Научная статья на тему 'Timurmalik and Khujand defense in Iranian historiography'

Timurmalik and Khujand defense in Iranian historiography Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
145
26
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
TIMURMALIK / HISTORY OF KHUJAND / THE HISTORY OF THE MONGOL INVASION / THE HISTORY OF KHOREZMSHAHS / IRANIAN HISTORIOGRAPHY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Бойматов Лукман Дадабаевич

В данной статье анализируются научные и художественные достижения современной иранской историографии о Тимур Малике и Худжандской обороне (1219-1220 гг.). Автор статьи попытался показать особенности и превосходство современной иранской историографии в изучении вопросов о завоевании Худжанда монголами. Отмечается, что одной из отличительных черт современной иранской историографии является ее патриотичность. Другой особенностью современной, иранской историографии как указывается в статье, является, то что иранские историки и писатели современности очень подробно осветили данную проблему.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Тимур Малик и оборона худжанда в иранской историографии

This article analyzes the scientific and artistic achievements of modern Iranian historiography concerned with Timur Malik and the Khujand defense (1219-1220). The author of this article makes an endeavour to show the features and superiorities of modern Iranian historiography in studying the conquest of Khujand by the Mongols. One of the distinguishing features of modern Iranian historiography is its patriotism. Another feature of modern Iranian historiography lies in conscientiousness of Iranian historians and the writers of comporaneity in the treatment of the theme, as they proceed from the main source.

Текст научной работы на тему «Timurmalik and Khujand defense in Iranian historiography»

УДК 8.801.7

ББК 83,3 (0)6 Л.Д. БОЙМАТОВ

ЧОЙГО^И ТЕМУРМАЛИК ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ЭРОН

(Нацду баррасии тащщоти донишмандони эрони дар бораи дифои Хуцанд ва Темурмалик)

Накд ва баррасии дидгоххои донишмандон ва тасаввуроти ахли илм ва адаби Эрони муосир рочеъ ба чойгохи Темурмалик ва муборизах,ои беамони хучандиён алайхи хамлаи мугулони барбар дар дарки чойгохи хакикии ин кахрамони таърих бетардид муассир хохад буд, зеро илми таърихнигории эронй, бо он хама таззодхояш, дар бисёре аз мавзуоти таърихй, бахусус ба масоиле, ки марбут ба хавзаи эроншиносианд, бамаротиб амиктару васеътар аз дидгоххои макотиби дигари илмй мебошад.

Аз руйи адолат нахохад буд, агар гуфта шавад, ки мухаккикон ва пажухишгарони кишвар аз баррасии хамчунин мавзуъ гафлат варзида бошанд. Профессор Назирчон Турсунов аз зумраи мухакиконеанд, ки руйи ин масъала дер боз аст чира шуда ва нисбат ба сахми таърихнигории Эрон дар тахкик ва баррасии таърихи истилои Хучанд тавасути мугул ва таъйини чойгохи Темурмалик дар таърих аз суйи муаррихони эронй бардоштхои тарафайн ба кулл мутафовитанд.

Аз он чо, ки дидгохи муаллифи китоби «Хафтхони Темурмалик» профессор Н.Турсунов (17) дар робита бо чойгохи пажухишхои мухаккикини Эрон пиромуни мавзуи мавриди баррасй дар силсилаи накдхои нигоранда ба гунаи муфассал накд шудаанд (барои мисол р. к ба: 5, 36-39.), дар ин навиштор амдан такрори матолиби кабл сарфи назар мегардад. Вале бо ин хол, таъйин ва арзёбии мухтасаре аз вижагихои дидгохи профессор Н.Турсунов ва чонибдорони эшон дар таърихчаи тахкики мавзуи тасхири Хучанд тавассути мугул лозим ба назар мерасад.

Мухимтарин вижагихои дидгохи профессор Назирчон Турсунов ва низ аглаби мухаккикини кишварро дар робита бо чойгохи тахкикоти пажухишгарони Эрон пиромуни Темурмалик ва таърихи тасарруфи Хучанд метавон ин гуна хулоса кард:

Бо ин ки муаллифи китоби маъруфи «Хафтхони Темурмалик» ва бархе аз мухаккикини таърихи вокеаи забти Хучанд (аз чумла, профессорон X,. Пирумшоев, А. Саидов, М. Давлатов ва г. (10. 393-427; 6, 271-277.), зохиран, ишороти мустаким ва ё гайри мустаким бар вучуди тахкикоти чанде аз муаллифини эронй доштаанд, лекин дар амал, хеч як аз инон ё мурочиати мустаким бар мухтавои таълифоти илмии муаррихини эрониён надоштаанд ва ё бар пояи хадсхояшон осори илмй ва илмй-адабии Эронро дар робита бо мавзуи мавриди назар мутлако беахамият пиндоштаанд.

Ин дар холест, ки илми таърихинигории Эрони муосир дар мавзуи таърихи тасарруфи Хучанд аз суйи мугул, бидуни шакк, аз пешгомтарин макотиби илмии ховаршиносии имруз махсуб мешавад.

Нахустин донишманди эроние, ки бар чойгохи Темурмалик чиддан таваччух зохир кардааст, аллома Мухаммад Абдулваххоби ^азвинист. Зимнан, хидмате, ки ин матншиноси барчаста дар тахкик ва баррасии таърихи ахди мугули Осиёи Марказй ва Эрон анчом додааст, бисёр боарзишест. Уро метавон аз муассиртарин заминасозони вусъат ва пешрафти тахкик ва баррасии таърихи даврони мугул баршумурд. Агар бигуем, ки Атомалик Ч,увайнй кашшофи Темурмалик аст, бидуни игрок метавон гуфт, ки кашшофи аслии Атомалик Ч,увайнй хамин аллома Мухаммад ^азвинист. Устод Мухаммад ^азвинй мусаххехи китоби «Таърихи чахонгушо»-и Ч,увайнист. Ин мухаккик нахустин донишмандест, ки ахли илм ва адабро бо матни комили «Таърихи чахонгушо»-и Ч,увайнй ошно кард. Онхое, ки баъдхо машгул ба тахкик ва баррасии таърихи истилои мугул шуданд аз бисёр чихат мадюни Мухамммад ^азвинй хастанд. (5, 40-41).

Пушида нест, тахкик ва баррасии таърихи истилои Хучанд ва чойгохи Темурмалик бидуни истифода аз матни «Таърихи чахонгушо»-и Ч,увайнй гайри мумкин аст. Мухаммад ^азвинй на танхо мусаххехи хикояти Чувайнй дар робита бо ходисаи Хучанд ва ахволи

Темурмалик, балки аз миёни пажухишгарони эронй, нахустин мунаккиди навиштахои Чувайнй дар робита бо Темурмалик хам мебошад.

Бо як назар метавон мушохида кард, ки устод Мухаммад ^азвинй барои тасхех ва таъйини дурустии матни Ч,увайнй дар робита бо ходисаи Хучанд ва Темурмалик чй корхои мухимму арзишмандеро анчом додааст. Чунончй, таъйин ва ироаи асомии ашхос, чойхои чугрофй, ашъор ва абёти шуаро ва удабои форсй ва арабй ва г., ки тавассути эшон дар ибтидои карни гузашта анчом шудааст, то кунун ахаммияти илмии худро аз надодаанд. Мутаассифона, бо ин хама талошхои олимона, аглаби мухаккикин ва пажухдшгарони Темурмалик ба таври кофй ба ишорот ва таъликоти Мухаммад ^азвинй тавачччухи лозимро надода, балки бо камоли камтаваччухй дар таъйини чойхои чугрофй ва асомии шуаро ва удабо, дурустии абёти мавчуд дар хикояти Темурмалик, ба иштибохоти фохиш рох диханд. Барои мисол, метавон бар иштибохоти шодравон F. Гоибов, профессор Назирчон Турсунов ва бархе аз дигарон ишора намуд. (12, 42; 5. С. 26.).

Устод Ахмади Касравй (1269-1324 х./1890-1945 м.) яке аз маъруфтарин равшанфикрон ва аз мухаккикини саршиноси Эрони муосир аст. Касравй хамчунин муаллифи як ришта гуфторхо ва маколоти илмй-пажухишй дар заминаи мухталифи таърихи Эрон мебошад. Аглаби маколот ва гуфторхояш дорои эътибор ва арзиши кобили таваччуханд. Маколаи «Темурмалик» яке аз онхост.

Ин навиштори пурмухтавои илмй дар шумораи 10 даймохи соли 1315 х./ 1937 мелодй дар мохномаи «Паймон» ба чоп расида буд. Ахмади Касравй аслитарин вазифаи худро дар муаррифии шахсияти Темурмалик барои чомеъаи Эрон дида ва мусалламан, ин корро ба шоистагй анчом додааст. Ин мухаккикро бидуни муболига, метавон кашшофи хакикии Темурмалик дар илми таърихнигорй номид. У на факат дар таърихнигории Эрон, балки дар кулли адабиёти ховаршиносй нахустин муаллифест, ки дар бораи Темурмалик рисолаи ба вузух илмй-пажухишй нигошта ва дакикан, хафт сол кабл аз таълифи очерки таърихии «^ахрамони халки точик»-и устод Садриддини Айнй, ин амири диловари таърих ва марди корзори Хучандро ба номи кахрамони хакикии Эрони Бузург муаррифй кардаааст. Аз чумла, вай навиштааст:

«...У (Темурмалик) низ дар пешомади мугул дар он рузхои сахти Эрон мардонагй намуда... ва инро барои он менависем, то нишон дихем некй харгиз аз ёдхо намеравад ва мардонагй хеч гох фаромуш намегардад. Некукор меравад ва тани у хок мешавад, вале номи некаш пойдор мемонад ва ёдгораш аз забонхо намеафтад, ба вежа некукоре, ки дар рузи сахт доман ба камар зада ба рахойии мардум кушад ва ё дар баробари душман чон бар каф гирифта далерихо намояд ва мояи сарфарозй ва гардад. Касонанд, ки бояд гиромишон шумурд ва паёпай ёдоварй карда нагзошт фаромуш шаванд.»(14, 559; 5, 42.).

Аз назари устод Касравй асл ва насаби Темурмалик мухимм нест, балки хидмати у барои механаш мухимму арзанда аст. Муаррих малики Хучандро ба унвони шохистарин намунаи фидокорони эронй медонад ва мегуяд, ки Эрон аз вучуди ин гуна афрод бояд ифтихор намояд ва мардумаш аз чавонмардии аз кахрамонони хокаш ба шоистагй арчшиносй кунанд. У таъкид мефармояд, ки наслхо набояд номи мардони таърихро ба фаромушй диханд, ки Темурмалик яке аз онхост. Вай Темурмаликро намунаи асили далерй дар хотираи таърихи Эрон ва манзалати уро ин гуна арчгузорй мекунад:

«Темурмалик намунае аст, ки чй далерони бехумоле дар Эрон кушта шудаанд.»(14, 561; 5, 42.).

Назари таърихй-фалсафии Ахмади Касравй дар бораи чойгохи кахрамонони миллй, аз чумла, нисбат ба Темурмалик, вокеъан, бисёр амик аст. Арзёбии Ахмади Касравй дар адабиёти илмй ва таърихй, ки то кунун дар бораи Темурмалик ироа шудааст, дар навъи худ беназир мебошад. Суханхои у, ба гуфтахои бархе аз муаррихон ва мухаккикони мо, факат як шиори ташрифотй ва мадхи хушки шахсияти таърихй нест, балки андешаи пурмаъниест, ки мутаккй бар мантик ва фалсафаи солим аст. Дар миёни мухаккикин ва пажухишгарони эронй шояд хеч нафаре ба дарачае, ки Ахмади Касравй номи Темурмаликро бо Эрон пайванд надода бошад, магар ин ки бархе аз шуарои эронй аз тарики сурудани достонхои воло карда бошанд. (5, 42 -43.).

Арзиши илмй ва ахлокии навиштахои Ахмади Касравй вокеъан болост ва бар пояхои махками мантики таърихй устувор аст. Диди ин мухаккики эронй ба таърих ва илми таърихнигорй, аз чумла, ба шахсияти Темурмалик ва чойгохи у, дар вокеъ аз умк олимона аст. Аз назари вай, Темурмалик, на факат, сипахсолори Хоразмшохон, балки механдусти дарачаи аввал дар таърих аст. Ахмади Касравй шефтаи мардонагии Темурмалик аст, вай

таъкид бар он дорад, ки номи ин кахрамониро дар як радиф бо бузургтарин ва машхуртарин механпарастони хар кавме, ки дар рузхои сахт аз марзу бумашон дифоъ кардаанд, метавон гузошт. (14, 559-561; 5, 43.).

Бо ин хол, Ахмади Касравй низ дар таълифи хеш, ба тахлил ва баррасии масоили марбут ба таърихи Хучанд ва Темурмалик бо тамомии чузъиёти мавзуъ напардохтааст.(5, 43.). Эшон баёноти таърихи тасарруфи Хучандро бар асоси навиштахои Атомалик Ч,увайнй оварда ва ба далели надонистани чугрофиёи таърихии Мовароуннахри он рузгор, Хучандро вокеъ дар канори оби Ч,айхун дониста ва номи касабаи «Уш»-ро низ «Арас» хондааст.(14, 561; 5, 43.).

Зимнан, бояд дар назар дошт, муаррих Атомалик Чувайнй, ки худ донандаи чугрофиёи таърихии Мовароуннахр буд, харгиз дар таъйини чойи Хучанд иштибох накардааст, балки вай истилохи «Ч,айхун»-ро ба таври маъмул ба маънии «рудхонаи пуроб» ба кор бурдааст. Ин дар холест, ки истилохи «Ч,айхун» дар ин хикояти Ч,увайнй хамон «Сайхун» мебошад, ки хамаи мухаккикин ва мутарчимин онро «Сир-дарё» хонда ва дар ин шакл тарчума низ кардаанд. Аммо истилохи «Арас», ки дар вокеъ «Уш» аст, аз этимоли кавй иштибохи котибони китоби «Таърихи чахонгушо» бошад, ки «в» ва «ш»-ро «р» ва «с» хонда ва навиштаанд. (5, 44.).

Х,амчунин, бояд зикр намуд, ки хадси Ахмади Касравй дар бораи ин ки «Хучанд» хамон «Хуканд» аст (14. С.561, ирчои шумораи 2), мусалламан, иштибох аст. Пушида нест, Хучанд дигару Хуканд дигар аст. Дигар аз иштибохоти Ахмади Касравй ин аст, ки шахри «Ч,анд»-ро (вокеъ дар пойиноби Сайхун аст), боз хамон «Хучанд» хондааст. (14, 562; 5, 44.).

Дар робита бо мавзуи фарори Темурмалик аз Хоразм бояд зикр намуд, ки на факат Ахмади Касравй, мухаккикин ва нависандагони дигари эронй, балки аглаби муаллифони гайри эронй низ чунин мешуморанд, ки Темурмалик аз Хоразм ба думболи Мухаммад Хоразмшох рафта ва худро ба хидмати султон пайвааст.(14, 562; 5, 44.). Вале, вокеъият, чизи дигарест. Темурмалик факат баъд аз марги султон Мухаммад, Хоразмро тарк карда ба чониби Насо рафт. (2, 15-16; 5, 44.). Хдмчунин, дидгохи Ахмади Касравй ва низ баъзе аз нависандагон дар бораи ин ки Темурмалик бо умеди авф ва пурсиш ба боргохи Уктой-коон равон шуд, ба вокеъият чандон созгор нест. (2, 16-17; 5, 44.).

Дар хотимаи маколаи худ Ахмади Касравй ба як нуктаи бисёр хассос, ки голибан дар осори муаррихин ва нависандагони асри мугул, ба мушохида мерасад, ишоре карда ва аз чумла, менависад:

«Чун у (Ч,увайнй) хавои мугулонро дорад, пайдост, ки он чй навишта чуз рост намебошад, балки метавон пиндошт, ки дар сурудани достон ба кутохй гироида». (14, 563;) 5, 44.). Ин гуфтахои Ахмади Касравиро метавон бо мисолхои фаровони таърихномахои ахди мугул таъйид кард.

Мухимтарин бахши навиштори Ахмади Касравй, бидуни шакк, кисмати охир ва натичагириаш мебошад, ки муаллиф дар бораи чойгохи баланд ва мардонагии кахрамонони таърих изхори акида намудааст. Вай навиштааст:

«Максуди мо ин аст, ки аз ин мард арчшиносй кунем ва номашро нагзорем фаромуш шавад. Ду бора мегуям аз ин гуна касон, аст, ки бояд ситоиш намуд. Агар дар достони мугул сад тан монанди инро доштанд, ки то охирин ниру набард намоянд бегумон он пешомадхои дилгудоз рух намедод ва хунхорони мугул ба он осонй даст ба шахрхои Эрон намеёфтанд. Ин шигифт, ки ин чонбозихоро арч надонистаанд ва шояд аз хазор кас яке инхоро надонад, вале садхо номи бечо бар сари забонхо мегардад, ки бояд онхоро фаромуш кард». (14. С, 563; 5, 44.).

Хулласс, дидгохи Ахмади Касравй дар робита бо шахсият ва чойгохи таърихии Темурмалик, вокеъан, аз хар назар олимона аст.

Корномаи таърихии Темурмалик ва фидокорихои хучандиён дар чанги зидди мугул мавриди таваччухи вижаи нависандагон ва шоирони эронй низ карор доштааст. Чунончй, киссаи таърихии нависандаи шинохтаи эронй Носири Начмй, ки тахти унвони «Пайкор то охирин нафас» дар мохномаи «Артеш» ба чоп расондааст, аз чумлаи киссахои ходании таърихй дар Эрони замони шоханшохй будааст. Ин киссаи таърихй мохиятан васфи мардонагии Темурмалик мебошад. (5, 44.).

Ба далели ин ки ин достон бештар аз диди адабй, кобили таваччух аст, аз ин ру, накд ва баррасии тахассусии онро дар ин сафахот зарур надонистем. Аммо он чй, ки пиромуни чойгохаш дар миёни осори адабй - таърихии Эрони муосир бояд гуфта шавад, ин аст, ки ин киссаи адабй-таърихй барои тарбият ва бедориии эхсоси ватанпарастии эрониён, бахусус

артешиёну сарбозони кишвари Эрон муассир буда ва бехуда низ набуда, ки бархе аз адибони муосири Эрон васфи тавонои калами ин нависандаи эронй кардаанд. (5, 44 -46.).

Ва аммо арзишмандтарин достони таърихй ба забони форсй, хамоно манзумаи «Темурмалик» мебошад, ки ба мутааллик ба килки шоири ширинкалом Сарбоз аст.

Афсари артиши шоханшохи Эрон Мирмахдии Мубад бо тахаллуси «Сарбоз» шеър наку месуруд. Шояд иштибох набошад, агар гуем, пас аз муаррихи достонсарои асри мугули Эрон Хамдуллох Мустафии ^азвинй (4, 107-116.) шоир Сарбоз муваффактарин шоири форсигуест, ки рочеъ ба Темурмалик ва чонфишонихои мардуми Хучанд достони таърихии бисёр дилангезеро сурудааст. Метавон гуфт, дар адабиёти муосири форсй ва точикй достоне, ки аз диди ахаммияти таърихй ва адабй дар баробари сурудахои Сарбоз карор бигирад, хам акнун пайдо нест. Дар зимн, нахустин накд ва баррасии ин достон аз дидгохи таърихй тавассути нигоранда анчом шудааст. (4, 124-127; 5, 46.).

Илова бар он чй, ки гуфта шуда буд, бояд афзуда шавад, ки сарояндаи достони «Темурмалик» на танхо шоири тавоност, балки у нависанда ва тахлилгари резбинест аз раванди ходиса ва у аз таърих ба хубй огох аст. Ин шоири эронй саъй кардааст, то тамомии навиштахояшро бо такя бар вокеъиятхои таърихй тасвир намояд. Бесабаб нест, худ шоир ба вузух мегуяд, ки тамомии матолиби достонаш бар пояи иттилоъоти «Таърихи чахонгушо»-и Чувайнй ва тахкики гаронмояи Ахмади Касравй ба назм кашида шудааст. У менависад:

«Алоуддин Атомалик Ч,увайнй, аз таърихнависони садаи хафтум, достони диловарихои уро дар чилди якуми «Таърихи чахонгушо» навишта ва шодравон Ахмади Касравии Табрезй низ сиву панч сол пеш дар шумораи 10 соли севуми мохномаи «Паймон» далерихои уро тоза гардонида. Чандин сол пеш хам нависандаи гаронмоя Носири Начмй «Пайкор то охирин нафас» уро дар мохномаи «Артеш» сутудааст. (15, 32; 5, 46.).).

Зимнан, сипосе аз хамшахриамон хонум дуктур Матлуба Хочаева карда бошем, чун эшон чихати баргардони матни форсии ин достон ва тавзехоташ захмат кашида ва онро дар шумораи дувуми мачаллаи «Хучанд» (16, 81-90. Хамчунин. р. к. ба: 5, 47 -50) ба чоп расонда ва алокамандони адаби форсии Эрон чихати иттилоъоти бештар ва бехтар метавонанд мурочиа ба матни комили ин достон намоянд.

Он чй кобили тахсин шавад, ин аст, ки шахсияти Темурмалик, муборизаи озодихохонаи мардуми Хучанд дар достони «Темурмалик»-и шоир Сарбоз бо латофати вежае тасвир шудааст. Чунончй, барои мисол:

Худованди Хуцанд арчи цавон буд, Басе меуанпарасту кордон буд. Мар уро ном Темурмалик буд, Равонашро зи пастиуо нафрарсуд. Силаушуру хирадманду фидокор, Барои аули шаураш е'ру гамхор.

Сухащои шауоматбези Темур, Сари цанговаронро кард пуршур. Бад-у пайваст аз мардон уазоре, Хама пайкорцуйи корзоре. Хама бастанд бо Темур паймон, Пазируфтанд фармонаш бад-ин сон:

Хама аз цангцуёни Хуцандем, Ба пеши моми меуан сарбаландем. Шуданд аз шаури худ берун шабона, Равон гаштанд суйи ошёна. Дижи Темур з-он пас подагон шуд, Ба Темур ва ёронаш макон шуд.

Хаме Темур мардона ба по хост, Даруни диж зи ёронаш саф орост. Хама омодаи пайкор гаштанд, Ба чашми душманон чун хор гаштанд.

Чу аз Темур ин истодагй дид, Зи хашми хеш уамнун гург ларзид. Таровиш кард аз магзи табоуаш, Хамон дам дод фармон бар сипоуаш. Зи хоку санг пур созанд Цайуун, Бадал созанд Цайуунро ба уомун. Ба уангоме, ки хуршеди тобон, Сауаргоу аз уфуц гардид тобон.

Ба Чуцихон хабар доданд з-ин кор, Дубора бар лацоцат шуд гирифтор. Зи асби кина y пойин наяфтод, Хар он кас кушта шуд, цояш фиристод. Саронро , нора бо уариц аст, Ва ë партоби сангу манцаниц аст. Бад-ин минвол нандин руз бигзашт, Мугул бас кушта дод аз пой нанишаст. Хаме карданд дижро сангборон, Дижи обод ногау гашт вайрон.

Шаби торик дар киштй нишастанд, Ба пору мавци Цайуунро шикастанд. Мугулуо бохабар гаштанд з-ин кор, Шуданд омода аз нав баури пайкор. Зи киштиуо цавонони хуцандй, Ба тир аз хасм мекунистанд нанде. Ба наздики Фанокат то расиданд. Рауи худ баста аз занцир диданд, Ба Цайуун дид нун занцир Темур, Бурид аз зарбати шамшер Темур,

Вале Темур худ аз пой наншаст, Нашуд таслим у бар душман напайваст. Ба худ гуфто: «Набояд муфт мурдан,

Ва на аз тарс мурдан, ранц бурдан». ****

Се тан таъциби уро менамуданд, Бад-у нун соя андар пушт буданд. Се тире буд андар тиркаши у, Якеро зад ба тир аз зери абру. Ба нашмаш хурду дар дам кур гардид. Зи Темурималик бас дур гардид,

Нашуд хушнуд аз мардони Хоразм, Равон шуд аз пайи султони Хоразм. Ба Шауристона ба султон бипайваст. Басе хушнуд шуд, бусидаш аз даст, Дар он уангоми сахтй ёри у шуд, Ба уар пешомаде гамхори у шуд. Сипас пушид рахти суфиёна, Ба суйи Шом шуд охир равона.

Равон шуд бар дари Уктойцоон, Зуд аз кораш огау гашт Кадцон. Ба дастураш гирифтораш намуданд, Ба тарки цасд водораш намуданд. Касе, ки кур шуд бо тири Темур,

Хамон цо буд, шуд дилгир Темур. Ба ёд овард Темурмаликро, Хамон цо шуру гавго кард барпо.

Бидуни тарс огози сухан кард, Басе тацлил аз номи Ватан кард. Ба Кадцон арзиши худро нишон дод, Зи захми тири Кадцон низ цон дод. Ба меуан дини худро хуш адо кард, Ба Эрон цони ширинро фидо кард. Агар сад тан чун у буданд онруз, Ба осони намешуд хасм пируз. Чароги уастии у гашт хомуш, Набояд кард номашро фаромуш. Сазовор аст номи цонфишонон, Бимонад зинда дар таърихи Эрон.

Дар иктибосоте, ки оварда шуд, хунари шоир Сарбоз хувайдост. Иборот ва вожахои нагз, чун: «пуршур», «моми механ», «ошёна», «ба чашми душманон чун хор», «хамчун гург ларзидан», «таровиш кард аз магз табохаш», «хуршеди тобон», «сахаргох аз уфук гардид тобон», «Дубора бар лачочат шуд гирифтор», «Зи асби кина у пойин наяфтод», «Хамон чо шуру гавго кард барпо» ва г. муаррифгари хунари бадеъи шоиранд.

Андешаи ичтимой ва ахлокии ин шоири таърихнавис аз назари фалсафии таърих низ кобили тавсиф аст. Чунончй, мазмуни абёти зайли у, хамнаво бо андешахои эронпарастии хаким Фирдавсист. У месарояд:

Ба Кадцон арзиши худро нишон дод, Зи захми тири Кадцон низ цон дод. Ба меуан дини худро хуш адо кард, Ба Эрон цони ширинро фидо кард. Агар сад тан чун у буданд он руз, Ба осони намешуд хасм пируз. Чароги уастии у гашт хомуш, Набояд кард номашро фаромуш. Сазовор аст номи цонфишонон, Бимонад зинда дар таърихи Эрон.

Шохидем, ки мухтавои достони «Темурмалик» бо тамомии буъдаш таърихй ва хатти сурхи афкори таърихии шоир хам мабнй бар мехр нисбат ба механи таърихиаш Эрон аст. Шакк нест, хунари шоири эронй ва дониши у дар хидмати таърих аст ва басарех ин сурударо яке бехтарин аз намунахои достонхои таърихй дар забони форсии муосир номид.

Албатта, достони «Темурмалик»-и Мирмахдии Мубад (Сарбоз) муфассалтар аз ин ки ин чо иктибос оварда шуд, аст. Пайдост, ки бар тафаккури ин шоир ва нависандаи эронй маколаи мазкури Ахмади Касравй бисёр таъсир гузоштааст. (5, 50.). Дар баъзе аз маворид эхсос мешавад, ки гуйй Мирмахдии Мубад суханони устод Ахмади Касравиро ба назм кашида бршад. Бахусус, ин навиштахои шоир айни гуфтахои Ахмади Касравианд:

«Чун у (Ч,увайнй) намакхори хонхои мугул буд, хавои онхоро дошта ва он чй навишта, чуз рост намебошад. Вале гумон меравад диловарихоро ба кутохй оварда бошад».(15, 40; 5, 50.). Махкум ва сарзаниш кардани муаррих Алоуддин Атомалики Ч,увайнй аз суйи ин шоири ширинкалом дар мавриди фавк чандон одилона ба назар намерасад, чун мутаваччех бояд шуд, ки агар баландхимматй ва дурнигарихои ин муаррихи асри мугул дар чихати муаррифии номи Темурмалик ва вокеаи тасарруфи Хучанд намебуд, наслхои баъд махрум аз яке аз пурифтихортарин сафахоти таърихи падарони худ мебуданд. (5, 50.).

Хидмати муаррих Чувайнй дар сабт кардани номи Темурмалик дар авроки таърих вокеъан азим аст. Набояд фаромуш кард, ки асилтарин ва арзишмандтарин манбаъ барои тахкики ходисаи Хучанд ва Темурмалик хамоно китоби Ч,увайнй аст. Навиштахои Ч,увайнй модари хамаи мутуни баъдй дар бораи Темурмалик ва ходисаи Хучанд аст. Нигоранда борхо таъкид бар он дошта, ки Атомалик Чувайнй дар байни таърихи ходисаи Хучанд раъси тамомии муаррихини асри мугул карор дорад.(8, 25 - 34; 5, 50.).

Дар зимн, яке аз вежагихои достони «Темурмалик»-и Сарбоз ин аст, ки шоир кахрамони худро як фарди эронй медонад. Аз назари вай ин ходисаи машхури Хучанд, чузъе аз таърихи

истилои Эрон тавассути мугул аст ва шоир хучандихоро эронй медонад. Шоир Сарбоз достонашро дар рузхои чашни 2500 солагии шоханшохй навишта ва дар амал, ин достон як навъ мадхномаи таърихи гузаштаи Эрон ва диловарихои эрониён дар мисоли родмардихои Темурмалик ва рашодатхои точикони Хучанд аст. Шоир навиштааст:

«Темурмалик» достони далерй ва чонфишонии Темурмалик фармондехи лашкар ва фармондори Хучанд, ки тан ба пастй надод, дар баробари мугул то вопасин дам чавонмардона кушид ва сарфарозона дар рохи Эрон ва эронй нушобаи човид нушид» (15, 32; 5, 51.).

Ин шоир ва нависандаи гаронмояи эронй тавонистааст аз як мавзуи мухимми таърихй достони зебову дилангези таърихй-адабиеро биёфарад, ки бо гузашти айём эътиборашро дар назди хаводорони назму насри форсй боз хам меафзояд.

Аммо ногуфта намонад, ки шоир бо вучуди ин ки аз манобеъи аслй ва тахкики профессор Ахмади Касравй истифода кардааст, дар баъзе аз маворид вокеъияти таърихиро натавонистааст, дуруст тафсир намояд ва зимни баёни ходисаи Хучанд ба иштибохоте рох додааст, ки зикри бархе аз онхо дар накдхои нигоранда оварда шудааст. (3,126-127; 5,51 ва г).

Мардонагии Темурмалик ва муборизоти кахрамононаи мардуми Хучанд дар чанги зидди истилогарони мугул лобалои сафахоти китоби маъруфи муаррихи забардасти эронй устод Аббос Икбол «Таърихи муфассали Эрон» низ бо таваччухи вежае сабт шудааст. Ин муаррихи жарфнигари таърих дар нигошти вокеаи тасарруфи Хучанд ва ахволи Темурмалик факат такя бар иттилоъоти «Таърихи чахонгушо»-и Атомалик Ч,увайнй кардааст. Аз назари у матни «Таърихи чахонгушо» чихати баррасии ходисаи Хучанд ва шахсияти Темурмалик аз муътамадтарин манбаъ махсуб мешавад. Ба ин хотир аст, барои касби иттилоъоти бештар дар бораи сарнавишти Темурмалик хонандагонашро ба таври мустаким ба хикояти Атомалик Чувайнй, ки дар повараки китобаш мухтасаран иктибос овардааст, рахнамой кардааст.(13, 35-36; 5, 51-52).

Тахлил ва баррасии ходисаи Хучанд, ки тавассути Аббос Икбол анчом шудааст, аз диди илмй хеч камй аз навиштахои академик В. В. Бартольд, профессорон А. Ю. Якубовский, И. П. Петрушевский ва бархе дигар аз мухаккикини шуравии собик надорад. Зимнан, агар мусташрикин ва муаррихини шуравй Темурмаликро ба унвони шахси диловари таърихи миллатхои Осиёи Марказй муаррифй намоянд, Аббос Икбол аз зовияи дигаре ба хамин натича расидааст. Ин мухаккики эронй, агарчй аз корхои тахккикотии донишмандони шуравй иттилоъоте надоштааст, вале дар арзёбии чойгохи таърихии Темурмалик бо назароти мусташрикин ва мухаккикини шуравй такрибан хамраъй аст. Аз диди ин таърихнигори шахири эронй, Темурмалик кабл аз хама кахрамони Эрони таърихй мебошад. (5, 52).

Аббос Икбол дар миёни мухаккикони эронй ва хатто гайри эронй, нахустин мухаккике мебошад, ки дар ташрехи бархе аз назокатхои матни Атомалик Ч,увайнй, чунончй пиромуни истилохи «Ч,айхун» рушании кобили таваччухеро ироа кардааст. Аз чумла, вай дар робита бо ин масъала ин гуна навиштааст:

«Чдйхунро дар ин чо ба маънии мутлак рудхона аст, яъне Ч,айхуни Хучанд, ки шатти Сайхун бошад». (13, 35, ирчои № 2.)

Тахлил ва баррасихои Аббос Икбол пиромуни Темурмалик дар мукоиса бо пажухишхои илмии мухаккикини дигари Эрон (ва хатто шуравии собик) бомухтавотар аст. У саъй мекунад чузъиёти саргузашти Темурмаликро зери айнаки баррасихо бигзорад. Ин пажухишгари жарфнигар бар хилофи мухаккикини дигари эронй, таъкиди вижае ба пирузии Темурмалик бар дастахои мугул дар наздикихои Хоразм менамояд. Чунончй, вай навиштааст:

«Темурмалик амири собики Хучанд, ки тоза ба Хоразм омада ва як бор низ сипохиёни тоторро дар хамон хаволи маглуб карда буд, ба Хуросон гурехт.» (13, 44; 5, 52).

Аббос Икбол зимни баёни таърихи фарори султон Ч,алолуддин Хоразмшох аз Хоразм ба тарафи Шахристона, аз номи Темурмалик низ ёд мекунад. Ин дар холе аст, аксари мухаккикин ва пажухишгарони эронй ва хатто бархе аз мусташрикини гайри эронй ба ин мавзуъ бетаваччухй зохир кардаанд. (13, 49; 5, 52).

Ч,олибтарин ва шояд мухимтарин нуктае, ки дар робита бо таъйини ахаммияти тахкики устод Аббос Икбол дар робита бо ходисаи Хучанд ва чойгохи Темурмалик ин аст, ки ин устоди таърихи эронй дар банди дахуми бахши «Илали пешрафт ва шикасти Хоразмшох» номи Темурмаликро дар радифи машхуртарин фидоиёни механ ва кахрамонони чанги зидди мугул ёд мекунад. Барои ин ки аз тафаккури амики олимона ва вусъати назари ин

донишманди эронй дар робита бо чойгохи шахсият дар таърих огох бошем, бехтар аст, навиштахои ин устоди бузурги таърихро дар ин хусус ба пуррагй иктибос меоварам, ки навиштааст:

«Мардуми билоди мухталифаи Мовароуннахр ва Эрон дар дифоъ мукобили мардона чангиданд ва фидокорихо ва рашодатхо ва чоннисорихо, ки дар ин вокеаи азим зохир сохтанд, нишонаи нихоят дарача гайрат ва шарофатмандии эшон аст, вале афсус, ки нифоки сарони кишварй ва лашкари бо якдигар ва хиёнати сипохиёни турк дар голиби маворид ва надоштани коидмудаббири фарори Хоразмшох хеч вакт нагзошт, ки дар ин хама рашодатхо ва мудофеъоти далерона ба натичаи катъй мунтахй гардад.

Дифои далеронаи Инолчук дар Утрор ва Темурмалик дар Хучанд ва Малик Шамсуддини Чузчонй дар Хирот ва муковимат ва рашодати ахолии Хоразму Нишопур ва Хироту Нусраткух ва гайра мефахмонад, ки рухи силахшурй ва гайрат дар мардум ба камоли кувват буда, хатто аз лашкариёни мугули мухочими фотех ин дарача рашодат ва пойдорй дида нашуда. Факат беинзиботии кори раъойии Хоразмшох ва харобии бунёни давлати у ва низоми мураттаби по бар чойи Чингизиён ва акл ва тадбири хони эшон он кавмро голиб мекарда ва назму тартиб ва идораро ба хар навъи зур ва рашодат ва дифоъ тафаввук медодааст.»(13,99; 5,53).

Фикр мекунам, мухтавои амики ин матни иктибос шуда ниёз ба тавзех надорад. Он гох ки Аббос Икбол мегуяд:

«Темурмалик, ки аз далертарин умарои Хоразмшох буд ва у дар истилои мугул ба воситаи пойдорй дар дифоъ ва мардонагй номи некй аз худ ба ёдгор гузоштааст», - бо чуръат метавон гуфт, ин гуфтор яке аз бехтарин намунахои камоли сухан чй аз диди адабй ва чй аз диди фалсафаи таърихй мебошад, ки пиромуни чойгохи Темурмалик дар таърихи мардум то ба хол гуфта шудааст. Дар вокеъ, камтарин мухаккикин метавонанд бо чумлоти кутох мудаллалтарин андешаро ироа намоянд. Ва шакк нест, устод Аббос Икбол яке аз муаррихини хаким аст. (5, 54).

Темурмалик яке аз нахустин ашхоси машхури таърихи миллатхои Осиёи Марказй мебошад, ки зиндагй ва корномааш шоистаи нигоштани романхои таъриихй шудааст. Дар вокеъ, камтарин кахрамонхои таърихи даврони кадими Осиёи Марказиро медонем, ки барои килки нависандагон табдил ба кахрамонхои аслии романхои таърихй шуда бошанд. То чое, ки маълум аст, дар миёни чанд тан аз ашхоси машхури таърихи чанги зидди мугул, исми Темурмалик шумори аввалро дарбар гирифтааст. Сихатии ин дидгох дар мисоли адабиёти таърихи Эрони муосир низ сидк мекунад.

Зимнан, дар Эрон асареро, ки дар он мавзуоти таърихй матрах мешавад, «достони таърихй» ва ё «ромон» меноманд. Ба диди бархе аз хонандагони эронй китоби окои Неъматуллохи ^озй (Шикеб) «Темурмалик, амири Хучанд» достони хубу чаззобест.(18).

Нахустин накди адабии ин асари нависандаи эрониро профессори Донишгохи Давлатии Хучанд хонум дуктур Матлуба Хочаева (Мирзоюнус) анчом дода (16, 81-90) ва назароти эшон дар яке аз навишторхои мо тахлилу баррасй шуда. (5, 54 -56). Аз диди ин мунаккиди хучандй, достони «Темурмалик, амири Хучанд» романи чолибу хонданист. Дар ин достон, чунонки профессор Матлуба Хочаева муътакид аст, доманаи чугрофиёи асар, фаъолони вокеъа (кахрамонони асар), махорати манзарасозй, истеъдоди вокеъапардозй ва киссапардозй, хамчунин тавоноии киёфапардозй, чогузории аносири сужети муаллиф сазовори диккатанд. (5. 54 -55).

Хамзамон эродхое, ки профессор Матлуба Хочаева аз мухтавои достони нависандаи эронй гирифтааст, асосан, дар се маврид, яъне: адами иртиботи таърихии хасоиси мардонагихои Темурмалик бо сурат ва сирати кахрамонони асотириву таърихии даврони кухан, аз кабили Рустаму Исфандиёр, Абу Муслиму Муканнаъ; заъфи хунари нависанда дар чихати тасвир кардани тавоноихо ва рашодатхои амири Хучанд ва низ адами ангезаву таъкид бар накши «андеша ва чахони ботинии кахрамон» дар асаранд. (5. 54-55).

Шакк нест, чойгох ва арзиши адабии достони таърихии «Темурмалик, амири Хучанд» тавассути хонум дуктур Матлуба Хочаева, агарчй, бисёр мухтасар аст, ба хубй баррасй шудааст. Шояд дар оянда адабиётшиносон ва мунаккидони достони мазбури нависандаи эронй назари тозатаре бар вежагихои хунари бадеъи муаллифи он бияндозанд. Бо ин хол, аз диди таърихй, он гуна, ки устод Матлуба Хочаева мефармояд, симои Темурмалик дар достони таърихии мазбур бисёр заъиф тасвир шуда ва такрибан дар «сояи дигарон» карор гирифтааст.(5. 55). Хамчунин, меафзояд, ки дар достони мазбур истеъдод ва тавоноии Темурмалик низ ба унвони рахбари сипохиёни часур ва мудофеъини ватандуст «сатхй тасвир

шуда» ва аз ин чихат хондани хамду сано бар тавони калами ин нависандаи эронй наметавон кард. (5. 55). Агарчй, заъфи хунари бадеъи ин достоннависи эронй дар тасвири дунёи ботини шахсиятхои таърихй, бахусус барои кахрамонони таърих ошкор аст, вале дар кулл мутолиаи ин асар барои ошной ва бахрабардорй аз забон ва сабки насри нависандагони муосири Эрон барои навчавонони точик холй аз фоида нахохад буд.

Зимнан, агар сухан дар мавриди вижагихои тасвири вокеъоти таърихй ва тафовути хунари хаёлпардозихои ин нависандаи эронй бо адиби маъруфи узбак Мирмухсин равад, бо камоли итминон гуфт, ки тахаюллоти бадеъии нависандаи эронй бамаротиб вокеъбинонатар нисбат бар гулгулахои эхсосоти миллигаронаи муаллифи романи таърихии «^алъаи Хучанд» аст.(5. 22 - 23; 11, 203-209).

Натицагирй.Накду баррасихои тахкикот ва таълифоти донишмандон, нависандагон ва шуарои муосири Эрон дар робита бо мавзуи таърихи истилои Хучанд тавассути мугул нишон медиханд, ки муаррихин ва мухаккикини миллй, чй дар замони шуравй ва чй дар даврони сохибистиклолии чумхурй, огохии чандон дакике аз дастовардхои илмии таърихнигорони Эрон дар мавзуи мазбур надоштаанд.

Адами иттилооти илмй ва заъфи дониши гурухе аз муаллифини муосири кишвар дар робита бо сахми донишмандони эронй дар тахкик ва баррасии таърихи тасарруфи Хучанд тавассути мугул ва корномаи Темурмалик боис шудааст, то инон хадамоти пажухишгарони Эронро дар баррасии мавзуи мавриди назар мутлако беахамият пиндоштаанд. Ч,ойи таассуф дар таърихнигории муосири миллй бокист.

Он гуна, ки омад, дастовардхои пажухишгарон ва муаррихони муосири эронй дар тахкик ва муаррифии вокеаи тасарруфи Хучанд тавассути мугул ва низ дар таъйини чойгохи амири номдори он Темурмалик ва хамчунин дар тасвири диловарихову чонфидоихои хучандиён дар баробари истилогарони мугул, бидуни игрок, нахустин ва устувортарин гомхоро дар миёни макотиби мухталифи илмй ва адабй бардоштаанд, ки тавсифаш аз хар зовия муболига нахохад буд.

Кушишхо ва захамоти донишмандони Эрон дар тахкик ва баррасии мавзуи мавриди назар, мухим арзанда ва дар бисёре аз маворид, ба маротиб боарзиштар аз навиштахои макотиби дигари илмй ва адабй аст. Донишмандон ва адибони эронй, ба сабаби ошноии хубе, ки бо манобеъи дасти аввали таърихй доштанд ва низ ба иллати ин ки шахсияти таърихии Темурмалик ва мардуми Хучандро чузъи чудонопазир аз таърихи Эрон мегуморанд, бо тамоми тавони заковати хеш саъй кардаанд то тафсир ва тасвири хуби ба ёдмонданй аз кахрамонони таърихи муборизот ва чонфидоихои мардумй ироъа намоянд ва бешубха, муваффак хам шудаанд.

Х,амин тавр, таърихнгории Эронро дар тахкик ва баррасии чойгохи Темурмалик ва таърихи дифои Хучанд дар баробари хучуми мугул аз муваффактарин макотиби илмии таърихинигории муосир метавон гуфт.

ПАЙНАВИШТ:

1. Алоуддин, Атомалик Ч,увайнй. Таърихи чахонгушой./ Атомалик Алоуддин // Ч,илди 1. Ба саъй ва эхтимоми Абдулваххоб ^азвинй. Лейден. Матбааи Брилл. 1329 х. / 1911.

2. Бойматов, Л. Чун мардон шамшерзанон мерафт. /Л.Бойматов // Кайхони Фархангй, 1377, Озар ва дай, № 148.- С. 13-17.

3. Бойматов, Л. Д. Накде бар пажухишхои таърихй. Масоили таърихи ахди мугул .(Тахкики таърихи Темурмалик)./ Л.Бойматов// Эроншинохт, 1378.- №12.- С. 108-129.

4. Бойматов, Л. Д. Достони Х,амдуллохи Муставфй дар бораи Темурмалик./ Л. Д. Бойматов // Абохтар, 1383 х./2004, соли севум, пойиз ва зимистон, шумораи паёпай 9-10, С. 107-116.

5. Бойматов, Л. Д. Аз Темурмалик чй медонем? Душанбе, Деваштич, 2006.-142.с.

6. Бойматов Л. Накде бар китоби «Таърихи халки точик». / Л. Д. Бойматов // Номаи донишгох. Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй: Таърих. Филология. Педагогика. 2015, № 3 (44), С. 271 - 277.

7. Бойматов, Л. Ч,ойгохи Темурмалик дар ватани Шекспир./ Л.Бойматов // Номаи Донишгох, 2015, № 4 (45), С. 216 - 223.

8. Бойматов, Л. Сират ва сурати Темурмалик дар китоби «Таърихи чахонгушой»./ Л. Бойматов // Хваканта - Хучанд. Мукаддимаи Хучандшиносй. - Хучанд, 2016, С. 25-34.

9. Бойматов, Л. Д. Темурмалик ва дифои Хучанд аз дидгохи ховаршиносони Fарб./ Л. Д.Бойматов // Мачаллаи илмии «Номаи донишгох». Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй. 2017, № 4 (53), С. 300 - 312.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

10. Бойматов, Л. Д. Рецензию на книгу «История таджикского народа». / Л. Д. Бойматов // Иран-наме, 2014, № 3-4 (31-32), С. 393- 427.

11. Бойматов, Л. Д. Завоевание Худжанда монголами. / Л. Д. Бойматов// Иран-наме, 2015, № 3-4 (35-36), С. 201-247.

12. Гоибов, F. Хизмати хирсона./ Г.Гоибов// Илм ва хаёт, 1991, № 9.

13. Икбол, Аббос. Таърихи муфассали Эрон. Ч,. 1. Аз хдмлаи Чингиз то ташкили давлати Темур/ Аббос Икбол.-Техрон, 1333 х,./1962.

14. Касравй, Ахмад. Темурмалик. / Ахмад Касравй //Паймон, Даймох, шумораи 10, С. 559 -561.

15. Мубад, Мирмахдй (Сарбоз). Темур Малик. / Мирмахдй Мубад // Хухт, 1350, Чилди 22, № 4, С. 32-40.

16. Сарбоз. Темурмалик./ Сарбоз // Хучанд, 2004, № 2, С. 81-90.

17. Турсунов, Н. Х,афтхони Темурмалик./ Н.Турсунов // Тадкикоти илмй. Хучанд, 2003.

18. Шикеб, (Неъматуллохи ^озй). Темурмалик, амири Хучанд/ Шикеб,. -Техрон, 1378. (Романи таърихй).

REFERENCES:

1. Alouddin, Atomalic Djuvaini. The World History./ Atomalic Alouddin // Volume 1. Requirements and Possibilities of Abdulwahab Qazvini. Leyden Matbaai Brill. 1329 / 1911.

2. Boymatov, L. As Men Walked on Toes./ L.Boymatov // Kaikhoni Farhangi, 1377, Oza and Dai, No. 148, -P. 13-17.

3. Boymatov, L. D. On the Map. The History of Mongolian History. (Hamdulloh Mustafis Poem about Temurmalik). / L. D. Boymatov// Iran, 1378, №12, - P. 108-129.

4. Boymatov, L. D. Muscovites of Hamid Karzai on Temurmalik./ L. D. Boymatov // Abohtar 1383/2004, the third year, - №9-10, - P. 107-116.

5. Boymatov, L. D. What do we Know about Temurmalik./ L. D. Boymatov- Dushanbe: Devashtich, 2006, - 142 p.

6. Boymatov, L. The book "The History of the Tajik People". / L.Boymatov // Scientific Notes. Series of Humanities and Social Sciences: History. Philology. Pedagogy. 2015, № 3 (44), - P. 271 - 277.

7. Boymatov, L. Temurmalik's Place in Shakespeare's Homeland./ L. Boymatov// Scientific Notes, 2015, No. 4 (45), - P. 216 - 223.

8. Boymatov, L. Temurmalik's Merit and Image in the Book Referred as "World History"./ L.Boymatov// Khavakanta - Khujand. Introduction into Khujand Studies. - Khujand, 2016, - P. 25-34.

9. Boymatov, L. D. Temurmalik and Defense of Khujand from West Expectations. / L. D. Boymatov // Scientific Notes. Series of Humanities and Sociology. 2017, № 4 (53), - P. 300 - 312.

10. Boymatov, L. D. Review on the Book Referred as "The History of the Tajik Nation"/ L.D. Boymatov// Iran-Name, 2014, No. 3-4 (31-32), - P. 393 - 427.

11. Boymatov, L. D. The Conquest of Khujand by the Mongols/L.D. Boymatov// Iran-Name, 2015, No. 3-4 (35-36), - P. 201 - 247.

12. Ghoibov, Gh. Disservice/ Gh. Ghoibov// Science and Life, 1991, No. 9.

13. Iqbol Abbos. The Brief History of Iran. - V.1. From Chingis's Attack up to the Formation of Temur's State/ Abbos Iqbol. - Tehran, 1333, 1962.

14. Kasravi, Ahmad. Temurmalik. / Ahmad Kasravi // Paymon, December, issue 10, - P. 559 - 561.

15. Mumbad, Mirmahdi (Sarboz). Temurmalik/ Mirmahdi Mumbad // Hukht, 1350hijra. - V. 22, No. 4, - P. 32 - 40.

16. Sarboz. Temurmalik./ Sarboz // Khujand, 2004, No. 2, - P. 81 - 90.

17. Tursunov, N. Seven-Khans of Temurmalik/ N. Tursunov//. Scientific Research. - Khujand, 2003.

18. Shikeb (Nimmatullah Qozi). Temurmalik Being Amir of Khujand/ Shikeb. -Tehran, 1378. (Historical Novel).

Цойгохи Темурмалик дар таърихнигории Эрон

Вожа^ои калиди: Тимурмалик; таърихи Хуцанд, таърихи истилои мугул; таърихи

Хоразмшоуон; илми таърихнигории Эрон Дар ин навиштор силсилаи пажууишуо ва осори мууащщин ва нависандагони эронй дар мавриди Темурмалик ва дифои Хуцанд алащи сипоуиёни мугул (солуои 1219-1220) нацду баррасй шуда ва муаллиф саъй намудааст, вежагиуо ва бартариятуои илмии мактаби таърихнигории Эронро дар баробари макотиби дигари илмй нишон бидиуад.

Цайд мешавад, ки яке аз шохищои мууими таърихнигории Эрон цанбаи ватанпарварии он аст. Дигар аз вижагщои таърихнигории муосири Эронй, чуноне ки дар тацриз зикр мешавад, таърихнигорон ва нависандагони Эронй ин масъаларо хеле муфассал баррасй намудаанд.

Тимур Малик и оборона Худжанда в иранской историографии Ключевые слова: Тимур-Малик, история Худжанда, история монгольского

нашествия, история Хорезмшахов, иранская историография В данной статье анализируются научные и художественные достижения современной иранской историографии о Тимур - Малике и Худжандской обороне (1219-1220 гг.). Автор статьи попытался показать особенности и превосходство современной иранской историографии в изучении вопросов о завоевании Худжанда монголами.

Отмечается, что одной из отличительных черт современной иранской историографии является ее патриотичность.

Другой особенностью современной, иранской историографии как указывается в статье, является, то что иранские историки и писатели современности очень подробно осветили данную проблему.

Timurmalik and Khujand Defense in Iranian Historiography Key words: Timurmalik; history of Khujand; the history of the Mongol invasion; the history of

Khorezmshahs, Iranian historiography. This article analyzes the scientific and artistic achievements of modern Iranian historiography concerned with Timur Malik and the Khujand defense (1219-1220). The author of this article makes an endeavour to show the features and superiorities of modern Iranian historiography in studying the conquest of Khujand by the Mongols.

One of the distinguishing features of modern Iranian historiography is its patriotism. Another feature of modern Iranian historiography lies in conscientiousness of Iranian historians and the writers of comporaneity in the treatment of the theme, as they proceed from the main source.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Бойматов Луцмон Дадобоевич, номзади илмуои таърих, устоди Донишгоуи Норрчёпинг (Шветсия), E-mail: LukmanL43@mail.ru Сведения об авторе:

Бойматов Лукман Дадабаевич, кандидат исторических наук, преподаватель Норрчёппингского университета (Швеция), E-mail: LukmanL43@mail.ru Information about the author:

Boymatov Lukman Dadabaevich, candidate of historical sciences (Ph.D), lecturer at NorrkOping's University (Sweden), E-mail: LukmanL43@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.