УДК 902 Н.А.ИКРОМОВ
ББК 63.5
НАЗАРИ Н.С.ЛИКОШИН ДОИР БА ЭТНОГРАФИЯИ ХУ^АНД
Вожа^ои калидй: шарцшиносони рус, Н.С.Ликошин, мардумшиносй, урфу одати хучандиён, ТочикистониШимолй
Дар омузиши этнографияи Точикистони шимолй якчанд олими номдори рус сахми назаррас гузоштаанд. Дар ин самт пажухишоти яке аз муха;;и;они мардум шиноси рус - Нил Сергеевич Ликошин (1860-1922) хеле пурдомана ва омухтанист.
Н.С.Ликошин дар оилаи ашрофи вилояти Смоленск ба дунё омада, гимназияи харбии Петербургро хатм кардааст. Пас аз хатми гимназия бо хохиши худ ба Тошканд барои хизмати харбй меравад, аз рузхои аввали ба Туркистон омадан, Ликошин муста;илона забонхои махаллиро меомузад ва дар ва;тхои холй ба кори тарчумонй низ машгул мешавад. Яке аз корхои хуби анчомдодаи у ин тарчумаи «Таърихи Бухоро»-и Наршахй аст, ки ба он академик В.В. Бартолд бахои баланд додааст^айр аз ин у чанд дастнависи дигар, мисли «Холномаи Темури Ланг», «Кодекси одоби мусулмонони Шар;», «Рисолаи тари;ати Мухаммад Мазгар-ал Ахмад», «Девони Машраб» ва гайрахоро ба русй баргардондааст(4, 207).Як ;исми муайяни фаъолияти кории Ликошин ба омузиши Точикистони шимолй тахассус пайдо кардааст.
Вай фаъолияти кории худро соли 1879 хамчун унтер-офисер огоз карда, дар соли 1889 барои хизмат ба шахри Уротеппа фиристода мешавад.Баъд аз чанд соли хизмат дар Тошканд ва Чимкент боз ба Точикистони шимолй чун полковник Н.С.Ликошин бармегардад. Аз соли 1906 то соли 1912 вай чун сардори хдрбии уезди Хучанд хизмат мекунад. Дар ин хафт соли хизмат вазъи ичтимой ва равонии мардуми махаллиро хуб омухтааст. Н.С.Ликошин одами харбист, аммо дар олами рушди тафаккури у хешовандони чониби модараш, ки таърихшинос будаанд, бештар таъсир расонидаанд.У забони махалли зист ва таърихи онро омухта, дастхатхоро ба забони русй тарчума кардааст. Корхои тах;и;отии Н.С.Ликошин аз он чихат шоистаи омузиш аст, ки у ду самт - илм ва идоракуниро якчоя омухта ба натичахои назаррас ноил гардидааст. Яке аз мах,аккикони номдори тоин;илобии рус Б.В.Лунин ба хизматхои Н.С.Ликошин чунин бахо додаст: «Ликошин - симои мураккаб аст. Ибтикороти у ва хизматхояш дар сохаи илм корманди харбй буданашро нишон намедихад. Аз оилаи ашроф ба зинахои олии мансаб зина ба зина расида, аз ходими ;аторй то сардори шуъбаи Амударё ва баъдан губернатори харбии вилояти Самарканд расидан нишони дониш ва малакаи касбии уст. Хуб донистани зиндагй ва расму оинхои ахолии Туркистон ба мо, намегузорад ки уро танхо чун корманди маъмурй бахогузорй кунем» (4, 207).Дар шинохти фаъолияти илмии Н.С.Ликошин ба эътибор гирифтани фаъолияти корй мухим аст. Дар шуриши соли 1916 -и Хучанд, Н.С.Ликошин худро чун чонибдори фалачшавии хокимияти подшохй нишон додааст, ки ин амали у боиси барканор гардидан аз мансаб мешавад.Фаъолият ва муносибати шаффофи у дар ин во;еа моро эътимод мебахшад,ки уро чун фидоии рохи илм ;адршиносй намоем (4, 207).Ба чунин рутбаи баланди харбй аз капитан то генерал расидан танхо бо донистани забони мардуми махал, саъйю кушиш ва истеъдоди фитрй ба у насиб гардидааст.Бояд зикр намуд, ки омузиши забон, расму оин ва анъанахои миллии халкиятхои гайрирус барои чанде аз олимони ин давр (Н.И.Гродеков, А.В.Комаров, И.А.Ломакин, М.В.Иванов) анъана буд. Бо шарофати ин олимон ба илми туркистоншиносй асос гузошта шудааст.
Чойгиршавии мувофи;, ва;ти муносиб, нишон дода тавонистани истеъдоди касбй ва дарки мухимияти холат ба он боис гаштааст, ки Н.С.Ликошин дар байни хайати харбию сиёсии кишвари Туркистон ма;оми хосеро сохиб шавад. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки на хама кормандони харбии рус дар ин давр чунин малакаву муносибатро доштанд. Омузиши масъала нишон медихад, ки чанде аз онхо нисбат ба ахолии махал рафтори номатлуб дошта,нисбат ба таърих ва тамаддуни Осиёи Миёна хушунату бадбинй зохир намуда, бо дили нохохам ба омузиши он машгул гардидаанд.
Барои мо мухим он аст, ки Н.С.Ликошин дар вазифаи мухими харбй хизмат намуда, дар як замон маводи зиёди этнографиро фарохам оварданд. Аз руи маводи у метавон нисбат ба пахлухои мухталифи рузгори мардум бахогузорй кард.
Чунон ки маълум аст пас аз ишголи Осиёи Миёна аз чониби Россия дар ин минта;а сукунат кардани ахолии аврупоитабор огоз шудааст. Дар ибтидо афсару кормандони маъмурй, баъд аз он сохибкорону сайёхон, олимон, табибон, дехдонон ва гайрахо ба ин чойхо омада зиндагиро ихтиёр кардаанд. Хдмзистии намояндагони тамаддунхои мухолиф боиси омехташавй ва натичаи он зарурати омузишро ба миён меорад (5,78;6, 156-161).
Аз ин ру яке аз корхои тах;и;отии Н.С.Ликошин ба ин масъала бахшида шудааст. Ма;олаи у «Натичаи наздикшавии русхо бо такчоихо»(4) соли 1903 интишор шудаст. Дар ин ма;ола пахлухои гуногуни хамкории фархангй, пахншавии фарханг ва и;тисоди рус, таъсир ва эътибори махсулоти манофактурахои Руссия бо истехсоли махаллй мавриди тах;и; ;арор гирифтааст. Чун корманди соби; музофоти (уезди) Хучанд Н.С. Ликошин на танхо бо ахолии Хучанд балки бо волостхои ба он тобеъ низ шинос шудааст. Дар «Ними умр дар Туркистон» ном асараш Н.С.Ликошин дар бораи расму оин ва анъанахои ахолии Осиёи Миёна, хоса мардуми Хучанд ва Тошканд,муфассал маълумот овардааст. Вай ба расму оини туйхои мардуми махаллй эътибори бештар зохир менамояд. Дар китоб бобе бо номи «Туй дар Хучанд» омадааст, ки дар он муаллиф дар бораи на;ши чорабинихои хонавода дар зиндагии мардуми Туркистон ;айдхои махсус дорад. Вай зикр намудааст, ки чорабинихои оилавй на танхо барои мардуми зиёд аст, балки дар он бисёр чорабинии варзишию фархангй, аз ;абили гуштин, бузкашй, хондани суруду ра;с низ баргузор мегардад. Н.С.Ликошин дар замони хидматаш дар Хучанд ба туйхои зиёд иштирок кардааст ва имкони му;оиса кардани туйхоро низ доштааст. Вай навиштааст, ки: «Баргузории туйхо дар Хучанд нисбат ба дигар шахрхо фар; мекунад. Ахолии ин чо назар ба мардуми Тошкент ва Самарканд саховатмандтаранд, инхо хурсандй кардану ва;тро хуш гузарониданро бештар дуст медоранд ва бештари ва;ти худро бо чомеа мегузаронанд. Хдр хафта дар рузхои чумъа гурухи мардум дар назди сохил, бозор ва мавзеъхои руснишини шахр чамъ мешаванд, хама чои шахр чарогон, садои суруду хурсандии мардум ба гуш мерасад» (3, 343).Fайр аз мушохидахои умумии худ Н.С.Ликошин дар бораи этнография хам санадхои чолиб навиштааст. Масалан, вай менависад: «Дар соли 1902 ба ман муяссар гардид, ки дар чорабиние ширкат намоям, ки як гурухи занон арусро ба хонаи домод мебурданд. Шабхангом садои хамовозии гурухи занхо маро аз хоб бедор кард. Аз тиреза ба берун нигох кунам, як гурух занхо бо чарог рох мераванд, хамагй суруд мехонданд, арус дар ароба нишаста буд. Ин холат хеле таъсирбахш буд» (3,343-344).
Н.С.Ликошин чун инсони да;и;назар дар бораи мухимияти маводу нукоти этнографй муфассал ибрози назар кардааст. Дар яке аз корхои худ у дар бораи ширкат дар чорабинии «сайр»-и ахолии Хучанд маълумот дода, дар баёну тасвири яке аз бозихо бештар истодааст: Тибки тасвири у ;аторачаи механикии аз тарафи устои махаллй ихтироъшуда, ки бо суръат кор мекард. Он ба аробаи чорчарха монанд буда, дар он чор чои нишаст мавчуд буд. Ин экипаж дар руи рохи чубин харакат карда, аз паси худ боз чанд нафар саворадустро кашола мекард, ки то охири рох як тин пардохт мекарданд. Хохишмандони бозй ё саворагардй зиёд буд. Муха;и;они точик бар он а;идаанд, ки ин чо Н.С.Ликошин дар бораи ихтирои усто Ё;убчони Фарангй харф мезанад(7,177). Н.С.Ликошин дар чашнхои мардуми Хучанд иштирок карда, пахлухои чолиби онро тафсир намуда, аз чумла навиштааст: «дар Хучанд ихтироъкорй анъана шудааст, дах сол пеш точике глубосро сохт»(3, 351) ва ё ин ки хучандиён дар рузхои ид харидани гул;огазхоро дуст медоранд(3,352).Таваччухи зиёди сокинони шимоли Точикистон ба бозихои варзишию, фарогатй низ аз назари Н.С.Ликошин дур намондааст.Вай таваччухи ахолиро ба намудхои гуногуни варзиш баён намуда, ба гуштин рагбати зиёд доштан ва ба дар байни мардум хукми анъана даромадани гуштингириро зикр кардааст.Гуштин дар ихотаи издихоми мардум доир мегардад, дар мухориба хар кас маглуб шавад, аз майдон меравад ва бо каси голиб нафари дигар ;уввасанчй менамояд.Голиб бо мукофот, аз руи анъана бо чомаи махсус ;адршиносй мешавад,Н.С. Ликошин навиштааст, ки маъмурияти подшохй аз сабаби дар ва;ти мухориба чарохат гирифтани чавонон, баргузории гуштиро манъ кардааст. <^айр аз ин гуштин гурухи зиёди одамонро чалб мекунад ва дар
баъзе холат боиси чангчоли гурухи муайяни одамон мегардад ва точикони зиёд ба ин навъи варзиш машгул шуда, аз мехнат дур мемонанд» (3,379)
Н.С.Ликошин бо як мухаббати самимй ба хонандаи китоб дар бораи муттасил ба варзиш машгул шудани ахолии Хучанд навиштааст. Назар ба гуфтаи мухаккики мазкур дар байни мардум бозихои уштурчанг, кафтарбозй, бедоначанг, хурусчанг ва гайрахо маъмул будааст. Вай дар бораи чанги уштурхо, ки дар охирхои зимистон дар наздикии Уротеппа баргузор мегардад, муфассал навиштааст.Н.С.Ликошин хамчунин дар асари хеш парандагони чангй ва хушовозро дуст доштани мардуми Фаргона ва Хучанд зикр менамояд. Тибки маълумоти у бедона дар ;иёс бо дигар парандагони хушовоз бештар парвариш ва нигохдорй мешудааст. Бисёр мардум ба парвариш ва фуруши он машгул будаанду парандахои доштаи худро ба шахрхои калони водии Фаргона барои фурухтан мебурдаанд, хатто дар катора (поезд) шумораи онхо то ба 5000 мерасидааст(3,353). Дустдорони парранда бештар хамон паррандаеро медоштаанд, ки дар чанг часорат дошта бошад. Парандаи хушхон ва чангара арзиши баланд доштааст ва сохибонашон барои парвариши онхо вакти зиёд низ сарф намуда, онро дар даст нигох дошта мачбур мекардаанд, ки кобилияти чангию овозхонии худро нишон дихад (3, 352-353)Дар рузхои чумъа чунин мусобикахо баргузор мешудаанд ва барои он бедонабозон боги махсусро интихоб мекардаанд.Н.С.Ликошин зикр менамояд, ки одамони ба ин шугл саргарм низ будаанд ва дар чунин бозй маблагхои калон низ мегузоштаанд.Яке аз анъанхои нек дар Осиёи Миёна ин тифокии мардон дар ташкили «гап» ба хисоб меравад. Ин намуди тифокии мардум дар Осиёи Миёна таърихи кухан дорад ва дар ин бора сайёхону олимони рус борхо ибрози а;ида кардаанд. Мардонро шавку рагбати ягона ба ба як гурух чамъ меорад. Ин холатро Н.С.Ликошин дар байни мардхои шахри Хучанд ва Тошканд эхсос кардааст. Вай менависад: «Хдр инсон дар гурухи худ аз руи завку маком дуст интихоб мекардаст: савдогар бо савдогар, хунарманд бо хунарманд, ахли зиё ба худ аз табакаи олимон рафику хамгапро интихоб мекунанд.Ба гурухи хамгапон дохилшуда, бо якдигар аз наздик шиносанду агар дар хонаи касе нишинанд, маблаги масрафшударо баробар пардохт мекунанд ва ин холат бо навбат ичро мешавад» (3,363). Аз руи маълумоти Н.С.Ликошин ин гуна чорабинй дар як хафта, як мох ва ё дар давоми сол дар вакти муайян баргузор мегардад. Дар фасли зимистон чурахо дар мехмонхона чамъ меоянд, ки он чун одати аврупоиён барои пазирой бунёд мешавад. Фарши хона бо бурё ва гилем оро ёфта, дар атроф курпача густурда мешавад, ки дар он мехмонон, ба кавле, чорзону менишинанд. Хизматгор дар лаълихои на он кадар калон ширинй, нон ва чой меорад.Сипас, Н.С.Ликошин зикр мекунад, ки мехмонон сухбати гарм доир сохта, худашон тахия тайёр мекардаанд ва аз хабархои тоза якдигарро огох намуда, хазлу шухй доир месохтаанд.Дар фасли тобистон «гап» дар хавои тоза, дар сохили дарё, кул ва богхои сердарахт мегузаштааст(3,372).Бояд тазаккур дод, ки ин анъана дар точикони муосир низ дида мешавад.Дар Осиёи Миёна обёрии сунъй низ маъмул аст.Дар ин бора шаркшиносони зиёди рус ибрози акида кардаанд. Мо сари ин мавзуъ дар навиштаи Н.С.Ликошин ё худ китоби у бо номи «Ними умр дар Туркистон» маълумоти чолиберо дарёфт кардаем. Вай хабар медихад, ки сарчашмаи обёрии шахри Хучанд ин дарёи Хочабокиргон аст ва оби он кариб ба хар ду тарафи сохил чудо мегардад. Дар се мохи мавсим бошад, об аз руи речаи муайян бо риояи хатмии он таксим мешавад. Ин кор аз тарафи сармиробхо ичро мешудааст.Х,амин тавр, намояндаи маъмури мустамликадории рус генерал
H.С.Ликошин хини хизмат дар Осиёи Миёна маводи этнографие доир ба мардуми точик, хусусан ахолии Хучанд чамъ овардааст, ки то хол арзиши илмии худро гум накардааст.Дар мисоли мероси илмии маъмур ва шаркшиноси рус Н.С.Ликошин метавон гуфт, ки омузиши корхои тахкикотии олимони рус дар масъалахои таърих ва мардумшиносии Точикистон, барои омузиши таърихи халки точик накши муассир доранд.
ПАЙНАВИШТ:
I. Лыкошин, Н.С. Результаты сближения русских с туземцами//Справка по Туркестанскому краю на 1903 /Н.С. Лыкошин.-Ташкент,1903.-159 с.
2. Лыкошин, Н.С.Чапкулукская волость о Ходжентского уезда//Справочная книжка Самаркандской области/Н.С.Лыкошин.-Самарканд,1906.-Вып.УШ.-С.6-49
3. Лыкошин, Н.С. Пол жизни в Туркестане/Н.С.Лыкошин.- Петроград, 1916. - 384 с.
4. Лунин,Б.В.Средняя Азия в дореволюционном и советском востоковедении/Б.М.Лунин.-Ташкент, 1965.- 456 с.
5. Мирбабаев, А.К.Историческое наследие Худжанда/А.К.Мирбабаев.-Душанбе,1998.-88с.
6. Мирбабаев, А.К.Худжанд-по пути нового исторического прогресса/А.К.Мирбабаев, О.Махмудова. - Худжанд, 2009.-176 с.
7. Турсунов, Н.Деревообделочные ремесла и промыслы Худжанда в конце XIX- начале XX вв./Н.Турсунов.- Худжанд, 2012. - 177 с.
REFERENCES:
1.Lykoshin, N.S. Results of the rapprochement of Russian with native// Materials on Turkestan area for 1903/ N.S.Lykoshin. - Tashkent,1903. - 159 p.
2.Lykoshin, N.S. Chapkuluk volost' of Khodzhent district// The reference book of Samarkand region/N.S.Lykoshin.-Samarkand,1906.-Vol.VIII - P.6-49
3.Lykoshin,N.S.Floor to lifes in Turkestan/N.S.Lykoshin.-Petrograd.-1916.- 384 p.
4.Lunin,B.V.Central Asiain prerevolutionary andsoviet orientalology/B.V.Lunin.-Tashkent,1965.-456 p.
5.Mirbabaev, A.K.The Historical heritage of the Khujand/A.K.Mirbabaev.-Dushanbe,1998. - 88 p.
6.Mirbabaev,A.K.Khujand on way to new historical progress/A.K.Mirbabaev,O.Mahmudov.-Khujand,2009.-176 p.
7.Tursunov,N.Carpenter crafts and providences of Khujand at the endXIX-beginXX cc/N.Tursunov.-Khujand,2012.-177 р.
Взгляды Н.СЛыкошина на этнографию уезда Худжанда
Ключевые слова: русские востоковеды, Н.С.Лыкошин, этнография, обычаи худжандцев, Северный Таджикистан
В статье рассматриваются научные материалы русского военного и востоковеда Н.СЛыкошина, который был чиновником русской царской администрации в Худжанде. Автор статьи доказывает, что Н.С.Лыкошин очень интересовался этнографией населения Худжанда и собрал интересные материалы по свадебным обрядам, быту и занятииям жителей древнего таджикского города.Отмечено, что этнографические сведения Н.С. Лыкошина являются уникальными историческими данными Автор статьи считает, что собранные этнографические материалы русского востоковеда Н.С.Лыкошина не потеряли своё значение и широко используются современными исследователями как ценный источник по изучению иисседованиям этнографии таджиков начала ХХвека.
N.S.Lykoshin^s Views Concerned with Khujand Uyezdл Ethnography s Key words: Russian oriental studies, N.S.Lykoshin, ethnography, Khujandians' customs, Northern Tajikistan
In his article the author canvasses scientific materials belonging to the Russian military and the scholar in oriental studies, N.S.Lykoshin who was an official of the Russian administration in Khujand. The author of the article proves that N.S.Lykoshin was interested in the ethnography of the population of Khujand and he has collected a number of interesting material devoted to the wedding rite, everyday life and occupation of the inhabitants of the ancient Tajik city. It is pointed out that the ethnographic information of N.S. Lykoshin are considered as an unique historical data.
The author of the article considers that the collected ethnographic materials of the Russian orientalist N.S.Lykoshin have not lost its importance and are broadly used by modern researchers as a valuable source of the Tajik ethnography referring to the beginning of the XX-th century Маълумот дар бораи муаллиф:
Икромов Назирцон Ашурбоевич,номзадиилщои таърих, дотсентикафедраи таърихиватани Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Fафуров (Цумх^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), Е-mail -nazirkhon 75@mail.ru Сведения об авторе:
Икромов Назирджон Ашурбоевич, кандидат исторических наук,доцент кафедры Отечественной истории Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика,Таджикистан,г.Худжанд), E-mail: nazirkhon75@mail.ru Information about author:
Ikromov Nasirjon Ashurboevich, candidate of historical sciences, Assistant Professor of the department of home history under Khujand State University named after academician B. Gafurov (TajikistanRepublic, Khujand), E-mail:nazirkhon75@mail.ru