Научная статья на тему 'Some thematic peculiarities of abdulkhasan Bokhara’s poetry'

Some thematic peculiarities of abdulkhasan Bokhara’s poetry Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
260
78
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДАВРАИ АРАБИЗАБОНИ АДАБИЁТИ ФОРСУ ТОҷИК / ЭҷОДИЁТИ АБУЛҳАСАНИ БОХАРЗӣ / ХУСУСИЯТҳОИ МАВЗӯИИ АШЪОРИ БОХАРЗӣ / МАДҳ / АРАБОЯЗЫЧНЫЙ ПЕРИОД ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ / ТВОРЧЕСТВО АБУЛХАСАНА БОХАРЗЙ / ТЕМАТИЧЕСКИЕ ОСОБЕННОСТИ АРАБСКОГО ДИВАНА БОХАРЗЙ / ПАНЕГИРИК / ABULKHASAN BOKHARZI 'S CREATION / THEMATIC PECULIARITIES OF BOKHARZI'S ARABIC DIVAN / ARABIC PERIOD OF PERSIAN-TAJIK LITERATURE / EULOGY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Абдурахмонова Диловар Гуфронджоновна

В статье анализируются тематические особенности арабоязычной поэзии Абулхасана Бохарзй. На основе изучения дивана поэта предпринята попытка выявления вклада Бохарзй в развитие традиционных тем средневековой арабской поэзии.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the thematic peculiarities of Abulkhasan Bokharzi ’s poetry written in Arabic. The author makes an endeavour to elicit Bokharzi ’s contribution into the development of traditional themes of the mediaeval Arabic poetry proceeding from the poet ’s divan.

Текст научной работы на тему «Some thematic peculiarities of abdulkhasan Bokhara’s poetry»

Д. А бдурахмонова

БАЪЗЕ ХУСУ СИЯТ^ОИ МАВЗУИИ АШЪОРИ АБУЛХДСАНИ БОХАРЗЙ

Вожатой калидй: давраи арабизабони адабиёти форсу тоцик, эцодиёти Абулуасани Бохарзй, хусусияпщои мавзуии ашъори Бохарзй, мадх;

Абулхасани Бохарзй дар таърихи адабиёти арабизабони форсу точик пеш аз хама бо таълифи осори гаронмояи манзуму мансур хамчун шоир, тазкиранигор, нависандаи бомахорат ва ба таъбири аксари мухаккикони осори у, шогирди Абумансури Саолибй эътироф шудааст (1, 30:41). Осори у, ки ба забонхои арабй ва форсй офарида шудаанд, тазкираи маъруфи «Думят-ул-каср ва усрату ахл-ил-аср», девони арабй, девони форсй ва мачмуаи рубоиёти форсиро бо номи «Тарабнома» шомил аст. Аз ин осор тазкираи мазкур ва девони арабй ба таври нисбатан комил то замони мо расидаанд, вале аз девони форсй ва «Тарабнома» танхо порахои мутафаррикд бокд мондаанд. Дар ин макола муруре бар девони арабии Бохарзй ва мавзуоти ашъори у сурат мегирад.

Девони арабии Бохарзй дар тули асрхои миёна шухрати густурда дошта ва мавриди эхтимом ва арчгузории аглаби донишмандон карор гирифтааст. Аз чумла, Ёк,ути Х,амавй дар китоби хеш «Муъчам-ул-удабо» каломи Имоди Исфахониро меорад, ки перомуни ашъори арабии Абулхасани Бохарзй чунин гуфтааст:

«У дар фанни хеш ягонаи даврон ва дар зехну кариха сохири замон буд, сохиби шеъри бадеъ ва маънои рафеъ буд... Ман ахли Исфахонро дидам, ки ба шеъри у мафтун ва ба сехри сухани у шефта буданд» (9, 34).

Мухаккики араб Тохир Алй Ч,аввод дар китоби хеш ёдовар мешавад, ки нусхаи кухантарини девони Бохарзй дар музейи

Багдод махфуз буда, он соли 472х./Ю79м., яъне танхо пас аз панч соли кдтли у фарохам оварда шудааст (15, 166-167). Нусхахои девони ашъори Бохарзй хамчунин дар китобхонахои дигари Ирок, ва Калкуттаи Хдндустон мавчуд хастанд (6, 39).

Бохарзй девонашро шахсан гирдоварй карда буд. Ин матлабро у дар тазкираи фавкуззикраш зимни муаррифии шоире бо номи Абулало Мухаммад ибни Fohhm ал-Х,иравй чунин таъкид кардааст:

«У Абулало Мухаммад ибни Fohhm буда, чавони бофазл аст, дар Нишопур бо ман бисёр равуо дошт, девони шеъри маро омухт ва аз он, ки ман худ чамъ оварда будам, барои худ нусхабардорй намуда, пас онро аз назари ман гузаронид» (7, 895).

Тазкиранигорон ва муаррихони асрхои миёна низ вучуд доштани девони Бохарзиро бо ибороте чун «Девони шеъраш мучаллади кабир аст» ва ё «Девони комилро дороет» таъкид кардаанд (9,34; 13,387; И, 156; 10, 78; 12,112; 17, 328; 16,119). Мухаммад Авфй дар «Лубоб-ул-албоб»-и хеш номи девони Бохарзиро сарохатан зикр кардааст, чунончи: «...ва ашъори тозии у бисёр аст, дар гояти салосат ва нихояти латофат. Ва дар ин вак,т дар хидмати садри ачалли кабир, точулмулк, шарафу-д-давла ва-д-дин, умдату-л-вузаро Мухаммад ибни Хдсан, рафаъа-аллоху кддраху, будам, ки девони шеъри тозии у, ки мавсум аст ба «ал-Ахсан фи шеъри Алй ибни ал-Х,асан», мутолиа афтода буд...» (2, 69).

Муаллифи китоби «Осор-ул-билод» Закариёи Казвинй ишора бар он дорад, ки шахсе бо номи Абулвафо Мухаммад ибни Мухаммад ал- Косими Ахсикатй (ваф.522/1128) аз девони Бохарзй мунтахабе тахия намудааст. Закариёи Казвинй теъдоди абёт ва номи ин мунтахабро чунин арзёбй кардааст:

«(Абулвафои Ахсикатй) аз девони у (яъне Абулхасани Бохарзй) байтхои зеботаринашро дар худуди хазор (1000) байт чамъоварй карда, онро «ал-Ахсан» номид» (14, 338). Агар бар сиххати кдвли Закариёи Казвинй тардид накунем, пас бояд бипазирем, ки «ал-Ахсан фи шеъри Алй ибни ал-Х,асан», ки Мухаммад Авфй онро номи девони Бохарзй зикр карда буд, аслан номи мунтахаби девони Бохарзй будааст.

Дар сарчашмахои адабиву таърихй мунтахаби девони Бохарзй бо номи дигари «Ихтияр-ул-бикр ас-саййиб мин шеъри Алй ибни Абитаййиб» низ зикр шуда ва тартибдихандаи он хамон

Абулвафои Ахсикатй эътироф шудааст (8, 27; 6, 39; 3, 37-38). Сомй Маккй ёдовар мешавад, ки нусхаи хамин мунтахаб дар китобхонаи «Дор-ул-кутуб ал-мисриййа»-и Миср тахти раками 31 мавчуд мебошад ва нусхаи дигари он бо номи «ал-Ахсан мин шеъри Бохарзй» дар музейи Бритониё, тахти раками 1359 махфуз аст (6, 39). Аз ин бармеояд, ки мунтахаби девони Бохарзй дар асрхои миёна бо ду ном маъруфият доштааст.

Лозим ба таъкид аст, ки мунтахаби девони Бохарзй тахти унвони «ал-Мултакату мин диван Абулхасан Алй ибни ал-Х,асан ал-Бохарзй» дар интихои баъзе аз нусхахои тазкираи «Думят-ул-каср»-и у оварда шудааст. Мухаккики араб Мухаммад Рогиб ат-Таббох тазкираи «Думят-ул-каср»-и Бохарзиро соли 1930 дар Х,алаб, бар асоси як нусхаи китобхонаи «Мадрасаи Ахмадия», ки тахти раками 1194 махфуз мебошад, ба нашр расонидааст ва дар охири он мунтахаби девон низ мулхак гардидааст (8, 27; 6, 39; 15, 167; 7, 1563).

Мунтахаби девони Абулхасани Бохарзй дар шакли алохида бори нахуст соли 1973 дар Бенгозй бо кушиши мухаккики араб Мухаммад ал-Тунчй бар асоси нусхае аз китобхонаи Вена ба табъ расидааст. Нашри дуввуми он, ки мавриди истифода дар ин макола карор гирифтааст, соли 1994 дар Бейрут сурат гирифтааст. Девони мазкур аз 1129 байт иборат буда, Мухаммад ал-Тунчй ашъори арабии Бохарзиро аз руи алифбои арабй мураттаб гардонидааст.

Дар сарчашмахои адабиву таърихии асрхои миёна намунахое аз ашъори Бохарзй оварда шудаанд. Аз чумла, Ёкути Хдмавй дар китоби «Муъчам-ул-удабо» 74 байт, Ибни Халликон дар китоби «Вафаёт-ул-аъён» 11 байт ва Авфй 5 байт шеъри арабии Бохарзиро сабт кардаанд (9, 33; 13, 387-388; 2,69). Бояд тазаккур дод, ки хамаи ин абёти дар сарчашмахои фавк овардашуда дар девони нашрнамудаи Мухаммад ал-Тунчй мавчуд мебошанд.

Бо вучуди ин, нашри Мухаммад ал-Тунчй фарогири тамоми ашъори бокимондаи Бохарзй нест. Чунончи, Сомй Маккй ал-Онй тазкираи «Думят-ул-каср»-и Бохарзиро соли 1971 дар Багдод, дар ду мучаллад ба табъ расонида, дар мукаддимаи он як марсияи панчбайтии Бохарзиро дар марги писари ягонааш овардааст, ки он дар девони нашршуда мавчуд нест (6, 46-47; 5, варакаи-89). Сониян, Мухаммад ал-Тунчй дар нашри девони

Бохарзй нусхахои маълуми девон ва мунтахаби онро бо сабабхои номаълум истифода накардааст. Табиист, ки агар чунин кор дар оянда сурат бигирад, теъдоди бештари абёти шоир дар дастраси ахли тахкик кдрор хохад гирифт. Алхол. девони ба нашр расидаи Бохарзй заминае мувофик, барои тахкик, дар осори манзуми у махсуб мешавад.

Девони Абулхасани Бохарзй бештар аз касидаю кдтъа иборат аст. Шумораи умумии касидахои шоир ба 36 адад мерасад. Дар баробари ин, дар девон касидахое ба назар мерасанд, ки комил нестанд ва абёти бехтарини онхо дар мавзуъхои гуногун ба таври гулчин оварда шудаанд.

Аксари касоиди девони арабии Абулхасани Бохарзй ба амирону вазирон ва шоирону намояндагони дигар табакахои мухталифи чамъиятй бахшида шудаанд. Чунончи, аглаби касидахои шоир, минчумла ломияи 57-байта, ломияи 51-байта ва боияи 28-байтаи у дар мадхи Низомулмулк ба калам омадаанд. Теъдоди дигаре аз касоиди у ба султон Тугралбек Абу Толиб, аввалин вазири машхури давлати Салчукиён Абунасри Кундурй, вазир Абулало Мухаммад ибни Алй ибни Хдсвал, халифаи давр Абдучаъфар Абдуллох ибн ал-^одир ал-Коим, раиси шахри Чурчон Абулмахосин ибни Мансур, амид Абутохи р Халаф ибни ал-Х,асан бахшида шуда, хамзамон иртиботи уро ба ахли сиёсати давр бозгуй мекунанд. Бохарзй инчунин касидахои алохидаашро ба дусти падараш Абухафс Умар ибни Алй ал-Мутавваъй ва ба дустони худ Абучаъфар ибни Мухтор ва Абулкосим Бакр ибн ал-Мустаин ва дигар ашхоси маъруфи замони хеш бахшидааст. Вале мундаричаи касоиди Бохарзй бо мадх махдуд набуда, дар касидахои у мавзуъхои дигар чун васф, хичо. марсия ва гайра ба назар мерасанд.

Китъа низ дар девони Бохарзй ба таври фаровон корбаст шуда ва шоир дар колаби ин шакли шеърй мавзуоти гуногунро ифода кардааст. Теъдоди умумии абёти китъахои Бохарзй 466 байтро ташкил медихад.

Ашъори Абулхасани Бохарзиро вобаста ба мундаричаи онхо метавон ба таври умумй ба мавзуоте, монанди мадх, гуфторхои хикматомез, фахр, марсия, хачву фахш, васф, газал, шиква ва ноумедй, васфи шароб ва махфилхои унс, сафедии cap, мехри ватан ва гайра дастабандй намуд. Пайваста ба ин ба таври чудогона

бархе аз мавзуотеро, ки дар ашъори худ Абулхасани Бохарзй ба онхо таваччухи хосса зохир намудааст, мавриди баррасй карор медихем:

Мадх. Яке аз мавзуоти мухимтарини девони ашъори Абулхасани Бохарзй мадху ситоиш мебошад. Мадхи Абулхасани Бохарзй аз доираи анъанахои шеъри арабй ва форсй берун нарафтааст. Аз чумла у низ мамдухро барои галаба дар чанг ва бартараф намудани ошубхо ситоиш мекунад, ахлоки нек ва хислатхои писандидаи уро таъкид мекунад, саховаташро на ба дарё, балки ба бахр монанд мекунад, зебоии хат, нигориш ва махорати каламкашиашро меситояд ва гайра. Ин кабил охангхо дар ашъори шоироне, чун Нобига, Ч,арир. Фараздак. Абунувос, Бухтурй, Абу Таммом, Мутанаббй ва гайра, ки саромадони мадх дар шеъри арабй буданд, такрор ба такрор садо додаанд ва ба мавзуоти анъанавии ашъори мадхй табдил ёфтаанд. Бохарзй низ ба пешгузаштагони худ пайравй кардааст ва дар ин чода истеъдоду махорат ва эхсосоти шоиронаи худро ба вачхе ахсан ба зухур овардааст.

Аглаби мадхияхои Абулхасани Бохарзй дар пайравй аз шои-рони гузашта бо васфи атлолу даман ofo3 меёбад, махсусан агар мадхшаванда халифаи давр ё Низомулмулк ё Кундурй бошанд. Дар баробари ин, дар баъзе мадхияхо шоир ба чои таллу теппахо ва вахшу туюре, ки ба шоирони кадими араб маънус буданд, ба зохирахои тамаддуни фарханги замону макони худ руй меорад. Чунончи, дар шеъре ки дар мадхи халифа ал-Коим сурудааст, у ба Дачлаву Фурот-ду дарёи маъруфи билоди араб руй меоварад: Кул ли-л-Фуроти: алам таспищйи ро.уата.уу Хаттацтадайта би.уи? Анна ва ло карабо! Ва цул ли Дацлата гизй инда мин^апищи Фацад асаъти бицорй файзаки-л-адаба (Ба Фурот бигуй: Оё аз рохати у шарм накардй, ки ба у иктидо кардй? Во хасрато...Ба Дачла бигуй, ки хини атои у ту кам шав. Бешак, бо фаровон чорй шудани худ беодобй кардй) (3, 74; 7, 43).

Мухтавои ин абёт ба як нуктаи чолиби услуби ашъори Бохарзй ишорат мекунад: шоир дар огози шеърхои худ вожагон ё худ тамсилотеро ба кор мегирад, ки хамагй ба шахсияти мамдух тааллук доранд. Масалан, дар абёти боло дарёхои «Фурот» ва «Дачла» бо оромиву бузургй ва саховатмандиву фаровонй

тимсоли хамон халифаест, ки дар фароварди абёт шоир кудрати уро мадх мекунад.

Мухимтарии фазилате, ки Абулхасани Бохарзй дар шахси мадхшаванда мавриди ситоиш кдрор медихад, ин пеш аз хама саховати аз хад беши у аст. Абулхасани Бохарзй бад-ин васила шахси мадхшавандаро ба атои бештар таргиб мекард, бинобар ин шахси мамдухро гохо чунин тасвир мекард, ки у ба ичобат намудани чизи аз вай хосташуда кудрати фавкулоддае дорад. Чунончй, шоир вазир Абунасри Кундуриро ба деви Сулаймон ташбех додааст ва чое шахси мадхшавандаро чун пахлавони далери нотарс ба таври зайл ба калам додааст: Каанна фй хоталпщи х;айсумо Авмо бщи фассу Сулаймони Шодат йаду-д-давлати арконсщу Сумма х,аво аъзама бунйони (Гуё дар ангуштарии у нигини Сулаймон аст, ки хар чо ба он ишора кунад, обод гардад. Чое бо дастони худ биное бардошт ва чойи дигар бинои бузурге ба замин яксон кард) (3, 192-193).

Абулхасани Бохарзй дар касидаи ломияе, ки дар тавсифи Низомулмулк (57 байт) навиштааст, дар баробари васфи асолату начобату саховати мамдух ва иктидори у дар халли мушкилоти давлат, махораташ дар хондани хутбаву донистани улуми давр мавриди мадху тамчид карор медихад. Маълум аст, ки Низомулмулк дар тамоми муддати вазир буданаш, ки 30 сол идома ёфта буд, бо ахли дину илм ва адаб робитаи кавй дошта, мачлисхоеро барпо менамуд, ки дар он факехону суфиёнро чамъ меовард ва ба онхо инъомхо такдим мекард (4, 495; 7, 1558). Бохарзй миннатдории худро нисбати вазир Низомулмулк дарег намедорад ва кайд мекунад, ки махз ба шарофати вазир Бохарзй ба тавфик даст ёфтааст:

Аноманй malina зилли-л-амни из натащат Мин фавци раъсй циболу-л-хавфи каззулали Ва мо насийту ва ло ансаътисомия мин Ч,иворих,и биъура-л-асбоби ва-л-вусали Изалтацайту бих,й фй мавцифин шарицат Минх,у-ш-шуъобу бисайли-л-хайли ва-л-хували (Ман зери сояи амни у ором хобидам ва аз болои сарам к^хи хавфу хатар дур шуд. Ман харгиз фаромуш накардаам ва нахохам кард, ки

ба суйи у нанох бурдам чун чорае наёфтам. Чун бо у чое вохурдам, аз атову бахшиши фаровони у, хамачо сероб гашт) (3, 160).

Ин чанд намуна ба далели «мушт-намунаи хирвор» аз макоми хоссаи мадху ситоиш дар ашъори Бохарзй шаходат медихад. Арзиши хупарй ва мавзуии ин навъ ашъори Бохарзй кобили таъкид аст. Дар канори ин, мадхияхои шоир дар муаррифии шахсияти салотину вазирони хамасри у арзиши муайян доранд.

Дигар аз мавзуоти мухими ашъори Абулхасани Бохарзй панду анщрз махсуб мешавад. Абулхасани Бохарзй чун омузгори рузгордида дар ашъори худ ахлокд хамидаи инсониро ситоиш намуда, дар баробари ин хислатхои зишт ва одатхои норавои чомеаро мазаммат кардааст. Бад-ин васила шоир дар тавсеаи охангхои ахлокй дар шеъри арабизабони давр накдни худро гузоштааст. Аглаби мазмунхои ахлокй, ки дар шеъри Бохарзй тараннум шудаанд, анъанавй хастанд. Дар баробари ин, шоир баъзан аз доираи мавзуоти анъанавй берун баромада, насихатхоеро дар колаби шеър ироа кардааст, ки гайримаъмулй ба назар мерасанд. Чунончи, шоир хонадор шуданро ба хешовандон раво намебинад ва талкин мекунад, ки мард бояд бо зани бегона издивоч кунад, то фарзанди солим ба вучуд орад. Ин панд, ки дурустиашро илми муосир низ тасдик мекунад, шояд махсули тачрибаи рузгори шоир бошад. Ба хар ойин, ин панд дар колаби шеъри Бохарзй чунин ифода ёфтааст: Ин талабта-л-инцоба фантщ гарибан Ва ила-л-ацрабина ло татавассал Фаашаффу-с-симори шибан ва ууснан Самарун гусну^у гарибун мувассал (Агар фарзанд хохй, бегонаро ба занй гир ва аз хешовандон дурй бичуй, зеро бехтарин мева хамон аст, ки шохаш аз дигар дарахт пайванд бошад) (3, 168).

Шикоят аз замона яке дигар аз мавзуоти ашъори пандомези Бохарзй махсуб мешавад. Мазмуни ичтимоии шикояти Бохарзй аз замон ба воситаи гузориши мавзуи танкиди хунарношиносии айём ва шиква аз хории ахли хунар зухури бештар меёбад. Бо гузориши ин мавзуъ масъалаи шахе ва чомеа ба масъалаи шоир ва чомеа мегузарад. Яке аз сабабхои норизоии Бохарзй аз замон кадрношиносии он нисбат ба сухан ва ахли он будааст. Аз гуфтахои шоир чунин бармеояд, ки шахсони бохунар мавриди

Сг- ™ — — _ УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ 17 ~

таваччуху эътибори арбоби замон карор нагирифта, хунари эшон хор ва касод шудааст. Бохарзй марди боаслро ба боз, ки паррандаи азиз аст, вале ба cap чизе надорад ва мардони беаслу пастро ба худхуд паррандае, ки хатто хуб парвоз карда иаметавоиаду ба сари худ точ дорад, хело зебо ташбех додаст: Ло тункирй йо ъиззу ин залла-л-фато Зу-л-асли вастаъла лаиму-л-муутади Инна-л-бузота руъусу^унна ъавотилу Ва-т-тоцу мащудун бираъси-л-уудууди (Эй азизам, хайрон нашав, агар чавони сохибасле хор гардаду лайме боло равад, зеро боз бар cap чизе надораду точ бар сари худхуд аст) (Х,амон чо, 101; 7, 651).

Бохарзй дар ашъори пандуахлокди худ образи «худхуд»-ро зиёд ба кор гирифтааст. Аз чумла, шоир дар абёти дигар низ марди разилро ба «худхуд» ташбех дода, кайд мекунад, ки нокас бо пушидани точу дебоч бузургвору асилзода намегардад, хамчунон ки худхуд бо точе, ки дар cap дорад, аз буи бади худ начот намеёбад. Ин маънй, ки бар кдёси зебои шоирона устувор аст, бад-ин тарз баён шудааст:

Ла йашруфу-р-разлу биан йактасй Мина-л-гино тоцан ва дибоцан Ва %ал наца-л-^уд^уду мин натни.уй Билубащи-д-дибоца ва-т-тоуо? (Шахси разил бо пушидани точу дебоч шариф намегардад, хамчунон ки точи худхуд буйи бади онро дур намекунад) (3, 86; 7, 651).

Яке аз мавзуоти дигари ашъори арабии Бохарзй фахр аст, ки он дар шеъри арабхо аз кадим ривоч дошт. Ашъори фахрия дар назми форсу точик низ мутадовил буд. Бохарзй ба пайравй аз анъанахои ин навъ шеъри пешгузаштагон бо фазилатхои ахлокдву маънавии шахсияти худ тафохур кардааст. Аз чумла, дар баъзе аз шеърхояш Бохарзй бо лоуболй ва шаробнушии худ фахр мекунад. Дар асл инхо мавзуъхое мебошанд, ки пеш аз у шоироне мисли Абунувосу Башшор дар ашъори фахрия ба он таваччух зохир кардаанд. Бохарзй кадру манзалати рафеъи худро, ки натичаи донишу маърифат ва истеъдоди адабиаш буд, дарк мекард ва дар заминаи шинохти чойгохи хеш дар чомеа бад-ин минвол тафохур мекард:

Ва ласту лиарзи-л-.ууни уилсан ва ин арум

Самоан мина-л-цо^и-р-рафиъи фаацдир бй (Ман палоси замини зиллат нестам. Агар макоми осмониро хостам, он сазовори ман аст) (Х,амон чо, 69).

Бохарзй часорату мардонагнашро низ сутуда, дар майдони набард худро ба шери жаён монанд кардааст, ки бо наъраи баланд гуши душманро кар мекунад. Ифтихори Бохарзй аз кахрамониву шучоаташ дар колаби абёти зерин пайрезй шудааст: А йури-л-ъадувву ва цад таъадда тавра^у Алла ашуща симохауу бизаъирй Ва йадй мусоидатй ва сайфй соъидй Ва-р-рулщу заурй ea-с-синону зсщирй (Оё душман, ки аз хадди худ гузаштааст, гумон дорад, ки бо наъраи хеш гушашро намедаронам? Дар холе, ки дастонам мададгори ману шамшерам бозуи ман аст, найза пуштибони ману теги он ёри ман аст) (Х,амон чо, 109).

Дар зиндагиномаи Бохарзй ва ё зимни шеърхояш матлаберо наметавон пайдо кард, ки ба иштироки $ дар чанге ишора кунад. Мусаллам аст, ки абёти ифтихоромези фавк махсули пайравй ба мазмунхои ашъори фахриясароёни каблй аст.

Мояи дигари ифтихори Бохарзй шеъру шоирии уст. Лозим ба таъкид аст, ки ин навъи «фахр» махсуси шоирони хар давру замон аст. Дар таърихи назми Арабу Ачам аксари шуаро бо нубугу истеъдоди шоирй ва шеъри ноби худ болидаанд. Абулхасани Бохарзй низ дар ин рох гом бардошта, шеърашро сабаби сарбаландй ва ифтихораш донистааст. Шоир ба касоне, ки чойгохи баланди уро орзу мекунанд, чунин нидо мекунад: Кул лиллазй йабтагй цох;й ва манзалатй: Роциъ йацинака вастакшиф гайобата.уу ФалП цавофин салибна-н-шщла рицатауу Валмоа рицатауу ва-с-сих,ра рущйата.уу (Ба он касе, ки макому манзалатй маро мехохад, бигуй: Ба якинат дуруст нигар, манзалатй маро нахохй ёфт. Зеро маро шеърест, ки аз занбур неш рабудааст ва аз об назокату аз сехр афсун) (Хдмон чо, 82: 7, 43).

Ба таври умум, Абулхасани Бохарзй бо шахси худ ва шеъраш камтар фахр кардааст, аммо бо китоби «Думят-ул-каср ва усрату ахл-ил-аср»-аш ифтихори зиёд дорад. У такрор ба такрор беназир будани ин китобро даъво мекунад ва он машаккате. ки

дар таълифи он аз cap гузаронидааст, хеле зиёд ба тасвир меорад. Он касидахо. ки дар хотимаи китоб дар таъзим ва ситоиши кори Бохарзй гуфта шудаанд, хакикати ифтихори уро бо ин китоби гаронкддр таъйид мекунанд (Х,амон до, 1521-1528).

Мавзуи дигар аз мавзуоти ашъори Бохарзй рисо, яъне сурудани марсия дар сугвории фавтидагон аст. Ин навъ ашъор хадафи зикри манокдби шахси фавтида ва ибрози андуху гамро дар пай доранд ва маъмулан таъсирбахш ва саршор аз аламу дард мебошанд.

Марсияхои пурсузу гудози Бохарзй ба муносибати марги падар ва модараш ба калам омадаанд. Дар кисматхои бокимонда аз ин марсияхо эхсоси дард ва сузиши дили шоир аён хастанд. Бино бар ин, андешаи мухаккики муосири араб Мухаммад ал-Тундиро дар бораи он, ки марсияхои мазкур аз эхсос холй буда, пур аз санъатхоеанд, ки рухи шеърро нобуд мекунанд, пазируфтан душвор аст. Абулхасани Бохарзй аз рафтани падараш ба дунёи фонй навха мекашад ва мегуяд, ки падараш дар вакти ба мусибат гирифтор гаштани Бохарзй, хангоми эхтиёди шадиди у ба насихатхову васиятхои падари бузургвор ва мехрубону гамхораш уро тарк карда ва мутаассифона дар кабри торику вахшатнок, зери хок хобидааст. Падари Абулхасани Бохарзй яке аз дустони Саолибии Нишопурй ва яке аз шахсони баруманди даврони хеш махсуб мегашт. Махз падараш буд, ки дар такомули шахсияти илмиву эдодии вай накши мухим гузошта буд. Аз ин ру. Бохарзй дар тавсифи падараш гуфтааст, ки у равнаки замона буду бо рафтани вай аз «равнак» «вов»-аш рафт, яъне дунё «ранк»-тираву тор гашт:

Д о ана зо совийст бимазиъатин Ва волидй фй зари%и%и совин К,ад кона ли-д-да.ури равнсщан фамазо Факуллу.уу равнсщун било вовин (Ман акнун ба мусибате гирифтораму падарам дар кабри худ дар зери хок аст. У равнаки замона буду бо рафтанаш тамоми равнак бидуни вов гашт) (3, 212).

Марсияе, ки Бохарзй ба модараш бахшидааст, низ хело долиб аст. Дар он шоир бо истифода аз санъати тазод дарди пурсузи худро аз фавти модараш баён карда ва гуфтааст: гарчанде ки модараш дар зери кабр асту кабр наздик аст, аммо ба чунин наздикй

наметавон харгиз наздик шуд:

А волидатй баъудти ала-т-таданй Файо ацабан мина-д-дони-л-баъиди! Ва кона лано дуоуки фй суъудин Факайфа-н^атта мин пкщпш-с-саъиди? (Аё модар, дур шудй бо он, ки мо ба хам наздикем. Эй ачаб наздикие, ки дурй аст. Дуои ту барои мо хар дам баланд мешуд. Чй тавр он акнун зери хок до гирифт) (Х,амон до, 99).

Дар миёни ашъори арабии Абулхасани Бохарзй хамчунин абёте ба назар мерасанд, ки аз лихози мазмун онхо ба жанри газал тааллук доранд, вале ин абёт на дар васфи занон, балки дар ситоиши давонон гуфта шудаанд. Ин шеваи газалгуй. ки бо номи «ал-газал бил-музаккар» дар адабиёти араб маъруф аст, аз ашъори Абу Нувос ва хамасрони у-шуарои асри VIII сарчашма мегирад. Бино ба навъи гайри маъмулии газал будани он абёти Бохарзй мо аз тахлили онхо сарфи назар мекунем. Дар айни замон бояд таъкид кард, ки Бохарзй нисбат ба зан назари хоси худро дорад, ки он манфй аст. Чунончи у дар ашъори худ одати арабхои тоисломиро дар бораи зиндабагур кардани духтарон чонибдорй карда, дар ин хусус гуфтааст:

Алцабру ахфо сатратан лилбаноти Ва дафну^о йурво мина-л-макрумоти Ама раъайта-л-лоуа ъаззасму.уу К,ад вазаъа-н-наыиа бицанби-л-банот? (Кабр барои духтарон пардаи хубе аст ва дафн кардани у аз амалхои хуб махсуб мешавад. Оё намебинй, ки Худо тобутро пахлуи занон гузошт) (3, 82).

Ба гумони голиб, чунин назари манфии Бохарзй аз тачрибаи нокоме дар зиндагиаш, ки сабабгори он зан будааст, шояд сарчашма гирифта бошад.

Дар мачмуъ, дар сурудахои арабии Бохарзй мухимтарин мавзуоти рузгори инсонй, аз чумла, мадху ситоиш, ки дар он айём аз мавзуоти мустаъмали адабиёти арабизабони форсу точик махсуб меёфт, хамзамон талкини хираду ахлокй хамида тачассуми равшан доранд. Марсияхои шоир бошанд бештар нисбат ба дустону устодон ва наздикони вай ба калам омада, баробари ифодаи сузу гудоз фазилатхои барчастаи инсониро дар симои ин ашхос тасвир намудааст.

ПАЙНАВИШТ:

1.Абдуллоев И. Поэзия на ара беком языке в Средней Азии и Хорасане Х- начала XI В.- Ташкент: Фан, 1984

2.Авфй, Мухаммад. Лубоб-ул-албоб, д. 1-2. Ба саъй ва эхтимоми Э. Браун,- Лайден, 1901-1903

3.ал-Тундй, Мухаммад. ал-Бохарзй, хайотуху, шеъруху ва дивонуху. -Байрут: Дору Содир, 1994

4.Бертельс, Е.Э. История персидско-таджикской литературы. Избранные труды. - М.: Изд-во восточной литературы, 1960

5.Бохарзй, Абулхасан Алй ибни ал-Хасан. Дивонуху. Дастхат дар китобхонаи Багдод махфуз аст.

6.Бохарзй, Абулхасан. Думят-ул-каср ва усрату ахл-ил-аср, д. 1,-Багдод: ал-Маориф, 1391/1971

7.Бохарзй, Алй ибни ал-Хасан ибни Алй ибни Абитаййиб. Думят-ул-каср ва усрату ахл-ил-аср, д. 1-3. -Байрут: Дору Ч,айл,1414/1993

8.Броккелман, Карл. Таърихи адабиёти араб. Тардумаи Абдулхалим Наддор ва Яъкуб Бакр, д.5. - Кохира: Дор ал-Маориф, 1965

9.Ёкут ал- Хамавй. Муъдам-ул-удабо, д. 13-14. Дор ал-Фикр, 1400/ 1980

10. Захабй, Шамсуддин. Таърих ал-ислом ва табакоту машохир ал-аълом, д.7. Дастхат дар Багдод, тахти раками 5982 махфуз аст.

11. Ибни Димётй, Ахмад. Ал-Мустафад мин зили таърих ал-Багдод, д. 19. Дор ал-Фикр (бидуни солинашр)

12. Ибни Касир, Имодуддин Абулфадаъ Исмоил ибни Умар. ал-Бидояту ва-н-нихояту фи таърих, д. 12. - Миср, 1932

13. Ибни Халликон. Вафаёт-ул-аъйон ва анбоу абно аз-замон, Ч. 3,- Байрут: Дор Содир (бидуни соли нашр)

14. Казвинй. Закариё. Осор-ул-билод ваахбор-ул-ибод. -Байрут, 1389/1969

15.Тохир, Алй Чдввод. аш-Шеър-ул-араби фил-Ирок, ва билод-ил-адам фил-асри ас-Салдук,й. - Багдод, 1958

16.Халифа, Ходй. Кашф-уз-зунун, ч.2. - Байрут: Дор ал-кутуб ал-илмиййа, 1971

ПДанбалй, Абдулхай. Шазарот-уз-захаб. - Миср, 1351/1932

— 22 -С НОМАИ ДОНИШГОХ J

Некоторые тематические особенности поэзии Абулхасана Бохарзй

Д.Абдурахмоноеа

Ключевые слова: арабоязычный период персидско-таджикской литературы, творчество Абулхасана Бохарзй, тематические особенности арабского дивана Бохарзй, панегирик

В статье анализируются тематические особенности арабоязычной поэзии Абулхасана Бохарзй. На основе изучения дивана поэта предпринята попытка выявления вклада Бохарзй в развитие традиционных тем средневековой арабской поэзии.

Some Thematic Peculiarities of Abdulkhasatt Bokharzi's Poetry D. Abdurakhmonova

Key words: Arabic period of Persian-Tajik literature, Abulkhasan Bokharzi s creation, thematic peculiarities of Bokharzi's Arabic divan, eulogy

The article dwells on the thematic peculiarities of Abulkhasan Bokharzi s poetry written in Arabic. The author makes an endeavour to elicit Bokharzi s contribution into the development of traditional themes of the mediaeval Arabic poetry proceeding from the poet s divan.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.