Научная статья на тему 'ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ РАВАНДИ МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАЦРИБАИ ДАРСҲОИ БИОЛОГИЯ'

ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ РАВАНДИ МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАЦРИБАИ ДАРСҲОИ БИОЛОГИЯ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
953
65
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ / РАВАНДИ МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОН / АМАЛИЯИ МАКТАБ / РАВАНДИ ТАЪЛИМ / ТАЦРИБАИ ПЕДАГОГӢ / САЛОҲИЯТНОКӢ / ОМӯЗГОР / ХОНАНДА / ОМӯЗИШ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Дадобоева Муслима Бахтиёровна

Дар мацола масъала и истифодаи усулҳои фаъолгардонии раванди маърифатии хонандагон дар тацрибаи дарсҳои биология баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки дар амалияи мактаб ва адабиёти методӣ маъмулан тацсимоти усулҳои аз рӯйи манбаи донишҳо цабул шудааст: лафзӣ (нацл, лексия, суҳбат, мутолиа), аёнӣ (намоиши аёнияти табиӣ, экранӣ ва аёнияти дигар, тацрибаҳо) ва амалӣ (корҳои лабораторӣ ва амалӣ). Дар асоси таҳлили тацрибаи педагогии мактабҳо ишора ба он шудааст, ки дар дарсҳои биология усулҳои фаъолро бо назардошти мундарицаи мавод, ҳадафҳои дидактикии дарс ва хусусияти синнусолии хонандагон ба кор бурдан зарур аст. Хулоса карда шудааст, ки дар раванди таълим густариш додани истифодаи усулҳои мухобиравӣ, ба миён овардани вазъияти проблемавӣ, рӯ ба рӯ кардани хонандагон бо зарурати исбот, баррасии дидгоҳҳои гуногун зарур аст, ки он барои фаъол намудани раванди маърифатии хонандагон дар дарсҳои биология нацши муҳим дорад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RESORTING TO METHODS OF ACTIVAZATION OF STUDENTS' COGNITIVE ACTIVITY AT BIOLOGY LESSONS EXPERIENCE

The article dwells on the issue beset with resorting to methods of activazation of students' cognitive activity at biology lessons experience. It is underscored that in school practice and in methodological literature it is traditionally to divide methods of teaching in conformity with source of knowledge, such as: verbal (story, lecture, conversation, reading), visual (demonstration of natural, screen and other visual aids, experiments) and practical (laboratory and practical work). Proceeding from the analysis concerned with school practice the author of the article asserts that it is necessary to resort to active methods at biology lessons taking into consideration the content of material, didactic goals of the lesson and students' age characteristics. In a nutshell, the author of the article comes to the conclusion that usage of interactive methods in the educational process, creation of problematic situations and to put students in front of the need to prove, reason, considers different points of view occupying an important role into the former in question.

Текст научной работы на тему «ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ РАВАНДИ МАЪРИФАТИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАЦРИБАИ ДАРСҲОИ БИОЛОГИЯ»

ТДУ57.02 (075.5) ТКБ 28.0 я 729

ИСТИФОДАИ Дадобоева Муслима Бахтиёровна, муаллимаи

УСУЛХ^ОИ ФАЪОЛГАРДОНИИ кафедраи ботаника ва физиологияи

РАВАНДИМАЪРИФАТИИ рустаниуои МДТ «ДДХ ба номи

ХОНАНДАГОНДАР ТАЦРИБАИ акад.Б.Тафуров» (Тоцикистон, Хуцанд) ДАРС^ОИ БИОЛОГИЯ

ИСПОЛЬЗОВАНИЕ МЕТОДОВ АКТИВИЗАЦИИ ПОЗНАВАТЕЛЬНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ УЧАЩИХСЯ В ОПЫТЕ УРОКОВ БИОЛОГИИ

Дадобоева Муслима Бахтиёровна,

преподаватель кафедры ботаники и физиологии растений ГОУ «ХГУ им.акад.Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

RESORTING TO METHODS OF ACTIVAZATION OF STUDENTS' COGNITIVE ACTIVITY AT BIOLOGY LESSONS EXPERIENCE

Dadoboeva Muslima Bakhtiyorovna, lecturer of the department of botany and plant physiology under SEI "KhSU named after acad B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail:[email protected]

Вожа^о калиди: усулуои фаъоли таълим, раванди маърифатии хонандагон, амалияи мактаб, раванди таълим, тацрибаи педагоги, салоуиятноки, омузгор, хонанда, омузиш

Дар мацола масъала и истифодаи усулуои фаъолгардонии раванди маърифатии хонандагон дар тацрибаи дарсуои биология барраси гардидааст. Кайд шудааст, ки дар амалияи мактаб ва адабиёти методи маъмулан тацсимоти усулцои аз руйи манбаи донишуо цабул шудааст: лафзи (нацл, лексия, суубат, мутолиа), аёни (намоиши аёнияти табии, экрани ва аёнияти дигар, тацрибауо) ва амали (коруои лаборатори ва амали). Дар асоси таулили тацрибаи педагогии мактабуо ишора ба он шудааст, ки дар дарсуои биология усулуои фаъолро бо назардошти мундарицаи мавод, уадафуои дидактикии дарс ва хусусияти синнусолии хонандагон ба кор бурдан зарур аст. Хулоса карда шудааст, ки дар раванди таълим густариш додани истифодаи усулцои мухобирави, ба миён овардани вазъияти проблемави, ру ба ру кардани хонандагон бо зарурати исбот, баррасии дидгоууои гуногун зарур аст, ки он барои фаъол намудани раванди маърифатии хонандагон дар дарсуои биология нацши мууим дорад.

Ключевые слова: интерактивные методы обучения, познавательный процесс, школьная практика, процесс обучения, школьный опыт, компетентность, учитель, учащийся, обучение

В статье рассматривается вопросы использование методов активизации познавательной деятельности учащихся в опыте уроков биологии. Отмечается, что в школьной практике и в методической литературе традиционно принято делить методы обучения по источнику знаний: словесные (рассказ, лекция, беседа, чтение), наглядные (демонстрация натуральных, экранных и других наглядных пособий, опытов) и практические (лабораторные и практические работы). На основе анализа школьной практики констатируется, что на уроках биологии необходимо применять активные методы, учитывая содержание материала, дидактические цели урока и возрастные особенности учащихся. Сделан вывод о том, что применение в процессе обучения интерактивных методов, создание проблемных ситуаций, поставить учеников перед необходимостью доказывать, аргументировать, рассматривать разные точки зрения играет важную роль в активизации познавательной деятельности обучающихся на уроках биологии.

Key words: interactive methods of teaching, cognitive process, school practice, learning process, school experience, competence, teacher, student, tuition

The article dwells on the issue beset with resorting to methods of activazation of studentsл cognitive activity at biology lessons experience. It is underscored that in school practice and in methodological literature it is traditionally to divide methods of teaching in conformity with source of knowledge, such as: verbal (story, lecture, conversation, reading), visual (demonstration of natural, screen and other visual aids, experiments) and practical (laboratory and practical work). Proceeding from the analysis concerned with school practice the author of the article asserts that it is necessary to resort to active methods at biology lessons taking into consideration the content of material, didactic goals of the lesson and studentsл

age characteristics. In a nutshell, the author of the article comes to the conclusion that usage of interactive methods in the educational process, creation of problematic situations and to put students in front of the need to prove, reason, considers different points of view occupying an important role into the former in question.

Дарачаи фаъолнокии мактаббачагон дар дарс аз методу тарзхои кори омузгор, вобаста буда, истифодаи усулх,ои гуногуни таълим нишондихдндаи махорати педагогии омузгор мебошад. Усул, ки сатхи фаъолнокии маърифатии мактаббачагонро то хадди имкон баланд бардошта, онхоро ба донишомузй водор мекунанд, чун усул фаъоли таълим эътироф шуданд.

Дар амалияи мактаб ва адабиёти дастурй маъмулан таксимоти усул аз руйи манбаи донишхо кабул шудааст: лафзй (накл, лексия, сухбат, мутолиа), аёнй (намоиши аёнияти табий, экранй ва аёнияти дигар, тачрибахо) ва амалй (корхои лабораторй ва амалй). Х,ар яке аз онхо метавонад бештар фаъол ё камфаъол бошад.

Дар дарсхои биологияи мактаби миёна усул фаъолро бо назардошти мундаричаи мавод, хадафхои дидактикии дарс ва хусусияти синнусолии хонандагон ба кор бурдан зарур аст.

Усулхои лафзй.

1. Усули мубохисаро дар дарсхо хангоми халли масъалахое ба кор мебаранд, ки мулохизарониро такозо менамояд, то ки бачагон озодона фикрашонро баён намуда, нуктаи назари баромадкунандаро бодиккат гуш кунанд.

2. Усули кори мустацилона бо хонанда. Дар синфхои болой бо максади бехтар муайян намудани сохтори мантикии маводи нав супориш додан мумкин аст, ки хонандагон мустакилона накшаи накли омузгор ё накша-конспектро бо ичрои шарти зерин тартиб диханд: хадди акалли матн - харчи бештар иттилоот.

Дар рафти баррасй ислох, дакик ва пурра намудан, аз чизхои барзиёд, дувумдарача сарфи назар кардан зарур аст. Ин накша - конспектро истифода бурда, хонандагон хамеша мундаричаи мавзуъро хангоми санчидани вазифаи хонангй бомуваффакият такрору баён мекунанд. Махорати конспекткунй, тартиб додани накшаи накл, чавоб, мутолиаи тавзехии китоби дарсй, дар он чустучуй кардани мазмуни асосй, кор бо маълумотномахо, адабиёти илмию оммавй ёрй медихад, ки дар хонандагон тафаккури образноку предметй зимни тахлилу чамъбасти конунияти табиат ташаккул ёбад.

Барои мустахкам намудани малакаи кор бо адабиёт ба хонандагон супоришхои гуногунро мувофики куввати онхо додан мумкин аст.

Масалан, дар синфи 7 хангоми омузиши мавзуи «Рудапойхо» чунин супориш дода мешавад: дар бораи ягон намояндаи рудапойхо ахбор пешниход намоед (намоянда мувофики хохиш интихоб мешавад). Хонандагон бояд дар бораи хусусиятхои хайвони интихобшуда, тарзи зиндагии у накл карда, робитаи сохти онро бо мухити зисташ нишон дода тавонад. Ахбор дар варакахои албом чой дода шуда, сахифаи якум бояд бо расми хайвон оро дода шавад.

Дар синф хонанда бояд кушиш намояд, ки ахборро на ин ки хонда дихад, балки накл кунад. Барои ин аввал тезисхо, дар синфхои боло бошад, накшаи чавоб тартиб дода мешаванд. Хднгоми чунин тарзи кор хонандагон кушиш мекунанд, ки маводро тахлил ва чамъбаст намоянд, хамчунин нутки шифохии онхо инкишоф меёбад. Ба туфайли ин, хонандагон минбаъд дар баёни фикру акидаи худ шарм намекунанд.

3. Усули кори мустакцлона бо маводи дидактики.

Кори мустакилонаро бо чунин тарз ташкил кардан мумкин аст: ба синф супориши мушаххаси омузишй дода мешавад. Ба омузгор зарур аст, ки ба хар як хонанда талаботи ичрои онро фахмонад:

1) матнро бояд тарики дидан дарк кард (супоришхо тарики шунидан дакик дарк намешаванд, тафсилот зуд аз хотир мераванд, хонандагон мачбуранд, ки аксар вакт такрор намуданро хохиш кунанд);

2) барои сабти матни супориш харчи камтар вакт сарф бояд кард.

Ба ин максад дафтархои чопй ва мачмуаи супоришхо барои хонандагон мувофиканд. Мутаассифона, дафтархо оид ба курси «Инсон ва саломатии у» ба наздикй, аз огози соли тахсил мавриди истифода хонандагон карор гирифтанд. Мутаассифона, аксари омузгорон холо танхо маводи дидактикии худсохтро истифода мебаранд.

Онхоро шартан ба чунин навъхо чудо мекунанд[5] :

1. Маводи дидактикй барои кори мустакилонаи хонандагон бо максади дарку фахмиши донишхои нав бидуни тавзехи пешакии онхо аз чониби омузгор.

• Варакахо бо супориши табдил додани матни китоби дарсй ба чадвал ё накша;

• Варака бо супориши табдил додани расмхо, накшахо ба чавобхои шифохй;

• Варака бо супориш барои худмушодида, мушодида кардани воситадои аёнй.

2 . Маводи таълимй барои кори мустакилонаи хонандагон бо максади мустадкам ва татбик намудани донишу мадорат.

• Варака б о сав олдо барои мулодизаронй;

• Варака бо масъалаи дисобкунй;

• Варака бо супориши кашидани расм.

3. Маводи дидактикй барои кори мустакилонаи хонандагон бо максади назорати донишу мадорат.

• Варака бо расми «безабон». Онро дар якчанд вариант (масалан, барои тамоми синф 2-4 вариант), дамчунин, ба сифати супоришдои инфиродй истифода бурдан мумкин аст. Бо максади истифода дар лах,заи такрор ва мустадкам кардани донишдо онро метавон татбик кард.

• Супоришдои тестй. Ондоро дам тарики инфиродй, дам барои синф дар мачмуъ ба кор мебаранд. Солдои охир супоришдои матнй бештар самараноканд, дарчанд ондо низ норасой доранд. Баъзан хонандагон кушиш мекунанд, ки чавобро фаврй дарёбанд.

• Методи баёни проблемавй.

Дар таълими хонандагон усули проблемавиро ба кор бурдан мумкин аст, ки асоси онро ба вучуд овардани вазъияти проблемавй дар дарс ташкил медидад. Хонандагон барои тавзеди факту падидадо дорои донишу воситадои фаъолият нестанд, ондо фарзиядо, роддои далли вазъияти проблемавии додашударо пешнидод карда метавонанд. Методи мазкур барои ташаккули тарздои фаъолияти фикрй, тадлил, синтез, мукоиса, чамъбаст, мукаррар кардани робитадои сабабу натича мусоидат менамояд.

Дидгоди проблемавй амалиёти мантикиеро дар бар мегирад, ки барои интихоби далли ба максад мувофик заруранд.

Усули мазкур чидатдои зеринро фаро мегирад:

1) пешнидоди масъалаи проблемавй;

2) ба миён овардани вазъияти проблемавй дар асоси гуфтори мудаккик;

3) ба вучуд овардани вазъияти проблемавй дар заминаи нуктадои назари ба дам мукобил оид ба дамон як масъала;

4) намоиши тачриба ё иттилоот оид ба он - замина барои ба вучуд овардани вазъияти проблемавй; далли масъаладои хусусияташон маърифатй. Накши омузгор дангоми истифодаи методи мазкур аз он иборат аст, дар дарс вазъияти проблемавиро ба миён оварда, фаъолияти маърифатии хонандагонро идора кунад;

5) Усули далли мустакилонаи масъаладои дисобкунй ва мантикй. Тамоми хонандагон аз руйи супоришдо мустакилона масъаладои дисобкунй ё мантикиро (ки дисоб, мулодизаронй ва хулосабарориро такозо мекунанд) дал мекунанд, ки ба дам монанданд ё хусусияти эчодй доранд.

Истифодаи масъаладо аллакай дар синфи 6 огоз мегардад. Масъаладои мураккабтар, хусусияташон эчодй дар синфдои боло истифода мешаванд. Аммо дар дар синф тафрикаи масъаладоро риоя бояд кард: масъаладои мураккабтар, хусусияташон эчодиро ба хонандагони бокувваттар, масъаладои ба дам монандро - ба хонандагони суст супоридан лозим аст. Зимнан, диккати хонандагон ба ин нукта набояд чалб шавад. Х,ар як хонанда аз руйи имкону кобилияташ супориш мегирад ва дар ин долат шавку рагбат ба таълим кодиш намеёбад.

Усулхои аёнй.

1. ^исман чустучуй. Хднгоми истифодаи ин метод родбарй ба кори синф зарур аст. Кори бачагонро тарзе ташкил бояд кард, ки кисми донишдои навро худашон ба даст оранд. Барои ин тачрибаро пеш аз шарди маводи нав намоиш додан ва тандо дадафро баён намудан зарур аст. Хонандагон бошанд, тарики мушодида ва баррасй масъалаи проблемавиро дал мекунанд.

2. Усули аломатдои такявй. Конспектдои такявиро дам дар шакли накшадо, яъне чуноне ки ондо мувофики методи В.Ф.Шаталов бояд бошанд, ба кор бурдан зарур аст. Хдмчунин, дар шакли расмдо, чадвалдо, схемадо метавон истифода кард.

Усулхои амалй.

1. Методи лаборатории кисман чустучуй. Хонандагон масъалаи проблемавиро дал карда, як кисми донишдои навро бо роди ичрои мустакилона ва баррасии озмоиш ба даст меоранд. То кори лабораторй ба хонандагон тандо дадаф, на балки натичадои интизорй маълум аст.

Дар кор дамчунин усулдои баёни шифодй - накл ё лексияро истифода бурдан мумкин аст. Хднгоми омода намудани лексиядо пайдарайии баёни маводро ба накша гирифта, фактдои дакик, ташбеддои возед, гуфтордои олимон, омузгорон, ходимони чамъиятии бонуфузро

интихоб намудан зарур аст. Дар дарсхо чунин воситахои идоракунии раванди маърифатии хонандагонро ба кор бурдан мумкин аст:

1. Тарзу воситахое, ки фаъолияти хонандагонро дар ин мархалаи дарк тахрик бахшида, ба бедор шудани шавку рагбати онхо ба маводи омухташаванда мусоидат мекунанд:

а) навгонй - ба мундаричаи маводи таълим ворид намудани маълумот, далелхои чолиб, иттилооти таърихй; б) семантизатсия - асоси онро барангехтани шавку рагбат ба туфайли кушодани маънои калима ташкил медихад; в) динамикй - ба миён гузоштани хддафи омузиши раванду падидахо дар динамика ва инкишофи онхо; г) ахамиятнокй - хидоят кардан ба зарурати омузиши мавод дар робита бо арзиши биологй, хочагидорй ва эстетикии он;

2. Тарзи фаъолгардонии фаъолияти хонандагон дар мархалаи азхудкунии маводи омухташаванда: а) рохи эвристй - саволхои душвор дода мешаванд ва бо ёрии саволхои ёридиханда чавоб дарёфт мешавад; б) рохи эвристй - баррасии масъалахои бахсангез, ки дар хонандагон инкишоф додани махорати исбот ва асоснок намудани мулохизахояшонро имкон медихад; в) равиши тахкикотй - хонандагон дар асоси анчом додани мушохидахо, тачрибахо, тахлили адабиёт, халли масъалахои маърифатй бояд хулосаро ифода намоянд.

3. Тарзу воситахои фаъолгардонии раванди маърифатй дар мархалаи такрори донишхои гирифта.а) натурализатсия - ичрои супоришхо бо истифодаи объектхои табий, гербарийхо, мачмуахо, узвхои намноки хайвонот;б) ба накша даровардан - организмхое, ки номбар мешаванд, дар намуди схема робитаи мутакобили онхо бояд нишон дода шавад; в) ба рамз табдил додан.

Дар дарсхои синфхои 6-7-ум бо максади тахрики фаъолияти маърифатй чистон, ребус, кроссвордхоро истифода бурдан мумкин аст. Дар синфхои 6-7 хангоми омузиши биологияи рустанихо лахзахои бозиро, хусусан, дар охири дарс истифода бояд кард. Дар ин синну сол бачагон бозй карданро дуст медоранд ва тахрики бозй имкон медихад, ки фаъолияти маърифатии онхо зимни омузиши маводи нав фаъол гардонида шавад.

Дар синфхои болой усули гурухиро метавон ба кор бурд. Зимнан, синфро ба гуруххои иборат аз 3-4 хонанда таксим бояд кард. Х,ар як гурух супориши худро ичро мекунад. Асосан ин усулро дар дарсхои биологияи синфхои 10-11, хангоми омузиши мавзуи «Экология» ба кор мебаранд[8].. Ба бачагон (гуруххо) варака супоришхо бо масъалахои экологй дода мешаванд ва онхо тарики машварат бояд онро хал кунанд. Дар анчоми омузиши мавзуъ машгулияти семинарй ва санчиш аз руйи мавзуъ ташкил намудан зарур аст. Аммо ин шаклхо дар синфи боло кобили кабуланд ва омодагии хуби хонандагон, аз чониби онхо омухтани адабиёти тавсияшуда, иштирок дар мубохисаро такозо менамоянд.

Дар синфхои поёнтар (6-8-ум) имкон дорад дарсхои чамъбастй дар шакли бозй гузаронида шавад [9]. Дарсхо - бозихои хулосакунандаи нахустинро дар шакли мусобикахо байни дастахо дар синфи 6 хангоми такрори мавзуъхои «Барг», «Поя» ва «Гул» метавон гузаронд. Синфро ба 4 кисм чудо кардан мумкин аст: 3 даста ва мухлисон. Барои дастахо се миз, барои мухлисон -курсихоро дар охири синф омода бояд кард. Супоришхо аз чихати сохт, вазифа, кор бо микроскоп, масъалахои маърифатй коркард мешаванд. Барои мухлисон супоришхои алохидаро коркард намудан мумкин аст.Хднгоми чунин кор рохдои гуногуни баходихии кори хонандагонро дар ин дарс истифода метавон кард. Барои он ки дар дарс фаъолнокии раванди маърифатй дар сатхи баланд нигох дошта шавад, чунин шароитхо заруранд:

1) хакамони босалохият ва мустакил (омузгор ва хонандагон - мушовирон аз синфи дигар);

2) супоришхо дар даста аз руйи интихоб таксим карда шаванд, дар акси хол хонандагони заиф дар ичрои супоришхои мураккаб, хонандагони бокувват - дар ичрои супоришхои сода шавку рагбат зохир намекунанд;

3) бахо додани фаъолияти даста ва дар алохидагй фаъолияти хар як хонанда;

4) «бархам додани» мухлисон. Агар шумораи хонандагон дар синф зиёд бошад, на балки 3, балки 4 ё 5 даста тартиб дода, хамаи бачагонро ба фаъолияти фаъолона чалб бояд кард;

5) супоридани супоришхои эчодии хонагй барои дарси чамъбастй. Дар ин сурат хонандагони ором, онхое, ки дар гурухи хонандагони фаъол одатан намоён нестанд, худро нишон дода метавонанд. Фаъол гардонидани раванди маърифатиро дар чорабинихои беруназсинфй низ гузаронидан зарур аст. Барои синфи 6 чунин бозиро гузаронидан мумкин аст: «Саёхат ба кишвари рустанихои хонагй». Дар ин маврид бачагон дар накши гулпарварон ва сокинони кишвархои гуногун баромад мекунанд. «Саёхат» хамрох бо «тагйири чой» аз руйи харита ва намоиши гулхо сурат мегирад. Х,адаф: нишон додани робитаи мутакобил бо мухити зист, мутобикшавии рустанихо ба шароити гуногун, тахрики фаъолияти хонандагон бо супоришхои махсус барои ичрои вазифаи хонагй. Х,амин тавр, гуногунии усулхои таълим дар мактаббачагон

инкишофи навъхои гуногуни бахотиргирй, тафаккур ва рагбатхоро тахрик мебахшад. Дар раванди таълим густариши истифодаи усулх,ои мухобиравй, ба миён овардани вазъияти муаммой , ру ба ру кардани хонандагон бо зарурати исбот, баррасии дидгоххои гуногун зарур аст . Ин б арои фаъол намудани раванди маърифатии хонандагон дар дарсхои биология накши х2е0л2е0мухим дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Барномаи давлатии ислохот ва рушди сохаи тахсилоти ибтидой ва миёнаи касбии Ч,умхурии Точикистон барои солхои 2012-2020 (^арори Х,укуматиЧ,умхурии Точикистон аз «30» 04.2012, №200). Душанбе,2012-66с.

2. Выготский, Л.С. Детская психология/ Под ред. Д.Б. Эльконина//Собрание соч.:В 6-ти т./Выготский Л.С. - Т.4. - М.: Педагогика, 1984. - 432 с.

3. Выготский, Л.С. Педагогическая психология/ Под ред. В.В. Давыдова/Л.С.Выготский.-М.: Педагогика, 1991.- 480 с.

4. Гальперин, П.Я. Психология как объективная наука: Избранные психологические труды/Под ред. А.И. Подольского/П.Я.Галиперин.- М.: Институт практической психологии; Воронеж: НПО «МОДЭК», М.: Изд-во 1998.- 479 с.

5. Давыдов, В.В. Новый подход к пониманию структуры и содержанию деятельности/В.В.Давыдов//Вопросы психологии . - 2003. - №2. - С.42-49.

6. Дьюи, Дж. Школа будущего/Дж.Дьюи.- Берлин, 1922. - 179 с.

7. Леонтьев, А.Н. Деятельность. Сознание. Личность//Избранные психологические произведения: 2-х т. Т.2 /Леонтьев А.Н.-М.: Педагогика, 1983.- с.94-231.

8. Мах,мадзиёев, А. Биологияи умумй. Китоби дарси барои синфи 10-ум/А.Мах,мадзиёев, С.Савлатов, А.Тошев, Т^иёсов.- Душанбе, Маориф, 2019.- 240 с.

9. Сатторов, Тохдрчон. Зоология. Китоби дарсй барои синфи 8-и макотиби тахсилоти хдмагонй/Т.Сатторов.- Душанбе: Маориф, 2001, -128 с.

10.Стратегияи миллии рушди маорифи Ч,умхурии Точикистон то соли 2020. (Бо карори Х,укумати Ч,умхурии Точикистон аз 30 июни соли 2012, №334 тасдик шудааст).Душанбе,2012.

11.Эльконин, Д.Б. Избранные психологические труды//Д.Б.Эльконин.-М.: Педагогика, 1989. -560 с.

REFERENCES:

1. The Statal Program of Reformation and Development of Primary and Secondary Vocational Education of Tajikistan Republic for 2012-2020 (approved of Tajikistan Republic Government from "30" 04.2012, №200). - Dushanbe, 2012. - 66 p.

2. Vygotsky, L.S. Child Psychology / under the editorship of D.B. Elkonina // Vygotsky L.S. Collection of compositions. In six volumes. - V.4. - M.: Pedagogy, 1984. - 432 p.

3. Vygotsky LS Pedagogical psychology / under the editorship of В.В. Davydova.- M.: Pedagogy, 1991. - 480 p.

4. Halperin, P.Ya. Psychology as Objective Science: Selected Psychological Works / under the editorship of A.I. Podolsk. - M.: The Institute of Practical Psychology; - Voronezh: MODEK, - M., 1998. - 479 p.

5. Davydov, V.V. A New Approach to Understanding the Structure and Content of Activity // Issues of Psychology. - 2003. - №2. - P. 42 - 49.

6. Dewey, J. School of the Future. - Berlin, 1922. - 179 p.

7. Leontiev, A.N. Activity. Consciousness. Personality // Leontiev A.N. Selected Psychological Works: in 2 volumes. -V. 2. - M.: Pedagogy, 1983. - P. 94 - 231.

8. Mahmadziyoev, A, Savlatov S, Toshev A, Giyosov T. General Biology. Textbook for the 10th Grade. - Dushanbe: Enlightenment, 2019. - 240 p.

9. Sattorov, Tohirjon. Zoology. Textbook for the 8th Grade of Secondary Schools. - Dushanbe: Enlightenment, 2001, - 128 p.

10.National Education Development Strategy of Tajikistan Republic until 2020. (approved by Tajikistan Republic Government on June 30, 2012, №334). - Dushanbe, 2012.

11. Elkonin, D.B. Selected Psychological Works // D.B. Elkonin. - M.: Pedagogy, 1989. - 560 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.