УДК 81 ББК 81.2-7
МУЛО^ИЗА^О ДАР БОРАИ БАЪЗЕ
вижагщои тарчумаи
ВФ "МАСНАВИИ МАЪНАВИ"БА ЗАБОНХ^ОИ РУСИЮ АНГЛИСИ
НЕКОТОРЫЕ ЗАМЕЧАНИЯ ОБ ОСОБЕННОСТЯХ ПЕРЕВОДА ФЕ «МАСНАВИМАЪНАВИ» НА РУССКИЙ И АНГЛИЙСКИЙ
ЯЗЫКИ
Муминова Шахзода, омузгори кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забощои хориции МДТ "ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)
Муминова Шахзода, преподаватель кафедры теории и практики английского языка ГОУ «ХГУ им. акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)
SOME NOTES ON THE PECULIARITIES CONCERNED WITH THE TRANSLATION OF "MASNAVIMANAVI" PHUs INTO RUSSIAN AND ENGLISH LANGUAGES
Muminova Shakhnoza, assistant of the department of theory and practice of the English language under the SEI "KhSU named after academician B. Gafurov" ( Tajikistan, Khujand) E-MAIL: shahzodakhonum@mail.ru
Калидвожщо: "Маснавии маънавй "-и Цалолуддини Румй, тарцумаи "Маснавт маънавй" ба русй ва англисй, Р.Николсон, воуидуои фразеологй, таснифи ВФ, тарцумаи таутуллафзй (калка), тарцуманашавандагии ВФ
Дар мацола яке аз усулууои тарцумаи воуидуои фразеологии "Маснавии маънавйй "-и Цалолуддини Румй ба забонуои русию англисй - усули тарцумаи таутул-лафзй (калка) ба риштаи таулил кашида шудааст. Собит гардидааст, ки назарияи тарцуманашавандагии воуидуои фразеологй хусусияти мутлац надорад. Таснифи усулуои тарцумаи воуидуои фразеологй пешниуод шудааст. Дар намунаи мисолуои фактологй исбот шудааст, ки тарцумаи таутуллафзии ВФ "Маснавии маънавй", ки устод Р.Николсон ба субут расонидааст ва тарцумаи русии онуо бидуни истифодаи муодилуо дахлдор дар забонуои мавриди тарцума ба хонандагон фаумо мебошанд. Махсусан таъкид гардидааст, ки хулосауои мацола хусусияти муцаддамотй доранд.
Ключевые слова: «Поэма о скрытом смысле» Джалалиддина Руми, перевод «Маснави ма^нави» на русский и английский языки, Р.Никольсон, ФЕ, классификация ФЕ, калькирование и непереводимость ФЕ
Предпринята попытка анализа переводов фразеологических единиц из «Поэмы о скрытом смысле» Джалалиддина Руми на русский и английский языки с помощью приёма калькирования, или дословного перевода. Доказывается, что теория о непереводимости фразеологических единиц не имеет абсолютного характера. Предложена классификация принципов перевода фразеологических единиц. На фактологическом материале показано, что дословный перевод ФЕ на английский язык, осуществлённый известным востоковедом Рональдом Никольсоном, и дословный перевод аналогичных ФЕ из поэмы Руми, сделанный русскими переводчиками, вполне доступны пониманию
английских и русских читателей. Особо подчеркивается, что выводы статьи имеют предварительный характер.
Key words: Djaloliddin Rumi's "The Poem about the Concealed Sense", translation of
"Masnavi Manavi" into Russian and English, R. Nicolson, PhUs, classification of PhUs,
making loan translation and non-translatability of PhUs
The author of the article makes an endeavour of analyzing translations of phraseological units from Djaloliddin Rumi's "The Poem about the Concealed Sense" into Russian and English languages by means of the device of resorting to calques, or word-for-word transference. It is proved that the theory of non-translatability of phraseological units is deprived of absolute character. She proposes a classification of translation principles in regard to phraseological units. The factological material demonstrates that the word-for-word translation of PhUs into English made by famous Orientalist Ronald Nicolson and the word-for-word translation from analogical ones of Rumi's poem effectuated by Russian translators are quite intelligible for understanding both with English and Russian readers.
Тарчумашиносй чун илми муста;ил дар точикшиносй шакл нагирифтааст, бинобар ин дар ин самт асархои умдаи назариявй хануз арзи хастй накардаанд. То имруз чанбахои забоншиносии тарчумаи асархои бадей аз забони точикй ба забонхои дигар мавриди омузиши бояду шояд ;арор нагирифтааст ва табиист, ки консепсияхои илмии тарчумаи асархои бадей аз забони точикй ба дигар забонхои дунё ва баръакс вучуд надоранд. Хол он ки дар илми забоншиносии муосир масъалаи му;оисаи забонхо дар маводи адабиёти тарчумавй ма;оми махсусро ишгол мекунад.
Мусаллам аст, ки боигарию гановати забон аз бисёр чихат ба рамзу киноя, тамсил , дигар усулхои бадей, ки ба онхо маънохои мачозй хосанд ва тавассути онхо муаллиф ниятхои эчодиву а;оидашро дар шакли чаззоб ифода мекунад, вобаста мебошад. Дар ин бобат иборахои рехта ё фразеологизму, ки "хамчун масолехи дар тули ;арнхо рехтаю усуворгардидаи забон дар шакли ;олабхои тайёр ва ба маънихои пешакй маълум истифода бурда мешаванд" (1,с.4) мав;еи махсусро ишгол мекунанд. Тад;и;и тарзу усулхои ба забонхои дигар тарчума шудани вохидхои фразеологй яке аз масъалахои мубрами забоншиносй мебошад. Дар забоншиносии муосири точик дар ин мавзуъ асархои ангуштшумор таълиф гардидаанд. Дар ин бобат пеш аз хама асари М.М.Мирзоева "Вохидхои фразеологии С.Айнй ва тарзхои тарчумаи онхо ба забони русй"-ро зикр кардан лозим аст, ки дар асоси маводи китобхои "Марги судхур" ва "Ёддоштхо" ба анчом расидааст. (2) Рисолаи номзадии М.М.Саидхочаева дар мавзуи тарчумаи вохидхои фразеологии точикй ба русй дар асоси маводи романи "Шуроб"-и Рахим Ч,алил сурат гирифтааст.(З) Fайр аз рисолахои мазкур бахшида ба мавзуи мавриди назар якчанд ма;ола таълиф шудааст. Д.Б.Бойматова тарчумаи вохидхои фразеологии романи "Духтари оташ"-и Ч,алол Икромиро ба забони фаронсавй аз нигохи маъно ба риштаи тахлил кашидааст (4). Вижагихои тарчумаи вохидхои фразеологии фочеаи У.Шекспир "Хамлет" ба забонхои точикию русй дар ма;олаи М.Р.Сайфитдинова мавриди баррасй ;арор гирифтааст.(5)
Дар ин навишта мо тасмим гирифтем тарчумаи баъзе вохидхои фразеологии "Маснавии маънавй"-и Чдлолуддини Румиро ба забонхои русию англисй тадлил намоем. Ба сифати маводи тах;и; тарчумаи англисии "Маснавй", ки ба ;алами
шар;шиноси барчастаи англис Роналд Николсон тааллу; дорад (6) ва тарчумаи русии асар, ки аз чониби як зумра эроншиносони маъруфи рус сурат гирифтааст (7), интихоб гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки дар забоншиносии рус доир ба вижагих,ои тарчумаи вох,идх,ои фразеологй корх,ои зиёд ба субут расидааст. Мо дар ма;ола мулох,изах,ои назариявии забоншиноси маъруфи рус В.В.Виноградовро, ки дар фасли "Вох,идх,ои фразеологй дар забони асл ва тарчума" -и китоби "Му;аддимаи тарчумашиносй" (8) ироа доштааст, ба рохбарй гирифтем. Хдмчунин дар баъзе мавридх,о мулох,изах,ои хеле чолиби С. Влахов ва С. Флорин, ки дар китоби "Тарчуманашаванда дар тарчума"(9) зикр шудаанд, истифода гардидаанд.
Добили зикр аст, ки дар назарияю амалияи тарчума вох,идх,ои фразеологй ба категорияи ба ном ифодадои "тарчуманашаванда" -и забон мансуб дониста шудаанд. Вале назарияи тарчуманашавандагиро амалияи зиндаи тарчумонй рад мекунад. Бинобар ин метавон гуфт, ки "тарчуманашавандагй"-и ВФ хусусияти нисбй дорад ва дар амалияи тарчума восита^ои муассири инти;оли ВФ аз як забон ба забони дигар мавчуд аст.
С. Влахов ва С. Флорин хдфт усули тарчумаи ВФ-ро пешних,од кардаанд: 1. Муодили пурра, 2. Муодили нопурра, 3. Киёс, 4. Калка, 5. Тарчумаи тавсифй, 6. Таъвизи контекстуалй; 7. Талофй ё чуброн (9, с.184-195). Дар ма;олаи худ мо як усули тарчумаи баъзе аз ВФ "Маснавии маънавй"-ро ба забонх,ои русию англисй - усули тарчумаи тахтулафзй ё калкаро баррасй мекунем, бинобар ин бо ма;сади канорачуй аз итноб тавсифу таърифи танх,о хдмин усулро меорем. Чи тавре ки С. Влахов ва С. Флорин мегуянд: "Тарчумаи тахтулафзии ВФ ё калкаи онх,о дар мавридхое истифода мешавад, ки бо дигар усулро ифода намудани маънои пурраи семантикию услубй ва экспрессивию э^сосии ВФ имконнопазир аст, вале бо ин ё он сабаб ба назари хонанда расонидани асоси образии ВФ матлуб мебошад. (9,с.194)
Албатта, хдмаи тарчумон^о кушиш ба харч медихднд, ки фразеологизмро бо фразеологизм тарчума кунанд, зеро ин талаби асосии назарияи тарчума аст. Вале ин кор на хдмеша имконпазир аст. Дар забони тарчума мумкин аст фразеологияи аз лих,ози му^таво бо фразеологизми забони асл баробар мавчуд набошад ё бошаду аз чихдти хусусиятх,ои услубй ;обили ;абул набошад. Талаботи асосй нисбат ба тарчумаи тах,туллафзй ифодаи на танх,о маънои ВФ, балки экспрессивияту вазифа^ои услубии он низ мебошад.
Забоншиноси точик Х.Мачидов ВФ-ро ба се гурухд семантикй чудо кардааст: идиомах,о, фразема^о, фразеологизм^ои гайриидиоматикй (1, с.29,35). Гурухи аввал, яъне идиомах,оро тах,туллафзй тарчума кардан имконнопазир аст, зеро онх,о дорои маънои яклухт ва ба х,иссах,о чудонашаванда мебошанд. (1, с.30) Масалан, фразеологизми маъруфи "гурги борондида"-ро гирем. Ин ВФ ба маънои "одами гарму сарди ^аётро чашида, пуртачриба, маккор" (10,.1,с.242) ба кор меравад. Агар онро ба забондои русй ва англисй бо усули калка тарчума кунем, аз ибораи "волк увидевший дождь" хонандаи рус ва аз ибораи "The wolf who had seen the rain" хонандагони англисзабон х,еч чизро намефах,манд. Бинобар ин, хднгоми тарчума аз муодилх,ои русии "стреляный воробей"- очень опытный человек, которого трудно обмануть, бывалый человек (11, с.78), ё "тёртый калач"- очень опытный человек, которого трудно провести, бывалый человек" (11, с.191) истифода мебаранд. Ба
забони англисй ин фразеологизм бо муодили "Old stager" "Old stager" old coon, old birds тарчума мешавад. ( 12,с.782)
Маъмулан, усули калка хангоми тарчумаи фразеологизмхои гайриидиоматикй мавриди истифода карор мегирад, зеро маънои яклухти онхо дар асоси маънохои лугавии калимахои таркибашон ба вучуд меоянд. (1, с.35) Ба ибораи дигар маънои фразеологизмхои гайриидиоматикй ба чамъи маънохои чузъхои таркибии онхо баробар аст. Дар чунин фразеологизму ходисаю рухдодхои вокеии хаёт, ашё, аломату хусусият, амалу холат ва гайра инъикос мегарданд. Бар хилофи идиомахо ифодахои устувори гайриидиоматикй муродифи лугавии худро надоранд."Дар байни ягонагидои фразеологии забони бегона,- мегуяд Н.М. Шанский,-тандо он фразеологизмдо ба судулат калка мешаванд, ки тарчумаи тадтуллафзии ондо тамоми махсусиятдои забонию услубии нусхаи аслро нигод медоранд.(13, с.147)
Хднгоми истифодаи усули калка тарчумон бояд хадди аксари эхтиётро ба кор барад, то маънои калимахои алохида тахриф нашавад. Агар тарчумаи тахтуллафз сахех ва хушсифат анчом дода шавад, он ба ганигардии забони тарчума бо вохидхои нав бо рохи иктибос мусоидат мекунад.
Дар тарчумаи "Маснавии маънавй" ба забонхои русию англисй усули тахтуллафзй фаровон ба кор рафтааст. Сабаби ин ходиса ба гайр аз нуктахои дар боло зикршуда, эхтимолан он бояд бошад, ки хам тарчумаи англисй ва хам тарчумаи русй ба маънои том тарчумаи бадей нестанд. Онхо тарчумаи филологии матн мебошанд, бинобар ин мутарчимон барои хатталимкон ба матни асл мутобику мувофи; намудани тарчума кушиш ба харч додаанд. Барои тасдики ин иддао ду тарчумаи байти нахусти "Маснавии маънавй"-ро меорем:
Прислушайся к голосу флейты- о чем она плачет, скорбит, О горестях вечной разлуки, о горечи прошлых обид. Тарчумони байт шоири рус Владимир Державин аст (14, с.237). Х,амин байт дар тарчумаи мавриди истифодаи мо дар шакли зайл омадааст: Послушай эту свирель, как она жалуется, О разделениях повествование ведет:(7, с.51). Як нигоди сатдй кофист, то собит гардад, ки тарчумаи дувум айни маънои нусхаи аслро ифода кардаст, дарчанд бадеияти тарчумаи аввалро надорад.
Дар поён ба тадлили бевоситаи тарчумаи ВФ аз «Маснавии маънавй» ба забондои русию англисй бо усули калка мепардозем. Кдблан нуктаи зеринро махсус таъкид кардан лозим аст: дар тарчумаи русй ба абёти мавриди назари мо адёнан дар поварак шарду тавзед замима шудааст. Дар тарчумаи англисй бошад, устод Николсон се чилд тавзедот навиштааст ва амалан дар дамаи мавриддо шарди водиди фразеологй ва баъзан муодилдои ондоро низ зикр кардааст.
Дар забони точикй ибораи фразеологии хеле маъруфи "охани сард куфтан" ба маънои "кори бецударо анцом додан" хеле маъруф аст. Румй мегуяд: Чанд кубем охани сарде зи гай? Дардамидан дар кафас хин то ба кай? (3/3078) Чи тавре ки мебинем, Румй дар ин байт ду вохиди фразеологиро - охани сард куфтан ва дардамидан дар кафас ба як маъно ба кор бурдааст. Ин вохиди фразеологй дар забони точикй вариантхои гуногун дорад. Аз чумла, дар "Фарханги киноя" панчоху як варианти фразеологизми мазкур зикр шудааст. (16, с.994-1001) ва хеч кас
бо катъият гуфта наметавонад, ки Мансури Мирзониё хамаи вариантхои дар забони форсии точикй бударо ёфтааст. Далели боризи ин сухан варианти "аз анбони тизй панир чустан" аст, ки дар фарданги мазкур наёмадааст, вале дар "Маснавии маънавй" дучор мешавад:
То ки шуд дар шахр маъруфу шахир, К-у зи анбони тизй чуяд панир. (3/1483)
Бино ба шарди Карими Замонй "мисраи дувум шабеди зарбулмасали муй бар кафи даст баромадан аст ва ин киноя аз амре мудол аст" (15, 3, с.377)
Дар забони русй фразеологизми мазкур муодили пурра дорад: "носить воду решетом» - ирон. делать, что-либо заведемо впустую, без результата" (11, с.286). Тарчумаи русии байт:
Доколе мы будем ковать железо холодное из-за заблуждения? Вдувание (воздуха) в клетку, эй, доколе (будет продолжаться)?» Тарчумон хар ду вохиди фразеологиро тахтуллафзй тарчума кардааст. Хдрчанд ВФ дар намуди тахтуллафзй тарчума шудааст, хонанда аз матн мефахмад, ки бо вохиди рехтаи забон сару кор дорад.
Лозим ба таъкид аст, ки ба ин байтхо дар повара; шарху тавзех оварда нашудааст.
Ин байт ба забони англисй аз тарафи Николсон чунин тарчума шудааст: How long shall we misguidedly beat a piece of cold iron? Hark, till when (how long shall we continue) to breathe into a cage?" ВФ-и мавриди назар ба англисй низ тахтуллафзй тарчума шудааст, хол он ки дар забони англисй ин фразеологизм муодили зерин дорад: "to mill the wind". (бодро бо галбер бехтан)
Фразеологизми "магасро дар заво раг задан" маънои "цустуцуи бисёр дар талаби маош ва басанда кардан дар таоми нохуш ва ногувор"-ро дорад (15,1, с.701). Румй мегуяд:
Чй ато? Мо бо гадой метанем, Мар магасро дар даво раг мезанем. 1/2262 Мутарчимони русй ин байтро чунин тарчума кардаанд: -Какое подношение? Мы в попрошайничестве (нищете)
подвизаемся, Мухе в воздухе мы вену перерезаем. Ба ин байт шархи зерин замима гардидааст: "Дар ин чо киноя ба анкабут аст, ки хуни магаси дар торхои он андармоншударо мемакад. Дар баъзе мазхабхо магас хашараи харом аст. Дар хамаи мазхабхо хун муъминро олуда мекунад, бо суханони дигар, ибораи "магасро дар заво раг задан" маънои "маоши кам ва зар чй пеш ояд, хурдан"-ро дорад. Fайр аз ин Румй дар ин чо ба бетакаллуфии бадовиёни хонабадуш дар тановул киноя задааст"(7,1, с.152).
Дар тарчумаи англисии байт низ усули тарчумаи тадтуллафзй истифода шудааст: What gifts (can we make)? We are continually in beggary, we are slitting the vein of (slaughtering) the gnat in the air.
Варианти дигари дамин водиди фразеологиро Румй чунин корбаст намудааст: Чун кадам бо миру бо баг мезанй Чун малахро дар заво раг мезанй? 1/2324
Кадам задан бо касе ба маънои худро хаммартабаи дигаре карор додан, иддаои баробарй бо касе доштан аст. Устод Николсон дар шархи ин байт гуфтааст: "Таъбири танидан бар чизе (ки дар "Маснавй" бисёр роич аст) аз равиши кори бофтан дар дастгохи бофандагй гирифта шудааст. Бад-ин сабаб далолат дорад бар "худро ба хар чизе бастан, бар чизе ё коре мусаммим будан, мудом бо коре ё чизе машгул будан" ва гайра. Мар магас - яъне "мо фурумоятарин ва навмедонатарин масолехи муктазиро ба хидмат мегирем, то монеи мурдани худ аз гуруснагй шавем " (6, с.332)
Тарчумони русй байтхои мазкурро дар шакли зерин тарчума кардааст: - Раз шаг ты с амиром и с беком чеканишь, То как же ты саранче в воздухе (=на лету) вену перерезаешь?
Дар поварак дар ин байт шархи зерин омадааст: "Амалан хамон идиомае, ки болотар дар иртибот бо магас оварда шуда буд" (нигаред тавзехи байти 2262) (7, с.156).
Тарчумаи англисй:
How art thou walking (consorting) with amir and bey, when thou art slitting the veins of (killing for food) the locust in the air?
Мо дар забондои русй ва англисй муодили пурра ё нопурраи ВФ "Магасро/малахро дар хаво раг задан" -ро наёфтем. Эхтимол, номаънусии образи ВФ мазкур сабаб гардидааст, ки дар хар ду маврид тарчумонони рус дар поварак барои фахмотар шудани фразеологизмхои мазкур шарху тавзехоти иловагй овардаанд. Дуруст аст, ки дар забони русй ибораи рехтаи «на равной ноге с кем-либо» хаст, ки ба маънои «как равный с равным (быть, держаться, разговаривать») истифода мешавад, вале мутарчимони русй онро сарфи назар кардаанд. (11, с. 282) Дар забони англисй низ ВФ-и кадам бо касе задан мавчуд аст: "on a footing". Устод Николсон хар ду ВФ-и ин байтро тахтуллафзй тарчума кардааст.
Вохиди фразеологии "хар дар ях мондан" ба маънои цодир ба коре набудан, оцизу нотавон шудан ба кор меравад ва аз лидози маънй синоними ВФ "пой дар гил мондан" (ФК,с.183) ва варианти "хар дар гил мондан (15, 3, с.813) аст. Ин баён акнун чу хар дар ях бимонд, Чун нашояд бар чухуд Инчил хонд. 3\3200 Ба русй байт чунин тарчума шудааст:
Это разъяснение нынче, как осёл на льду, застряло, Потому что не стоит иудею читать Евангелие.
Вохиди фразеологии мазкур якчанд бор дар "Маснавй" корбаст гардидааст ва мутарчимони рус дар ягон маврид тавзехоти иловагй ба абёти Румй замима накардаанд. Аз матни тарчума комилан возех аст, ки хонандаи русзабон вохиди рехта будани «застрять как осёл на льду»-ро ва маънои мачозии онро хеле хуб мефахмад.
Баракси фразеологизми "пой/хар дар гил/ях мондан" ибораи рехтаи "гурба дунба андар хоб бинад" хам дар забони точикй якчанд вариант дорад ва хам дар забони русй якчанд муодили он дучор меояд. Дар забони точикй "уштур дар хоб бинад пунбадонаро" , "гусола кунчораро дар хоб бинад" ва гайра мавчуд аст. Дар забони русй муодилхои зерини ин ВФ машхуранд: «голодной курице просо снится», «у кого что болит, тот о том и говорит», «кто о чём, а коза о капусте», «кто о чем а вшивый о бане», « кто о чем, а кузнец об углях», «кто о чём, а монах о богомольцах » ва гайра.
Му;оисаи вохидхои фразеологии точикй бо русй нишон медихад, ки дар тарчумаи байти зер ягон варианти русй аз чихати сабку услуб ва тобиши маъной ;обили истифода нестанд:
Гуфт: Дар роз Мусиям омад ба пеш,
Гурба бинад дунба андар хоби хеш. 6/2428
Бинобар ин мутарчимон калка кардани фразеологизми ин байтро бехтар днистаанд:
Сказал он: на пути встретился мне Муса, Кошка ведь видит курдюк во сне.
Дар ин байт низ ибораи рехта будани мисраи дувум ва маънои мачозии он возеху равшан аст.
Тарчумаи англисй:
He said, "Moses met me on the way, (according to the adage) 'the cat sees a fat sheep's tail in her dreams.'
Бо вучуди он ки дар забони англисй ду муодили ин ВФ "what the heart thinks, the tongue speaks" (чизе, ки дар дил аст, ба забон меояд) ва "every heart knows its own bitterness" (хар як дил талхиашро/мушкилоташро худаш медонад) мавчуд аст, дар тарчумаи англисй усули калка ба кор рафтааст.
Вохиди фразеологии "корд ба устухон расидан" низ дар забони точикй якчанд синоним ва дар забони русй якчанд муодил дорад. Синонимхои точикии он "чонро ба лаб овардан, косаи сабрро лабрез кардан" ва гайра мебошад. Дар забони русй муодилдои "терпение лопнуло, терпение истощилось» серистеъмол аст. Боз хар моро аз ин нафси палид, Кордаш то устухони мо расид. 2/2445
Ин вохиди фразеологй ба маънои "низоят ба тангй, сахтй мондан, ба сутуз омадан, аз чони худ сер ва безор шудан" ба кор меравад. Ба русй байти боло чунин тарчума шудааст:
Выкупи нас у этой грязной плотской души, Ибо её кинжал пронзил нас до костей.
Дар забони англисй мо муодили ин ВФ-ро наёфтем. Устод Николсон дар ин чо низ усули тарчумаи тахтуллафзиро корбаст намудааст.
Redeem us from this filthy self (nafs): its knife has reached our bones.
Вохиди фразеологии "гандумнамои чавфуруш" ба мисли "корд ба устухон расидан" хеле маъруфу пахншуда аст. Ин фразеологизм киноя аз касест, ки дар зохир гуфтору амали неку дорад ва дар нихон табахкор ва бадкирдор аст. Гар набошад гандуми махбубнуш, Чи барад гандумнамои чавфуруш 1/2932
Тарчумаи русй:
Если бы пшеница не была вкусна,
То что бы выиграл продавец ячменя, выдающий его за пшеницу?
Дар тарчумаи русй муглакие эхсос мешавад, дурусттараш дарки маънои ВФ каме халалдор аст. Х,амин гуна муглакии маъно дар тарчумаи англисй низ ба назар мерасад:
How should bread give strength until it is broken? How should uncrushed clusters (of grapes) yield wine?
Устод Николсон дар ва;ти тарчума образи байтро каме тагйир додааст. Тарчумаи мисраи аввал: то нон шикаста нашавад, чи хел кувват мебахшад. Тарчумаи мисраи дуюм: то ангурро аз ток наканй, чй хел шароб хосил мешавад. Дарки тарчумаи ангисй низ мисли тарчумаи русй барои хонанда мушкилй пеш меорад. Тарчумаи дамин ВФ дам ба забони русй ва дам ба забони англисй дар байти дигар возеду равшан ва барои хонандагон фадмо ичро шудааст: На туро бар зулм тавбай пурхуруш, Эй даго гандумнамои чавфуруш 5/1830.
Тарчумаи русй:
Нет у тебя громогласного раскаяния в притеснениях, О мошенник, показывающий пшеницу, а продающий ячмень!
Тарчумаи англисй:
Thou hast (in thy record) no wailful penitence for thy injustice, O rogue who showest wheat and seilest barley.
Дар ин байт бошад, ВФ -и мавриди назар хамчун гандумнамои чавфуруш тарчума шудааст.
Забоншиноси маъруфи рус А.М Шанский калкадои фразеологиро ба калкадои аник ва калкадои ноаник чудо карда,ондоро ба тарики зайл шард додааст: калкадои фразеологии аник -ба забони дигар ифода кардани таркиби лексикию грамматикии фразеологизми бегона бидуни деч гуна индироф; калкадои фразеологии ноаник-тарчумаи тадтуллафзии водиддои фразеологии забони дигар бо баъзе гурезу индирофот дар интиколи лексикию граматикии чузъдои алодидаи он.(15, с.141)
Мутаассифона хачми махдуди ма;ола имкон намедихад, ки мисолхои дигари тарчумаи тахтуллафзии ВФ точикиро ба забонхои русию англисй ба риштаи тахлил кашем. Вале аз хамин чанд мисол низ ба хулосахои му;аддамотии зерин омадан мумкин аст:
• Хдм мутарчими англисй ва хам тарчумонони русии "Маснавии маънавй" хангоми тарчумаи ВФ гайриидиоматикии асар усули калкаро ба таври васеъ истифода бурдаанд;
• Дар аксари мавридхо ба тарчумаи англисй дар шархи сечилдии ба "Маснавии маънавй" бастаи устод Николсон тавзехоти дахлдор ва синониму вариантхои дигари ВФ оварда шудааст;
• Дар тарчумаи русии "Маснавии маънавй" дар мвридхои алохида дар повара; барои хубтар идрок шудани маънои мачозии ВФ шарху тавзех оварда шудааст. Лекин аксаран тарчумаи тахтуллафзии ВФ бе шарх омадааст;
• Тарчумаи тахтуллафзии ВФ хам ба забони англисй ва хам ба забони русй дар аксар маврид бидуни шарх ба хонанда фахмо аст.
• Аксарияти кулли тарчумадои русию англисии ВФ-ро аз руи таснифи Н.М. Шанский ба калкадои фразеологии аник нисбат додан мумкин аст.
ПАЙНАВИШТ
1. Мацидов X Фразеологияи забони уозираи тоцик. - Душанбе, 1982. - 104 с.
2. Мирзоева М.М.Фразеологические единицы С.Айни и способы их перевода на таджикскийH3biK.wwwdslib net дата обрашения 5.03.2019.
3. Саидходжаева М. С. Сравнительный анализ фразеологических единиц таджикского и русского языков (на материалах русского перевода романа Рахима Джалила "Шуроб") .- Худжанд, 2017.
4. Бойматова Д.М. Таулили муцоисавии ВФ романи "Духтари оташ"- и Цалол Икроми азруи маъно //Паёми Донишгоуи омузгори. Душанбе, 2017, № 5 (22).-с.90-94.
5. Сайфитдинова М. Р. Особенности перевода фразеологических единиц (на материале трагедии У.Шекспира «Гамлет» и ее переводов на русский и таджикский языки ).-Ученые записки ХГУ им. академика Бабаджана Гафурова, 2016, № 3(48). - С. 174 -180.
6. Никольсон Р. Шаруи «Маснавии маънавй»-и Мавлави. Тарцума ва таълици %асани Лоуути. Дар шаш дафтар.-Теурон, 1378.
7. Руми Джалал ад-дин Мухаммад. Поэма о скрытом смысле. В двух томах. -М.:Вече, 2013.
8. Виноградов В.В.Введение в переводоведение (общие и лексические вопросы).-М.: из-во Института общего среднего образования РАД, 2001.-224 с.
9. Влахов С., Флорин С. Непереводимое в переводе. - М.: Международные отношения, 1980. - 341с.
10. Фаруанги иборауои рехтаи забони уозираи тоцик (Фаруанги фразеологй). Дар ду цилд.-Душанбе: Ирфон, 1964.
11. Фразеологический словарь русского языка. Под ред. А.И.Молоткова.- М.: Советская энциклопедия, 1967.- 543 с.
12. Англо-русский фразеологический словарь/ Сост. А.В. Кунин. -М.: Государственное издательство иностранных и национальных словарей, 1955. - 1455 с.
13. Шанский Н.М.Фразеология современного русского языка.- М.: Высшая школа, 1969.-231с.
14. Звезды поэзии. Под ред. Э. Джалиашвили, К.Айни. - Душанбе: Ирфон, 1974. -520 с.
15. Замони Карим. Шаруи цомеи "Маснавии маънави". Дар уафт муцаллад.-Теурон: Иттилоот, 1391
16. Мирзониё Мансур. Фаруанги киноя. - Теурон: Амири кабир, 1382. - 1052 с.
Reference Literature:
1. Madjidov Kh. Phraseology of Modern Tajik Language. - Dushanbe, 1982. - 104 pp.
2. Murzoyeva M. M. S. Aini's Phraseological Units and the Ways of their Translation into Russian. wwwdslibnet. (Date of appeal: 05.03.2019)
3. Sayidodjayeva M. S. Comporative Analysis of Phraseological Units of Tajik and Russian Languages (on the Materials of Russian Translation of Rakhim Djalil's Novel "Shurob". -Khujand, 2017.
4. Boymatova D. M. Correlative Analysis of PhUs from the novel "The Daughter of Fire" by D. Ikromi according to Semantics // Bulletin of the Pedagogical University. Dushanbe, 2017, N5 (22). - pp. 90-94
5. Sayfitdinova M. R. Peculiarities of PhUs Translation (on the Material of W. Shakespear's Tragedy "Hamlet" and its Translation into Russian and Tajik). - Scientific Notes of KhSU named after academician B. Gafurov. Series 2016, N3 (48). - pp. 174-180
6. Nicolson R. Commentary to "Masnavi Manavi" by Mavlavi. Translation and Transposition byHasan Lokhuti. In six volumes. - Tehran, 1378 hijra
7. Rumi Djalal ad-Din Mukhammad. The Poem about the Concealed Sense. In two volumes. -
M.: Veche, 2013
8. Vinogradov V. V. Introduction into Translatology (general and lexical issues). - M.: Publishing-house of the Institute of general secondary education under RAS, 2001. - 224 pp.
9. Vlakhov S., Florin S. The Non-Translatable in Translation. - M. : International Relations, 1980. - 341 pp.
10.Phraseological Dictionary of Modern Tajik Language (Phraseology Culture). In two volumes. - Dushanbe: Cognition, 1964
11. Phraseological Dictionary of the Russian Language. Under the editorship of A. I. Molotkov. - M. : Soviet Encyclopedia, 1967. - 543 pp.
12. English-Russian Phraseological Dictionary. Compiled by Kunin A.V. - M.: State publishing-house of foreign and national dictionaries, 1955. - 1455 pp.
13. Shansky N. M. Phraseology of Modern Russian Language. - M. : Higher School, 1969. - 231 pp.
14.Stars of Poetry. Under the editorship of E. Djaliashvili , K. Aini's - Dushanbe: Cognition, 1974. - 520pp.
15.Zamoni Karim. Full Commentary to "Masnavi Manavi". In seven volumes. - Tehran: The News, 1391 hira
16.Mirzoniyo, Mansur. Cultural Allegories. - Tehran: The Great Emir, 1382 hijra. - 1052 pp.