УДК 82.09 ББК 83.3(0)9
МУАММОИВАЗНИ Солевое Мирзо Одинаевич, н.и.ф., дотсенти
МАСНАВИ^ОИ кафедраи таърихи адабиёти тоцики Донишгоци миллии
САНОИ Тоцикистон (Тоцикистон, Душанбе)
ВОПРОСЫ Солехов Мирзо Одинаевич, к.ф.н., доцент кафедры ИСПОЛЬЗОВАНИЯ истории таджикской литературы ТНУ
МЕТРИКИ В ПОЭМАХ САНАИ (Таджикистан, Душанбе)
ISSUES CONCERNED Solekhov Mirzo Odinaevich, c.ph.s., Associate Professor of WITH THE USAGE OF METRICS the department of history of Tajik literature under the TNU INSANAI'S POEMS (Tajikistan, Dushanbe), E-mail:latifi_86@mail.ru
Вожа^ои калиди: маснави, вазн, оцанг, сабк, Санои, адабиёти тасаввуф, сохтор
Дар мацола бори аввал масъалаи дар як вазн эцод шудани маснавиуои яке аз шоирони маъруфи мутасаввифи асри XIIХаким Абулмацд Санои мавриди пажууиш царор дода шудааст. Тазаккур меравад, ки масъалаи мазкур бори нахуст аз цониби шарцшиноси цоланди Томас Бройн ба миён гузошта шуда буд, вале он то кунун тануо дар шакли цайду ишорот мавцуд буда, пажуциши алоцидае дар ин бора матрац нагардидааст. Сабабуои дар як вазн эцод шудани кулли маснавиуои Санои Газнавй нишон дода мешавад, ки ин падидаи тоза дар адабиётшиноси аст. Вазни маснавиуои Санои - баури хафиф ва корбурди он дар маснависароии форсу тоцик ва нуфузи минбаъдаи он мавриди тадциц царор дода шудааст.
Ключевые слова: маснави, метрика, ритм, стиль, Санаи, суфийская литература, структура
В данной статье впервые исследуется проблема использования метрики в поэмах одного из крупнейших суфийских поэтов XII века Хакима Абулмаджа Санаи. Отмечается, что постановка проблемы принадлежит голландскому востоковеду Томасу Бройну, однако причины возникновения данной проблемы не были раскрыты и поэтому представленная постановка вопроса автором данной статьи является новой. Подчёркивается, что Санаи во всех своих поэмах использовал исключительно размер хафиф, однако данная особенность до сих пор остаётся неизученной. Рассматривается использование метрики хафиф в поэмах, написанных до эпохи Санаи, и его последнующее влияние в персидско-таджикском поэмосложении.
Key words: masnavi, metric, rhythm, style, Sana'i, Sufi literature, structure
The relevant article dwells on the problem beset with the usage of metrics in the poems belonging to the pen of one of the greatest Sufi poets (the XII-th century) Hakim Abdulmaj Sanai, for the first time. It is underscored that the statement of the problem in regard to the Dutch Orientalist Thomas Broin, however, the reason for the problem in question was not widely disclosed, therefore, the author of the article under consideration presents a new statement referring to the question. The author lays an emphasis upon the idea that Sanai in all his poems resorted to the size called hafif, however the mentioned peculiarities still remains unexplored one exclusively. The usage of the hafif metric in poems written before Sanai Epoch and its subsequent influence over Persian-Tajik poetry was studied.
Зухури Хдким Абдулмачди Саной дар таърихи адабиёти форс-точик мархалаи нави адабиро ба вучуд овард, ки тазохур дар замони нумуи мархалаи классикии рушд иттифок афтода буд. Ин аст, ки зухуроти мазкур боиси бунёди каломи ноби адабию хунарие тахти унвони адабиёти тасаввуфй-ирфонй гардид. Рисолати таърихие, ки ин симои эчодй кашф кард, махз хамин кашфиёту ибтикорот дар таърихи адабиёт боис гардид, ки Х,аким Саной тафаккурсозу давронсоз ном бигирад, ки донишмандони пуриштихори соха дар ин бора бахсхои чолиб сомон додаанд. Мухаммадризо Шафеии Кадканй таърихи шеъри форсиро муштамил бар ду бахш медонад, яъне «шеъри кабл аз Саной ва шеъри баъд аз Саной» (4, 9). У хатто сахми бузургтарин симохои адабии баъдиро бо Саной киёснопазир медонад ва менависад, ки: «Х,еч кадом аз куллахои шеъри форсй хатто Саъдию Х,офиз ва Мавлавй чунин мактаеро дар таърихи шеъри форсй эчод накардаанд, бо ин ки сарояндагони барчастатарини осори адабии форсй будаанд» (4, 9).
Саной на танхо дарунмояи тарчеъбанду таркиббанд, шеъри тасмит, газалу касидаро комилан нав кард, беш аз он бо эчоди «Х,а;икат-ул-хддик;а», ки мухтасаран "Хддикд" ном мебаранд, шакли нави маснавихои тасаввуфй-ирфонй, таълимй-тарбиявиро эчод кард. Баъдан танхо ба «Х,ади;а»-и у бо чанд рох назирапардозон чавоб гуфтаанд. Чунончи, аввалан осоре, ки бевосита дар пайравии «Х,ади;а» таълиф шудаанд: «Манти;-ут-тайр»-и
Аттор, «Маснавии маънавй»-и Ч,алолиддини Румй, «Анис-ул-орифин»-и Косими Анвор ва гайра. Дигар шакли назирапардозй- нахустасари хамаи хамсахо (55 хамса) ва баъдан асархои чахоруми таркиби хамсахо (инхо бештар дар вазн) пайравй ба ин асари Саной кардаанд, ки аз нуфузи осори ин симои адабй ба суханварони минбаъди хеш башорат медиханд.
Яке аз рисолатхои таърихии Хаким Саной, тибки казовати адабиётшиноси чех Ян Рипка, «Ин аст, ки зухду ирфонро ба шакле муассиру таъинкунанда ба манзалаи як фалсафаи зиндагй вориди маснавихои кутоху баланд кард» (2, 417). Дар хусуси рисолатхои таърихии бачоовардаи Хаким Саной, пеш аз хама, худи у ишорахо дорад ва адиб оид ба ин падида голибан дар фахрияхояш тава;;уф намудааст.
Саной хамчун шоири хирфай голибан шеъри мазхабй, андарзй ва таълимй эчод кардааст ва хдтто хичову интикоди у суннатй нест, дорои маънии зохирию ботинист ва хадафи эчодкор хдтман маънии нихонии он аст.
Вокеан «Яке аз вижагихои шеъри форсй аз хдмон огоз гироиши шадид ба таълим будааст. Ин гироиш аз бисёре чанбахо мероси пеш аз ислом аст. Адабиёти хдкимй, ки ба вижа дар навъи андарз тачаллй ёфта буд, дар осори пахлавй бар чой монда» (2, 417).
Яке аз аносири мехварии шаклй дар каломи хунарии манзум вазн аст, ки онро мутахассисони соха хатто нах,ви шеър маърифат кардаанд. Коргирй аз анвои мухталифи авзон ва бухури арузи вобаста ба мавзуъ ва мазмуну мухтавои асари адабй-хунарй сурат мегирад ва агар раванди мазкур риоя карда шавад, суханвар дар эчоди асари хунарй комилан муваффак хохад шуд.
Вазн хамчун унсури сохторй барои коргирй дар эчоди маснавй низ махдуд нест. Ибтикороти Саной сахехии кавли фавкуззикрро тасдик мекунад. Вале ин падида таваччухи ахли тахкикро камтар чалб кардааст, зеро беш аз чахорсад асару макола ба рузгору осори Саной то кунун дар Шарку Гарб руйи кор омада бошанд хам, бисёр ба нудрат ва танхо бо зикри вазни ягона доштани маснавихо иктифо шудаасту бас. Х,атто Мударриси Разавй, Мазохир Мусаффо, Мучтабо Минавй, Забехуллох Сафо, Захро Дуррй, Марями Хусайнй, Саид Нафисй, Шафеии Кадканй, Моили Хиравй, Халилуллохи Халилй, Е.Э. Бертелс, Э. Браун, Шиблии Нуъмонй, Ризозода Шафак, Марк Смужанский, Блошет, Р. Николсон ва бисёр дигарон оид ба мухтассоти шаклй ва мундаричавии маснавихои Саной бахсхои чолиб сомон додаанд, вале бо авзони маснавихо кам дахл кардаанд. Аз миёни ахли тахкик танхо ду тан мухаккикони Гарб: Ян Рипка (8, 30) ва Томас Бройн (2, 417) доир ба истифодаи аруз дар маснавихои Саной таваччухи бештар кардаанд. Хдтто Т. Бройн дар тадкикоти хеш зерфаслеро ба коргирии бахри Хафиф ихтисос додааст, ки хеле чолиб ва мухим аст.
Мухаккикони ашъори Саной голибан вазнро барои барчастагии баёни мавзуъ аввалиндарача донистаанд, вале тибки казовати ховаршиноси англис Л.П. Элвелл-Саттон (1912-1984), «вазн дар эчоди бадеъ накши мухим дошта бошад хам, наметавон онро дар чойи аввал гузошт» (2, 430). ^авли мазкур ба назари мо, сахех аст, зеро «Шохнома»-и Фирдавсй ва «Бустон»-и Саъдй, ки яке комилан хамосй ва дигаре сирф андарзй, таълимист ва дар як вазн эчод шудаанд ва ё раванди баръакси падидаи фавкуззикр «Хадика»-и Саной ва «Маснавй»-и Мавлоно, ки хар ду ирфонй-андарзй ва фалсафианд, дар бахрхои гуногун эчод шудаанд, казовати Л.П. Элвелл-Саттон тасдик менамоянд.
Зиёда аз ин, транспозитсияи достонхои «Шохнома» дар назирапардозии хамсасароён, ки эчодкорон дар асрх,ои гуногун вазни достони Искандарро нигох дошта, достонхои «Хусрав» ва «Бахром»-ро тагйир додаанд ва дар эчоди ин достонхо аз бахрхои хдзачу хафиф кор гирифтаанд. Бо вучуди ин Т. Бройн чонибдори муктазои мавзуъ будани авзон буда, менависад, ки «Бахри мутакориби «Шохнома» занчираи кутохе аз анвои адабиро падид овард, ки вижагии муштараки онхо мухтавои таърихй ва колаби арузй буд» (2, 430). Зиёда аз ин, Т. Бройн эчоди сокдномахои таркиб ва мустакилро далел меорад, ки яке тобеъи вазни умумии достон (сокиномахои таркиб) ва дигаре махз бо манзури мазмуну мухтаво такозои бахри мутакориб дорад, зеро мухтавои ин навъи достонхои кучак андарзномаи таърих аст ва таърих такозои оханги хамосй дорад (2, 430). Вокеан, дар жанрхои таркиби жанр, мисли сокиномахои таркиби маснавихо, эчодкор жанри таркибро аз руйи зарурат ба жанри мехварй тобеъ месозад, ки басо чолиб аст. Аз ин ру, мухокимаронихои Л.П. Элвелл-Саттон ва Т. Бройн ба хакикати таърихй созгор буда, аз идроки волои эчодкор шаходат медиханд.
Яке аз чиддитарин тозакорихои Саной он аст, ки у тавонистааст ахкоми шаръй, орои суфиёна, андарзу мавъизат, таълим ва хичову интикодро дар маснавихои хеш танхо дар бахри хафиф эчод кунад.
Ба назари мо, вижагии муштараки мавзуъхои фавкуззикр бунёди тамхидй гирифтани онхост, на чизи дигар. Аз тарафи дигар, Т. Бройн вазни маснавихои Саноиро танхо аз як вазни бахри Хафиф - дакикан бахри хафифи мусаддаси махбуни махзуф, ки шакли афоъилии он -V- - / V - V -/ VV - аст, иборат медонад. Вале амалан казовати фавкуззикр тавзех мехохад, зеро дар маснавихои Саной бидуни истисно, ба чуз рукни аслии бахри Рамал (-V- -) панч зихоф иштирок мекунад ва дар мачмуъ он хамчун чахор навъи як вазн ба кор гирифта шудааст, ки басо хадафнок аст, хатто дар осори илмию пажухишй чузъитарин ишора дар ин бора нашудааст. Чунончи, шакли афоъилии авзони маснавихои шоир чунинанд:
1. - V- - / V - V -/ - - фоъилотун, мафоъилун, фаълун
2. - V- - / V - V -/ - ~ фоъилотун, мафоъилун, фаълон
3. - V- - / V - V -/ VV -фоъилотун, мафоъилун, фаъилун
4. - V- - / V - V -/ VV -фоъилотун, мафоъилун, фаъилон
Агар то Хаким Саной мо танхо эчод гардидани достони «Шодбахр ва Айнулхаёт»-и Унсуриро дар хамин бахр мушохида намоем, танхо дар замони шоир ду маснавй дар ин бахр таълиф шудааст, ки яке бидуни унвон буда, аз Масъуди Саъди Салмон ва дигаре «Хунарнома»-и Усмон Мухтории Газнавй аст.
Дигар аз рисолатхои таърихии бачоовардаи Хаким Саной аз он иборат аст, ки у тавассути эчоди маснавии сутурги хеш - «Хадика» ба бахри Хафиф иштихор бахшид. Дар мантики оддии ифода дар таърихи адабиёти точику форс чунин зухурот манзур намегардад, ки эчоди бадеъ ба унсури шаклй (хадаф вазн) шухрати човидон эхдо карда бошад. Ин буд, ки минбаъд ин бахр мавриди коргирии бештаре карор гирифт, ки каблан ба он ишора карда будем.
Ба назари мо, Хаким Саной тавъам бо коргирй аз бахри Хафиф ду мушкили хешро низ рафъ намуд ва дар андак муддате маснавихои зиёд руйи кор овард. Дарёфти падидаи мазкур нодиртарин ибтикороти Хаким Саной дар маснависароист, ки то кунун аз назари ахли тадкик пинхон монда буд. Ин чилои хунарии Саной аз чанд чихат арзишманд низ хаст.
Аввалан, чунонки баъзан дар «Хадика» баъзе абёт дар бобхои гуногуни он такрор шудаанд ва ин холат дар эчоди достону маснавй дар таърихи адабиёт хеле зиёд ба мушохида мерасад ва метавон гуфт, ки дар ин чода эчоди нафаре аз достонсароён истисно нест. Яке аз чихати нохушоянди коргирй дар чандин асар аз як вазн он аст, ки дарёфти маъхази онхо мураккаб гардида, каме мушкилот низ пеш меорад. Такрори бисёр ба нудрати байтхо дар як маснавй ва баъдан дар эчодиёти як шоир, ки ду ё зиёда аз он маснавй (достон) дорад, дар маснавихои дигари худи шоир абёти такрор манзур мегардад. Дар маснавии «Бехрузу Бахром»-и Камолиддини Биной махз ба хотири ин байтхо, ки аз «Хадика» -анд, асарро ("Бехрузу Бахромро") хатто эчоди Саной донистаанд: Бо бадон кам кун ошноиро, Гуш кун гуфтаи Саноиро: «Бо бадон кам нишин, ки дармони, Хупазир аст нафси инсони» (12, 3).
Дар ин чо байти аввал аз Камолуддини Биной буда, байти сонй аз «Хадика»-и Хаким Саной аст, ки дар нохунак гирифта шудаанд.
Ё ин ки:
Илм бо кор судманд бувад,
Илм бе кор пойбанд бувад (11, 292).
Ё худ:
Рами дин хур гам гами дин аст, %ама гам^о фурутар аз ин аст. Рами дунё махур, ки бе^удаст, Х,ец кас дар ца^он наёсудаст (11, 294).
Абёти фавкуззикр дар «Хадика» хаст, вале дар маснавихои пешинаи шоир бидуни тагйирот низ манзур мегарданд ва ё баъзан бо андаке тагйирот оварда мешаванд. Чунончи, нахустбайти маснавии «Саноиобод»:
Ибтидо мекунам ба номи Худо,
Он ки %аст аз сифоту нуцс цудо (12, 83).
Байти огозини маснавии «Тарикат-ул-тахкик» низ чунин аст:
Ибтидои сухан ба номи Худост,
Он ки бемис(л), шаберу бе^амтост (12, 123).
ва гайра.
Ё худ маснавии «Синдбоднома», ки дар он байте аз «Х,ади;а» оварда шудааст ва дар он исми ихтисосии шоир-тахаллуси у зикр шудааст, мах,з ба хдмин хотир асари мазкур моли Саной дониста шудааст:
Андар ин давлат аз пайи ёде, Кардам афзун Саноиободе (12, 10). Аз тарафи дигар, падидаи мазкур аз он чихат судманд маърифат мешавад, ки чараёни эчод то андозае бар сухулати кори эчодкор сурат мегирад. Дигар аз ахдофи Саной сухулати мушкилоти эчод будааст, ки бахри Хафиф чандон хушилхон набошад хам, барои дарёфти кавофй имконоти бештаре медихад ва шоир махз ана хамин нозукиро хеле хуб кор гирифтааст. Мухим он аст, ки таносуби зихофхои таркиби авзони маснавихои шоир дар ин бахр агар дар садру ибтидо ва хашвхо мусовй бошанд хам, дар арузу зарб баъзан мутафарриканд. Чунончи:
%ар ки дар ро^и ишк, гардад мот, Дар ца^они камол ёфт нацот (12, 119). Дар ин байт афоъили садру ибтидо ва хашвхо мисли кулли абёти маснавй бетагйир буда, тафовут дар арузу зарб аст, зеро арузи байт - фаълон - ~(аслами мусаббаг) ва зарби он -фаъилон VV ~(махбуни максур) мебошад. Ё ин ки:
Котиби вахци Кирдугор туи, Маркаби акдро савор туи (12, 115).
Дар байти мазкур азохиф мусовот ба кор гирифта шудааст:
- V- - / V - V -/ VV -
- V- - / V - V -/ VV -
Ва ё:
Аз забони ту, эй сухангустар,
Эй нагун карда сар зи бори %унар (12, 115).
Дар байти мазкур тавофут хамоно дар арузу зарб буда, аруз-фаълун (- - ) ва зарб - фаъулун (VV -) аст.
Умуман, Х,аким Саной арузу зарби кавофии хамаи абёти маснавихои хешро шомили чахор зихофи бахри хафиф баргузидааст, ки дар 711 вазни роичи арузй махз аз хамин чихат афзалият дорад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Авфй, Мухаммад. Лубоб-ул-албоб: аз руйи чопи Э. Браун ва Мухаммади ^азвинй. Бо тасхехи С. Нафисй/ М. Авфии Бухорой. - Техрон, 1335. - 1085 с.
2. Бройн, Т. Хдкими иклими ишк. Таъсири мутакобилаи дину адабиёт дар зиндагй ва осори Х,аким Саной (Тарчумаи Махёри Алавии Мукаддам ва Мухаммад Чдвводи Махдавй) / Т. Бройн. - Техрон : Остони ^удс, 1378. - 575 с.
3. Бройн, Т. Шеъри суфиёнаи форсй (Тарчумаи Мачдуддини Кайвонй) / Т. Бройн. - Техрон : Нашри марказ, 1378. - 189 с.
4. Кадканй, Мухаммадризо Шафей. Тозиёнахои сулук. Накду тахлили чанд касида аз Х,аким Саной / Мухаммадризо Шафеии Кадканй. - Техрон : Огох, 1372. - 543 с.
5. Максудов, Б. Ч,устучу дар ахвол ва осори Ирокй / Б. Максудов. - Душанбе : Пайванд, 2009. - 555 с.
6. Нарзикул, М. Мукаддимаи шеършиносй (вазни шеър) /М. Нарзикул. - Душанбе: Сано, 2018. - 116 с.
7. Насриддин, А. Аз Рудакй то Аттор /А. Насриддин. - Хучанд : Ношир, 2017. - 396 с.
8. Рипка, Ян. История персидской и таджикской литературы / Ян Рипка. - Москва: Прогресс, 1970.-445с.
9. Самаркандй, Давлатшох. Тазкират-уш-шуаро: бо эхтимоми Мухаммади Рамазонй/ Давлатшохи Самаркандй. - Техрон : Ховар, 1338. - 431 с.
10. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Девон: бо саъй ва эхтимоми М. Разавй/ Абулмачд Мачдуд Саной. - Техрон : Саной, 1354. - 1227 с.
11. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Х,адикат-ул-хакика ва шариат-ул-тарика / Абулмачд Мачдуд ибни Олам Саноии Газнавй : тасхеху тахияи М. Разавй. - Техрон : Донишгох, 1359. - 875 с.
12.Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Маснавихо. Ба интизоми шархи «Сайр-ул-ибод ила-л-маод»: бо тасхеху мукаддимаи М. Разавй/ Абулмачд Мачдуд Саной.. - Техрон : Донишгох, 1360. - 381 с.
13.Сатторзода А. Аз Рудакй то Лоик / А. Сатторзода. - Душанбе: Адиб, 2013. - 176 с.
14.Солехов М. Аруз ва омузиши он / М. Солехов. - Душанбе: Эр-граф, 2016. - 271 с.
15.Шарифов Х., Тоиров У. Назмшиносй / Х. Шарифов, У. Тоиров. - Душанбе: Шарки озод, 2015. - 348 с.
16.Шуридае дар Газна. Андешахо ва осори Хаким Саной. Ба кушиши Алиасгари Мухаммадхонй ва Махмуд Футухй. - Техрон, Сухан, 1385. - 356 с.
REFERENCES:
1. Avfi, Muhammad. Lubab-ul-Alab / M. Avfi Bukhoroi: printed by E. Brown and Mohammadi Qazvini. Under the editorship of S. Nafisi. - Tehran, 1335. - 1085 p. 2.
2. Broyon, T. The Arbitrator of Love. The Interaction of Religion and Literature in Hakim Sanoi's Life and Creations (Translated by Mehyori Alavii Muqaddam and Muhammad Mahdavi) / T. Broyon. - Tehran: Ostoni Quds, 1378. - 575 p.
3. Broyon, T. Persian Sufi Poetry (Translated by Majduddini Kayvoni) / T. Broyon. - Tehran: Central Edition, 1378. - 189 p.
4. Kadkani, Muhammadrizo Shafei. Cold Sweeps. Critique and Analysis of Several Kasids by Hakim Sanoi / Muhammadrizo Shaft Kadani. - Tehran: Ogoh, 1372. - 543 p.
5. Maksudov, B. Searching about Iraqi's Lifestyle and Creations/B. Maksudov. - Dushanbe: Connection, 2009. - 555 p.
6. Narzikul, M. Poetry Introduction (weight of poetry) / M. Narzikul. - Dushanbe: Sano, 2018. -116 p.
7. Nasriddin, A. From Rudaki to Attor / A. Nasriddin. - Khujand: Publisher, 2017. - 396 p.
8. Ripka, Yan. History of Persian-Tajik Literature / Yan Ripka. - Moscow: Progress, 1970.
9. Samarkandi, Davlatshoh. Tazkirat-shua-Shusha / Davlatshohi Samarkandi: under the editorship of Muhammad Ramazoni. - Tehran: Oriental, 1338. - 431 p.
10.Sanoi, Abulmajd Mahdud ibn Adam. Completed Compositions / Abulmajd Mahdud Sanoi: under the editorship of M. Razavi. - Tehran: Sano, 1354. - 1227 p.
11.Sanoi, Abulmajd Mahdud ibn Adam. The Truth of Shari'ah-ul-Tariq / Abulmajd Mahdud ibn Adam Sanoii Ghaznavi: Edited and Preparation by M. Razavi. - Tehran: University, 1359. - 875 p.
12.Sanoi, Abulmajd Mahdud ibn Adam. Masnavis / Abulmajd Mahdud Sanoi. Based on interpretation of "Sayr-ul-ibod ila-l-maod": revised and introduction of M. Razavi. - Tehran: University, 1360. - 381 p.
13.Sattorzoda A. From Rudaki to Loik / A. Sattorzoda. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2013. - 176 p.
14.Solehov M. Aruz and its Exploration / M. Solehov. - Dushanbe: Er-Graph, 2016. - 271 p.
15.Sharifov H., Toirov U. Verse Studies / H. Sharifov, U. Toirov. - Dushanbe: The Free Oriental, 2015. - 348 p.
16.Shuridae dar Ghazna. of Hakim Sanoi's Opinions and Works. Under the editorship of Aliasghar Muhammadkhani and Mahmoud Futuhi. - Tehran: Speech, 1385. - 356 p.