Научная статья на тему 'САНОАТИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ РУШДИ ОН'

САНОАТИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ РУШДИ ОН Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
соҳаи саноат / дастгириҳои давлатӣ соҳаи саноат / потенсиалӣ соҳаи саноат / истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ / рушди соҳаи саноат / афзалиятҳои соҳаи саноат / содироти маҳсулотҳои саноатӣ / дурнамои рушди соҳаи саноат. / промышленность / государственная поддержка промышленности / потенциал промышленности / производство промышленной продукции / развитие промышленности / приоритеты промышленности / экспорт промышленной продукции / перспективы развития промышленности.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Нурализода Н., Саидова Ш. Т.

Дар мақолаи мазкур муаллиф саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ ва афзалиятҳои онро мавриди таҳлил қарор дода чунин такид намудааст, ки дар шароити имрӯз соҳаи саноат метавонад дар амалишавии ҳадафҳои олии мамлакат, аз ҷумла ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, устувории иқтисодӣ, рақобатпазирии маҳсулотҳои саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулотҳои соҳаи саноат ва густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ нақши муассир дорад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INDUSTRIALIZATION OF THE NATIONAL ECONOMY AND ITS DEVELOPMENT ADVANTAGES

В данной статье автор анализирует индустриализацию национальной экономики и ее преимущества, а также подчеркивает, что в современных условиях промышленность может способствовать реализации высших целей страны, в том числе созданию новых рабочих мест, повышению чувства национальная гордость, эффективную роль играют экономическая стабильность, конкурентоспособность промышленной продукции, увеличение экспорта промышленной продукции и расширение международных экономических связей.

Текст научной работы на тему «САНОАТИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ РУШДИ ОН»

УДК: 330.342

САНОАТИКУНОНИИ ЩТИСОДИЁТИ МИЛЛЙ ВА АФЗАЛИЯТ^ОИ РУШДИ ОН

Нурализода Н. Саидова Ш.Т.

Аннотатсия. Дар мацолаи мазкур муаллиф саноатикунонии щтисодиёти милли ва афзалият^ои онро мавриди та^лил царор дода чунин такид намудааст, ки дар шароити имруз со^аи саноат метавонад дар амалишавии уадафуои олии мамлакат, аз цумла ташкили цощои кории нав, баланд бардоштани уисси ифтихори милли, устувории ицтисоди, рацобатпазирии ма^сулот^ои саноати, афзоиши содироти ма^сулот^ои со^аи саноат ва густариши муносибат^ои байналмилалии ицтисоди нацши муассир дорад.

Калидвожахр: со^аи саноат, дастгирщои давлати со^аи саноат, потенсиали со^аи саноат, исте^соли ма^сулоти саноати, рушди со^аи саноат, афзалият^ои со^аи саноат, содироти ма^сулот^ои саноати, дурнамои рушди со^аи саноат. Барои ицтибос: Нурализода, Н. Саноатикунонии ицтисодиёти милли ва афзалият^ои рушди он / Н. Нурализода, Ш. Т. Саидова // Паёми молия ва ицтисод. -2024 №4 (43) - С. 217-222.

ИНДУСТРИАЛИЗАЦИЯ НАЦИОНАЛЬНОЙ ЭКОНОМИКИ И ПРЕИМУЩЕСТВА ЕЕ РАЗВИТИЯ Нурализода Н. Саидова Ш.Т.

Аннотация. В данной статье автор анализирует индустриализацию национальной экономики и ее преимущества, а также подчеркивает, что в современных условиях промышленность может способствовать реализации высших целей страны, в том числе созданию новых рабочих мест, повышению чувства национальная гордость, эффективную роль играют экономическая стабильность, конкурентоспособность промышленной продукции, увеличение экспорта промышленной продукции и расширение международных экономических связей.

Ключевые слова: промышленность, государственная поддержка промышленности, потенциал промышленности, производство промышленной продукции, развитие промышленности, приоритеты промышленности, экспорт промышленной продукции, перспективы развития промышленности.

INDUSTRIALIZATION OF THE NATIONAL ECONOMY AND ITS DEVELOPMENT

ADVANTAGES

Nuralizoda N.

Saidova Sh.T.

Annotation. In this article, the author analyzes the industrialization of the national economy and its advantages, and emphasizes that in today's conditions, the industry can

contribute to the realization of the highest goals of the country, including the creation of new jobs, increasing the sense of national pride, economic stability, competitiveness of industrial products, increase in export of industrial products and expansion of international economic relations play an effective role.

Key words: industry, state support for industry, potential for industry, production of industrial products, development of industry, priorities of industry, export of industrial products, prospects for development of industry.

Гузориши масъала. Саноат яке аз сохахои калидии иктисоди миллй мамлакатхо ва тавлидкунандаи асосии неъматхои моддй ба хисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшхои дигари иктисодиёт заминаи мусоид гузошта нуфуз ва мавкеи давлатро дар арсаи байналмилалй устувор менамояд. Бо дарназардошти ахамияти сохаи саноат дар халли масъалахои иктисодиву ичтимой ва таъсиси чойхои корй, халли масъалахои ичтимоиву иктисодй ва таъмин намудани ичрои хадафхои стратегии миллй, аз чумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон солхои 20222026 - ро «Солхои рушди саноат» эълон намуданд.

Тахлили тахкикотхои охир ва нашриёт. Вобаста ба мавзуи мазкур як катор барнома ва оморхои аналитикй вучуд доранд, ки вазъи охаи саноатро бахогузорй менамояд. Хуччати асосии сохаи мазкур Стратегияи рушди саноат дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон барои солхои 2020 -2025 ва Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 махсуб меёбад.

Максади макола аз омузиши масъалаи саноатикунонии иктисодиёти миллй ва афзалиятхои рушди он ба хисоб меравад.

Мухтавои асосии мавод. Тахлилхо нишон медихад, ки дар зарфи солхои

сохбистиклоли давлатй амалисозии накшаву барномахои рушди сохаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 хазор корхонаи саноатй бо 54 хазор чойи корй сохта, ба истифода дода шавад.

Танхо аз хисоби зиёд шудани иктидорхои саноатй дар замони сохиб истиклолии мамлакат талабот ба неруи барк беш аз 800 мегаватт зиёд гардид. Тавре, ки маълум аст дар 75 соли замони Шуравй (то соли 1991) дар худуди чумхурй хамагй 358 корхонаи саноатй бо 33 хазор чойи корй фаъолият дошта, танхо пас аз баркарорсозии сулху субот ва рохандозии фаъолияти бонизоми сохахои фалачгардидаи хокимияти давлатй имконият пайдо карда шуд, ки ба масъалахои рушди иктисодиву ичтимой ва бозсозии корхонахои саноати дар мамлакат машгул шавем.

Ч,ихати амалисозии ин икдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоху корхонаи нави истехсолй бо 11 хазор чойи корй таъсис дода шуда, танхо соли чорй хачми истехсоли махсулоти саноатй нисбат ба соли 1992 - юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонй расонида шуд. Танхо дар хафт соли охир ин нишондиханда 2,4 баробар зиёд гардида, соли 2022 содироти махсулоти соха ба 22,8 миллиард сомонй расонида шуд. Дар соли 2023 - юм ин нишондиханда 18,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки 19 фоиз нисбати солхои гузашта кам мебошад[1,с.14].

Бо вучуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як катор масъалахои халталаб, аз кабили фарсудашавии тачхизот, сатхи пасти

ракобатнокии махсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблагхои гардони корхонахо ва кадрхои баландихтисос вучуд доранд.

Тадбирхои дар самти рушди саноат ва афзоиши хачми истехсоли махсулоти соха андешидашуда имкон фарохам оварданд, ки дар солхои охир афзоиши номгуйи махсулоти саноатии истехсоли ватанй ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.

Бо дарназардошти захираву

имкониятхои бузурги кишвар, аз чумла ашёи хоми ватанй, иктидорхои истехсолй, захирахои мехнатй, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба махсулоти саноатй дар дохил ва хоричи кишвар, чихати ноил шудан ба яке аз хадафхои стратегии-саноатикунонии босуръати кишвар хануз конеъкунанда нест.

Коршиносони масоили иктисоди барон назаранд, ки иктисодиёти муосири Точикистон бо дарназардошти хусусиятхо ва аломатхои системавии ракамисозй равандхои дигаргунсозй ва рушди инноватсионии саноат тавсиф карда мешавад.Дар Чумхурии Точикистон дар ин мархилаи тачдиди иктисодй «Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030» татби; гардида истодааст, ки максади мухими он баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум бахисоб рафта, ахолии кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иктисодй зиндагии хешро барох мондаанд.

Барои ноил шудан ба самтхои асосии татбики хадафхои Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 афзалиятхои зерин дар сохаи саноат муайян карда шудаанд:

-баланд бардоштани ракобатпазирй ва занчиравии арзиши бахшхои сохаи саноат;

-афзоиши хачми истехсол ва фуруши махсулоти саноатй, ки дар бозорхои дохилй ва хоричй ракобатпазиранд;

-ташкили системаи самарабахши такрористехсоли кадрхое, ки ба эчод ва аз худкунии технологияхои саноатй ва истехсоли махсулоти инноватсионй кодиранд;

-таъсиси заминахои институтсионалй барои рушди устувор ва пешгирикунандаи бахшхои саноатй, ташкили кластерхои инноватсионии баланд сифат;

-инкишоф додани системаи миллии интихоби воридотивазкунй дар асоси коркарди захирахои махаллй, пеш аз хама дар комплекси агросаноатй (коркарди меваю сабзавот ва зиёд кардани хачми истехсоли он), дар комплекси сохтмон, саноати сабук ва хурокворй[2,].

Х,амаи ин самтхо иктидори саноати кишварро тавассути афзоиши афзалиятхои мукоисавии он дар сохаи илм, маориф ва технологияи олй васеъ мекунад.

Дар солхои истиклолияти давлатй дар сохаи саноати миллй тагйиротхои куллии сохторй ба амал омаданд, ки чихати рушди сохаи мазкур шароити мусоид фарохам оварда шуда, заминагузори сохаи саноат дар мамлакат гардид.

Тибки маълумотхои оморй дар зарфи 30 соли истиклолияти давлатй дар сохаи саноати сабук дар мамлакат беш аз 50 корхонаи бузург бо иктидори 9500 чойи корй таъсис дода шуд, ки аз ин 17 корхона бо ташкили 2225 чойи кории мусоид ва доимй дар вилояти Хатлон 15 корхона бо 3305 чойи корй, дар шахри Душанбе 10 корхона бо 2760 чойи корй, дар вилояти Сугд ва дар шахру нохияхои тобеи марказ 4 корхонаи саноати бо ташкили 1000 чойи корй ва дар вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 3 корхона бо 300 чойи корй, таъсис дода шуд. Х,амаи ин корхонахо асосан дар сохаи коркарди пахта ва нахи пахта, чарм, дузандагй, чуроб, мебел ва сумка иктидорхои нави истехсолиро ба вучуд оварда мавриди истифода карор дода шуда, шумораи корхонахои саноати сабук аз

63 адади соли 1991 дар соли 2020 ба беш аз 486 адад расонида шуд.

Агар хачми истехсоли махсулоти саноати сабук дар соли 1991 0,06 миллион сомониро ташкил дода бошад пас ин нишондиханда дар соли 1995 - 16,0 миллион сомонй, соли 2000 - 139,6 миллион сомонй, соли 2005 323,3 миллион сомонй, соли 2010 - 1093,7 миллион сомониро ташкил дода, соли 2015 - 1425,5 миллион сомонй, дар соли 2018 - 2700,4 миллион сомонй, соли

2019 - 2897,9 миллион сомонй ва дар соли

2020 - 3140,3 миллион сомонй баробар гардид[3,].

Хукумати Чумхурии Точикистон тавассути истифодаи васеи технологиями муосир, хачми истехсоли молу махсулоти саноатй, бахусус воридотивазкунандаро, зиёд карда, талаботи бозори дохилиро бо махсулоти ракобатпазир таъмин менамоянд. Хамин аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 хачми истехсоли махсулоти саноатй дар чумхурй ба беш аз 111,5 дарсад расонида шуда, сахми ин соха дар мачмуъи махсулоти дохилй 22,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондод дар мукоиса ба хамин давраи соли гузашта 2,3 миллиард сомонй бештар аст.

Илова барин дар ин давра аз хачми умумии махсулоти саноатй 21,6 дарсад ба саноати истихроч, 57,1 дарсад ба саноати коркард, 20,6 дарсад ба таъминоти неруи барк, газ, буг ва тозакунии хаво ва 0,7 дарсад ба сохаи таъминоти об тозакунй, коркарди партовхо ва махсулоти дуюмдарача рост меояд.

Такид кардан ба маврид аст, ки дар саноати истихрочи маъдан дар нимсолаи аввали соли 2024 ба маблаги 4,8 миллиард сомонй махсулот истехсол шуда, хдчми истехсол нисбати хамин давраи соли каблй бо нарххои мукоисавй 21,4 фоиз зиёд шудааст.

Афзоиши суръати рушди саноати истихрочи маъдан аз руи намудхои

махсулотхои истехсолй нисбат ба хамин давраи соли гузашта аз хисоби истихрочи ангишт санг ва бур - 34,1 фоиз, маъданхои филизй - 31,6 фоиз ва истихрочй харгуна канданихои фоиданок - 6,2 фоиз мушохида мегардад[4, 284,285].

Тибки иттилои манбаъ хачми истехсолот дар саноати коркард дар нимсолаи аввали соли чорй 12,9 миллиард сомонй, аз он махсулоти хурокворй якчо бо нушокихо ва тамоку 4,8 миллиард сомонй, истехсоли махсулоти нассочй ва дузандагй 1,5 миллиард сомонй, истехсоли махсулот аз чуб ва когаз, фаъолияти табъу нашр 362,8 миллион сомонй, истехсоли махсулоти нафтй 38,3 миллион сомонй, истехсоли махсулоти кимиёвй 242,7 миллион сомонй, харгуна махсулоти гайрифилизии маъданй 1,8 миллиард сомонй, истехсолоти металлургй ва истехсоли маснуоти тайёри филизй 3,6 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра хачми истехсоли махсулоти саноатй умуман дар сохаи коркард 11,0 фоиз зиёд шудааст.

Амалишавии пайдарпайи

чорабинихо оид ба рушди сохаи саноат дар кишвар ба афзоиши хачми махсулоти саноатии минтакахои чумхурй мусоидат намуд, ки суръати рушди сохаи саноат дар вилояти Сугд 110,1 фоиз, вилояти Хатлон 105,1 фоиз, шахри Душанбе 123,1 фоиз, дар НТЧ, ба 118,8 фоиз ва дар ВМКБ бошад, ба 126,1 фоиз баробар гардид.

Дар сохтори хачми истехсоли махсулоти саноати чумхурй хиссаи хачми истехсоли махсулоти саноати вилоятхои Сугд 57,1 фоиз ва Хатлон 22,3 фоиз афзалият доранд.

Дар давраи хисоботй 3580 коргоху корхонахои истехсолй, аз чумла дар сохахои истихроч 327 адад, коркард 3081 адад, таъминоти неруи барк, газ, буг ва тозакунии хаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовхо 100 адад фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора 1162 адад ё 32,5

фоизи шумораи умумии корхонахо ба вилояти Сугд, 841 адад (23,5 фоиз) - ба вилояти Хатлон, 783 адад (21,9 фоиз) - ба ш. Душанбе, 678 адад (18,9 фоиз) - ба НТЧ ва 116 адад (3,2 фоиз) - ба ВМКБ рост меоянд[5, 186,].

Чихати рушди сохаи саноат дар мамлакат якчанд барномаву стратегия ва накшаву чорабинихо, аз чумла Стратегияи рушди саноат дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёх дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди саноати сабук дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2022, Барномаи рушди сохаи кирмакпарварй ва коркарди пилла дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2012 -2020 ва Барномаи рушди колинбофй дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2014 -2020, Барномаи саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон барои солхои 2020 -2025 кабул гардиданд. Санадхои мазкур ба афзун намудани хачми истехсоли махсулоти саноатй, таъмини ракобатнокии он, ташкили корхона ва коргоххои нав, таъсиси чойхои корй ва гузариши иктисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истехсолкунандаи махсулоти нихой бо арзиши иловашудаи баланд замина мегузорад.

Вобаста ба ин, бахши коркарди ашёи хом ва то махсулоти нихой расонидани он дар хамаи бахшхои сохаи саноати мамлакат яке аз масъалахои мухим ба шумор рафта, дар ин самт чорахои зарурй амалй шуда истодаанд.

Зарур аст, ки захирахои дохилй — ашёи хоми мавчуда то ба махсулоти истеъмолй расонида шуда, давра ба давра талаботи дохилй аз хисоби сарчашмахои худй таъмин карда шавад. Ин тадбир дар баробари пешгирии хуручи асъори хоричй давлати воридкунандаро бомаром ба давлати содиркунандаи махсулоти нихой

табдил дода, инчунин вобастагии мамлкатро аз таъсири омилхои беруна кохиш медихад[6,]. Дар сурати ноустуворй дар бозорхои беруна, муътадилии низоми иктисодй, аз чумла нарххои махсулоти асосй дар бозори дохилй нигох дошта мешавад.

Точикистон дар заминаи рушди саноати ватанй хадафхои стратегии худро татбик намуда, Хукумати мамлакат тавассути сиёсати самараноки саноатй, сармоягузорони дохилй ва хоричиро чалб намуда,захирахои дохилии худро барои баланд бардоштани сатхи некуахволии ахолии кишвар бомаром истифода намуда истодааст. Мо барон андешаем, ки таъмини рушди босуръати саноат ба иктисодиёти чумхурй якчанд манфиатхои ичтимоию иктисодй дошта, илова ба микёси вокеии даромад, гарчанде ин омили назаррас аст, рушди саноат дигар афзалиятхоро доро мебошад. Аз чумла, гардиши молию пулии корхонахо ва талаботи онхоро ба асъори миллй зиёд карда, барои устувор нигох доштани курби асъори миллй шароит фарохам оварда ба устувор гардидани эътимод ба низоми бонкии мамлакат, афзоиши депозитхо дар бонкхо, кам шудани талабот ба асъори хоричй, рушди бозори когазхои киматнок ва биржахои фондй замина мегузорад. Илова бар ин имконияти содиротии мамлакатро васеъ намуда, воридоти бештари асъори хоричиро ба иктисодиёти миллй таъмин менамояд[7,38].

Хулоса. Ба андешаи мо рушди саноат ва муваффак шудан ба конеъгардонии талаботи бозори чахонй симои мамлакатро дар арсаи байналмилалй ба таври мусбат инъикос намуда, хар давлат бо моли истехсолкардааш муаррифй карда мешавад. Сохаи саноат на факат хамчун сарчашмаи даромад хизмат менамояд, инчунин имкониятро барои тахкими чанбахои дигари хаёти иктисодию ичтимоии кишвар, аз чумла ташкили чойхои кории нав, баланд

намyдани хисси ифтихори миллй, Устувории иктисодй, ракобатпазирии махсулотхои саноатй, афзоиши содироти

махсулоти саноатй ва густариши муносибатхои байналмилалии иктисодй шароит фарохам меоварад.

Адабиёт

1.Паёми Асосгузори Сулху Вахдати Mилли Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба Mачлиси Олии Чумхурии Точикистон шахри Душанбе, аз 28 декабри соли 2023 с.

2. Стратегияи рушди саноат дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030

3. Агентии омори назди Президенти ЧумхурииТочикистон, 2023. -165 - с.

4.Наимов БД. Вазъи сохаи саноат ва тамоюли рушди он дар вилояти хатлон [Mатн] / Наимов БД. // Паёми Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. -Бохтар, 2023. -№1/2 (110)-С.284 - 2BB.

5.Наимов БД. Накши сохаи саноат дар амалишавии хадафхои олии мамлакат [Mатн] / Наимов БД, Нурализода Н. // Конфренсияи байналмилалии илмию амалй дар мавзyи «Рушди иктисодй, ичтимоии Точикистон: дастовардхо, мушкилот ва дурнамои он» (13 - 14 уми июни соли 2023) ш. Хоруг. С.180 - 186 с.

6.Барномаи саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон барои солхои 2020 -

2025с.

7.Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030. Душанбе, 2016. - 104 с.

8. Х,амроев, M. И. Лоихахои инноватсионй хамчун омили баландбардории ракобатпазирии корхонахои саноатй / M. И. Х,амроев // Паёми молия ва иктисод. - 2G23. -No. 4-1(38). - P. 263-271.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Нурализода Наргис - номзади илмхои иктисодй, дотсенти кафедраи молияи Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав;телефон. (992)00.584.72.72.

Саидова Шукрона Точиддиновна - докторант phd-курси якуми ихтисоси менечмент дар сохаи ичтимои факултети менечмент ва идораи сайёхии ДДБ ба номи Носири Хусрав. :(+992) 988 - 16 - G2 - 42.

Информация об авторах:

Нурализода Наргис - кандидат экономических наук, доцент кафедры финансов Бахтарского государственного университета имени Насири Хусрава тел. (992)00.584.72.72. Саидова Шукрона Тоджиддиновна - докторант phd, 1 курс специализации «Meнeджмeнт в социальной сфере», факультет «Meнeджмeнт и менеджмент туризма» БГУ им. Насири Хусрава.:(+992) 988 - 16 - G2 - 42. Information about the authors:

Nuralizoda Nargis - Candidate of Economic Sciences, Associate Professor of the Department of Finance, Bakhtar State University named after Nasiri Khusrav; phone. (992)GG.5B4.72.72. Saidova Shukrona Tojiddinovna - Phd student, first year of management specialization in the social sphere, Faculty of Management and Tourism Management of DDB named after Nasiri Khusrav.:(+992) 988 - 16 - G2 - 42.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.