Научная статья на тему 'ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ ФАКТОРЫ В МЕХАНИЗМАХ ФОРМИРОВАНИЯ ИСТОРИЧЕСКОЙ ПАМЯТИ'

ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ ФАКТОРЫ В МЕХАНИЗМАХ ФОРМИРОВАНИЯ ИСТОРИЧЕСКОЙ ПАМЯТИ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
57
7
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЧЕСКОЕ СОЗНАНИЕ / ИСТОРИЧЕСКАЯ ПАМЯТЬ / ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ АСПЕКТЫ / ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ ФАКТОРЫ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Тохириён Абдуллохи Шерализода

Статья посвящена выявлению и изучению педагогических факторов, основанных на анализе существующих во многих дисциплинах научных парадигм о механизмах формирования исторической памяти. Также рассматриваются научные и практические аспекты воспитания и развития исторической памяти, даются рекомендации по разработке научных гипотез педагогической науки по процессу генерации исторической памяти.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PEDAGOGICAL FACTORS IN THE MECHANISMS OF HISTORICAL MEMORY FORMATION

The article is devoted to the identification and study of pedagogical factors based on the analysis of scientific paradigms existing in many disciplines about the mechanisms of historical memory formation. Scientific and practical aspects of education and development of historical memory are also considered, recommendations are given for the development of scientific hypotheses of pedagogical science on the process of generating historical memory.

Текст научной работы на тему «ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ ФАКТОРЫ В МЕХАНИЗМАХ ФОРМИРОВАНИЯ ИСТОРИЧЕСКОЙ ПАМЯТИ»

электрический ток, самостоятельная работа, предметы математического цикла, курс общей физики.

SOLUTION OF PROBLEMS WITH PHYSICAL CONTENT IN PRACTICAL CLASSES IN MATHEMATICS - ONE OF THE BASIC MEANS FOR PROFESSIONAL TRAINING OF FUTURE TEACHERS OF PHYSICS

The article explores concept of a problem with a physical content, and defines its role in the professional training of future physics teachers at pedagogical universities. Based on it, set of problems are analyzed on the subject of mathematical cycle, and it is revealed that its number is insufficient for the professional training of future physics teachers at pedagogical universities. Therefore, corresponding problems with physical content are produced related to the topic of a definite integral.

Thus, independent work is an integral part of the academic activity of future physics teachers. Therefore, the article contains tasks for organizing students' independent work.

Some guidelines are provided at the end.

In our opinion, this material contributes to effective organization of practical classes on the subjects of the mathematical cycle.

Keywords: vocational training, physics faculty, problems with physical content, integration method, work, force, pressure, solution of the problems, electricity, electric current, independent work, subjects of the mathematical cycle, course of general physics.

Сведения об авторах.

Раджабов Тагаймурод Бабакулович - доктор педагогических наук, профессор кафедры методики начального образования Таджикского государственного педагогического университет им С. Айни. Тел: (+992) 935063412.

Саидова Фарангиз Хуршедовна - соискатель кафедры методики преподова- ния физики Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафуров.

About the authors

Radjabov Tagaymurod Babakulovich - Doctor of Pedagogical Sciences, Professor of the Department of Primary Education Methods of S. Aini Tajik State Pedagogical University Tel: (+992) 935063412. Saidova Farangiz Khurshedovna - Applicant for the Department of Physics Teaching Methods, Kujand State Universite named after Academician B. Gafurov.

УДК 37.03

ОМИЛХРИ ПЕДАГОГИ ДАР РАВАНДИ ТАШАККУЛИ ХОТИРАИ ТАЪРИХЙ '

Тохцриён А.Ш.

Маркази вилоятии бозомузй ва такмили ихтисоси кормандони соуаи маорифи вилоятии шаури Тошканд

Баробари рушди хаёти инсоният, талабот ва таваччух ба тарзи зисти ачдодй, ба таъсири сабакхои он ва алахусус ба омилхои мухиме, ки симои маънавии инсонро ба сатхи камолот мерасонанд, меафзояд. Аз ин ру, илм хамеша роху усулхои нави пажухиши муаммохои мозиро чустучу мекунад. Чунин муаммохои илмию назарй, аз кабили ташаккули шуури таърихй, ташаккул, тарбия ва рушди хотираи таърихй дар доираи он, барои бисёр фанхо чун муаммои мубрами илмй ахамият пайдо мекунанд. Азбаски, дар илмхои фалсафа, сотсиология, таърих, психология шуури таърихй ва хотираи таърихй аз нуктаи назари мувофикият ва азнигохи мавзуъ ва категориями он илмхо омухта мешаванд, мутаносибан чанбахои педагогй, шароити педагогии масъала низ тадричан ахамияти вокей пайдо мекунанд.

Маколаи мазкур ба омузиши чанбахои педагогии масъала бахшида шуда, дар асоси тахлили фарзияхо ва мафхумхои мавчудаи илмй тахия гардидааст. Х,адафи асосй инъикоси андешахои олимони таърихнигории ёддоштй (мемориалй) мебошад, ки дарачаи робитаи байни хотираи таърихй, дониши таърихй ва вазъи фаъолияти омилхои педагогиро дар ин раванд, тахлил мекунанд.

Шархи адабиёт. Масъалаи ташаккули хотираи таърихй, омузиши назариявии механизмхои ба худ хоси ин раванд дар бисёр кишвархо анчом дода мешавад ва чунин тахкикот то ба руз низ идома доранд. Аз чумла, олими олмонй Ч,орн Русен, ки назарияи шуури таърихй ва намудхои фарханги таърихиро ба илм ворид кардааст, мухаккики амрикой Семуэл Хантингтон, ки накши шуури таърихиро дар ташаккули хуввияти миллии фархангй омухтааст

ва файласуф, сотсиологи фаронсавй Раймонд Арон, ки методологияи шуури таърихиро дар асри ХХ тахкик намудааст, дар тахияи манзараи умумии ин муаммои илмй сахми сазовор гузоштаанд. Ч,анбахои фалсафии проблемаи шуури таърихй ва хотираи таърихиро олимони рус, аз кабили Ю.Либиг, А.Леопа, О.Сгибнева, О.Лосева, П.Каменская, М.Чистанов омухтаанд. Дар асоси назари таърихй, ин мавзуъ дар асархои Л.Репина, П.Гречухин, А.Люблин, В.Мелешкин, И.Яблоков хамачониба баррасй шудааст. Нигохи сотсиологй ба муаммо асосан дар тахкикоти олимон, аз кабили Ю.Тошченко, В.Утенков, М.Горшков, Л.Кононова, Т.Путятина, В.Фролов бештар дида мешавад.

Солхои истиклолият дар Узбекистон барои ташаккул ва тарбияи шуури таърихй ва хотираи таърихии чомеа зарурати бахшидани сифати нав, мундаричаи нав ба ин мафхумхо пеш омад. Дар натича, мазмуни фанхои таълимй ба талаботи замони муосир дар асоси арзишхои миллй ва мероси маънавии халк мутобик карда шуданд. Тадкикотхои илмй низ мувофики чунин тамоилрохандозй гардиданд.Дар доираи илмии кишвар мафхумхои «шуури таърихй», «хотираи таърихй», «хуввияти миллй», «ватандустй» аз чониби мухаккикон Ю.Туленов, И.Чдбборов, С.Отамуратов, Г.Никитенко, Д.Гуламова, М.Мамаджанова, М.Еаниева, Р.Рахмонов, Ф.Файзиев баррасй шудааст. Инчунин, ин масъала дар интишороти як катор файласуфон, таърихнигорон, сиёсатшиносон, чомеашиносон ва мухаккикон, аз чумла М.Бекмуродов, О.Абдуазимов, Р.Абдуллоев, Д.Абдуллоджанова, Д.Алимова, К.Шоназаров матрах шудаанд. [4, с.7]

Рочеъ ба зарурати тахкики мавзуъ. Бешак, дар ташаккули хотираи таърихй омилхои педагогй накши назаррас доранд. Барои тавсифи онхо, мо бояд аввал механизмхои ташаккули хотираи таърихиро баррасй кунем. Механизмхои ташаккул чун назария дар фалсафа, чун раванд дар руйдодхои таърихй ва чун муаммои илмй дар бахшхои байнисохавй тафсир карда мешаванд. Ч,анбахои педагогй ва омилхои педагогии масъала бошад, дар хама холатхо мавчуданд. Аммо, омузиши ин муаммои илмйто ба хануз ба сатхиталаботнарасидааст.

Ба андешаи мо, сабаби ин хол тавзехи зиддунакиз ба мафхуми шуури таърихй, ба тавсифи илмии мафхуми хотираи таърихй ва муносибат ба зарурати хаётии ин мафхумхо мебошад. Гайр аз ин, тахкикоти илмии мавчуда асосан ба масъалаи ташаккули хотираи таърихй тамаркуз карда, ба чараёни тарбия ва рушди он камтар эътибор додаанд. Барои исботи хамин нуктаи назар кушиш ба харч дода шуд, то ки асоситарин маъхазхои илмии мавчуда баррасй шавад.

Мохияти проблемаи илмй. Чуноне, ки маълум аст, мачмуи тасвирхои (образхои) мозй асоси хотираи таърихиро ташкил медиханд. Х,арчанде дар тадкикотхо ба механизмхои ташаккули хотираи таърихй диккати махсус дода мешавад, аммо то ба хол, муносибати куллй, умумй ба таърифи ин мафхум ташаккул наёфтааст. Дар асархои мухаккикони хоричй нуктаи назари онхо оид ба масъалаи шуур ва хотираи таърихй дар заминахои гуногун ва хатто зиддиятнок ифода ёфтааст. Яъне, бо вучуди таваччухи фаъоли онхо, таърифи консептуалии масъала хануз ба рох монда нашудааст ва якин аст тафсири мафхуми хотираи таърихй муддати тулонй мавзуи бахс ва гуфтугуи илмй бокй хохад монд.

Таврекайд кардем, хотираи таърихй хамчун як проблемаи илмй дар атрофи худ илмхои фалсафа ва таърих, сотсиология ва психология, этнография ва филологияро муттахид мекунад, ки ин бешак, аз ахамияти он дарак медихад. Хангоми тавсифи хотираи таърихй дар ин фанхо таъкид карда мешавад, ки дарки руйдодхои имруза аз дониш ва арзёбии руйдодхои гузашта вобаста аст. Аммо, агар хотираи таърихй ба маънои васеътар тафсир карда шавад, он метавонад хамчун фарзияи илмй, хамчун таъсиргузортарин ва тавонотарин омили рохнамои шуури ичтимой гардад.

Мусаллам аст, ки хотираиинсон умри дароз дорад. Аз ин ру, агар руйдодхои гузашта объекти тахлили такрории руйдодхо бошанд, ахамияти тарбиявй ва чанбахои тарбиявии онхо метавонанд дар доираи фарзияхои илмии илми педагогика мавзуи тахкикоти максаднок гарданд. Масалан, кушиши аз шуури таърихй ва хотираи таърихй рахонидани ходисаи наслкушй (генотсид) хамчун як падидаитаърихй хилофи манфиатхоиинсонхохад буд, харчанд он бароиинсониятяк фочиаи бузургаст. Чаро? Чунки махз ба туфайли дар хотира хамеша фаъол будани ин падида, инсоният чилави омили хушёриро дар даст медорад. Пас, дар хотираи таърихй нигох доштани баъзе аз хаводиси нохуши таърих барои зухури гуманизм, барои равнаки маънавиёти инсон лозим аст. Ва ба ин, на танхо имруз, балки хамчунин фардои инсоният низ эхтиёч дорад. Вакте, ки мо дар бораи холокост ё ходисахои шабехи он, аз кабили наслкушии арманихо аз сахифоти таърих харф мезанем, новобаста аз он, ки онхо дар кадом сол ва ё аср содир шудаанд, ахамияти изтиробии худро хамчун як мушкилоти хаёти инсониятзаррае гум нахоханд кард. Ч,ангхои чахонй, инкилобхо, чангхои шахрвандй низ метавонанд дар шуури шахс такрор ба такрор эхсосоти ахторй, нохинчор, нафрат ва хиссиёти

ногуворро ба вучуд оранд. Ба гуфтаи якe аз олимони машхури сохаи пcиxoтepaпияи ичтимой, чунин хиссиётро аввал як насл хамчун холати огеби равонии амик аз cap мeгyзapoнaд, ки окибатхои он ба наслхои оянда низ таъсир мepacoнaнд [9, с. 233]. Аз ин ру, бо назардошти чунин гардиши даврии хотира, зимни таълиму тарбия ташкил кардани дарсхо, тахия намудани хулосабандихо, тapхpeзии ислохот тавассути омилхои тедагогй ба максад мувофик аст.

Пайдо шудани дидгоххои зиддунакиз, дар мавриди таъини вазифаи илми таърих дар дахсолаи охири асри гузашта, муносибатро ба хотираи таърихй низ шадидтар кард. Хусусан, дар чoмeaи илмй aкидae хамовозй пайдо кард, китибки он, вазифаи таъхирнопазири илми таърих хамчун мexaнизми асосии муайян кардани манзараи чoмea ва мepocи таърихии он, азнигох доштани хотираи таърихй ёхуд хотираи ичтимой иборат дониста шуд. Аслан, ташаккули хотираи таърихй раванди мypaккaбecт, ки шароити ичтимой ва иктисодй, мафкура ва контепсияи дар чoмea хукмрон, хамчунин муносибати умумии насли наврасро ба таърихи кишвари худ дар бар мeгиpaд. Биноан, акидаи зухуркарда барои интиколи арзишхои зeхнй ва ичтимой ба чавонон, дар чараёни ичтимоикунонии онхо заминаи асоснок гардид. Бо назардошти чанбахои пeдaгoгй, барои он, ки чoмea ба ин муаммо мунтазам таваччух зохир кунад, бояд дарк кард, ки ташаккули хотираи таърихй дар чавонон хам чун пpoблeмaи илмй ва хам чун раванди таърихй гуногунчабха буда, ба он таъсири омилхои зиёдчой доранд.

Дар доирахои илмй мафхуми «хотираи таърихй» ба тарзхои мухталиф тафсир карда мeшaвaд: хамчун усули хифз ва интиколи манзараи рузгори мозй хангоми гум шудан ё фapoмyш гардидани анъанахо; хамчун хотираи инфиродй аз мозй; хамчун хотираи дастачамъии мозй; хамчун хотираи ичтимоии мозй ва дар нихоят, хамчун муродифи шуури таърихй. Хамин тарик, хотираи таърихй чун мафхуми ичтимойтафсир мeшaвaд, ки ба вазифахои хифз ва дарки тачрибаи таърихии чoмea асос ёфтааст.

Ташаккули хотираи таърихй хамчун раванди таърихй аз cтpaтeгияи рушди ичтимоию иктисодй, сиёсй, маънавй ва албатта, фархангии манотики муайян вобаста аст. Faйp аз ин, ташаккули хотираи таърихй аз нигохи муносибат, таваччух, эхтиром ба арзишхои миллй, динй, маънавй мeтaвoнaд хамчун як раванди хоси таърихй рух дихад. Ин имкон мeдихaд, ки илми годагогика дар асоси чунин гардиши даврии хотираи наслхо парадигмахои мувофики илмиро дар асоси хадафхо ва вазифахои худ тахия намояд ва зимни рохандозии таълиму тарбия аз он истифода барад.

Табиист, ки хотираи ичтимоии наслхо бояд дар доираи як оила, гуруххои муайян, дар байни ахолии шахр ё дeхoт, инчунин дар байни тамоми мардум, дар микёси кишвар ва ахли башар нигох дошта шавад. Бинобарин, хотираи таърихй якe аз омилхои калидии таъмини муттасилй ва давомнокии хаёти ичтимой мeбoшaд. Тaвpe М.Барг кайд мeкyнaд, "Шуури чамъиятй на танхо аз он чихат таърихй аст, ки мундаричаи он бо мурури замон рушд мeкyнaд ва тагйир мeёбaд, балки инчунин аз он чихат, ки он ба гузашта "нигаронда" ва ба таърих "гарк" шудааст" [1, с.5-6].

Мазмуни хотира азмозй бокй мондааст, аммо ба шарофати хотира, фаъолияти хappyзaи равонии инсон боз хам рушд мeкyнaд. Пас, бeшyбхa, мозй заминаи амики раванди шуури фаъол мeбoшaд. Дар ин чо бояд кайд кард, ки раванди интиколи хотира аз мозй ба имруз ва хатто фардо, раванди нигахдории хотира бо намуди фаъолиятхо аз кабили муайян кардан, тафсир намудан, oмyxтaн алокаманданд, ки дар онхо омилхо ва усулхои пeдaгoгй накши мухим доранд. Ахамият ёхуд мубрамии мушкилоти имpyзaи чoмea баъзан мeтaвoнaд бeвocитa бо гузаштаи таърихй алокаманд бошад. Агар шахс тачрибаи комёбй ва нокомихои мозиро тахлил кунад, пас гояхои нав бeдop мeшaвaнд, y фикр мeкyнaд ва дар нихоят, y мeтaвoнaд ба гояхои бунёдкорона даст занад.

Таърихнигорон ба мexaнизмхoи ташаккули хотираи таърихй муносибати хос доранд. Байни онхо мулохизахо нисбати он, ки агар хотира ба руйдоди таърихии дорои ахамияти ичтимой асос ёфта бошад, пас дар бораи он, ки кадом лавхахо фаромуш карда шудаанд ва кадом лавхахо дар тули асрхо хифз шудаанд, xeлe гуногунанд. Агар хотираи таърихй аз мачмуи тасвирхои мозй иборат бошад, пас чаро руйдодхои "матлуб" ва "номатлуб" аз ин мачмуъ чудо карда шудаанд? Интихоби руйдодхои "матлуб" ва "номатлуб"-и мозй, ба онхо макоми абадй додан ё баръакс, онхоро ба фаромушии бошуурона ва хадафнок равона кардан, бо чунин мафхумхои илмй чун "кoммeмopaтcия" ва "peкoммeмopaтcия" шарх дода мeшaвaд. Koммeмopaтcия ин мaфхyмecт, ки дар чоррахаи cтpaтeгияи ёдоварй ва фаромушй ташаккул ёфта, дар он руйдодхои матлуб ва номатлуб интихоб карда мeшaвaнд ва руйдодхои дорои ахамияти тарбиявй, сарвати маънавй чалол дода мeшaвaнд, ки сазовори хотираи доимй ва хотирахо бошанд. Рeкoммeмopaтcия бошад, баръакси кoммeмopaтcия буда, раванди максаднок ва бошууронаи фаромуш кардани бaъзe сахифахои фочиабори барои таърих

дapднок мeбошaд. Дap ин paвaкд, cyкyт накши мухим мeбозaд, яънe ба тaвpи бошyypонa ин ë он лахзахои тaъpиxй aлокaдpи хол кaмтap ëдбyд мeшaвaнд. Мacaлaн, дap бaъзe мapхилaхои тaъpиx, дapгиpих,ои байни миллатхо дap як махал cодиp шyдa бошад, аз он xycyc ба кaдpи имкон кaмтap caдо мeдихaнд ë бо кам кapдaки хачми мaълyмот дap боpaи ин ходжа онхоpо ба боди фapомyшй мeдих,aнд. Бояд кайд кapд, ки аз тapaфи коpшиноcон хapдy paвaнд хам яъш ëдовapй ва фapомyшкyнй хaмчyн мexaкизми тaшaккyли xотиpaи тaъpиxй тавшф кapдa мeшaвaд.

Якe аз acоcгyзоpони иcтилохи илмии ««от^аи тaъpиxй», фaйлacyф ва cотcиологи фapонcaвй Моpиc Халбвагс аввалин кace 6уд, ки тафотрт xотиpapо хaмчyн yкcypи чудонашавандаи шyypи ичтимой ва хуввияти чамоавй гашниход нaмyд. Тибки гyфтaи y, ««от^аи тaъpиxй мyхимтapин чузъи xyдшиноcии шaxc, iypy^ ичтимой ва тамоми чомea мeбошaд» [8, c. 8]. Вай таъкид кapдa буд, ки xотиpapо нaмeтaвон чизи xоcи бадан ë акди фapдйхиcобид ва хамчун фapзияи илмй пeшкиход кapд, ки ташаккули xотиpa комилан бeнaзиp буда, ин маеъала мyноcибaти бaйкиcохaвиpо талаб мeкyнaд. Дap ин мapхилa, олим тамирт мутакобилаи xотиpaи инфиpодй бо xотиpaи чамоав^о дap acоcи тачртбаи шaxcй таъкид кapд. Яънe, мувофики Халбваго, xотиpa бояд на танхо хамчун тачртбаи шaxcй, балки дap до^аи xотиpaи чамоавй (ичтимой) низ омyxтa шавад.

Аз ин py, имpyз олимон омузиши ин мacъaлapо дap майдони бaйниcохaвй мeомyзaнд. Дap paвaнди омузиши мacъaлaи хамохангии донишхои тaъpиxй, xотиpaи тaъpиxй ва шyypи тaъpиxй то чй андоза тaъcиpбaxш будани омилхои пeдaгогй низ ахамияти xоcкacб мeкyкaд. Тибки тaфcиpи мyтaxaccиcон, муайян кapдaни xaтти возeхи байни шyypи тaъpиxй ва xотиpaи тaъpиxй Faйpиимкон acт, зepо ин paвиш пайваст кapдaки xотиpapо такхо бо тачртбаи мозй ва мaхpyм кapдaни он аз тacвиpхои имpyзy фapдо дap нaзap доpaд. Аммо, aгap xотиpaи тaъpиxй хамчун пайвакди байки замонхо омyxтa шавад, nac зимни интиколи мepоc аз нacл ба наш, бeшyбхa, paвaндхоe аз кабили омузиш, такдим кapдaн ва cифaтхои тapбиявй татбик xохaкд шуд. Омилe, ки чанбаи маънавии paвaнди ташаккули xотиpaи тaъpиxиpо ташкил мeдихaд, дониши тaъpиxй ба шyмоp мepaвaд, ки yнcypи тapкибии шyypи чамъиятй мeбошaд. Аз ин py, дониши тaъpиxй бояд ба тaвpи муназзам, бо хама мapхилaхо аа caтххои он фapо гиpифтa шавад. Зepо бидуки paвиши муназзам, бидуни тахлили ходиcaхо ва падидахо бо ëpии тaфaккypи тaъpиxй дapки шyypи тaъpиxй комил нaxохaд буд. Ифодаи xeлe возeхи ин мyлохизapо олимаи pyc Л.Рeпинa овapдaacт: '^ap зaмиpи хама гуна тaъpиxнигоpй, пeш аз хама, шyypи тaъpиxй мexобaд, ки мозиpо бо имpyз пaйвacтa, ояндapо мyнъaкиc мeкyнaд" [7, c.479].

Хангоми омузиши мacъaлaи ташаккули xотиpaи тaъpиxй, тахдили боз як мexaнизми конceптyaлй ва бeшyбхa xeлe мухим - холати эчоди "чойхои xотиpa"бa мaкcaд мувофик acт. Зepо чойхои xотиpa, албатта, тaъpиxи xyдpо доpaнд ва ба мyндapичaи эхcоcотe, ки аз нacл ба наст мeгyзapaнд, тaъcиp мepacонaнд.Бa гуфтаимухаккик n.^pa, "мyзeйхо, бойгонй, кaбpиcтонхо, коллeкcияхо, идхо, cолгapдхо, pиcолaхо, пpотоколхо, ëдгоpихо, маъбадхо, accотcиaтcияхо - хама хамчун apзишхо шохидони дaвpони дигap, иллюзияи абадият мeбошaнд" [5, c.26]. Бинобapин, дap холатхои мapбyт ба ташаккули xотиpaи тaъpиxй дap мyaccиcaхои таълимй, ба pобитaи ногycacтaнии байни pyйдодхои xотиpa ва чойхои xотиpa бояд эътибоp дод. Faйp аз ин, дap тaъpиxнигоpии ëдгоpй мyлохизae pоич аст, ки мувофики он, ягон тacвиpи мозй бe "чойхои xотиpa" вучуд нaдоpaд, зepо бapои ташаккули тacввиpи мозй объeкти дакик лозим аст. Тacвиpи ин ë он pyйдод,дap xyд пeш аз хама, кадом як paмзepо фapо мeгиpaд, ки ягон пepcонaж ë ходиcapо тapaннyм мeкyнaд ва cипac ин paмз тaдpичaн ба FOяи cxeмaвй мубаддал мeгapдaд. Тacвиpхои мозй низ чун xотиpaи тaъpиxй дap шаклхои мyxтaлиф шакл мeгиpaнд ва ин мeтaвонaд дap шакли тacвиpи вокea ва ходжахои мyшaxxac, aшxоcи инфиpодии тaъpиxй, гypyххои ичтимой ë дacтaчaмъй бошад. Во^ан, тacвиpи як ходиca ë шaxcи тaъpиxй дap заминаи мачмуаи xотиpaхои бecapycомон ва пapокaндa офapидa мeшaвaд. Аммо, бо мypypи вакт, вокeaхоe, ки ба тacвиp мубаддал гаштанд, мояи тaъpиx мeшaвaнд ва бо кохидани шyмоpaи шохидони зинда, тacвиp тaдpичaн тaFЙиp дода мeшaвaд ва нихоят аз вокeияти тaъpиx ,nyp мeшaвaд. Ба ин маъно, чойхои xотиpa якe аз yнcypхои офapиниш ва бapкapоpии тacвиpхои мозймaхcyб мeшaвaд.

Дap мexaнизмхои ташаккули xотиpaи тaъpиxй накши caнъaт ва адабдат мавзуи алохида мeбошaд. Биcëpe аз чоpaбинихои мyxтaлифe, ки дap шхаи фapхaнги бaдeй бapгyзоp мeшaвaнд, дap шyypи тaъpиxй ва xотиpaи тaъpиxии мapдyм накши боcaзо мeгyзоpaнд. Acapхо дap жaнpхои хуччатй, тaъpиxй, ки дap aдaбиëти бaдeй офapидa мeшaвaд, мозиpо зинда намуда, cимои н^го^о тaчaccyм мecозaд, ба чомea аз гузашта caбaк дода хaмвоpa ба оянда paвшaнй мeaндозaнд. Хамин тapик, инcоният аз xaтогихои мозй дap pохи xyдшиноcй xyдpо хифз xохaд кapд. Ин чо, aндeшaи мухаккик О.Лeонтeвa оид ба пpоблeмaи ташаккули

тасвирхои таърихии мозй хамчун "усули омузиши хотираи таърихй" добили таваччух аст. Тибки гуфтаи вай, "махз тасвирхои руйдодхо ва персонажхои мозй, ки дар асархои фарханги бадей офарида шудаанд, асоси афкори хамаруза дар бораи гузашта мебошанд" [2, с.34].

Х,ангоми тахлили хусусиятхои хотираи таърихй, ангезаи сиёсии сохтори он ба мадди аввал меояд. Барои муттахид сохтани чомеа, ташаккули фахмиши муштарак дар бораи гузаштаи худ, мероси миллй ва хуввияти миллии онхо, куввахои хоким аз механизмхои ташаккули хотираи таърихй хадафмандона истифода мебаранд. Гуфтан мумкин аст, ки мубориза барои рахнамоии сиёсй аксар вакт дар ракобати байни хотираи таърихй ва фарзияхои гуногуни рамзхои гуногун, ки онро бузургдоштй мекунанд, зохир мешавад. В.Мажников робитаи байни хотираи таърихй ва сохторхои сиёсиро таъкид намуда, чунин мешуморад, ки амалисозии омузиши хотираи таърихй "асосан аз эхтиёчи давлат, элитаи хукмрони сиёсй ба фаъол намудани таъсири худ ба шуури омма бармеояд." [3, с.8].

Раванди ташаккули хотираи таърихй дар баробари ташаккули муносибати умумй ба хокимияти расмй идома меёбад. Хотираи таърихии чомеа дар асоси моделхои гуногуни таърихи миллй, ки тули солхо аз чониби хукуматдорон ва мухолифон тахия шудаанд, сохта мешавад. Аз ин ру, тавсифи хотираи таърихй чун эхсосоти барои хамагон умум ва аз чихати маъно том хеле мураккаб аст. Аммо дар даврахои муайяни таърих, нерухои муайяни сиёсй кушиш мекунанд, ки дар хаёти чамъиятй тагйиротхо ворид кунанд, эпизодхои муайяни хотираи таърихиро гояи асосии амалхои худ карор диханд. Дар натича, дар чомеа тарафдорони эпизодхои дигари дар хотираи чамоавй махфузбуда ба таргабу ташвики гояхои зиддиятнок аз нуктаи назари мухолиф шуруъ мекунанд. Дар ин замина, Л.Репина чунин изхори акида мекунад: "Суиистеъмоли сиёсии хотираи таърихй воситаи тавонои идоракунии шуури шахс ва чомеа мебошад. На танхо макомоти расмй, балки нерухои мухолиф ва харакатхои мухталифи ичтимой низ дар пиндоштхои кобили кабул дар бораи хотираи таърихй ширкат мекунанд." [6, с.44]. Агар чунин холат тадкики гардад, маълум мешавад, ки ташаккули шуури таърихй ва хотираи таърихй то чй андоза муносибати мураккаб ва чиддй талаб мекунад. Зеро, ахамияти шуури таърихй ва хотираи таърихй хамчун як чузъи чудонашавандаи маънавиёти чомеа чй андоза ганй бошад, хамон кадар он дар инсон хисси ифтихор аз гузаштаро бедор мекунад, миллатро муттахид месода, онро ба омухтани таърих ташвик мекунад.

Хулоса ва пешнщод. Х,амин тарик, адабиёти илмии омухташуда дар сохаи омилхои педагогии механизмхои ташаккули хотираи таърихй нишон медиханд, ки мувофикати масъала хамчун проблемаи илмй бокй мондааст. Омузиши хамачонибаи он барои чунин самтхои фаъолият, аз кабили тахияи усулхои истифодаи самаранок дар таълим ва тарбияи муосир, инчунин дар сохтори чахонбинии чавонон бо истифода аз шуури таърихй ва хотираи таърихй ворид намудани арзишхои миллй, маънавй ва таърихй асос мегузорад. Тахлили илмии ин масъалахо ба омухтани асосхои педагогии ташаккул, рушд ва фаъолияти системахои ичтимоию фархангй дар чомеа, такмили равандхои идоракунии ичтимоии муассисахои таълимй, ичтимой-фархангй, инчунин ба ичтимоигардонии чавонон, рушди ичтимой, фарханги бадей, мухити институтсионалй ва инфиродй равона карда шудааст.

Дар асоси талаботи муосир, рушд ва фаъолсозии омилхои педагогй дар механизмхои ташаккули шуури таърихй ва хотираи таърихй барои рафъи бухрон ва мушкилоти ичтимоию педагогй кумак хохад кард.

АДАБИЁТ

1. Барг, М.А. Эпохи и идеи. Становление историзма // М. А. Барг. М.: Мысль, 1987. - 348 с.

2. Леонтьева, О.Б. Историческая память и образы прошлого в российской культуре XIX - начала XX в. / О.Б. Леонтьева. Самара: Книга, 2011. - 448 с.

3. Мажников, В.И. Историческая память о сталинградской битве как фактор формирования межнациональной толерантности / В.И. Мажников // Вестн. Волгоград. гос. ун-та. 2013. Сер. 4. № 1 (23) - С.8-13.

4. Махрамов К,.О. Узбекистонда укувчилар тарихий онгининг янгиланиши ва ривожланиши (социологик тахдил). - Социология фанлари буйича фалсафа доктори (PhD) диссертацияси автореферати // К.О. Махдамов Тошкент, 2019. - 51 с.

5. Нора П. Франция - память // П. Нора СПб.: Изд-во ун-та, 1999. - 328 с.

6. Репина, Л.П. История исторического знания / Л.П.Репина, В.В. Зверева, М.Ю. Парамонова. М. 2004. -

288с.

7. Репина, Л. П. Историческая наука на рубеже XX-XXI вв. / Л.П. Репина. М.: Кругъ, 2011. - 559 с.

8. Хальбвакс М. Коллективная и историческая память / М.Хальбвакс // Неприкосновенный запас, - 2005.- № 2-3 (40-41) - С. 8-28.

9. Шутценбергер А. Синдром предков. Трансгенерационные связи, семейные тайны, синдром годовщины, передача трав и практическое использование геносоциограммы. - М.: Изд-во Института Психотерапии, 2001.-240 с.

ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ ФАКТОРЫ В МЕХАНИЗМАХ ФОРМИРОВАНИЯ ИСТОРИЧЕСКОЙ ПАМЯТИ

Статья посвящена выявлению и изучению педагогических факторов, основанных на анализе существующих во многих дисциплинах научных парадигм о механизмах формирования исторической памяти. Также рассматриваются научные и практические аспекты воспитания и развития исторической памяти, даются рекомендации по разработке научных гипотез педагогической науки по процессу генерации исторической памяти.

Ключевые слова: историческое сознание, историческая память, педагогические аспекты, педагогические факторы.

PEDAGOGICAL FACTORS IN THE MECHANISMS OF HISTORICAL MEMORY FORMATION

The article is devoted to the identification and study ofpedagogical factors based on the analysis of scientific paradigms existing in many disciplines about the mechanisms of historical memory formation. Scientific and practical aspects of education and development of historical memory are also considered, recommendations are given for the development of scientific hypotheses of pedagogical science on the process of generating historical memory.

Keywords: historical consciousness, historical memory, pedagogical aspects, pedagogical factors.

Сведение об авторе:

Тохириён Абдуллохи Шерализода - кандидат исторических наук. Ташкентский областной центр переподготовки и повышения квалификации работников народного образования. Заведующий кафедрой общественных наук. Тел: (+998) 903248855. Е-mail: [email protected]

About the author:

TokhiriyonAbdullokhiSheralizoda - Candidate of historical sciences. Tashkent regional center for retraining and advanced training of public education personnel. Head of the Department of Social Sciences. Phone: (+998) 903248855. E-mail: [email protected]

ФАЪОЛИЯТИ чисмонЙ ХДМЧУН ЧУЗЪИ АСОСИИ ТАРЗИ ХДЁТИ СОЛИМ БАРОИ КУДАКОН

Мамадносирова М.М., Якубов Н.И.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Сохаи тарбияи чисмонй ва варзиш яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии давлати Точикистон ба хисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзи,тахким бахшидани тарзи хаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии точик барои иштирок дар мусобикахои байналмилалй равона гардидааст. ( Суханронии Пешвои миллат Эмомалй Раумон ба муносибати ба истифода додани мацмааи варзиш дар шаури Душаебе. 21 07.2020)

Таргибу ташвики тарзи хдёти солим, машгул шудан ба варзиш бахри солимгардонии руху тан бояд яке аз масъалахои мухими чомеаи хар давру замон бахусус, имруз аст, зеро давлати сохибистикдоли мо барои рушди варзиш ва машгул гардидан ба он тамоми шароитхо фарохам оварда шудааст.

Бо ташаббуси Пешвои миллат Президента кишвар ва Раиси шахр Рустами Эмомалй барои солимгардонй ва солимии кудакон, наврасон ва чавонон майдончахои варзишй, клубхои варзишй ва касрхо варзишй сохта ба истифода додаанд. Ин субботкорй бахри ру ба варзиш овардан ва тарзи хаёти солими хар шахрванд мебошад

Бояд кайд кард, ки варзиш дар саломатии инсон ахамияти бузург дорад. Тавре табиби рози; Абуали ибни Сино фармудааст: "агар солиму бардам, тавонманд будан хохед ва агар нахохед,ки ба муоинаи табибу истеъмоли дору ниёз дошта бошед, пайваста ба варзиши бадан машгул шавед".

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.