Сояицоное Расуяцон,
номзади илмуои фалсафа, дотсенти кафедраи цомеашиносии Донишкадаи щтисод ва савдои ДДТТ
ЗАМИНА^ОИ И^ТИМОЙ-ФАР^АНГИИ ТАШАККУЛИ ГОЯИ МИЛЛЙ ДАР Ч,ОМЕАИ МУОСИРИ ТО^ИКИСТОН
Х,аёти чамъиятии Точикистон тули солхои охир аз нигохи зарфияти ходи-сахои онро пайгиркунанда ва саъю кушиши афрод барои дарку тахлили мух-тавои онхо хеле мураккабу пуртазод ба назар мерасад. Х,арчанд зухуру боло-равии диду тафсирхои гайриилмй наметавонанд ба куллй конунмандии чараёни инкишофи объективии чамъиятиро халалдор созанд, вале бар асари онхо зухури падидахои монеъшавандаи самти инкишофи раванди муносиби ходи-сахои чамъиятй аз эхтимол дур нест. Бинобар хамин хам, дар хама давру замон, бахусус дар замони муосири точикй, намояндагони илми чомеашиносй барои афзудани ганчинаи донишхо оид ба гузаштаю имрузи он саъю кушиши фаровон ба харч медиханд. Пайравй аз ин тачриба барои чомеаи муосири Точикистон, ки рохи бунёди давлати пешрафтаи миллй ва таъмини суботи ичтимоиро интихоб намудааст, хеле мухим аст.
Тачриба бармало собит намуд, ки охири асри XX ва ибтидои асри XXI барои миллати точик давраи пуртазоду пурталотуми сиёсию ичтимой буд. Боиси хушнудист, ки мо чун мардуми волофарханг тавонистем ин давраи нокомию фочиахоро паси сар ва ба бунёдкорй ва ободонии Ватани махбуб ру оварем. Имрузхо бисёр муаррихон, файласуфхо, чомеашиносон ва дигар намояндагони илму фарханг хангоми арзёбии давраи гузариш аз карни XX ба XXI-ро мекушанд хамчун давраи тезутундшавии зиддиятхои ичтимой дар заминаи омилхои этникй, мазхабй ва гохе чун даврони нофахмихои якдигар тасвир созанд. Дар ин маврид бо акидахои бархе аз онхо то чое розй шудан мумкин аст, зеро бесарусомонихову нофахмихои солхои 90-ум дар хакикат дар заминаи ин омилхо чомеаи точиконро ба доми низоъхои ичтимоию сиёсй кашида, билохира Точикистонро ба алангаи оташи чанги шахрвандй тела дод. Аммо он чанги дохилй тахмилй ва ба табиати миллати мо бегона буд. Аз ин чо дар як муддати кутох он, хушбахтона, бартараф гардид. Тачрибаи сулхофари-нии точикон бори дигар исбот намуд, ки мукаддас донистани замин ва пок нигох доштани он бунёди фалсафаи одамияти точиконро ташкил медихад, аз даврони Авасто то ба имруз мохияти хешро гум накардааст ва ба ин хотир точик наметавонад даст ба низоъ занад. Вале тавре зикр гашт, бадхохони миллат бо хар хилаву найранг тавонистанд, дар як давраи кутох моро бероха намуда, хостанд накшаи дахшатбори аз байн бурдани давлату миллати точикро амалй намоянд. Ва дар ин шароити хеле хассос вазифаи ташаккули гояи миллии
точикон ба миён омад ва он дар афкори фалсафй ва чамъиятиву сиёсй чойгохи хосае пайдо намуд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи ташаккули гояи миллй диккати олимон ва сиёсатмадоронро аз даврахои хеле кадим ба худ чалб намудааст. Вобаста ба гояи миллй ва макоми он дар чомеаи точикон имруз низ бахсу талошхо идома доранд. Мухаккикон фикру андешахои гуногун пешниход намудаанд, вале онхо ба чанбахои алохидаи он равшанй меандозанд. (1)
Дар адабиёти фалсафй ва ичтимоии муосир мафхуми «гояи миллй»-ро ба маънии гуногун истифода мебаранд. Бояд тазаккур дод, ки таърихи ташаккули ин мафхум хеле дуру дароз бошад хам, он дар илми чомеашиносии точик асосан аз охирхои солхои 80-ум ва ибтидоии солхои 90-уми асри ХХ диккати мухаккиконро ба худ чалб намудааст. Дар ибтидо гояи миллй ва накши он дар чомеа дар кишрхои гуногуни чомеа, хатто дар байни олимон ба таври хоса талкин карда мешуд. Бархе аз намояндагони илму фарханг, сиёсатшиносону файласуфон онро чун воситаи халос намудани шуури чамъиятй аз ночурихою бадбахтихои даврони шуравй хисобанд, дигарон чунин пиндоштанд, ки махз дар натичаи арзи вучуд намудани гояи миллй хаёти маънавии чомеаи точикон хусусиятхои миллии хешро дарёфт намуд. Шояд аз нигохи шуури мукаррарй ин андешахо эътирози чиддиро ба миён наоранд, вале ба фикри мо, аз нигохи илмиву фалсафй ба ин падидаи мухими ичтимоию сиёсй чунин муносибати сатхй кардан дуруст нест. Вобаста ба ин, зикри чанд нуктаро ба максад мувофик мехисобем. ^аблан бояд тазаккур медихем, ки холо дар ин соха баъзан номуайянии мафхумхо чой дорад. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки харчанд дар адабиёти илмии алохида, матбуоти даврй фикрхои алохида баён мегарданд, то ба хол назарияи устувор нисбат ба ин проблема ташаккул наёфтааст. Дар афкори ичтимоии муосир бештар пахлухои таърихии масъала баррасй гаштаанд, вале тахлили фалсафии он хеле кам ба назар мерасад. Аз ин ру, ба акидаи мо, пеш аз хама, мохият ва сархади истифодаи чунин мафхумхо ба мисли «гояи миллй» ва «идеологияи миллй» - ро муайян намудан зарур аст.
Мафхумхои «гоя» ва «идея» дар забони точикй муродифи якдигаранд. Ба таври мухтасар гоя чараёни зехнии фаъоли максадноки инсон буда, тавассути мафхум, мухокима, назарияхо хусусият ва вобастагии чизхо, ходисахо ва чараёнхоро ошкор месозад. Гоя муносибати инсон ба ашё ё ходиса аст. Берун аз тачриба инсон муносибати хешро ба онхо муайян карда наметавонад. Аз ин чо бармеояд, ки бе эхсос ва дарки бевоситаи берун аз тачриба дар инсон гоя пайдо намегардад. Ба ин маъно гоя яке аз хосиятхои мухими маърифати хастй мебошад. Дар ин радиф гояи миллй падидаи маънавиест, ки шароитхои умдаи хастии миллат, аз чумла чанбахои мафкуравй, ичтимой, фархангии хаёти чамъиятиро муайян менамояд. Бояд таъкид намуд, ки ин арзишхо мухтавои хастии миллатро ифода менамоянд ва дар натичаи дарки манфиатхои миллй дар чараёни таърих ташаккул меёбанд. Аз ин лихоз, гояи миллй василаи маънавиест барои нигохдории бакои миллат, чойгохест, ки дар он урфу одат, анъана, орзую ормонхои миллй инъикос меёбанд. Ва бечо нест, ки баъзан мафхуми «гояи миллй» бо чунин мафхумхо, ба мисли «орзую ормонхо, кушишхо ва пешомадхо» хамрадиф дониста мешавад.
Омузиши асархо собит менамоянд, ки мафхуми «гояи миллй» дар ду маъно истифода мегардад. Дар маънои васеъ гояи миллиро муродифи идеологияи миллй маънидод менамоянд. Дар ин маврид гояи миллй чун низоми арзиш, идея ва меъёрхое, ки вахдат ё иттиходи чомеаро таъмин менамояд, эътироф мегар-дад. Дар маънои махдуд бошад, онро аз низоми тасаввуроте иборат медонанд, ки он чун шаклдихандаи хувияти миллй шинохта мешавад. Ба ин фикр то андозае розй шуда, баробари ин таъкид менамоем, ки гарчанде мафхумхои «идеологияи миллй» ва «гояи миллй» муродиф хам бошанд, вале байни онхо фаркият низ хаст.
Гояи миллии халки точик баъди танаффуси хазорсолахо дар замони сохибистиклолй дубора эхё гашта истодааст. Эхё намудани гояи миллии точикон дар даврони сохибистиклолй кушишест барои дарёфти чойгохи шоиста барои миллати хеш дар замони чахонишавии сохахои гуногуни хаёти ичтимоии муосир. Сохибистиклолй рохи кишвари моро ба суи демократия ва озодихои гоявию сиёсй бозгардонд. Дар чомеа ахзобу мафкурахои гуногун арзи вучуд намуданд, ки мазмуну мохияти онхо ба хам мувофик нестанд. Модоме ки хамин хел аст, пас мо метавонем дар бораи идеологияи миллй сухан ронем? Албатта не, вале имруз хам дар бисёр мавридхо баъзе мутахассисони соха дар бораи ташаккули идеологияи ягонаи миллй сухан мегуянд, ки ин акидаи ботил аст. Аз тарафи дигар, хамаи мо, новобаста ба эътикоди хизбию мазхабй, сохиби як Ватанем, ки номаш Точикистон аст. Пас суоле ба миён меояд, ки чй чиз метавонад хамагонро ба хам орад? Дар Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон дар атрофи гояи «Точикистони озоду сохибистиклол - Ватани махбуби хамаи мо» муттахид намудани тамоми гуруххо ва кишрхои чомеаи кишвар яке аз хадафхои асосй муайян гаштааст. Дар Паёми мазкур омадааст: «Махз хамин гоя нуктаи пайванд ва халкаи бахамовардани тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазхаб ва акидаву мавкеи сиёсй буда, дар айни замон василаи муассиртарини хифзи Точикистони озоду сохибистиклол хамчун вазифаи мехварй ва асосии мо ба шумор меравад» (2, 54).
Чднбаи дигари ин масъала алокамандии гояи миллй бо чараёни ташаккули шуури таърихй мебошад. Маълум аст, ки шуури таърихй кулли хосиятхои ин ё он миллатро дар худ инъикос менамояд. Аз ин ру, тахлили амики гояи миллй мурочиат намуданро ба гузашта ва муайян намудани тамоюлхои муосири рушди чомеаро такозо менамояд. Чунин зарурат аз он бармеояд, ки махз тачри-баи ниёгони мо оид ба инкишоф додану ганй гардонидан ва, аз хама мухимаш, нигохдории он дар хотираи таърихй имкон дод, ки дар охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI точикон барои бунёди давлати сохибистиклол, демократию дунявии худ хусни огоз бахшанд. Дар шароити харачу марачи солхои 90-ум бошад, гояи миллй, яъне дарки зери хатар мондани бакои давлати миллии точикон, зарурати мустахкам намудани амнияти миллй ва ягонагии худудиро такозо намуд.
Гояи миллии халки точик таърихан решахои чукур дорад. Вай дар тафак-кури халки точик баробари эхсос намудани худ хамчун кисми чудонашавандаи субъекти муносибатхои чахонй ба вучуд омадааст. Дар давраи хукмронии
Сомониён гояи миллй ба пояи хаёти маънавии давлати миллй табдил ёфта буд. Махз хамин падида имконият дод, ки Сомониён хаёти ичтимой ва иктисодии худро ривоч дода сиёсати дохилию берунаро ба рох монанд. Муносибатхои дустонаро бо дигар давлатхо ва халкхо мустахкам намуда, рухияи инсонгароии халки точикро ба онхо муаррифй намуданд. Мисоли равшани он эчодиёти нобигахои адабиёти мо Рудакй, Фирдавсй, Саъдй, Хайём, Ч,омй ва дигархо мебошанд.
Х,амин тарик гояи миллии халки точик дар рафти муборизахои сиёсию идеологй ташаккул меёфт. Баъди шикасти давлати Сомониён точикон зери таъсири давлати Газнавиён, Салчукиён, Темуриён, Аштархониён ва Мангитихо карор доштанд. Вале он арзишхое, ки дар даврони хукмронии Сомониён ташаккул ёфта буданд, аз байн нарафтанд, онхо дар хофизаи таърихии халки точик махфуз дошта мешуданд.
Дар замони Иттиходи Шуравй бошад, то соли 1929 точикон зери таъсири гояи миллии туркхо карор доштанд. Тавре мухаккикон таъкид менамоянд, махз вусъат пайдо намудани харакати пантуркистй боиси беадолатона суръат гирифтани марзбандии чумхурихои Осиёи Миёна ва поймол гардидани арзиш-хои ичтимоиву фархангии хазорсолаи мардуми точик гардид (3, 493). Ин харакатхо ва падидахои номатлуб ба ташаккули тафаккури миллй таъсири манфй расониданд.
Рохи ичтимой-фархангие, ки точикон дар замони сохибистиклолй тай менамоянд, идомаи рохи онхо дар таърих мебошад. Мо - точикон таърихи кухану фарханги пургановат дорем, ки он заминаи боэътимоди ташаккули гояи миллии точиконро дар даврони сохибистиклолй ташкил медихад. Баробари ин, бояд тазаккур дод, ки мурочиат ба гузашта набояд ба хотири парастишу муносибати соддалавхона бошад. Тавре Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон таъкид менамояд «мо ба гузаштаи хеш барои таквияти рухи созандагй, бузургдошти хотираи нахустачдоди рохкушои мо, ки дар дарозои таърих ба акидахои нав камар баста, бо дастовардхои бузургу гайриоддй ноил гаштаанд, руй меоварем. Охир як сарчашмаи во^еии худшиносии миллй, ^абл аз хама, бунёди давлати сохибистиклол, вахдати миллй, руй овардан ба гузаштаи пурифтихор, хифзи тамаддуну мероси фархангии ниёгон ва поси хотири шахсиятхои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад» (2,57). Чунин масъалагузорй маънои чукур дорад, зеро мохиятан дар ин чо сухан дар бораи падидахои маънавй, кушишу ормонхо, арзишхое меравад, ки тули хазорсолахо мардуми точикро аз нестшавй эмин дошта, имконияти нигохдории хофизаи таърихиро додааст. Баъди хазорсолахо дар ибтидои карни XXI эхёи гояи миллй, ки дар ботини точикон нухуфта буд, бедор гашт ва точикон сохиби давлати миллй шуданд. Махз дарки зарурати гояи миллй имконият дод, ки зиддиятхои ичтимоиву сиёсии ибтидои солхои 90-ум паси сар шуда, точикон дар атрофи давлати сохибистиклоли миллй муттахид гаштанд.
Бо назардошти хусусиятхои тамоюли муосири рушди ичтимой-фархангии чомеаи муосири Точикистон гояи миллиро хамчун шакли махсуси тафаккур ва хуввияти миллй, чун тарзи хосаи эхсос, дарк ва фахмиши олам аз чониби
намояндагони миллат, ифодагари мохияти шуури миллй ва худшиносй ва баробари ин хамчун василаи тавсифи хусусиятхову фахри миллй муайян намудан мумкин аст. Аз ин нуктаи назар гояи миллй чузъи чудонашавандаи хастии миллат ва шарти асосии ташаккули шуури таърихй мебошад. Тавре А.Х. Самиев таъкид менамояд: <^ояи миллй, пеш аз хама, макулаи фалсафаи ичтимой буда, хислати таърихй дорад, яъне дар чараёни таърих вобаста ба вижагихои хаёти ичтимоиву сиёсй, иктисодиву фархангй мазмуну мундаричаи вай тагйир меёбад» (3, 337). Хдмзамон, гояи миллй на факат воситаи дарёфти «худии худ»-и инсон, балки падидаест, ки дар он фикру андешахо оиди дигар миллатхову халкиятхо, кушишу ормонхои онхо, умуман такдири ояндаи инсо-ният инъикос меёбад. Аз ин лихоз, гояи миллй тарзи маънавии чустучу ва дарёфти чойгохи миллати хеш дар низоми мураккаби муносибатхои миллй дар микёси олам мебошад. Аз ин нуктаи назар мафхуми «гояи миллй» хеле бой аст. Аммо дар як мафхум гунчонидани мазмуни хамаи пахлухои он гайри имкон аст. Бинобар ин таърифе, ки дар боло овардем, аз камбудихо холй нест ва он пурра карданро талаб мекунад.
Мафхуми «гояи миллй» дар замони сохибистиклолй хусусиятхои хуввияту худогохии миллиро ба таври хоса инъикос менамояд. Х^уввияти миллй пади-даест, ки аз андеша, ойин ва арзишхои ба хам алокаманди чомеа иборат аст. «Хуввият» вожаи арабй буда, бо маънохои: а) чавхар, бех, бун, асл, мохият; б) хуввият, шахсият, шахс, симо, фардият; в) шайъ, хакикати мутлак, мохияти чузъй истифода мешавад. Ин мафхум даъватест ба ягонагии миллй, ки барои пайдо намудани фазои худшиносй ва хисси миллии инсон замина мегузорад (4, 3).
Аз нигохи фалсафаи ичтимой мазмуни гояи миллй бояд дар радифи масъалахои такдирсоз, ки дар хар давраи мушаххас дар назди давлату миллат ва фарди бошууру бомаърифати чомеа меистаду бояд дар ояндаи наздик халли худро металабад, баррасй гардад. Ба ибораи дигар, гояи миллй хамчун макулаи фалсафаи ичтимой хамеша дар рушду такомул буда, дар хар давру замон маънои хоса пайдо менамояд ва ба халли масъалахои мубрами руз нигаронида шудааст. Дар гояи миллй муносибати одамон ба ин ё он шакли тамаддун инъикос меёбад, аниктараш, гояи миллй рох ва фишангхои дохилшавии миллатро ба ин ё он тамаддун нишон медихад. Баъзан гояи миллиро ба сиёсати давлат хамранг медонанд, ки ин нодуруст аст. Чунин холатро мо дар давраи Иттиходи Шуравй мебинем, ки давлат тавассути макомоти худ тамоми чанбахои рушди чомеа, аз он чумла тафаккури одамонро зери назорат гирифта ва онеро, ки фикри гайр дошт, зери таъкиб карор медод. Хавфнокии ин падида дар он аст, ки давлат тавассути сиёсати нодурусти худ метавонад хар гуна гоя, ба хусус гояи миллиро поймол намуда, онро ба манфиатхои гурухи алохидаи чомеа мутобик гардонад. Зиёда аз ин, давлат метавонад гояи миллиро ба дастгохи идоракунии тоталитарй табдил дихад.
Дар чомеаи демократию хукукбунёд хар гуна гоя имконияти мавчуд буданро дорад. Агар байни ин гояхо зиддиятхо пайдо шаванд, онхо бояд дар доираи конунхои амалкунанда хал карда шаванд.
Агар мухокимаронихои мо аз нуктаи назари дар боло нигошташуда маншаъ бигирад, пас бояд имруз чомеаи мо тавассути халли масъалахои ичтимоию иктисодй, эхёи фарханги миллй, ташаккули мазмуни сифатан нави шуури таърихй дар чахонбинии одамон гояи олй - бунёди давлати миллиро бидихад. Ба фикри мо кадами аввал дар ин чода бояд барассии он масъалахое бошад, ки ба тагйири шуури чамъиятй ва равонии ичтимоии он нигаронида шуда бошад. Гояи миллй, ки тахти рохбарии точикон тамоми акаллиятхои этникиро фаро мегирад, онхоро дар заминаи забону фарханги миллй муттахид месозад.
Забон заминаи мухими боло бурдани хуввияти миллист. Аз ин ру, вакте ки макоми забони точикй дар кулли каламрави Точикистон чун забони муоширати хамаи кавмхо ба таври амик дарк мегардад, таъриху фарханги миллй чун боигарии кулли точикистониён эътироф гашта мешавад, он гох мо дар бораи точику точикистонй чун як миллати вохид сухан ронда метавонем. То он даме, ки мо байни мафхумхои точику точикистонй фарк гузорем ва ба ин мафхумхо маънии вахдат набахшем, парокандагии этникиву махаллй хама вакт бокй мемонад. Барои самаранок ташаккул ёфтани тафаккури миллй бояд дар чомеа сиёсати ягонаи милливу фархангй пеш гирифта шавад ва онро хамаи ахзобу чунбиш ва акаллиятхои кавмй бечуну чаро бипазиранд. Чунин сиёсати миллию фархангй ба тафаккури миллй таъсир мерасонад ва онро ташаккул медихад. Доир ба ин масъала, яъне таргиби гояи миллй Президенти мамлакат борхо дар маърузаю вохурихои хеш таъкид намудааст. Баробари ин, бояд эътироф намоем, ки таъсири гояи миллй ба ташаккули тафаккури миллй аз бисёр омилхо вобастагй дорад, ки дар хусуси онхо поёнтар сухан хохем ронд.
Дар замони муосир, хине ки сухан аз боби ташаккули тафаккури миллй, худшиносии миллии хар шахрванд меравад, бештар казовати онхо дар сатхи умимимиллй сурат мегирад. Аслан ин дуруст аст, зеро тавре ки дар боло ишора рафт, баъд аз замони Оли Сомон то ба кунун бори аввал мо имконияти дар бораи давлати миллй сухан рондан, дар бораи рушду нумуи фарханги миллй гамхорй зохир намуданро пайдо кардем. Ва боиси хурсандист, ки дар тули солхои сохибистиклолй дар майдони худшиносии миллй миллати точик мархалаеро тай намуд, ки ба садсолахо баробар аст.
Баробари эътирофи кадамхои устувори хеш дар ин самт мо набояд аз танкиди камбудию норасоихо руй гардонем, зеро дар хама гушаю канори мамлакатамон масъалахои рушду нумуи фарханги миллй, ки заминаи боэътимоди пояи худшиносии миллист, дар як сатх нест. Масалан, мушохидахо собит месозанд, ки дарачаи худшиносии миллй дар шахрхои марказии мамлакатамон ва музофоти кишвар ба куллй фарк мекунад. ^азовати сабабхои мушкилоти ташаккули худшиносии миллй дар музофот дар хар минтака бахсу мунозирахои доманадорро талаб менамояд. Тахлилу омузишхо нишон медихад, ки номутаносибии сатхи ташаккули худшиносии миллии мардуми нохияхо ва шахрхои азими кишвар аз як тараф ба омилхои ичтимоию иктисодй вобаста бошад, аз тарафи дигар, нохияхои музофотй, масалан нохияхои наздисархадй, аксаран гуногунмиллат мебошанд ва аз он то чй андоза хар як кавмият хешро мансуби миллати точик ё точикистонй мехисобад, барои ташаккули андешаи миллй ахамияти калонро дорост. Албатта барои кохиш додани ин
номутаносибй аз чониби давлат ва Хукумати Точикистон, ахзобу созмонхои чамъиятй тадбирхо андешида мешаванд. Масалан, дар нохияхои наздисархадии вилояти Сугд дар солхои сохибистиклолй даххо мактабу богча, боз дигар объектхои маърифатию фархангй бунёд ёфтанд, ки онхо бегуфтугу ба вазъи таълиму тарбия ва рушди хаёти фархангй бетаъсир намемонанд. Вале вазъи ташаккули худшиносии миллй факат аз таълиму тарбия вобаста нест. Ба фикри мо, дар ин чо масъалаи ба мардум дастрас будани арзишхои фарханги миллй, саривакт расонидани иттилоот оид ба вазъи хаёти сиёсй, ичтимоию иктисодй ва маънавй хеле мухим аст. Сардори давлат Эмомалй Рахмон дар яке аз суханронихои хеш махсус таъкид карда гуфта буд: «...Аз ин чихат (сухан аз боби вазъи инкишофи фарханг ва холати воситахои иттилоотии чомеа меравад -С.Р.) хусусан вазъи нохияхои наздисархадй... ва минтакахои кухистон ташвишовар аст. Холигихои иттилоотиро дар аксари минтакахои наздисархадй пахши барномахои телевизиони кишвархои хоричй пур мекунанд. Натичаву окибатхои чунин холат маълум аст: ахолй аз хаёти сиёсиву ичтимоию фархангии мамлакат бехабар мемонад ва ба сиёсату идеологияи бегона меравад» (5, 12). Дар ин чода низ дар давоми 10-15 соли охир кадамхои нек гузошта шуданд. Имруз имконияти тамошои барномахои телевизиони Точикистонро нафакат ахолии мамлакат, балки берун аз он хам доранд. Зами-нахои амики ичтимоию иктисодй, халли мушкилоти ташаккули тафаккури миллй ба таври хамешагй аз чониби рохбарияти давлат таъкид мегардад.
Болоравии сатхи ичтимоиёт барои халли мушкилоти маданию маърифатй, таълиму тарбия заминахои мусоидро фарохам меоварад. Бечуну чаро халли масъалахо дар ин раванд ба худшиносии миллии мардуми дехот таъсири бевосита мерасонад. Хамин тарик, ислохоти иктисодй, хоса дар сохаи кишоварзй ба ташаккули тафаккури миллй заминаи боэътимод фарохам оварда, худшиносию худогохии мардуми дехотро меафзояд.
Истиклолияти миллй такозо менамояд, ки хотираи таърихии халкамонро эхё намуда, арзишхои ахлокиву фархангии худро аз нав баркарор созем ва барои рушду нумуи забону адабиёт, илму фарханг ва мактабу маориф беш аз хар вакти дигар кушишу гайрат намоем. Ин амал бисёр зарур аст, зеро дар хакикат хам истиклолияти давлатй ва худшиносии миллй бе дарки амики манфиатхои умумимиллй ва шинохти масъулияти таърихии афроди чомеа пойдор нахохад монд. Дар шароити душвори ташаккули давлатдории точикон ва фазои нави маънавй бо максади муайян намудани равандхои муосири давлатсозии муосири точикон ба омухтани таъриху фарханги халки точик бояд шуруъ намуд. Мукаддасу бегазанд ва хамеша пойдору устувор нигох доштани Истиклолият, тахким бахшидани давлатдории миллй, хамачониба густариш бахшидани худшиносиву худогохии миллй, хисси ватандустиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву хукукии ахолии кишвар, ба хусус наврасону чавонон, муттахид намудани хамаи гуруххову кишрхои чомеа, вахдату ризоияти миллй хадафхои стратегии давлату чомеаи муосири Точикистон махсуб меёбанд, ки дар мачмуъ моро ба суи бунёди чомеаи вокеан шахрвандй, пешрафти устувори иктисодиву ичтимой ва татбики накшаву хадафхои такдирсози стратегй хидоят менамоянд.
Пайнавишт:
1. Андешаи миллии тоцикон. Зери назари доктори илщои таърих, профессор Каримов О.К. -Хуцанд: Ношир, 2011. -583 с.; Проблемы укрепления национальной независимости Республики Таджикистан. -Душанбе: Дониш, 2006. -С. 8-39; Солицонов Р. Истщлолият ва андешаи милли. // “Чумуурият”. -6.12.2008. -№ 142 (21 499), с. 3; Маумадов А. Идеяи милли - роубалади зиндагии шоиста.// “Чумуурият”. -18.04. 2013. -№ 55 (22 192), с. 2; Шамолов А. Миллатсози ва идеяи милли. // ”Садои мардум”. -8.02.2013. - № 17 (3002), С. 1- 2; Кудусов Х. Идеяи милли такягоуи устувори цомеа. “Садои мардум” -14.05. 2013. -№ 57 (3042), - с. 3 ва гайрауо.
2. Паёми Президенти Ч,ум%урии Тоцикистон ба Мацлиси Олии Ч,ум%урии Тоцикистон аз 26 апрели соли 2013. - Душанбе: Шарщ Озод, 2013.
3. Самиев А.Х. Исторические сознание как самопознание общества. - Душанбе: Издательство РтСу, 2009.
4. Махмадов А. Идеяи милли - рохбалади зиндагии шоиста. // “Чумхурият”. -18.04. 2013. -№ 55 (22 192).
5. Суханронии Эмомали Раумон, Президенти Цумуурии Тоцикистон, дар назди устодон ва шогирдон ба муносибати 15-солагии Донишгоуи давлатии ууцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон. -Хуцанд, 2008.
Расулджон Солихджонов,
кандидат философских наук, дотсент кафедры социологии ТГУК Социокультурные факторы формирования национальной идеи в современном
таджикистанском обществе Ключевые слова: национальная идея, национальное мышление, национальная идеология, менталитет нации, историческое сознание, патриотизм
В статье исследуются социокультурные основы формирования национальной идеи в современном таджикистанском обществе, выявляются проблемы и противоречия этого сложного и чувствительного процесса. Рассматривая социокультурные предпосылки формирования национальной идеи, автор определяет их как особую форму ощущения, восприятия и понимания общественного бытия представителями нации. В свою очередь эти особенности детерминируют специфичность мышления и менталитета нации.
R.Solikhjonov
Sociocultural Factors of National Idea Formation in Contemporary Society of Tajikistan Key words: national idea, national thinking, national ideology, nation's mentality, historical consciousness, patriotism
The author of the article explores sociocultural foundations of national idea formation in the contemporary society of Tajikistan, he elicits the problems and contradictions of this complicated and sensitive process. Dwelling on sociocultural premises concerned with the formation of national idea he defines them as a special form of sensation, perception and comprehension of social existence on the part of nation's representatives. In their turn, these peculiarities determine the specificity of nation's thinking and mentality.