Научная статья на тему 'Некоторые методологические проблемы экологической оценки экономического развития'

Некоторые методологические проблемы экологической оценки экономического развития Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
1459
110
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЭКОЛОГИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ / ЗАЩИТА ОКРУЖАЮЩЕЙ СРЕДЫ / СТАБИЛЬНОЕ РАЗВИТИЕ / ЗАЩИТА ЭКОЛОГИЧЕСКОЙ СИСТЕМЫ / ОКРУЖАЮЩАЯ СРЕДА / ЕСТЕСТВЕННЫЙ КАПИТАЛ / ECOLOGY PROBLEMS / NATURAL ENVIRONMENT / STABLE DEVELOPMENT / ECOLOGY SYSTEM PROTECTION / NATURAL STOCK

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Ашуров Сохибназар Худойназарович

В статье отражены некоторые методологические вопросы экологической оценки развития экономики, которые выявляют две проблемы. Одна проблема, которая доминирует в содержании статьи это удовлетворение потребностей неимущей части населения, вторая связана ограничением возможностей удовлетворения данных потребностей в связи с развитием технологий и увеличением потребностей современного общества, повлекших за собой проблемы в окружающей среде.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Some Methodology Problems of Ecology Assessment Concerned with Economy Development

The article reflects some methodological issues concerned with ecology assessment related to economy development; so two problems spring up at once. One problem domineering in the contents of the article is a catering for the needs of the indigent part of population; the second one is connected with limitation of possibilities in regard to the needs being satisfied it is accounted for by the development of technologies and increased challenges of the modern society which incurred environmental problems.

Текст научной работы на тему «Некоторые методологические проблемы экологической оценки экономического развития»

Ашуров Со^ибназар Худойназарович,

номзади илмуои биология, дотсент мудири бахши идоракунии сифати та^силоти ДД^БСТ

БАЪЗЕ МАСЪАЛА^ОИ МЕТОДОЛОГИИ БА^ОДЩИИ ЭКОЛОГИИ

РУШДИ ИЦТИСОДИ

Солх,ои 80-уми асри ХХ як катор муаммох,ои экологй ва ичтимой-иктисодй, ки хдёти инсониятро ба вартаи хатар кашида буд, гояи рушди устувори инсониятро руи майдон овард. Х,ануз соли 1984 Ассамблеяи СММ оид ба созмони Комиссияи байналмилалй рочеъ ба мух,ити зист ва инкишоф кароре кабул кард, ки тибки он созмони мазкур барои СММ бояд оид ба ин масъала гузориш манзур медошт. Х,айати комиссия аз олимон ва арбобони чамъиятии кишварх,ои мухталифи дунё иборат буда, тах,ти рох,барии хонуми норвечй Г.Х.Брунтланд маърузаеро бо унвони «Фардои умумии мо» тахдя намудааст, ки он ба забонх,ои гуногуни олам, аз он чумла ба забони русй, тарчума шудааст. Хулосаи асосии маъруза чунин аст: имконияти зинда мондани инсоният дар сурате мавчуд аст, ки агар вай мах,з аз хдмин руз ба мачрои амалигардонии стратегияи инкишофи устувор шомил гардад. Х,амин тарик, бо такя ба пажухдши муносибатх,ои мутакобилаи миёни мух,ити их,оташуда ва инкишоф комиссияи Г.Х.Брунтланд мафхуми «инкишофи устувор»-ро корбаст намуд (2).

«Инкишофи устувор чунин инкишоф аст, ки талаботи имруз, бидуни кох,ишгардии талаботи насл^ои оянда, таъин мегардад» (1, 75). Яке аз пешвоёни самти илмии иктисодиёти экологй Х.Дейли чунин муайяниро баррасй кардааст: «Инкишофи устувори ичтимой - чунин рушди мачмуи иктисодиест, ки аз доираи кобилияти мавчуда ва ё имкони низоми таъмини хдётй набояд берун равад» (1, 76). Вокеан хдм, хднуз соли 1992 конфронси СММ дар мавзуи «Мух,ити зист ва инкишоф» (дар Рио-де-Жанейро) таъкид карда буд, ки дар асри ХХ гузариши кишварх,ои олам ба стратегияи рушди устувор ногузир аст. Пайваста ба ин Точикистони мо нахустин кишварест, ки Стратегияи миллии рушдро барои хдзорсолаи равон тах,ия намудааст. 20 июни соли 2012 дар шах,ри Рио-де-Жанейро дар Конфронси Рио-20-и СММ Президенти мамлакатамон мух,тарам Эмомалй Рах,мон таъкид дошт, ки тибки Стратегияи миллии рушд, (ки аз хддафх,ои рушди хдзорсола бармеояд) истифодаи самараноку сарфаи захирах,ои табий, хдмчун унсурх,ои асосии иктисоди «сабз», инкишофи бахши ичтимой ва хдфзи низоми экологй, чун чузъи таркибии ислох,от дар Точикистон арзёбй мегардад (4, 4). Сарвари давлати Точикистон дар ин конфронс, бо таваччу^и чиддй, хдмчунин ба мушкилоти вобаста ба афзоиши ахолии сайёра, тагйироти глобалии иклим, бух,ронх,ои молиявй, энергетикй ва озукаворй суханронй намуда, таъкид сохт, ки «хддафх,ои рушди устувор барои муддати

дароз бояд мyшаххасy шаффоф бошанд ва аз хама мухим ба конеъ намyдани ниёзхои табакахои аз хама осебпазири мардум ва занону кyдакон равона гарданд» (4).

Дар таълимоти рушди устувор ду мафхуми асосй карор дорад: талабот ва махдудият. Талабот заруратест барои конеъ гардонидани табакаи камбизоати ахолй, он дар доираи масъалахои аввалия карор мегирад. Махдудият ва муаммохои мухити зист, ки вазъи технология ва ташкили чомеа тавлид кардааст. ^обилияти он дар конеъгардонии талаботи имрузу фардои инсоният инъикос меёбад.

Рушди устувор яке аз муаммохои доги руз аст, махсусан барои манотики кухсори кишварамон. Зимнан таъкид менамоем, ки азбаски 93% худуди кишва-рамонро кухистон ташкил медихад, ин муаммои тамоми кишварамон аст. Новобаста аз таваччухи хосаи давлат, дастгирии пайдарпайи иктисодиву ичтимоии он фаъолияти истехсолй хануз хеле мехнатталаб буда, огуштаи бухрони низомй мебошад. Ин бухрон на танхо боиси пастравии истехсолоту фаъолияти иктисодй, балки боиси тезутундгардии вазъи демографй, сатхи баланди бекории ахолии дехот гардидааст. Феълан бояд кайд кард, ки истех-солоти аграрии муосир табиатан хусусияти харобкорй дорад. Заминхои корам аксаран самаранок истифода намешавад. Бинобар ин, гузариши сохаи кишоварзй ба риштаи рушди устувор ногузир аст ва заминахои гузариш дар кишвар мавчуд аст.

Вокеан хам, имруз низоми иктисодиву технологй, ки захирахои табииро истифода мебарад, бояд таваччухи худро ба мизони инсонй равона кунад. Дар ин мачро гояи иктисодиёти гайритачовузии бо табиат хамоханг бояд чун гояи асосй хоким бошад. Зарур аст, ки иктисодиёти дарозмуддат дар доираи мизони инсонй карор гирифта, ба аслхои экологй ва технологияи «симои инсонидошта» такя кунад ва дар маркази пажухиш карор гирад.

Нишондихандахои анъанавй, ки имрузхо дар баходихии фаъолияту натича-хои иктисодй истифода мешаванд, асосан дар хачми мутлаку нисбии истехсоли молу хизматхо махдуд аст. Афзоиши солонаи истехсоли ин неъматхоро чун нишондихандаи некуии иктисодиёти кишвар арзёбй мекунанд ва чунин пазируфта хам шудааст. Аммо ин тарзу услуби баходихиро агар дар меъёри вокеии умум ва ё заминавй гирем, пас бо тазодхо (парадокс) бархурд пайдо мекунанд. Дар мавриди тахлили иктисодй, одатан хеле махдуд ва доир ба ду намуди сармоя - моддй-молиявй ва табий сухан мегуянд. Барои дарки вазъи вокеии мамлакат ва тамоюли инкишофи он зарур аст, ки вазифаи омезишу иттиходи сармояхои мухталифро омузем, аз худ кунем ва ё ба хукми анъана ворид намоем. Якин аст, ки намудхои мухталифи сармоя якдигарро иваз карда метавонанд. Яъне, имкон аст, ки кисми захирахои табий барои баланд бардоштани дигар намуди сармояхо харч гарданд. Ё ин ки маблагхои аз захирахои табий ба даст овардаро метавон барои маориф, илм, сохтмони корхонахои саноатй ва г. истифода бурд. Аммо ин ивазкунихо хадди акалли худ ва ё махдудиятро дороанд ва беохиру бехудуд буда наметавонанд: сармояи табий нисбат ба дигар намуди сармояхо, пас аз харчи онхо, пурра баркарор намешаванд. Масалан, ландшафти антропогенй ба вазъи аввалаи табиии худ

бар намегардад, канданихои фоиданоки табий зуд ва ё тадричан ба партов табдил ёфта, сифати захиравии худро талаф мекунанд, кобилияти худсоф-кунандаи дарёхо, ки харч шудаанд, комилан баркарор намешавад ва г. Х,амин тарик, хадафи аёни инкишофи устувор - мачмуи сармояи заминро ба хар нафар ахолии афзоянда нигох доштан ва ё зам намудан, махдудияти чиддии геоэкологиро дорад.

Вазифаи хамоварй ва ё интегратсияи чор намуди сармоя хануз дар зинаи ибтидоии халли назариявй карор дорад. Пешрафти муайяне дар пажухишу омузиши алокамандии миёни онхо (сармояхо), яъне миёни экология ва икти-содиёт руи кор хам омадааст. Ин алокамандихо ба пайдоиши якчанд шохахои иктисодиёт, ки муаммохои иктисодиву экологиро бо хам мепайвандад омил шудааст. Табиат ва чомеаро илмхои мувофик - экология ва иктисодиёт меомузад.

Таносуби миёни ин ду фанро илми иктисодиёти мухити атроф (масалан, масъалахои иктисодии ифлосшавиро дар натичаи амалиёти хочагидорй) ва иктисодиёти захирахои табий (масалан истифодаи окилонаи захирахои табий) меомузанд. Ва нихоят, пажухиши кулли муносибатхои мутакобилаи мураккаби миёни чомеа ва табиатро иктисодиёти экологй, аниктараш геоэкологй меомузад. Ин фан талаб менамояд, ки баходихии вазъи вокеии иктисодиёти мамлакат бояд ба тахлили чунин нишондихандахо такя намояд:

ДУВ = (ММД - АСМФ) + (РБМТ- АБМТ- AK3T- ТЗТ)

ДУВ - даромади устувори вокей;

ММД- мачмуи махсулоти дохилй

АСМФ - амортизатсияи сармояи моддй-молиявй;

РБМТ - рушди боигарии миллии табий;

АБМТ - амортизатсияи боигарии табии миллй;

АЮТ - арзиши тадбирхое, ки барои бартараф кардани кохишхои захирахои табий сафарбар мешавад;

ТЗТ - талафе, ки аз кохишхои бартарафнашудаи захирахои табий ба вукуъ омадааст.

Ин чо ду аъзои кисми аввали муодила (ММД - АСМФ) баходихии анъанавии иктисодиётро тавсия медихад ва кисми чапи муодила (РБМТ-АБМТ-АKЗТ- ТЗТ) бошад, тарафи экологии ин баходихиро пешниход менамояд.

Пайваста бо ин талабот дар Созмонхои бонуфузи байналмилалй ва аксари мамлакатхои чахон чунин баходихй, яъне баходихии фаъолияти рушди иктисодй аз нигохи вазъи экологй огоз ёфтааст, ки кобили тачрибагирист. Масалан, Бонки чахонй нишондихандаи кохишёбии захирахои энергетикиро дар радифи индикаторхои инкишофи чахонй пазируфтааст. Индикатори кохишёбии энергетикй ба хосили зарби хачми физикавии истихрочи ашёи нафтй, гази табий, ангишт ва бузургии рентаи захиравй баробар аст. Ин чо рентаи захиравй чун фаркияти нархи бозории захирахои энергетикй ва арзиши истихрочу таксими он муайян карда мешавад. Бузургии миёнаи кохишёбии захирахо дар ФР дар давраи 1995-2005 ба 27 баробар аст, ки он аз нишон-дихандаи миёнаи 173 мамлакати чахон 4,3 маротиба баланд аст (3). Пажу-хишгарони Институти захирахои чахонй (Вашингтон) низ, чуръат карданд, ки

рушди вокеии иктисодиёти чанд кишвархои чахонро муайян намоянд. Масалан, онхо рушди иктисодии Индонезияро дар таи солхои 1971-1984 бо назардошти нишондихандахои геоэкологй муайян намуданд. Иктисодиёти ин кишвар хеле тараккй кардааст ва ММД-ии он дар ин давра хар сол ба хисоби миёна 7,1% афзудааст ва дар дах сол дучанд хам гаштааст. Аммо дар мавриди баназаргирии кохишёбии захирахои нафту газ, буридани чангалзор, паст шудани хосияти замину хок, рушди вокей то сатхи 4%-и солона паст мешавад (1,88).

Афзоиши истехсоли махсулоти кишоварзй дар ин давра комилан бо талафи хосилнокии замину хок рост омадааст, яъне афзоиши солонаи вокеии сармояи мачмуй дар сохахои кишоварзй ба сифр баробар шудааст. Х,амин тарик, афзоиши истехсолоти кишоварзй аз хисоби талафи махсулнокии табиии замин ба даст омадааст.

Зимнан бояд таъкид кард, ки дар мавриди пажухишхои сабабу окибатхои муаммохои иктисодй-ичтимой бидуни назар кардани омилхои ичтимой, аниктараш омили рухии инсон метавонад хулосахои костаи илмиро тавлид намояд. Дар чунин баррасй сухан оид ба идораи оптималии на танхо иктидори табий-захиравй, балки оид ба кулли доираи ичтимой-маданй (иктисодиёт, фарханг, ниходхои давлатй-хукукй ва г.) меравад. Олими маъруфи рус, академик Л.Абалкин кайд намуда буд, ки дар мавриди тархрезии назарияхои нав ба назар гирифтани хусусиятхои тамаддуну фархангии сохтори чомеа такозо мешавад. Тамсила ва шаклхои ташкилии чомеа, тарзи созиши ибтидои фардиву иттиходй, таркиби чомеаи шахрвандй ва аслхои демократии он чун комбинатсияи аслхои озодй, самаранокии иктисодиву адолати ичтимой хеле рангин аст. Мутаассифона таъкид намудааст вай, хусусиятхои сохтори тамаддуни чомеа холо пурра омухта нашудааст. У дар мавриди баррасиву халли муаммохои иктисодй-ичтимоии чомеа, пеш аз хама ба ин омилхо такя кардааст. Х,атто эчоди назарияхо, ки зохиран гуё ба мантики «инсони иктисодй» мувофик аст, аслан метавонад гайривокей хам бошад. Иктисодчии перуанй Э.Де Сото, гуфтааст, ки дар аксари кишвархои олам (Амрикои Лотинй, Осиё, Африко) бинобар он, ки чизу чора ва амволи камбизоатон (ки нуфузи бузурги ахолии кишварро ташкил медиханд) аз нигохи хукукй расман ба кайд гирифта нашудааст, чомеаи сармоядорй чандон инкишоф наёфтааст. Ба акидаи Сото ба кайдгириву ба расмият даровардани моликияти майда, албатта вазъи бештари ахолиро, ки ба карз ниёз доранд, бехтар намуда, фаъолнокии онхоро дар сохибкорй ангезиш медихад. Аммо, чунин тадбир то дарачае, ки инкишофи тавонои сармоядориро ба мисли чахони якум (мисли кишвархои Fарб) орад, нокифоя аст. Ин чо зарур аст, ки дар таркиби ахолии ин кишвархо вазну нуфузи одамон, ки ташнагии бойшавй, мазаи андухти сармояро дарк менамоянд ва онро чун чавхари хаётии худ мепиндоранду барои ин кор кобилият хам доранд, таъсирбахшу назаррас бошад.

Калидвожа^о: Муаммохои экологй, мусити зист, рушди устувор, уифзи низоми экологй, сармояи табий, ицтисодиёти экологй.

Пайнавишт:

1. Голубев Г.Н. Геоэкология - М.: Аспект Пресс, 2006.

2. Наше общее будущее: Доклад международной комиссии по окружающей среде и развитию: Пер. с англ. -М.: Прогресс, 1989.

3. Олейник А. Доминирование как результат сочетания интересов: бизнес-стратегия и ритейле и цепях поставок//Российский журнал менеджмента. - 2009-№ 3. -С. 21-44.

4. Рузномаи «Ч,ум%урият», 16 июни соли 2012.

Ашуров Сохибназар Худойназарович,

к.б.н, доцент, заведующий отделом управления качеством обучения ТГУПБП

Некоторые методологические проблемы экологической оценки экономического

развития

Ключевые слова: экологические проблемы, защита окружающей среды, стабильное развитие, защита экологической системы, окружающая среда, естественный капитал

В статье отражены некоторые методологические вопросы экологической оценки развития экономики, которые выявляют две проблемы. Одна проблема, которая доминирует в содержании статьи - это удовлетворение потребностей неимущей части населения, вторая связана ограничением возможностей удовлетворения данных потребностей в связи с развитием технологий и увеличением потребностей современного общества, повлекших за собой проблемы в окружающей среде.

S.Kh. Ashurov

Some Methodology Problems of Ecology Assessment Concerned with Economy Development

Key words: ecology problems, natural environment, stable development, ecology system protection, natural stock

The article reflects some methodological issues concerned with ecology assessment related to economy development; so two problems spring up at once. One problem domineering in the contents of the article is a catering for the needs of the indigent part ofpopulation; the second one is connected with limitation of possibilities in regard to the needs being satisfied - it is accounted for by the development of technologies and increased challenges of the modern society which incurred environmental problems.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.