Научная статья на тему 'Sak tribes and their role in the culture of ancient Iran'

Sak tribes and their role in the culture of ancient Iran Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
209
210
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ ДУНЁИ қАДИМ / ТАМАДДУНИ САКОӣ / ЗИНАТОЛОТ / ИСТОРИЯ ДРЕВНЕГО МИРА / САКСКАЯ ЦИВИЛИЗАЦИЯ / РАЗВИТИЕ РЕМЕСЛА В ДРЕВНЕМ МИРЕ / УКРАШЕНИЕ / HISTORY OF THE ANCIENT WORLD / SAK CIVILIZATION / DEVELOPMENT OF HANDICRAFTS IN THE ANCIENT WORLD / EMBELLISHMENT

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мухаммади Сурайё

В статье рассматривается проблема происхождения сакских племен, их прародины, пути их расселения. Предпринята попытка на основе анализа археологических находок, свидетельств древних авторов и исследований современных ученых определить вклад сакской цивилизации в развитие ремесла.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the issue of the origin in regard to Sak tribes, their protoland, the ways of the dissipation over world spaces and the role of the regions they set up their staff in. The author of the article makes an endeavour to determine the contribution of the Sak civilization into the development of handicrafts designing on the premises of archeology artefacts, evidences of ancient scholars and researches of modern scientists.

Текст научной работы на тему «Sak tribes and their role in the culture of ancient Iran»

С. Мухаммади сакоих.о ва нае;ши онхо дар тамаддуни эрони

бостон ва баъзе манотици чахон

Вожатой калидй: таърихи дунёи цадим, тамаддуни сакой, зинатолот

Аз назари чугрофиёй санглоххои кух,истонхо ва даштхои бехосили биёбонхо зиндагии эрониёнро дар фалоти Эрон ва дар Осиёи Миёна тахти таъсир карор додааст. Хдмвора таъсири куххо ва биёбонхо дар чудо кардани мардум ва кдбоил бештар аз рудхо ва дарёчахост ва дар натича бисёрии мардум ва бисёрии забонхо ва лахчахо ва шевахои зиндагй дар дарахои мучаззо падидор шудааст (7).

Ба шаходати муаррихини юнонй, ки илми солшуморй ва замон-шиносии ошурй онро такмил намуда, «си i х,о» аз Туркистон ва Сибири Fa рой омадаанд ва «кимрих,о»-ро. ки дар данпхои Русияи Чанубй сукунат доштанд, берун ронданд ва арозии опх,оро мута-сарриф шуданд. Авдюмсро. ки юнониён ба номи «си гхо» шинохтаанд, хамонхоеанд. ки норсхо ва х.индихо ба номи «сако» ва «чоко» меши-нохтанд, ки ба нажоди эронй тааллук доштанд. Инхо аз эрониёни шимол буданд, ки ба холати сахронавардй дар «ватани аслии эрониён» ва Mapi зорхои Туркистони Руси феълй буданд (2, 33-34).

Дашти пахноваре, ки тайи кисмати аъзами хазораи аввали мелодй дар тасарруфи тавоифи сакой ва биёбонгардон - хешованди онхо буд, аз Подулия дар хошияи Fa рои Русияи урупой то марзхои Чин идома дошт. Дашти мазбур ба сурати як вохиди чугрофиёии мураккаб аз алафзорхои табиист, вале дар Осиё силсилаи куххои Помир, Тиёншон ва Олтой онро катъ мекунанд. Дар холе, ки куххои Урал амалан бахши осиёиро аз урупой чудо месозад. Бо ин вучуд иртибот дар саросари ин минтакаи густарда xapi из бар асари мавонеи чугрофиёй мутавакиф нашудааст. Зеро ду гузаргох Чуигария ва Фаргона маобиреро ташкил медиханд. ки бахшхои

осиёй ва урупоии даштро ба хам пайванд медиханд (6,28).

Дар рузгори бостон марзхои минтакае, ки мавриди назари мост, аз лихози чанбахои чугрофиёй махдуд мешуданд, на ба сабаби худ уд и сиёсй. Ин марзхо аз шарк ба Fap6 иборат буд аз силсилакуххои Ноншон ва Тиёншон ва руди Чдйхун ва фалоти Эрон, ки ба дунболи он марзхои табий меомад, ки ба навбаи худ ба василаи куххои Кафкоз. дарёи Сиёх, куххои Карпат ва руди Донуб ташкил мешуд. Дар тули хошияи шимолии чулга, сарзаминхои номусоид ва хатарнок ва пушида аз ботлок ва чангалхои васеъ маскани тавоифи дарандахуи финландй ва уйгурй буд, вале хатархои табиии атрофи шахр худ ба худ мавонеи нерумандй дар рохд нуфузи сакоихо эчод мекард.

Густариши сакоихо чи бо майл ва чи тахди фишор дорой масирхои мушаххас ва хдсобшудае набуд. Онхо дар хазораи савуми кабл аз мелод дар таоруз бо шохахои эронй ва х,индуориёй ба суи шимоли дарёи Каспий ва хдвзаи Сайхун густариш ёфтаанд. Дар тули хдзораи дувуми пеш аз милод дар Осиёи Марказй ва шимоли Афгонистон бо шохах,ои эронй дар набард буданд ва дар Аврупои Чднубй барои тавоифи гарбии хдндуаврупой мушкилоте фарохдм меоваранд. Нуфуз ва густариши онон ба суи шарк боис шуд, ки манобеи чинй аз мардумони тозае дар авоили хдзораи аввали пеш аз мелод аз марзи Чин хабар медихднд ва ононро мардумоне бо муи сурх ва чашмони сабз муаррифй кардаанд, ки ин худ тасвири чехраи ориёиёни пеш аз мухочират ва ихтилот бо бумиёни фалоти Эронй шибхд кора аст (4,122-124).

Нахустин гом дар рох,и бозшиносии сакоих,о дар садаи х,абдах,ум бардошта шуд ва замоне буд, ки дасгах,ои муташаккил аз горатгарони захоири гурх.0 ба ковиши густардаи гурхои теппаи бостонй дар Сибир пардохтанд, вале Пётри Кабир дастур дод, ки дастах,ои мазбур пароканда шаванд ва табахуорон ба мучозот бирасанд ва акнун ин ганчинах,о дар музеи Эрмитажи Петербург аст ва хднуз мачмуаи мунх,асир ба фард ва бисёр арзишмандро ташкил медихднд.

Бар асари иктишофоти гуногун, саргузашти кавмй ошкор шуд, ки дар корх,ои тазйинй истеъдоди шигифтангез ва мах,орате фаровон доштанд.

Ofo3h таърихи сакоиро шояд битавон худуди 1700 сол пеш аз мелод донист ва он замоне аст, ки нахустин тавоифи хдндуаврупой ба «Янсй» расиданд. Ин мухочироп аз «Янсй» ба гарби Олтой ва

ба суи Кдфкоз рафтанд, «Киселев» Kisclcv акида дорад, ки онхо иктисоди вижаи хеш ба вучуд оварданд ва бархе ба сурати кишоварзй дар дарахои хосилхез сукунат карданд ва iypyxe дигар ба сурати шикорчй ва галадор дар данп хо икомат гузиданд.

Тайи тахкикот, Тругус Пумпиюс, муаррихи садаи аввали пеш аз мелод (Pompeius Trogus) сакоихо муддатхо кабл аз садаи хаштуми кабл аз мелод мавдудияти миллии кобили ташхис надоштаанд, бо ин вучуд дар рузгори хеш неруйи сиёсии мухимеро ташкил медоданд. Сакоихо дар асл кавми умдае аз як гурухи азими биёбонгард буданд, ки тавоифашонро наметавон аз якдигар тамйиз дод, вале ба хар хол хамаи ин гурух аз лихози хунарй ва фархангй як вохид ба хисоб меоянд.

Тавоифи сакой дар Кубан, бахшхое аз Корея ва бистархои азими чануби Русия муким буданд. Дар шарк нуфузи Чин дар фархангй бадавии нохия галаба дошт ва дар марказ аносири эронй бештар ба чашм мехурд ва дар магриб аносири юнонй ошкор буд.

Сакоихо дар зиндагии асри худ чунон омили мухиме ба шумор меомаданд, ки «Х,ерудуст» лозим донист як китоби комил аз таърихи бузурги худро ба онон ихтисос дихад (1, 103; 124).

Дар карни хафтуми кабл аз мелод хаволии шахри Саккиз дар чануби дарёчаи Урумия чузъи кишвари «моноихо» будааст, ки бо «моддихо» алайхи ошурихо хамдаст шуда буданд. Моноихо дар худуди (659-660 к.м) аз сакоихо шикает хурданд ва кишварашон ба дасти онхо афтод ва аз он пас сакоихо тавонистанд бо истифода аз истикрор дар кишвари моной бар морихо фоик гарданд ва чандин бор ба суи Осиёи мукаддам тохтанд.

Мумкин аст калимаи «сакз», ки номи пойтахти он нохия буда, аз «сако» муштак шуда бошад.

Аз тарафе дар худуди (625 к.м) сакоихо аз моддихо шикает хурданд, бархе муаррихин муътакиданд. ки хама сакоихо аз рохи Кафкоз ба мавтини аслии худ барнагаштаанд, зеро аз таърихи 615 к.м ба баъд иддае аз онхо бо артиши модй хамкорй мекарданд. Сакоихо хамвора бо яке аз тарафайн, ки кавитар буданд, хамдаст мешуданд (3, 98-99).

Х,амзамон бо ташкили давлати Мод ба унвони нахустин мазхари хокимияти ориёхо дар ховари Эрон, яъне дар худуди чануби Русияи имр^за ва сартосари Афгонистони кунунй сакоихо зиндагй мекардаанд, ки гарчи дорой низоми идораи кабоил буда

ва низоми тавлид ва идорати умури кдбоил ва хатто парвариши чонварони судманд мисли асб дар миёни онхо роич будааст, вале тем юх натавонистанд давлате хамзамон бо модхо ва баъдан порсхо ба вучуд оваранд.

Дориюши якум (522-486 к,.м) дар катибахои худ аз сакоихои тезхуд (тигрехавед)* дар артиши худ ба унвони касоне, ки мутеъ ва сарсупурдаи у хастанд. ном мебарад. Он чи дар инчо кобили зикр аст, харакати тадричии сакоихо то садаи дувуми пеш аз мелод ва пешравии онхо ба тарафи чануб то нохияи дарёчаи Х,омун аст, ки хамон мафхум дар сарзамини сакоихо ё Сакистонро доштааст (9, 51-53).

Дар катибаи мазкур дар Шуш хайъате дида мешавад, ки ба хотири кулоххои нуктез чалби таваччух мекунанд. Эрониёни хахоманишй ба хотири фурми кулох ба ин афрод «сакоихои тезхуд» мегуфтанд. Ин сакоихо аз шарки дарёи Хазар омада ва намояндаи тамоми сакоихо, чи сакоихои хумхор, ки дар марзи шимолу шаркии шоханшохй, он суи Омурио ва масири дарё зиндагй мекарданд ва чи сакоихои он суи дарёи Сиёх муаррифй мешуданд.

Ишора ба сакоихо дар сангнабиштахо бисёр таъкид шудааст, хар сакой як асб бо зангулае бар гардан, халкабозу ва низ як даст либоси саворони эронй хамрох дорад (5, 124).

Сакоихо дар карни хафтуми кабл аз мелод унсури зинуфузе дар Осиёи мукаддам будаанд, ки хомили танаввуи шаклу сабки ашё дар ганчинахои ёфтшуда мебошад. Зимнан хамин танаввуъ намунае аз хунарест, ки хахоманишихо дар Эрон марсум хоханд намуд ва пеш аз онхо модхо онро маъмул доштанд. Байримумкин аст, ки битавонем модихоро ба «сакоихо» ба «кимрихо» чудо намоем, зеро фарханг ва тамаддуни ин аквом комилан ба хам бастагй доштааст.

Кишвари Мод пас аз андак замоне чои худро ба шоханшохии чахонии Поре дод ва хунари шоханшохии мазбур, мудатхо пас аз инкирози сиёсиаш, ба зиндагии худ идома дод. Чдхони сакой низ мисли кишвари Поре хунари худро аз суи шарк ба Fap6 густариш дод ва ин хунар, ки чанбаи таркибии он кавй аст, аз худ неру ва ибтикори фавкуллодае зохир намуд. Дар натичаи ихтилоти хунари мод ва сакой бо тамаддунхои кухани осиёй дар хонаводаи хунарии «Эрон ва Урортуй» вахдати хунарии фалоти Эрон эчод шуд. Вахдати хунарии сакой дар тамоми муддати

импротурии Х,ахоманишй равобити худро бо хунари Х,ахо-манишй катъ накард (3, 124-125).

Дар холе, ки мухочирати аквоми бегона ё гайрориёй осор ва шавохиди амикеро дар сарзаминхои мучовир ба чой гузоштаанд, метавон амвочи мухочиратхои густардаи Осиёи Марказиро ном бурд, ки дар натичаи он сакоихоро тахти фишор карор дода ва ононро ногузир аз хуруч аз сарзаминхои худ ва рафтан ба манотики дигар барои искон намуд.

Сарфи назар аз марзхои 1^афкоз, ки амвочи мухочирати «кимрихо» ва «сакоихо»-ро дар садахои хафтум ва хаштуми кабл аз мелод ба худ дидааст, аз карни савум ва дар тули садаи дувуми кабл аз мелод Ашкониён алайхи кабилахои сакой мубориза мекардаанд ва сипас аз онхо Сосониён хамин муборизаро ба таври густардатар алайхи кабоили сакой идома додаанд (8, 53-54).

Сакоихо хамвора миёни чахони бостон ва Русияи славянй ба манзалаи пуле буданд ва сабке бар чой гузоштанд, ки дар такомули чандин шоха аз хунари аврупой таъсир дошт. Хдмчунин онон муваффак шуданд як хунари вокеан мардумй биёфаринанд ва ин худ икдоми нодир аст.

Хунари мардумй тавассути хама афроди чомеа тархрезй мешавад ва ба мархалаи амал дармеояд. Бар хилофи санъат, ки ба таври куллй хосили кори афроди хирфай ва мохир аст ва бар хилофи хунари бумй, ки тавассути суннатгароён, вале бидуни неруи тахайюл хифз мешавад. Танхо гуруххое каме аз мардум истеъдод аз такомули чунин хунареро доштаанд. Ин ки сакоихо муваффак шуданд бад-ин дарача ноил оянд, бо мушохидаи ашёе, ки онон бо худ ба гур бурдаанд, таъйид мешавад.

Сакоихо бо вучуди вахшигарй дар чанг ва алорагми танаффури онхо аз суханварй ва одоби бегонагон, афроди фокиди одоби шоиста набуданд. Ташхиси онхо дар мавриди умури хунарй ва алокаи онхо ба истирохат дар хона дар асоси манозили онхо мунъакис шудааст. Хдмон гуна ки дар мавриди хама биёбонгардон содик аст, шумори ин асос бисёр махдуд буд. Ва бисёр чолибтар диккат ва махорате аст, ки дар сохтани кучактарин асбоби худ нишон медоданд. Амаланр хар навъ бозмондаи хунари сакой хокй аз бехтарин кайфияти он аст ва зеботарин ашё дар хакикат чилваи хос дорад.

Ашёи бозмонда аз сакоихо назари бостоншиносонро ба худ чалб кардааст ва ин амр ба сабаби махорате аст, ки дар сохтани онхо ба

кор рафта ва низ чихати сабки бисёр вижаи тачассуми чонварй аст, ки бад-ин васила, бахши аъзами ашёи мазбур бо тасовир тазйин шудааст. Тасовир навъе шефтагй нисбат ба чахони хайвонотро нишон медихад. Зебой ва фиребандагии онхо дар хунари кисмати аъзами Аврупо таъсири фаровон бар чое гузошт.

Боиси таассуфи бисёр аст, ки сакоихо алифбо ё сикка надоштанд ва танаввуи шигифтангези ашёи бадастомада хокй аз равиши зиндагии бисёр дарпечида ва истеъдоди онхо дар таррохй аст.

Дар мавриди хакоики таърихии ин кавм, бояд ба матолиби парокандае мутавассил шавем, ки муосирони мутамаддинтари онхо хох чинй ё ошурй ва ё юнонй, дар осори худ ба он ишора кардаанд(1, 133-134).

Сакоихо ишки вокей ба зинатолот доштанд ва аз ороиши худ ба хамон андоза лаззат мебурданд, ки аз тазйини асбон ва ашёи худ. Алокаи муфрити онон ба чавохиролот дар хар мавриде ошкор мешуд. Дар он чо искелетхо хамеша музайян ба ашё дар замин мисли нимточ, пушиши cap, гарданбанд, камарбанд, дастбанд, гушвора, ангуштарй, тавк, овез, тилисм, мухр, дукма, сагак ва чаъбахои кучаке аз хамир буда, аммо хатто аз гурхои камахамияттар микдори зиёди чавохиролот ва маводи гаронбахо ба даст омадааст.

Дар гурхои факиртар ашёи мушобех бештар аз мифраг ё охан сохта шудаанд то аз тилло, бо вучуди ин, хамон инщ ба зинатолот дар ин маврид низ бо хамон махорат ва зарофате, ки дар сохтани ашёи гаронбахотар ба кор рафтааст, дида мешавад.

Зиндагии сакоихо вобаста ба чорпоёне буд, ки такягохи иктисоди онхо ба шумор мерафт. Ба хамин дал ел буд, ки сакоихо ашёи худро бо тасовири чорпоён ва чонварон меоростанд. Аксар чонвароне, ки дар хунари сакой зохир шуданд, дар хунари тамаддунхое, ки дар Миср ва Шарки бостон аз хазораи чахорум ба баъд такомул ёфт, сахме басазо дошт.

Мухимтарин вижагии мунхасир ба фарди хунари сакой гавазн аст, ки дар ofo3 дар миёни тавоифи сибирй мавриди парастиш вокеъ мешуд ва то замони сакоихо бахши аъзами ахамияти мазхабии кухани худро аз даст дода буд, вале эхтимол меравад, ки эътикоди марбут ба интиколи рухи мутаваффо ба чахони дигар тавассути гавазн, хануз ба таври куллй дар Авруосиё дар саросари хазораи аввал мутадовил будааст. Ин мавзуъ шояд далели вучуди гавазн бар рухи ашёи марбут ба тадфин будааст.

Х,амчунин тандисхои мохй дар хунари сакой нисбатан мутадовил будааст, хдрчанд ин хунар дар Сибир беш аз Сакоияравнак доштааст. Дар Ховари Миёна lioxH дорой ахамияти мазхабии хос буда ва дар минтакаи Кдфкоз низ дар афсонахо бокй монда ва то куруни масехд мафхуми нумодини хос доштааст (1, 124-130).

Афроди биёбонгард мекушиданд, ки дар як манзара хама никоти барчастаи чонвареро, ки тасвир мекарданд, ошкор созанд ва ба таври хдмзамон онро дар харакат нишон диханд. монанди замоне, ки чонвар ду пои чилави худро дар хдво баланд карда ва хамчунин дар лахзаи истирохат дар холе, ки ду пои акибро бар замин гузоштааст. Дарвокеъ сакоихо хо. юти мухталифи чонваронро дар як сахна нишон медоданд. Биёбонгардон дар кори душвори нишон додани чонварон дар як сахна бо хо. юти мухталифи зиндагии онхо то андозаи зиёде муваффак буданд: тархд чонаваре, ки ба шитоб мегузарад баёнгари хунари олии онон аст, сару ру ва пойи чилави чонвар аз рубару нишон дода шуда, дар сурате, ки кисмати пушти он дар чихати мухолиф намоиш дода шуда, то бар замин афтодани чонварй мачрухро мучассам намояд. Тасовире бад-ин шакл, ки дар хунари тасвирй беш аз хама ба хунари интизой наздик аст, баид ба назар мерасад, ки мафхуми амики мазхабй доштааст.

Одати пур кардани фазой холй бо табдили бахше аз чонвар ба сурати узви вижаи чонварй дигар мисли намоиши думи як хайвон ба сурати сари як хайвони дигар марбут ба вахшат ё танаффур аз фазой холй будааст, вале агар онро ба манзалаи аксуламали гаризе дар баробари танаввуи табиат гавчех кунем, ин нукта бештар дар мавриди тасовирашон содик аст. Бархе аз мухаккикин муътакиданд, ки фикри тачриба кардан бад-ин равиш шояд аз тарафи хайтихо (Hittite) ба сакоихо интикол ёфта бошад.

Алокаи сакоихо ба нишондани сангхои гаронбахо бар руи ашё, ба вижа дар солхои нахустини кудрати онон ривоч дошт. Як намунаи зебо ва кухан аз нишондани сангхои гаронбахо бар руи зар паланги заррин Калармас аст, ки бо сабке бисёр гиро ва мохирона ба чашм мехурад. Тандисхои мунфариде аз ин даст шохкорихои хунари сакой ба шумор мераванд.

Ба таври куллй дар рузгори сакоихо тандисхои гавазн, бузи кухй, гови нар ва ё чонварони дигар дар холе, ки похояшон чамъ шуда ва ба сурати дастгира ё дастай даромада, бар руи тирак ё дастахои асосияи манзил гузошта мешуд. Ачаб он ки хар чанд

асб дар зиндагии рузонаи биёбонгардон нак,ши бисёр мухиме дошта, ба нудрат дар хунари онон зохир шудааст.

Пас аз кдрни хаштуми кабл аз мелод, ки дар тайи он ошурихо бар ахолии Сурия ва Финикия чира шуданд, нуфузи шаркй намоён гашт. Он ¡ ох, пешрафти сакоихо дар Осиё нохияи Кафкозро дар тамос бо Миср карор дод ва мучассамахои кучаки худой Бес (Bes) ба Сибири Гарбй ва Киев ва навохии мучовири он рох ёфт, дар сурате, ки нилуфари обй дар Позирик зохир шуд.

Аз миёни аносири бисёре, ки дар хунари сакой ворид шуд, мухимтар аз хама шояд унсури ионй буд, ки аз чанд чихат ба Авруосиё нуфуз кард. Дар вахлаи аввал аз Эрон, хангоме ки коргарони ионй машгули сохтани кохи бузурги Дориюш дар Шуш буданд, дар тавоифи биёбонгард мутадовил шуд. Хдмчунин ин сабк мустакиман низ ба василаи бозаргононе, ки бо шахрхои савохили шаркни дарёи Сиёх дар тамос буданд, бурда шуд.

Дар Кафкоз баъзе намунахо нишондихандаи нуфузи хахоманишй аст, вале дар хамаи онхо саликахо ва алокахои сакоиён ба таври равшан мунъакис аст. Занчирхои бофташуда аз тилло ва гарданбанд низ аз лихози зебой ба пои чавохироти мурассаи сангинтар мерасад. Дар Позирик гарданбандхои чубй мураккаб аз тандисхои гавазнхо ва хайвоноти афсонай (шер бо сари паранда) ёфт шуда, ки руи онро бо варакахои тилло пушонда ва бар руй халкае мифрагин савор кардаанд, ки аз лихози сабк бадвй аст.

Мардон танхо як гушвора ва занон ду гушвора доштанд, ангуштар хамагонй буд ва аксаран чанд ангуштарй дар хар ангушти ду даст дида шудааст. Тилисм бисёр мутадовил буд ва аз дандони хайвони бонеруи сехромез гирифта, то сангхои мухталиф бо ранг ва шакли гайриодй шабех ба мухрахои устувонаи шакли ошурихо ривоч дошт (6, 163-164).

Сакоихо аз руасои худ бечуну чаро итоат мекарданд. Аммо афроди ноором буданд ва аз чангу ягмогарй лаззат мебурданд. Дар аксар маворид диловарии онхо дар сахнахои набард мучиби нигаронии вокеии давлатхои бисёр нерумандтар аз худ, мисли Ошур, Мод, Порт ва Юнон мешуд. Дар карни хафтуми кабл аз мелод, сакоихо дар саросари Осиёи Сагир мучиби биму вахщат буданд, вале дар хамон хол сарваташон ва иштиёкашон ба зинатолот онхоро тарафи алокаи бозаргонони бузурги юнонй карор дод, ки дар савохили дарёи Сиёх мустакар буданд.

Ба таври куллй дар хунари сакой тандисхои чонварй мунфарид шохкорихои хунари сакой ба шумор мераванд, аммо таркиботе, ки як ё чанд мавчудро нишон медихад, ки бо якдигар дар чанганд, дорой вижагии камтаранд ва ба он зебой нестанд. Истифода аз накшмоя, ки худ дорой кимати зиёде аст, дар байни сакоихо бисёр мутадовил будааст.

Вуфури ашёи тазйиншуда аз сакоихо аз лихози теъдод ба маротиб бештар аз микдоре аст, ки ба василаи хар кавми бостонй бо чамъияти мушобех ба вучуд омадааст ва сарфи назар аз далоили бостоншиносй пайдост, ки он асар ба василаи худи биёбонгардон дар тайи зиндагияшон эчод шуда ва бар хилофи он чй гуфта мешавад тавассути хунармандони хирфай ва барои онон дар марокизи шах-рй, ки бештар дар дастраси онон буда, сохта нашудааст (1, 124)

Тавзехот

Дар катибахои Эронй Бостон се кавми сакоихо номбар шудаанд: сакоихои хавмаварг (дар осори муаллифони антика - амюргихо), сакоихои тиграхавд (кулохашон н^гтез) ва сакоихои «он суи бахр».

Рочеъ ба кабоили сакой, ватани аслй ва минтакахои пахн шудани онхо мухаккикони собик шуравй, Fap6 пажухишхои зиёде ба анчом расонидаанд, ки дар радифи онхо метавон А. Бернштам, Б.Гафуров, Б. Литвинский, М. Артамонов, О. Вишневская, И. Пьянков, Р. Фрай ва дигаронро ном бурд. Барои огохии бештар дар ин хусус ручуъ шавад ба: Бернштам А.Н. историко-археологические очерки Центрального Тянь-Шана и Памиро-Алая. М.: -Д., 1952; Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М„ 1972; Литвинский Б.А. Древние кочевники «Крыши мира». М„ 1973; Артамонов М.И. Сокровище саков. М, 1973; Вишневская O.A. Культура сакских племён низовьев Сыр-Дарьи в VII-Vbb. до н.э. М„ 1973; Пьянков И.В. Саки (содержания понятия)// Изв. ООН Тадж. СССР. -1968. -№3 (510: Фрай Р.Н. Наследие Ирана. М„ 1972; Раевский. Очерки идеологии скифо-сакских племен. М„ 1977. -216с.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бехзодй, Рукия. Кавмхои кухан дар Осиёи Марказй ва фалоти Эрон. -Техрон: Нашри Тахурй, 1391

2. Гаруса, Ренеа. Импротурии сахронавардон. Тарчумаи Абдулхусайни Майкада. -Техрон: Интишороти илмиву фархангй, 1387

3. Гиршман, Рамон. Хунари Эрон дар даврони Мод ва Х,ахоманишй. Тарчумаи Исии Бехном. -Техрон: Интишороти илмиву фархангй, 1390

—148- НОМАИ ДОНИШГОХ D

4. Курайшй, Амонуллох,. Эроннормак. -Техрон: Нашри Х,урмузд, 1380

5. Мори, К.Х. Аз забони Дориюш. Тарчумаи дуктур Парвиз Рачабй. -Техрон: Нашри Корнаг, 1383

6. Толбут, Робис Томоро. Сакохо. Тарчумаи Рукия Бехзодй. - Техрон. 1388

7. Фрай, Ричард Нилсун. Таърихи бостонии Эрон. Тарчумаи Масъуд Рачабниё. -Техрон: Интишороти илмиву фархангй, 1388

8. Худододиён, Ардашер. Ориёихо ва модхо. -Техрон, 1378

Сакские племена и их роль е культуре Древнего Ирана

С. Мухаммади

Ключевые слова: история древнего мира, сакская цивилизация, развитие ремесла в древнем мире, украшение

В статье рассматривается проблема происхождения сакских племен, их прародины, пути их расселения. Предпринята попытка на основе анализа археологических находок, свидетельств древних авторов и исследований современных ученых определить вклад сакской цивилизации в развитие ремесла.

Sak Tribes and their Role in the Culture of Ancient Iran

S. Mukhammadi

Key words: history of the ancient world, Sak civilization, development of handicrafts in the ancient world, embellishment

The article dwells on the issue of the origin in regard to Sak tribes, their protoland, the ways of the dissipation over world spaces and the role of the regions they set up their staff in. The author of the article makes an endeavour to determine the contribution of the Sak civilization into the development of handicrafts designing on the premises of archeology artefacts, evidences of ancient scholars and researches ofmodern scientists.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.