чинанкат (шахри чинй)-и хавзаи Шинчон дучор омад.
Оид ба топоними Артуч, ки холо дехае дар нохияи Панчакент бо ин ном вучуд дорад, метавон гуфт, ки замоне сугдиён ин номро ба Чин бурдаанд ва дар Артучи назди Кошгар аввалин масчиди мусулмонй сохтанд. Оид ба эъмори ин масчид маълумотхо гуногун бошад хам, лекин чолиб ин аст, ки он самараи хиллаи окилонаи точик мебошад. Як нафар точик бо номи Наср ибни Мансур (ваф. 961) аз хавфи бародари худ гурехта, дар дарбори хокими Кошгар-Угулчаки ^адархон панох мебарад. Бар_асари дилёбй Насрро Угулчак хокими Артуч таъин мекунад. Баъдан Наср аз Угулчак хохиш мекунад, ки барои у ба андозаи як пусти гов замин чудо намояд, то масчид бисозад. Угулчак розй мешавад ва Наср говро кушта, пусти онро тасма-тасма ва мувофики он замин чудо менамояд ва масчидро месозад. Вакте ки Угулчак аз ин амали точик огох мегардад, ба акли у коил мешавад (12, с. 78).
Бояд зикр намуд, ки аз силсилаи номвожахои чугрофии ин хавза таваччухи моро номвожаи «Шинчон» ба худ чалб намуд, зеро гарчи ин номвожа дар ин минтака хеле маъмулу роич бошад хам, аммо дар ин шакл дар ягон сарчашма ва ё фархангнома ба назари мо нарасид. Номвожаи Шинчон, ки дар шакли Син-чон ва Шинчок низ ба назар мерасад, дар чое ба мушохида нарасид, ки чй маъно дорад ва аз кучо ба ин сарзамин рох ёфтааст? Аввалан, мо барои решаи таърихии ин номвожаро пайдо кардан ба сарзамини ачдодии сугдиён, яъне водии Зарафшон ру овардем ва дарёфтем, ки дар нохияи Панчакент дехае ба номи Шинг вучуд дорад. Илова бар ин вожаи шанг// шинг дар сохтори калимахое, мисли Хушанг// Хушинг низ мавриди истифода карор гирифтааст.
Тибки устурахои ориёй, давраи туфонхову сармохои шадид, ки мардумон дар горхо зиндагй карда ва ба мушкилоти сахт ру ба ру буданд, зарурати сохтани манзилу хонахоро ба миён овард ва ин давраи сохтмони макону манзил ва хонахоро давраи Хушанг ном ниходанд. Чаро? Зеро ки вожаи хушанг дар забони авестой haoshyangh (Хушангх) хонда шуда, аз ду чузъ: hao ва shyangh иборат буда, «касе, ки манзили хуб фарохам месозад»-ро ифода мекунад (9, с. 47). Дар фархангхои этимологй (решаёбй) низ вожаи шанг (шинг) хона, манзил маънидод шудааст.Вожаи мазкур дар таркиби калимаи «кашанг» (gasang) низ, ки маънои зебову хушгилро ифода мекунад ва дар забони форсии Эрон хеле роич аст, ба назар мерасад. Забоншиноси мумтоз Д. Саймиддинов бархак менигорад, ки: «Бунёди ин вожаи туркишуда (яъне кашанг-К.Х.) дар осори сугдй дар чандин шакли навишт омадааст: xsng-, х§пк, у§тк ба маънои «зебо,
- 213 -
Кабиров Х. Топонимхри водии Зарафшон дар уавзаи Шинчрни Чин
бошукух, кашанг»... (9, с.48). Дар «Фарханги Рашидй» аз вожахои Шинг ва Шангон ба маънихои мутаносибан «дехе аст аз музофоти Самарканд» ва «номи вилояте аст» ёд шудааст (1, с. 956-957).
Вожаи sang ба маънои «зебо, неку» бидуни шубхд, идомаи сугдии xsng-, xsnk, у§тк хохад аст. Дар форсии нав sang аз рохи табдили xs - дар огози вожа ба s- пайдо шуда, аммо шакли gasang (бо q) дар туркй аз рохи табдили х, у ба q аз сугдй ва ё лахчахои сугдй ворид гардидааст» (8, с. 47).
Ч,ойи тазаккур аст, ки вожаи (холо пасванд) шан шакли тахфифёфтаи шанг (шинг) мебошад: гулшан-хонаи гул. Ва ин вожа дар шакли шон(шони занбури асал), ошёна ба маънии хона мустаъмал мебошад.Дар забоншиносй муайян шудааст, ки овози s ба х табдил мешавад ва ба хамин асос аз гулшан вожаи гулхан хосил шудааст, ки хар ду хонаи гул, гулхонаро ифода мекунанд. Баъдан вожаи гулхан маънои нав- оташдонро касб мекунад.
Тавре ки маълум аст, hy пешвандест, ки хуб, некро ифода намуда, бо исмхо омада, сифат месозад. Чунончи, hucasm-некчашм, huxzad-некхирад, huebaz-хушовоз. Пас, уушанг.// уушинг низ хонаи хуб, чой ва манзили хубро ифода карда ва хамчун исми хос дар номи Хушанг бокй мондааст.
Аз самти гарби шахраки Тошкургон куххои Стун (Сутун) ва Сари кух, ки Тошкургон дар доманаи онхо чой гирифтааст, карор доранд. Ч,ойи васлшавии ин ду кухи хампахлу каме пастар шуда ва дарае хосил шудааст, ки мардум онро дараи Шингун (Шингон) меноманд ва оби ин дара хеле лазизу гуворо буда, дар байни мардум боиси пайдоиши маколи: «Оби Шингон-атолаи Ёрканд» (атолаи Ёрканд хам бомазаву гуворост) шудааст.
Калимаи шинг инчунин чузъи топоними номи водй-Шингшол дар Покистон вучуд дошта, дар он чо низ вахонихо зиндагй мекунанд. Ин вожаи кухан - шанг (шинг) чаро имруз шакли Шинц (он)-ро гирифтааст? Аз вокеият дур нест, ки чун кадами аъроб бо хамшарикони мусулмоншудаи осиёимиёнагии худ ба Туркистони Шаркй расид ва ичборан мусулмонкунии мардуми ин минтака сурат гирифт, мисли садхо калимахои муаррабшудаи асили ориёй, чун гавхар-чавхар, гехон-чахон, сангу гил-сичил ва г. калимаи шинг низ дар доираи хамин ходисаи муаррабшавй (табдили g ба j) ба шинц мубаддал шудааст ва пасванди -он бошад, пасванди маълуми шумораи чамъсозу маконсозест, ки аз Шинч Шинч(он) -ро сохтааст(мисли Хатлон, Ч,узчон, Шугнон ва г.). Шинчон дар шакли Синчон низ ба мушохида мерасад ва аз эхтимол дур нест, ки аз лихози сухулияти талаффуз барои чиниён Синчон мувофик афтода бошад. Х,амин тарик, ин хавзаи бузурге, ки номи Шинчонро гирифтааст, аз эхтимол дур нест, ки сугдихо номи дехаи Шинги вокеъ дар нохияи Панчакент бударо ба он минтака бурда ва он хавза ба номи Шингон (Шинчон) мусаммо гардид.
Пайнавишт:
1. ат-Татавй, Абдуррашид. Фаруанги Рашидй. Ба тауциц ва тасуеуи Мууаммади Аббосї. - Теурон: Чопирангин, 1337у. - 1532 с.
- 214 -
Kabirov Kh. Sh. Toponyms of the Zeravshan Valley in Shindjan Area of China
2. Бустонова Д.Д. Робитауои таърихии Тоцикистон ва Чин (аз таърихи пайдоиши Роуи бузурги абрешим) // Сухане чанд аз робитауои ду сарзамин тамаддунофар. -Душанбе: Эр-граф, 2012.-С. 46-64.
3. Гафуров Б. Тоцикон. Таърихи цадимтарин, цадим ва асри миёна. Китоби якум.-Душанбе: Ирфон, 1998.-702 с.
4. Давыдов А.С. О восточных пределах этнической территории таджикского народа //Этнография в Таджикистане.-Душанбе: Дониш,1989. -С.186-201.
5. К,ариб, Бадруззамон. Таваллуди забонуои эронии миёнаи шарки ва тауаввули пажууиш дар забонуои эронии миёнаи гарби // Мацмуаи мацолоти нахустин уамоиши миллии эроншиноси. Забон ва забоншиноси.- Теурон: Интишороти бунёди эроншиносй, цилди дувум,1383 у.-С. 25-54.
6. Литвинский Б.А. Исторические судьбы Восточного Туркестана и Средней Азии (проблемы этнокултурной общности) / Восточный Туркестан и Средняя Азия. История. Культура. Связи.-М.: Наука, 1984. -С.4-28.
7. Негматов Н.Н. Таджикский феномен: история и теория. -Душанбе: Оли Сомон, 1997.-406 с.
8. Раумон, Э. // Чумуурият, 6 октябри 2012.
9. Саймиддинов Д. Пажухишуои забоншиноси.-ДушанбеШарци озод, 2013.-270 с.
10. Чунайдй, Фаридун. Зиндаги ва мууоцирати ориёиён бар пояи гуфторуои эрони. -Теурон: Геть, чопи дувум,1374 у.-215 с.
11. Шарифов X. Тоцикони бурунмарзи. -Хуцанд, 1996
12. Шарифов X. Яъцуббеки Бадавлат (тоцики арцманде дар тахти Кошгар). - М.: 4й филиал Воениздата, 2001.-496с.
Reference Literature:
1. at-Tatavi, Abdurashid. Dictionary. -Tehran: Publishing-house “Ranghin” (Colour), 1337 hijra. -1592 pp.
2. Bustonova, D.D. Historic Relations betweenTajikistan and China. (from the history of the Upspringing of the Great Silk Road) (from the history of the relations between the two civilized states). - Dushanbe; Er-Graf, 2012, pp. 46-64.
3. Gafurov B. Tajiks. - Dushanbe: Irfon, 1998. - 702pp,
4. Davydov A.S. On Eastern Frontiers of the Ethnical Territory of the Tajik People // Ethnography in Tajikistan. - Dushanbe: Knowledge, 1989. - pp. 186-201.
5. Karib, Badruzzamon. The Birth of Middle Persian Oriental Language and the Development of Researches in the Studies of Middle Persian Western Languages / Collection of articles of the first scientific conference on Iranian Linguistics. Language and Linguistics, 1383 hijra. - pp. 25-54.
6. Litvinsky B.A. Historic Fates of Eastern Turkestan and Middle Asia (problems of ethnocultural community) / Eastern Turkestan and Middle Asia. History. Culture. Ties. -M.: Science, 1984. - pp. 4-28.
7. Negmatov N.N. Tajik Phenomenon: History and Theory. - Dushanbe: Oli Somon, 1997. -406pp.
8. Rahmon, E. //Newspaper Djumhuriyat, 6.10. 2012.
9. Saymiddinov D. Research of Linguistic. - Dushanbe: Freedom of the Orient, 2013. - 270pp.
10. Djunaidi, Faridun. Life and Migration of Aryans on the Basis of Iranian Stories. -Tehran:Gheti, the 2-ndedition, 1374 hijra. - 215pp.
11. Sharifov Kh. Tajiks from abroad. - Khujand, 1996.
- 215 -
Кабиров Х. Топонимхри водии Зарафшон дар хрвзаи Шинчрни Чин
12. Sharofov Kh. Rich Yakubbek (renowned Tajik on Kashgar throne). - M.: the 4-th filial of military publishing-house, 2004. - 496pp.
Топонимы долины Зеравшана в Синьцзянском ареале Китая
Ключевые слова: географические названия (топонимы), топоформант, Синьцзян, Самарканд, Хашакат, Кашгар, Артуч
В данной статье автор путем семантико-структурного и этимологического анализа нескольких согдийских географических названий (топонимов) Синьцзян-уйгурского автономного района Китайской Народной Республики определяет историческую территорию расселения ираноязычных племен в указанном регионе. Автор обосновывает, что многие старые географические названия имеют согдийское происхождение. В географическом словаре Синьцзяна содержится ряд топонимов, возникших в Зеравшанской долине: Самарканд, Ерканд, Харашкат, Чинанкат, Зеравшан, Кашгар, Артуч, Артучи Кашгар, Кичик Артуч. Топоформант, или топонимообразующий суффикс -kat и его варианты -kand, -kant, -kent, -kata, -kada, -gand, которые содержатся более чем в ста топонимах, имеют древнеиранские исторические корни и имеют в согдийском языке вариант kat.
Toponyms of the Zeravshan Valley in Xinjiang Area of China
Key words: geographical names (toponyms), Xinjiang, Samarkand, Khashakat, Koshgar, Artuch
Resorting to semantico-structural and etimological analysis of several Sughdian geographical names (toponyms) of Tsintsyan-Uygur autonomous area of China the author determines a historic territory of habitation of the Iranian-speaking tribes in this region. He substantiates the Sughdian origin of many toponyms. In the geographical dictionary of Sin-Tsyan there are a number of toponyms which sprang up in the Zeravshan valley: Samarkand, Yerkand, Kharasshkat, Chinankat, Zeravshan, Kashgar, Artuch, Kashgar, Kichin Artuch. Topoformant or toponym-forming suffix -kat and its variants -kand, -kant, -kent, -kata, -kada, - gand contained in more than hundred toponyms has ancient Iranian historic roots and variant -kat in the Sughdian language.
Роцеъ ба муаллиф:
Кабиров Хуршед Ша^бозбекович, докторанти кафедраи забони муосири тоники Донишгохи миллии Точикистон (Чум^урии Тоцикистон, ш. Душанбе), e-mail: kabirovf@mail. ru
Сведения об авторе:
Кабиров Хуршед Шахбозбекович, докторант кафедры современного таджикского языка Таджикского национального университета (Республика Таджикистан, г. Душанбе), e-mail: [email protected]
Information about the author:
Kabirov Khurshed Shakhbozbekovich, claimant for Dr. s degree in philology of the department of modern Tajik language under the Tajik National University (Tajikistan, Dushanbe), e-mail: [email protected]
- 216 -