Babajanova D.A.The Language and Style of "Khamsa" by Nizami Ganjavi from the Point of View of the Iranists of the East and the West
УДК 4Н (07) Д.А. БОБОЧОНОВА
ББК 81.9 (2Т)
Б 72
ЗАБОН ВА УСЛУБИ «ХАМСА»-И НИЗОМИИ ГАН^АВИ АЗ НАЗАРИ
ОЛИМОНИ ШАРЦУ ГАРБ
Низомии Ганчавй яке аз маъруфтарин ва бузургтарин симохои адабиёти форс-точики садаи XII махсуб ёфта, бо осори гаронбахои худ, дар мадди аввал «Хамса», дар адабиёти чахон макоми хосаро доро мебошад. Бо эътирофи адабиётшиноси точик, профессор А.Афсахзод, «у бо нубугу азамат, афкори баланд ва кувваи суханварии худ дар сафи Х,омеру Арасту, Сафоклу Еврипид, Аристофону Анакреон, Рудакию Фирдавсй, Руставеллию Данте, Саъдию Шекспир, Пушкину Толстой ва амсоли инхо меистад» (1, с.5).
«Хамса» калимаи арабй буда, маънояш панч мебошад. Баъди даргузашти Низомии Ганчавй, тавре ки Давлатшохи Самаркандй дар «Тазкират-ул-авлиё» зикр мекунад, ахли адаб панч маснавии уро дар шакли вохид, яъне як чилд тахия ва тадвин намуда, онро «Хамса» номгузорй карданд. Аз ин ру, Низомии Ганчавй дар таърихи адабиёти форс-точик чун бунёдгузору огозгари силсиламанзумахои панчгона - «Хамса» эътирофу арчгузорй гардидааст. Бо эътироф ва зикри мухаккикон дар пайравии «Хамса»-и Низомй навиштани «Хамса»-хо дар адабиёти форсу точик ва иддае аз адабиёти туркзабон ба хукми анъана даромада буд. Аз чумла, дар пайравии «Махзан-ул-асрор» анкариб 80-то, «Лайлй ва Мачнун» беш аз 100-то, «Хусрав ва Ширин» дар худуди 50-то манзумаи хамном ва аз руи усулу сабк хамшабех офарида шудааст. Чунин маъруфият пайдо кардани «Хамса»-и Низомй гувох аз он дорад, ки манзумахои марбути он, аз чумлаи «Махзан-ул-асрор», «Хусрав ва Ширин», «Лайлй ва Мачнун», «Х,афт пайкар» ва «Искандарнома» дар мачмуъ ба усул ва сабки хоса китобат шуда, дар онхо мавзуоти дог ва чонии рузгори инсони офаранда мавриди китобат ва баррасй карор гирифтааст.
Тазаккур бояд дод, ки дар омузиш, тадкик ва нашри осори гаронбахои Низомии Ганчавй, бахусус «Хамса», аз назари адабиётшиносию матншиносй олимони бузурги Эрон, Х,инд, рус, озар, аврупой, точик ва амсолашон (масалан, Вахиди Дастгардй, Абулхусайни Зарринкуб, Шиблии Нуъмонй, Саид Нафисй, Хусайн Пажмони Бахтиёрй, Е.Э. Бертелс, И.С. Брагинский, А.Е. Кримский, Я.Рипка, Х,.Риттер, А.А.Ализода, Ф.Бобоев, Р.Алиев, А.Афсахзод, З.Ахрорй ва гайрахо) саъю кушиши беандоза кардаанд. Бо ибораи дигар, осори Низомии Ганчавй дар чанбаи адабиётшиносию матншиносй хеле густурда ва пурвусъат хадафи омузишу баррасй карор гирифтааст. Омузиши забон, услуб ва гановати лугавии осори ин абармарди назми воло бошад, то ба хол хамачонибаю амик хадафи тадкик карор нагирифтааст. Тадкикотхои сатхию мукаддамотии забони
- 251 -
Бобоцонова Д.А. Забон ва услуби «Хамса»-и Низомии Ганчрви аз назари олимони шорку гарб
«Хамса» ва соири дигари ашъори ин шоири бемисл огозбахши тадкикотхои пурвусъату амик махсуб хоханд ёфт.
Тавре ки мухдккикон собит намудаанд, Низомии Ганчавй аз «Шохнома»-и Фирдавсй бардоштхои фаровоне намудааст ва ин ба услуби нигориш ва интихоби мавзуъхои достонхои вай беасар намондааст. Ин мавзуъ аввалин маротиба аз чониби Шиблии Нуъмонй - мухаккики варзидаи таъриху фалсафа, адабиёти форсиву арабй ва шоири нозуккарехаи Х,инд дар асари маъруфи худ «Шеър-ул-Ачам» ба риштаи тахкик кашидааст. Ба пиндошти Шиблии Нуъмонй, «забони роич ва муховароти рузмарра то замони Фирдавсй форсии холис (таъкиди мо - Д.Б.) буд. Чунончи, забони маснавй (забони «Хамса» -Д.Б.) хамон тавре ки роич буд, бокй монда» (4, с.33).
Сипас, муаллифи «Шеър-ул-Ачам» таъкид мекунад, ки «дар касоид, ки максуд иборатпардозй ва изхори фазлу хунар низ будааст, алфозу ибороти арабй ба касрат дохил шуданд, то ин дарача, ки вакте ки улуму фунуни арабй оламгир шуд, забони рузмарра хам забони форсии махлут ба арабй гардид ва дар он вакт алфози арабиро аз форсй хорич кардан мисли ин будааст, ки форсиро аз асар, яъне халовату ширинй бияндозанд» (4, с.33). Аз ин ру, «Низомй аз Фирдавсй дар ин кисмат (эчоди касида - Д.Б.) таклид накарда, балки хамон забонро ихтиёр намуд, ки забони роичи мамлакат будааст. Лекин нуктасанчии у (Низомии Ганчавй - Д.Б.) аз ин чо маълум мешавад, ки алфози форсиву арабии у алфозест, ки дар тамоми забон назири онро аз хайси баландй ва шаъну шавкат наметавон пайдо кард» (4, с.33). Аз ин гуфтахо ба хулосае омадан имконпазир аст, ки: а) услуб ва забони манзумахою достонхои Х,аким Фирдавсии Тусй ва Низомии Ганчавй то чое хамгунии хешро хифозат намудаанд, новобаста аз он ки яке фарзанди асри Х ва дигаре зодаи асри XII буда, вазъи амалкарди забони форсии точикй (дарй) дар ин даврахо ва услуби нигориши маснавию достонхо хусусияти хешро низ доштаанд; б) дар касоид ва анвои осори назмй, ки чанбаи инъикоси холатхои рухию ишкй ва изхори фазлу хунар доранд, Низомии Ганчавй дар истифодаи вохидхои забонй хамкадами замони хеш буда, ба услуби Фирдавсй таклидро салох надида, забони роичи давраи хешро писандидааст. Ин кабил осори назмии шоир моломоли вохидхои лугавии иктибосии арабй буда, тадкик ва коркарди амики онхо, бахусус дар заминаи панч достони «Хамса», имкон медихад, ки раванди истифода ва воридшавии калимахои иктибосй дар осори адабии асри XII дар мисоли «Хамса» муайян ва ташхис гардад. Ин имкон медихад, ки ин раванд дар ду аср -Х (асри Фирдавсй) ва XII («Хамса»-и Низомй) мавриди мукоиса ва баррасй карор дода шавад. Айни матлаб аст, тазаккур бидихем, ки Х,аким Фирдавсии Тусй дар «Шохнома»-и хеш, ки 60 хазор байтро дар бар мегирад, бо тасбити шаркшиноси гурчистонй Л.Н.Тушишвили хамагй дар худуди 800 калимаю вохидхои лугавии арабишуда истифода бурдааст, ки дар мукоиса ба теъдоди вохидхои лугавии «Шохнома» катрае аз бахр ба назар мерасад (3, с.11). Ин раванди истифодаи вохидхои лугавии иктибосии «Шохнома»-ро мухаккикони адабу забони осори форсии точикй, аз чумла «Шохнома», ду хел баррасй намудаанд: гурухи аввали мухаккикон, аз кабили Е.Бертелс, А.Кримский ва дигарон бар он акида мебошанд, ки Фирдавсй дар асари худ «Шохнома» аз
- 252 -
Babajanova D.A.The Language and Style of "Khamsa" by Nizami Ganjavi from the Point of View of the Iranists of the East and the West
калимаю вохидхои лугавии иктибосии арабии дар замони шоир мустаъмал бошуурона хазар намуда, бар ивази онхо калимаю вохидхои лугавии номустаъмал ва каснофахми форсиро истифода намудааст, ки амали пуристй махсуб меёбад; гурухи дувум, олимони шаркшиноси маъруфи Гарб, аз чумлаи Т.Нёлдеке, Э.Браун, П.Хдрн, М.Битнер ва дигарон акидаеро пешниход мекунанд, ки тибки он Фирдавсй бо назардошти хусусиятхои нигориши достонхои эпикии «Шохдома» чунин бархурдро нисбати калимахои иктибосй, аз чумла арабй, интихоб кардаю мавриди пазириш карор додааст, ки бардошти Фирдавсй на кобили сарзаниш, балки тахсину тавсиф аст.
Вижагии забон ва услуби Низомй бо пиндошти Шиблии Нуъмонй дар он зохдр мегардад, ки «Низомй хар чо дар форсй натавониста алфози баланду нишоне пайдо кунад, фавран аз алфози арабй кор мегирад, аммо Фирдавсй наметавонад ин корро бикунад, чи у мултазам аст алфози арабй истеъмол накунад» (4, с.34).
Бо пиндор ва гуфтори ахли тадкик, аз чумла Шиблии Нуъмонй, баъди гу-зашти беш аз сад сол аз китобати «Шохдома» Низомии Ганчавй ба назми манзумахои ба истилохи баъдй «Хамса» огоз бахшид. Вале дар ин миён «инки-лоби бузурге дар забон рух дода буд. Хдзорон алфоз билкул матрук шуда ва бисёре аз алфоз харфхои зойиди онхо афтода ва шакли зеботаре ба худ гирифта буданд. Алфози маънуси тоза-тоза аз арабй дохили форсй шуда, илова бар инкилоб дар асли забон тарзи баёни маонй ва таъбир хам ба куллй табдил ёфта буд» (4, с.39).
Профессор Е.Э.Бертелс дар рисолаи хеш «Низомй ва Фузулй» оид ба бардоштхои Низомй аз Фирдавсй ва «Шохнома»-и у таваккуф намуда, инчунин, дар бораи вежагии забон ва услуби Низомй дар осори у зикр менамояд, ки Низомй хеч майле дар заминаи Эрони бостонй архаистй намудани забони нигориши осори хешро хадаф карор надодааст, балки мавсуф аз руи ниёз аз истифодаи калимоти архаистй хазар накарда, онхоро дар мавкеашон корбаст намудааст, ки яке аз хасаноти услуби нигорандагии Низомй пазируфта мешавад. Барои Низомй истифодаи калимоти арабй бо такозои мавзуи интихобшуда мамнуъ набуда, чун устоди бузурги сухан осорашро аз он шодоб намудааст, хол он ки Фирдавсй то хадди зарурй аз истифодаи калимоти иктибосии арабй гурез мекунад. Аз чониби дигар, Низомй сархади байни забони адабй ва забони гуфтугуиро хини тасвир ва баёни матолиб аз байн мебардорад ва то чое онхоро тавъам менамояд. Тахлили амик ба мухаккик имкон медихад, ки бурду бохти ин бархурди Низомиро муайян созад (2, с.392).
Саволе ба миён матрах мегардад, ки осори Низомй ва хампешагони озарбойчонии вай мансуби кадом услуб - хуросонй, ирокй ва хиндй будааст. Дар ин бора акидаи олимони услубшиносу адабиётшинос хамгун нест ва онхоро метавонем ба чанд гурух табакабандй намоем.
Баъзе мухаккикони адабиёти форсии точикй, аз чумла профессор Е.Э.Бер-телс, ки дар таснифи услубхои нигориши адабй ахамияти этникй ва минтакавии ахли адаб ва осори онхоро меъёри асосй писандидаанд, вале баъдан мухак-кикони дигар дар адабиёти форсии точикй мавчудияти услубхои осиёимиёнагй, пасикавказй, форсй ва хиндиро исбот мекунанд (ниг.: Sakina Berengian. Azeri Persian Literature works in twentieth century Iranian Azerbaijan. - Berlin: Klaus Schwarz Verlag, 1988. - C.2 (-238 c.- ISBN 3922968694) ISBN 3922968694). Мухаккикони
- 253 -
Бобоцонова Д.А. Забон ва услуби «Хамса»-и Низомии Ганчрви аз назари олимони шорку гарб
адабиёти форсии мукими Аврупо, Амрико ва кишвархои дигар бошанд, мак-табхои адабии хуросонй, озарбойчонй, ирокй ва хиндиро ба исбот мерасонанд, ки меъёри асосии онхо чанбаи иктисодй мебошад. Профессор Е.Э.Бертелс, олими маъруфи эроншиноси шуравй, «услуби озарбойчонй»-ро «транскавказй» унвон дода бошад, эроншиноси чех Ян Рипка онро «пасикавказй: услубхои табрезй, ширвонй ё арронй» ном мебарад.
Добили зикр аст, ки тибки анъана дар адабиёти форсй се услуби нигориш пазируфта шуда, ба баррасии аксари мухаккикони гузаштаю имруза эътироф гардидаанд ва онхо ба нигориши адабии осори гузаштагонамон тавъам мебо-шанд: услуби хуросонй (Рудакй, ^атрони Табрезй, Шахиди Балхй, Носири Хусрав, Унсурй, Манучехрй ва гайрахо), услуби ирокй (Низомии Ганчавй, Хоконии Шервонй, Чдлолиддини Балхй, Х,офиз, Саъдй ва дигарон), услуби хиндй (Амир Хусрави Дехлавй, Дасани Дехлавй, Урфии Шерозй, Нозири Нишопурй, Шавкати Бухорой, Зебуннисо, Бедил ва дигарон).
Умуман, омузиши забон, услуб ва вежагихои адабию забонии осори Низомии Г анчавй - парчамбардори адабиёти ноби форсии точикй дар садаи XII ба гушоиши гиреххои зиёде, ки то имруз асрорангезанд, мусоидат хохад намуд. Вожауои калиди: «Хамса», Низомии Ганцавй, забон ва услуб, калимауои арабй, адабиёти асри XII, хусусиятуои забонии «Хамса», маонй, тарзи баён
Пайнавишт:
1. Афсаузод, А. Низомии Ганцавй ва достони у «Хафт пайкар»/Низомии Ганцавй.
Куллиёт (дар панц цилд). Цилди 3, Хафт пайкар. - Душанбе: Ирфон, 1983. - 416 с.
2. Бертельс, Е.Э. Избранные труды. Низами и Фузули/ Е.Э.Бертельс. - М.: Наука,
1962. - 556 с.
3. Тушишвили, Л.Н. Арабские лексические элементы в «Шахнамэ» Фирдоуси: автореф. дис.... канд. филол. наук//Л.Н.Тушишвили. - Тбилиси, 1951. -22 с.
4. Нуъмонй, Шиблй. Дар шеъру шоирии Низомй (тауияи А.Набавй) /Ш.Нуъмонй //Адаб. - 2012. - №1-2. - №1-2. - С. 32-44.
Reference Literature
1. Afsakhzod A. Nizami Ganjavi and his Poem “Seven Beauties” // Nizomi Ganjavy. Collection of compositions (in five volumes). Volume 3. Seven Beauties. -Dushanbe: Irfon, 1983. -416pp.
2. Bertels Ye.E. Selected Works. Nizami and Fizuli / Ye.E. Bertels. -M.: Science, 1962. - 556pp.
3. Tushishvili L.N. Arabic Classical Elements in “Shakhname” by Firdawsi: Synopsis of candidate dissertation in philology // L.N. Tushishvili. - Tbilisi, 1951. -22pp.
4. Numoni, Shibli. On Nizami's Poetry and Poetics (prepared for publishing by A. Nabavi) / Sh. Numoni // Writer. -2012. -#1-2. -pp. 32-44.
Язык и стиль «Хамсы» Низами Ганджави с точки зрения иранистов Востока и
Запада
Ключевые слова: «Хамса», Низами Ганджави, язык и стиль, арабские слова, литература XII в., языковые особенности «Хамсы», семантика, способ изложения В статье предпринята попытка рассмотреть некоторые особенности языка и стиля «Хамсы» известнейшего поэта XII века Низами Ганджави с точки зрения
- 254 -
Babajanova D.A.The Language and Style of "Khamsa" by Nizami Ganjavi from the Point of View of the Iranists of the East and the West
иранистов Востока и Запада. Автор, анализируя работы известных литературоведов России, Европы, Ирана, Индии и Таджикистана, приходит к выводу, что язык «Хамсы» является отражением функционирования таджикско-персидского языка XII века, особенно в азербайджанском регионе. Кроме того, рассматриваются дискуссии о существовании трёх стилей в таджикско-персидской поэзии того времени: хорасанского, иракского и индийского. Автор делает заключение, что изучение языка и стиля произведений Низами может способствовать решению многих языковых и литературных проблем изучаемого периода.
The Language and Style of “Khamsa” by Nizami Ganjavi from the Point of View of the
Iranists of the East and the West
Key words: “Khamsa”, Nizami Ganjavi, language and style, Arabic words, literature of the XII-th century, language peculiarities of “Khamsa”, semantics, the way of reproduction
The author makes an endeavour to consider some peculiarities of the language and style of “Khamsa” written by the mostly well-known poet of the XII-th century Nizami Gandjavi from the viewpoints of the Iranists of the East and the West. Analyzing the works offamous literary critics of Russia, Europe, Iran, India and Tajikistan the author comes to the conclusion that the language of “Khamsa” is a reflection of the Tajik-Persian language of the XII-th century which functioned at that time, especially in the area of Azerbayjan. In addition to it, he author touches upon the discussion concerned with the existence of three styles in the Tajik-Persian poetry of that time: Khorasan Iraq and Indianones. The author makes such inference that the studies of Nizami's literary productions can promote a solution of many linguistic and literary problems referring to the period in question.
Роцеъ ба муаллифон:
Бобоцонова Дилбарцон Абдумуминовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи умумидо-нишгоуии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи акад. Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), e-mail:bobojonovd@rambler.ru
Сведения об авторе:
Бабаджанова Дилбарджон Абдумуминовна, кандидат филологических наук, доцент общеуниверситетской кафедры таджикского языка Худжандского государственного университета им. акад. Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail:bobojonovd@rambler. ru
Information about the author
Babajanova Dilbar Abdumuminovna, candidate of Philology Sciences, Associate Professor of the all-University chair of the Tajik language under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan, Khujand), e-mail:bobojonovd@rambler. ru
- 255 -