Научная статья на тему 'МУНОСИБАТЊОИ ПАДАРУ МОДАР ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН'

МУНОСИБАТЊОИ ПАДАРУ МОДАР ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Гуманитарные науки»

CC BY
62
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
ҳуқуқҳои падару модар / таълим / Кодекси оила / суд / эъломия / конвенсия / кӯдак / алимент / ҷавобгарӣ / тарбия.

Аннотация научной статьи по Гуманитарные науки, автор научной работы — Собирзода И. С.

Дар маќолаи мазкур таҳлили соҳавии муносибатҳои падару модар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгрӣ шудааст. Аз ҷумла, тањлили муносибатњои шахсии ѓайримолумулкї дар муносибатњои оилавї, ба монанди муносибатњои шахсии ѓайримолумулкї, ки вобаста ба таълим ва тарбияи фарзанд пайдо мегарданд, муносибатњои шахсии ѓайримолумулкї, ки вобаста ба муносибатњои байнињамдигарии хешу таборї пайдо мегарданд ва муносибатњои шахсии ѓайримолумулкї, ки вобаста ба бастани аќди никоњ пайдо мегарданд рӯи кор омада аст. Ҳамчунин, мавзӯи татқиқотшаванда бо истифода аз меъёрҳои дахлдори Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия ва конвенсияҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, меъёрҳои конститутсияҳои як қатор давлатҳои хориҷӣ аз ҷумла, Конститутсияи давлатњои Аврупои шарќї ва Балтия, ба монанди Булѓория, Маљористон, Лањистон, Словакия, Словения, Литва, Эстония ва дигарњо таҳлил гардида аст. Илова ба ин, дар мақолаи мазкур вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, сабаб ва шароитҳои рух додани онҳо низ, татқиқ гардида, таҳлили қонунгузории соҳа ҷиҳати такмил он, бо мақсади пешгирӣ ва татбиқӣ ҷавобгарӣ дар ин самт пешниҳодҳо манзур гардидааст. Њамзамон, дар маќолаи илмї аќидањои муњаќќиќону олимони соња вобаста ба мавзуи намудҳои муносибатҳои падару модар ва уҳдадориҳои онҳо ҳамчун муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ гирд оварда шуда аст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «МУНОСИБАТЊОИ ПАДАРУ МОДАР ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

13 О

УДК 347.61/.64 (575.3)

МУНОСИБАТХ.ОИ ПАДАРУ МОДАР ТИБЦИ ЦОНУНГУЗОРИИ ЧУМ^УРИИ

ТОЧИКИСТОН

СОБИРЗОДА И.С.

ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон,

номзади илмх,ои х,ук;ук;шиносй

Шархи мухтасар: Дар маколаи мазкур таулили сосавши муносибащои падару модар тибци цонунгузории Цущурии Тоцикистон пайгрй шудааст. Аз цумла, тахлили муносибатхои шахсии гайримолумулкй дар муносибатхои оилавй, ба монанди муносибатхои шахсии гайримолумулкй, ки вобаста ба таълим ва тарбияи фарзанд пайдо мегарданд, муносибатхои шахсии гайримолумулкй, ки вобаста ба муносибатхои байнихамдигарии хешу таборй пайдо мегарданд ва муносибатхои шахсии гайримолумулкй, ки вобаста ба бастани акди никох пайдо мегардандруи кор омада аст.

Хамчунин, мавзуи татцицотшаванда бо истифода аз меъёрцои дахлдори Конститутсия ва дигар санащои меъёрй -ууцуции Цущурии Тоцикистон, нишондощои паёщои Президенти Цущурии Тоцикистон эъломия ва конвенсищои байналмиллалй оид ба ууцуци кудак, меъёрцои конститутсищои як цатор давлащои хорицй аз цумла, Конститутсияи давлатхои Аврупои шаркй ва Балтия, ба монанди Булгория, Мачористон, Лахистон, Словакия, Словения, Литва, Эстония ва дигархо таулил гардида аст.

Илова ба ин, дар мацолаимазкур вазъицинояткорй дар байни ноболжон, сабабва шароищои рух додани ощо низ, татциц гардида, таулили цонунгузории соуа цщати такмил он, бо мацсади пешгирй ва татбнцй цавобгарй дар ин самт пешнщощо манзур гардидааст.

Хамзамон, дар маколаи илмй акидахои мухаккикону олимони соха вобаста ба мавзуи намущои муносибащои падару модар ва уудадорщои ощо уамчун муносибащои ууцуци оилавй гирд оварда шуда аст.

Вожахои калидй: ууцуцуои падару модар, таълим, Кодекси оила, суд эъломия, конвенсия, кудак, алимент, цавобгарй, тарбия._

Аннотация: Эта статья следует за отраслевым анализом родительско-детских отношений в соответствии с законодательством Республики Таджикистан. В том числе, анализ личного отношение между семьи неимущественного характера, связаны и возникавшие при обучение и воспитание детей, личное отношение неимущественного характера, возникавшие с отношением между родственниками и личное отношение не имущественного характера, связанные с бракосочетанием.

В том числе, анализ данной статье с использованием нормативы касательно Конституции и другие правовые нормативные акты Республики Таджикистан, наставление в Послание Президента Республики Таджикистан, международные декларации и конвенции, связанные с правом ребенка нормативы конституции некаторых иносторанных Государств в том числе, Конституции севера - Европейских государств и Балтика, также Болгария, Венгрия, Польша, Словакия, Словения, Литва, Эстония и других государств которые были анализированы.

Дополнение к этому в настоящей статье состояние преступление между несовершеннолетними, также причина и возникновение данные преступление анализировано, анализ законодательство в данной области касательно с его усовершенствованием, с целью предотвращение и внедрение ответственности представленное в этой области предусмотрено.

Одновременно, в настоящей статье изложены научные статьи, мышление исследователей, учёные в области права, на тематики и виды отношение родителей и их обязанности связанные как правовые отношение семьи.

Ключевые слова: Права родителей, обучение, семейный Кодекс, Суд, декларация, конвенция, ребенок, алименты, ответственность, воспитание._

Abstract: This article follows an industry analysis of the types of parent-child relationships in accordance with the legislation of the Republic of Tajikistan. The development of relations with society, identifying problems requires improvement and research on various aspects. This process ofpublic relations connected with the protection of the rights ofparents and the elimination of their problems was noted in the article. Thus, this article discusses personal parental relationships, such as not doping, living separately, low legal parenting, which leads to dethronement of the right to a child, which is provided as a protection situation in judicial and non-judicial parental rights. At the same time, in a scientific article, researchers use research questions in the field of protection of parental rights in judicial form, as well as in administrative form, as well as in social form. So, the analysis of this process is considered as judicial practice, and providing for motherhood, paternity, determining the place of residence of the child and other related situations.

Keywords: Protection of parents' rights, support, family law, court, administrative, child, maternal status, paternity.

Пайдо шудани муносибатхои шахсии гайримолумулкй дар муносибатхои хукуки оилавй, аз чумла дар байни субъектони муносибатхои хукуки оилавй истисно нест. Онхо доираи муносибатхоеро дар бар мегиранд, ки вобаста ба бастани акди никох, таваллуди фарзанд, фарзандхондй, хешу таборй ва монанди инхо пайдо мегарданд. Чунин муносибатхо дар навбати аввал сарчашмаи умумии пайдоиш дошта, дар навбати дигар самти хоси ташаккулро бо доираи субъектони дахлдор доро мебошанд.

Тахлили муносибатхои шахсии гайримолумулкй дар муносибатхои оилавй, самтхои асосии зерини ташаккули чунин муносибатхоро ошкор месозад:

а) муносибатхои шахсии гайримолумулкй, ки вобаста ба таълим ва тарбияи фарзанд пайдо мегарданд (муносибатхои падару модар);

б) муносибатхои шахсии гайримолумулкй, ки вобаста ба муносибатхои байнихамдигарии хешу таборй пайдо мегарданд (муносибатхои хешу таборй);

в) муносибатхои шахсии гайримолумулкй, ки вобаста ба бастани акди никох пайдо мегарданд (муносибатхои хамсарон).

Самтхои зикргардидаи ташаккули муносибатхои шахсии гайримолумулкй дар муносибатхои оилавй доираи махдуд набуда, метавонанд бо назардошти омилхои дигар таснифоти иловагиро ба вучуд оранд.

Муносибатхое, ки байни падару модар ва фарзанд пайдо мешаванд, махсусияти худро доранд. Онхо метавонанд хам хислати молумулкй ва хам хислати шахсии гайримолумулкй дошта бошанд. Бо назардошти анъанахои миллй, имконияти бемахдуд татбик гардидани чунин муносибатхо чой дошта, бо доираи вакт махдуд намегарданд. Баробари ин, хислати амудиро дошта, бештари вакт тахти танзими меъёрхои ичтимой карор мегиранд. Дахолати меъёрхои хукукй дар холатхои алохидаи мукарраркардаи конун ичозат дода шуда, аз меъёр зиёд будани он рад мегардад.

Махсусияти мавчудаи муносибатхое, ки байни падару модар ва фарзанд ба вучуд меоянд, зарурати дар алохидагй тахлил гардидани худро талаб менамоянд. Бо ин максад карор карда шуд самти ташаккули муносибатхои шахсии гайримолумулкй байни падару модар ва фарзанд дар чудой аз дигар муносибатхои оилавй омухта шавад.

Муносибати мухими шахсии гайримолумулкй, ки байни падару модар ва фарзанд пайдо мегардад, хукук ба таълим ва тарбия ба шумор меравад. Хукук ба таълим ва тарбия мафхуми нисбатан васеъ буда, дар як вакт хам хукук ва х,ам ухдадорихоро

муттахид месозад. Бинобар ин, чунин муносибат танхо бо як максад - таълим ва тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.

Мафхуми конунии таълиму тарбия бори аввал бо ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» [1, с] пешбинй гардид. Тибки моддаи 4, сархати 4 конуни мазкур, таълим раванди фаъолияти муштараки падару модар, омузгор ва муассисаи таълимй бахри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва кобилияти фикрию чисмонии кудак мебошад. Дар асоси моддаи 4, сархати 5 конуни зикргардида, тарбия раванди максадноки ба воя расонидани фарзанд аз чониби падару модар, муассисаи таълимй, чомеа ва ба зиндагии мустакилона омода намудани у ба шумор меравад.

Илми хукуки оила дар муайян кардани мафхуми таълим ва тарбия мавкеи фарккунанда дорад. Дар ин раванд такяи асосй ба мафхуми тарбия карда шуда, диккати асосй нисбати падару модар чудо гардидааст. Он дар шакли амали хадафноке содир мегардад, ки аз чониби субъект - падару модар нисбати объект - фарзанд равона карда шудааст. Чунончй, аз нигохи М.В. Антоколская хукук ба тарбия дар амали хадафноки аз чониби падару модар содиршаванда ифода мегардад, ки ноил шудан ба натичаи муайян ва таъсири гайрииродавй ба кудакро пайгирй карда, дар раванди муоширати доимии кудак ва падару модар хосил мегардад [2, с.206].

Розй шудан ба мафхуми мазкур кобили кабул ба назар намерасад. Раванди тарбия чараёнест, ки барои ташаккули фарзанд равона гардида, хадафи ба зиндагии мустакилона омода кардани уро дар назди худ гузоштааст. Субъекти асосии раванди тарбия падару модар ба шумор рафта, иштироки субъектони дигар, аз чумла муассисахои тахсилотй истисно намегардад. Тарбия хислати яктарафа дошта, дар шакли расонидани таъсир ба ирода ва шуури объекти тарбия амалй мегардад. Аз ин хотир, ба ин тавр муайян карда шудани мафхуми тарбия кобили кабул дониста мешавад: тарбия раванди максадноки таъсиррасонй ба кудак аст, ки бо максади ба воя расонидан ва ташаккули чисмониву равонии кудак ба амал бароварда мешавад.

Асосхои умумй ва баробари масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд хамчун муносибати шахсии гайримолумулкй дар мукаррароти санадхои байналмилалй ва конунгузории миллй мустахкам гардидаанд. Чунончй, Конвенсия оид ба хукуки кудак масъулияти асосиро дар тарбияи кудак нисбати падару модар мукаррар карда, ба сифати махаки марказии гамхории падару модар баромад кардани манфиатхои кудакро пешбинй менамояд. Ин мукаррарот инкишофи минбаъдаи худро на танхо дар конунгузории оилавй, инчунин дар конуни асосии як катор давлатхо пайдо кард. Конститутсияи давлатхои Аврупои шаркй ва Балтия, ба монанди Булгория, Мачористон, Лахистон, Словакия, Словения, Литва, Эстония ва дигархо ба сифати хукук ва ухдадории падару модар баромад намудани тарбияи фарзанди ба синни балогат нарасидаро эътироф менамояд. Мукаррароти ба ин монанд дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон танзим гардидааст. Мутобики он падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд масъул мебошанд (моддаи 34). Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд бо конунгузории алохида тахким бахшида шуд. Он доираи ин масъулиятро мушаххас ва роххои асосии татбики онро пешбинй сохт.

Намояндагони алохидаи хукуки оила, хукуки позитивй будани тарбияро эътироф намуда, аз чониби давлат нисбати падару модар мукаррар гардидани чунин хукукро муайян менамоянд. Аз нигохи ин намояндагон, хадафи чунин мукаррарот дар зохир кардани гамхории дахлдор нисбати фарзанд, таълим ва тарбияи бояду шояди онхо аз чониби падару модар мебошад. [3, с. 148 ].

Розй шудан ба акидаи хукуки субъективй будани хукуки падару модар ва аз чониби давлат нисбати шахрванд мукаррар гардидани он гайриимкон аст. Тибки моддаи 32, кисми 2 КО масъалаи падарй ва модарй хукуки шахсии хамсарон буда, аз чониби онхо мустакилона, дар асоси принсипи баробарй халлу фасл карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки падару модар будан ё набудани хамсарон на аз чониби давлат, балки аз чониби худи онхо бидуни дахолати давлат муайян карда мешавад. Давлат

карори онхоро дар ин хусус эхтиром намуда, амалишавии онро бо тартиби мукарраркардаи конунгузорй заминагузорй месозад. Хдмсарон бо таваллуди фарзанд макоми падару модар ва дар хамон як вакт хукуку ухдадорихои падару модарро сохиб мегарданд.

Бакайдгирии давлатии вокеияти таваллуди кудак дар бахши САДШ хислати расмй дошта, амалишавии манфиатхои аз хукуки падару модар вобаста будаи кудакро мусоидат менамояд. Масалан, хукук ба гирифтани таъминот, хукук ба мерос хангоми меросгузорй тибки конун. Барои гирифтани таъминот ё ворид гардидан ба муносибатхои меросй, кудакро зарур аст фарзанди шахси мушаххас будан ва вориси меросгузор будани худро исбот намояд. Ба сифати далели исботкунандаи ин холат шаходатномаи таваллуд баромад менамояд, ки аз чониби бахши САДШ бо бакайдгирии давлатии вокеияти таваллуд дода мешавад.

Давлат бо бакайдгирии вокеияти таваллуд танхо ухдадориро оид ба хифзи хукук ва манфиатхои кудак аз хамагуна поймолкунихо, аз чумла поймолкунй аз чониби падару модар дар асоси тахдиди татбики чазо ба зимма мегирад. Ухдадории мазкур аз моддаи 1, кисми 1 КО манша мегирад. Дар асоси моддаи 1, кисми 1 КО, оила, акди никох, модар, падар ва кудак дар Чумхурии Точикистон тахти мухофизати давлат карор доранд.

Ба акидаи М.А. Кондрашова оиди нисбати шахрвандон аз чониби давлат мукаррар гардидани хукуку ухдадорихои падару модар дар он хусус розй шудан мумкин аст, ки муносибати падару модар яке аз муносибатхои бештар пахнгардидаи муносибатхои хукуки оилавй ба шумор меравад. Субъекти чунин муносибатро аз як чониб падар ё модар (падару модар) ва аз тарафи дигар фарзанд (фарзандон) ташкил медихад, ки хар яке аз онхоро бо фарзанди ноболиг хукуку ухдадорихо алокаманд менамояд. Тибки конунгузории оила падару модар дар муносибат бо фарзанд (фарзандон)-и умумй барандаи хукук ва ухдадории баробар мебошанд. Аз ин чо, дар мавриди сухан рондан оиди махсусияти хукуку ухдадории падару модар ба он боварии комил пайдо кардан мумкин аст, ки чунин хукукхо хислати мухлатнокро доро мебошанд. Ин хукуку ухдадорихо бо таваллуди фарзанд пайдо гардида, баробари расидани онхо ба синни балогат катъ мегарданд [3, с. 149].

Мутобики моддаи 6 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», падару модар, новобаста ба он ки якчоя ё чудо зиндагй мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд хукук ва ухдадорихои баробар доранд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон. Дар асоси такя ба ин мукаррарот, кобили кайд аст, ки хукуку ухдадорихои падару модар ба муайян карда шудани аслу насаби кудак бо тартиби мукарраркардаи конунгузорй алокамандии зич доранд. Аз ин чо, дар амалисозии хукуку ухдадорихои падару модар дар акди никох карор доштани онхо ахамият надошта, татбики чунин хукуку ухдадорихоро монеъ шуда наметавонад. Бинобар ин, хак ба чониби Л.М. Пчелинсева аст, ки риоя шудани баробархукукии падару модарро дар муносибат бо фарзанд новобаста аз мавчудияти акди никох байни падару модар кайд менамояд [4, с.48].

Махсусияти хукуку ухдадорихои падару модар, ки дар конунгузории оила нисбати он таваччухи алохида зохир гардидааст, он аст, ки чунин маком баробари хукук дар як вакт ухдадориро фаро мегирад. Бинобар ин, падару модар дар татбики хукуку ухдадорй на танхо хукук, инчунин ухдадорй низ доранд. Еайр аз ин, сифати оила аз хифзи модарй тавассути конунгузории маъмурй, мехнатй ва конунгузории дигари Точикистон алокамандии зич дошта, аз чониби он амалй гардидани функсияхои ба худ хосро мусоидат менамояд. Дуруст аст, ки бо ин давлат чихати рушди муътадили кудак дар оила заминагузорй карда, барои химояи оила тарики махсус гамхорй менамояд [5, с.6].

Кобили кайд аст, ки конунгузории оила бо муайян кардани мохияти хукуку ухдадорихои падару модар на танхо мазмуни онро ошкор менамояд, хамчунин худуди имконпазири татбики чунин макомро мукаррар месозад. Чунончй, дар асоси моддахои 57, 571 КО макоми падару модар наметавонад хилофи манфиати кудак татбик гардад.

Таъмини манфиати волои кудак бояд махаки асосии гамхории падару модар ва макоми онхо бошад. Онхо наметавонанд дар татбики макоми худ ба рушди чисмонй, физиологй ва равонии кудак, хаёт ва саломатии у, ташаккули маънавии он тахдид намоянд.[6, мм.57,571] Цонунгузории оила махз бо ин максад кушиши пурра ошкор сохтани макоми падару модарро кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки мазмуни макоми падару модар на танхо бо Кодекси оила, хамчунин бо Цонунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи хифзи хукукхои кудак» ошкор гардидааст. Ин аз он манша мегирад, ки мухимияти хифзи манфиатхои кудак соли 2010 аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон хангоми мухокимаи лоихаи конун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хамчун кафили Конститутсия ва конунхо, хукук ва озодии инсон ва шахрванд ба таври махсус зикр гардид. Дар ин самт аз чумла кайд гардид: «Тачдид ва такмили низоми таълиму тарбия аз чумлаи самтхои афзалиятнок ва вазифаи мухимтарини сиёсати давлатй эълон гардид. Ислохоти фарогири сохаи маориф тавассути хамасола зиёд кардани маблаггузории давлатй, тахкими асосхои миллии омузишу парвариш ва ба меъёрхои байналмилалй мувофик намудани он татбик шуда истодааст. Аз овардани санаду далели сершумор дар ин бобат худдорй намуда, таваччухи шуморо ба ин масъала чалб месозам, ки тадбирхои мухими давлатй бе кумаку дастгирии бевоситаи ахли чомеа, аз чумла падару модарон ва азми кавии онхо ба хадди дилхох ва самарабахш намерасанд» [7].

Бо назардошти тахлилхои боло, кудак вобаста ба махсусияти синну солй дар хифзи хукуку манфиати хеш имконияти махдудро дорост. Бинобар ин, хангоми поймол гардидани хукуку манфиати онхо давлат ухдадор аст дар симои макомоти васоят ва парасторй бо ташаббуси худ ба муносибатхои падару модар дахолат карда, бештар ба хамон усулхое руй орад, ки онхо назар ба хукуки хусусй бештар ба хукуки оммавй хосанд.

Тахлили тачриба далели он аст, ки чунин тартиб аз чониби давлат дар симои макомоти васоят ва парасторй хислати чоннокро сохиб набуда, на хама вакт хифзи оммавии хукуку манфиати кудакро аз дахолати падару модар заминагузорй менамояд. Чунончй, соли 2016 шахрванд Б. бо назардошти оне, ки хамсараш мубталои бемории нашъамандй буда, аз никохи умумй сохиби як фарзанд буданд, чихати андешидани чорахои конунй бо ариза ба макомоти васоят ва парастории нохияи Фирдавсй мурочиат намуд. Макомоти васоят ва парасторй дар асоси ишора ба чой надоштани халнома дар хусуси махрум карда шудан аз хукуки модарй, дар кабули ариза изхори рад кард.

Мушкилоти дигари алокаманд ба хифзи оммавии хукуку манфиати кудак дар он аст, ки фаъолияти макомоти васоят ва парасторй мазмуни ба ин макомот хосро касб накарда, захирахои моддй, молиявй ва инсонии бо ин максад кофиро доро нест. Дар фаъолияти макомоти васоят ва парасторй хамчояшавии салохияти макомоти гуногун -комиссия оид ба хукуки кудак ва макомоти васоят ва парасторй мушохида мегардад. Салохияти макомоти васоят ва парасторй дар хифзи хукук ва манфиатхои кудак устувории кофиро надошта, наметавонад ба вазъи ба вучуд омада таъсири назаррас расонад. Аз ин чо, зарур аст фаъолияти макомоти васоят ва парасторй дар асоси устувор карда шудани салохияти он, захирахои моддй, молиявй ва инсонй чоннок карда шавад, то тавонад функсияи аслии худро ичро намояд.

С.Н. Тагоева аз чониби падар ё модари дар алохидагй истикоматкунанда ба вучуд оварда шудани монеаи сунъиро ба чумлаи хукуквайронкунии оилавй шомил карда, ишора менамояд, ки «холати зиддихукукй дар амали волидайн дар поймолшавии хукукхои субъективии падару модар ва ичро нашудани санади судй дар хусуси тартиби татбики хукукхои волидайн аз чониби падару модаре, ки алохида аз кудак истикомат мекунад, зохир мегардад» [8, с.23].

Дар хамин асос, чихати таквият дода шудани конунгузории оила дар самти хифзи хукуку манфиатхои кудак ганй гардонида шудани КО бо моддаи зерин кобили кабул дониста мешавад:

«Моддаи 601. Ухдадории падару модар ва шахсони ивазкунандаи онхо

1. Падару модар ва шахсони ивазкунандаи онхо ухдадоранд барои аз чониби кудак ба таври дахлдор татбик гардидани хукукхояшон, ки бо конунгузории оила ва дигар санадхои меъёрии хукуки пешбинй гардидаанд, мусоидат намоянд.

2. Дар мавриди ичро ё ба таври дахлдор ичро нагардидани ухдадорихо аз чониби падару модар ва шахсони ивазкунандаи онхо чавобгарии бо конунгузории маъмурй ва чиноятй пешбинй шуда фаро мерасад».

Мушкилоти дигаре, ки дар танзими хукукии муносибатхои шахсии гайримолумулкй байни падару модар ва фазанд ба назар мерасад, дар мукаррар карда шудани вокеияти падарй аз чониби суд зохир мегардад. Суд аризаи даъвогиро дар хусуси мукаррар кардани вокеияти падарй баррасй намуда, танхо вокеияти биологии кудакро аз чавобгар муайян менамояд. Дар асоси ин чомеа метавонад ба зиммаи чавобгар ухдадории таъминоти кудакро вогузор намояд.

Дар шароити муосир муносибатхои падару модар назар ба вокеияти биологй бештар ба вокеияти ичтимой асос ёфта, аз он манша мегирад. Мукаррар шудани вокеияти ичтимой хилофи хохиш ва иродаи инсон гайриимкон буда, метавонад окибатхои гайричашмдоштро ба вучуд орад. Бинобар ин, аз чониби шахси нисбати вокеияти падарй мукобилияткунанда амалй гардидани макоми падариро интизор шудан ба максад мувофик нест. Ин шахс дар холати бехтарин дар содири амали фаъол иродаи суст зохир карда, дар холати мукобил макоми худро барои гирифтани интиком аз модари кудак, ки нисбати он ба суд бо аризаи даъвогй мурочиат кардааст, истифода менамояд. Чунин холат аксаран бо натичаи халокатовар анчом меёбад. Чй хеле ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон зимни суханронй хангоми мухокимаи лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кайд гардида буд, «тибки маълумоти Вазорати корхои дохилй дар солхои охир дар каламрави кишварамон аз тарафи ноболигон ва ё бо иштироки бевоситаи онхо 4200 адад чиноят содир шудааст, ки ин боиси ташвиши чиддй мебошад. Махсусан аз тарафи ноболигон содир гардидани чинояти нихоят вазнини одамкушй (104 нафар) нигаронкунанда аст.

Аз ин шумора, дар 16 холат фарзандони ноболиг даст ба куштори падару модарон задаанд. Ва баръакс дар 12 холати дигар аз чониби падару модарон куштори фарзандон ба кайд гирифта шудааст, ки амали бисёр нангину дахшатнок мебошад. Илова бар ин, тибки маълумоти макомоти судй баъди таваллуд аз чониби баъзе модарон ба халокат расонидани тифлони навзоди худ низ вучуд дорад» [9]. Факту раками ба ин монанд имруз низ ташвишовар бокй монда, андешида шудани чорахои мушаххасро талаб менамояд.

Он чиз истисно нест, ки шахрванд хангоми мурочиат ба макомоти судй дар хусуси мукаррар кардани вокеияти падарй, дар холати алохида максади гаразнокро пайгирй карда, таъмин гардидани иштироки тарафи дигарро дар хифзи хукуку манфиатхои кудак пайгирй намекунад. Мумкин аст чунин хадаф дар асоси тахлили тачрибаи судй ба ду гурухи асосй тасниф гардад: гирифтани мерос ва алимент. Чунончй, шахрвандон Усмонова С., Усмонов Ш. ва Усмонова М. ба Суди нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе бо аризаи даъвогй мурочиат карда, мукаррар гардидани вокеияти падариро пурсиданд. Мурочиаткунандагон вачхи худро бо он асоснок карданд, ки соли 1985 падару модари онхо тарики шариатй ахди никох баста, чихати бакайдгирии давлатии он ба бахши САДШ мурочиат накарданд. Модари онхо бинобар сабаби надоштани никохи расмй, шаходатномаи таваллуди кудаконро бо насаби худ ба расмият дароварда, ба сифати падар Мирзорахимов Н.-ро нишон дод. Падари онхо мохи майи соли 2003 вафот кард. Онхо наметавонанд бинобар сабаби мукаррар нагардидани

вокеияти падарй меросро ба сифати ворис кабул намоянд. Суд аризаи даъвогиро баррасй намуда, онро бо халнома аз 31 августи соли 2003 конеъ кард [10, с.2].

Бо конунгузории нави чиноятии Чумхурии Точикистон аз соли 1998 чавобгарии чиноятии падару модар барои ичро ё ба таври дахлдор ичро накардани ухдадорй оиди таълим ва тарбияи фарзанд чорй карда шуд, агар чунин амал бо муносибати берахмона нисбати кудак алокаманд бошад (моддахои 174-177 КЧ). Падару модар хамчунин мумкин аст барои чалби ноболиг барои содир намудани чиноят (моддаи 165 КЧ) ва чалби шахси ноболиг ба содир кардани кирдорхои зиддичамъиятй (моддаи 166 КЧ) ба чавобгарии чиноятй кашида шаванд.

Мушкилии асосй дар ин самт дар он аст, ки бо чорй шудани чавобгарии чиноятии падару модар мумкин аст, ки масоили алокаманд ба хифзи хукуку манфиатхои кудак халлу фасли пурраи худро пайдо намояд. Зеро новобаста аз чой доштани чавобгарии чиноятй барои бадкасдона саркашй намудани падару модар аз таъминоти фарзанд (моддаи 177 КЧ), имруз масъалаи раками як бокй мондааст.

Хдмин тавр, бо назардошти тахлилхои боло хамагуна масъалахои алокаманд ба муносибатхои шахсии гайримолумулкии падару модар ва фарзанд, аз чумла таълим ва тарбияи он бояд дар асоси ризоияти тарафайнии падару модар, бо назардошти манфиат ва хангоми чой доштани имконият бо назардошти фикру андешаи кудак халлу фасли худро пайдо намояд. Нофахмй дар мавриди татбики хукуку ухдадорихои падару модар мумкин аст тибки мурочиат ба макомоти васоят ва парасторй ё суд аз чониби падар ё модар бартараф карда шавад.

Зикр бояд кард, ки хукуку ухдадории падару модар хислати мачмуй дошта, ичро нагардидани яке халалдор шудани дигареро ба вучуд меорад. Бинобар ин, падару модарро зарур аст дар татбики харду мавкеи фаъолро ишгол намоянд. Дар муносибатхои шахсии гайримолумулкй татбики мачбурии чунин муносибатхо гайримаксаднок буда, самаранокии сиёсати давлатиро нисбати оила коста мегардонад. Бинобар ин, хавасманд карда шудан дар татбики макоми падару модар рохи асосии халли масъала буда, такмили конунгузорй ва сиёсати давлатиро дар ин самт талаб менамояд.

1. Ахбори мачлиси Олии Лумхурии Точикистон, соли 2011, №7-8, мод 616, соли 2016, №3, мод. 147.

2. Антокольская М.В. Семейное право. - М.: Юрист, 1999. - С. 206.

3. Кондрашова М.А. Понятие осуществления родительских прав. // Вестник Саратовской государственной академии права. - 2010. - №4 (74). - С. 148.

4. Пчелинцева Л.М. Правовые аспекты воспитания и обучения, не-совершеннолетних.//Журнал российского права-2003.-№2-С.48-56.

5. Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон. Кодекси амалкунанда. /Санаи кабул: 13.11.1998 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, №22, мод 303.

6. Нечаева А.М. Правовая охрана семьи. //Закон. - 2004. - №4. - С. 5-7.

7. URL.: http://www.prezident.tj/node/1578 (таърихи дастрас'1': 20 феврали соли 2017)

8. Тагаева С.Н. Правовая сущность семейно-правовой ответственности. - Д.: Ирфон, 2011. - С. 23.

9. URL.: http://www.prezident.tj/node/1578 (таърихи дастрас!: 20 феврали соли 2017)

10. Парвандаи граждании №2-123/10 бо аризаи даъвогии Усмонова С., Усмонов Ш. ва Усмонова М. // Бойгонии Суди ношияи Исмоили Сомонии шак>ри Душанбе.

РУИХАТИ АДАБИЕТХ,О

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.