УДК 1 Мирзода З.К., Комилов Д.Р.
Мирзода З.К.
номзади илмхои филологи, дотсент, муовини ректор оид ба таълим ва корхои методии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи Сотим Улугзода (Душанбе, Точикистон)
Комилов Д.Р.
номзади илмхои фалсафа, дотсент мудири кафедраи таърих ва робитахои байнифархангии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи Сотим Улугзода (Душанбе, Точикистон)
ХДКМАТИ МОДАР ДАР ПАЁМ^ОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Аннотация: Дар мацола нацши модар уамчун сарчашмаи зиндагй, тарбиятгар ва нигоудорандаи арзишуои миллию маънавй дар Паёмуои Асосгузори сулуу ваудати миллй -Пешвои миллат, муутарам Эмомали Раумон таулил мегардад. Пешвои миллат ба мацоми волои модар дар рушди цомеа, тарбияи насли худогоу ва таукими сулуу ваудат таъкид намуда, модарро рамзи мууаббат, сабр ва фидокори мешуморанд. Мацола мууимияти эутиром ва цадршиносии модаронро дар ташаккули цомеаи пешрафта нишон медиуад ва нацши онуо дар тарбияи насли ватандуст ва худшиносро шару медиуад.
Хикмати модар дар суханрониуои Пешвои миллат уамчун асоси зиндаги ва пешрафти цомеа тацассум ёфта, эутиром ва бузургдошти онуо вазифаи шаурвандии уар як нафар арзёби мегардад.
Ключевые слова: уикмати модар, Пешвои миллат, Паёмуои Президенти Тоцикистон, арзишуои милли, тарбияи ахлоци, нацши модар дар цомеа, тарбияи насли цавон, сулуу ваудат, ватандусти, худшиноси, мацоми модар дар фаруанг, фаруанги милли, зан дар цомеа, рушди маънави.
Модар барои хар фард, новобаста аз ранги пуст ва гуногунии забон, махбубтарин калима аст. Модар ягона шахсест, ки то лахзахои охирини хаёт дар фикри фарзанд фидой буда, бахри начоти фарзанд бе фикру андеша худро фидо мекунад. Модар, гавхари дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба хаёт омадани мост. Дар рохи тарбияти фарзанд чй ранчхову захматхо кашидааст. Аксари лаззатхо ва неъматхои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардааст.
Модар киматтарин неъмати дунё, сарчашмаи мухаббати беканор ва химматбаландтарин шахси башарият аст. Махз мехри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст.
Модар дар ранчурии фарзанд ранчур аст ва аз хурсандии фарзанди худ болидахотир мебошад. То ба камолот расидани фарзанд чй ранчу машаккатхо мекашад, ожангхо дар чехраи зебои он пайдо мешавад, комати сарвини он камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, аз ин ру, барои фарзандон карз аст, ки волидайнро эхтиром намоянд.
Аммо, мутаассифона, фарзандоне хастанд, ки модарро хор менамоянд ва дар айёми пирй аз холи модар бехабаранд.
Паёмхои Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон хамасола масъалахои мубрам ба хаёти хочагии халки мамлакатро фаро гирифта, хамчун шинохти хикмат барои масъулини сохахои марбута хидмат менамоянд.
Он дарахте, ки Асосгузори сулху вахдати миллй, пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрузхо мевахои ширину гуворо ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр месозем. Муносибати нави давлатй, сиёсати сохибистиклол гардидани Точикистон, сохтмони роххои нави дохилию берунй ба хоричи кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт.
Дар фархангу тамаддуни мо - точикон иззату эхтироми зан - модар хамеша чойгохи хос дорад.1
Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу мукаррароти конунхои миллй, пешгирй кардани бегонапарастй, аз чумла сару либос ва ойинхои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслхои солим, тахкими сулху субот дар чомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ сахми арзишманди худро мегузоранд.11
Модар вазифадор аст, ки фарзандро нигохубин ва тарбия кунад, одоб омузонад, сохиби касб ва оиладор кунад, дар интихоби хамсари нек бикушад ва даххо омилхои дигар, ки барои ба воя расонидани фарзанд зарур аст.
Вазифаи падару модар нихоят гуногунпахлу ва вазнин буда, аз онхо сабру тахаммул, бурдборй ва захмату талоши пайвастаро чихати тарбияи солими фарзандон такозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модар ба тарбияи фарзандони худ таваччухи махсус зохир накарда, ба ин кори нихоят мухим бемасъулиятй зохир менамоянд, окибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсус ки пушаймонй суде надорад.
Агар хар падару модар дар ислохи хатои фарзандон, бартараф сохтани нуксону камбудихо камари химмат банданд ва чавононро ба рохи нек хидоят кунанд.
Мо, хамчунин, ба накши зан-модар, ки мавчуди мукаддас мебошад, хамеша арч мегузорем, чунки у насли инсонро ба вучуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.111
Дуст доштан, эхтиром кардан, ба кадри ранчу захмат ва мехру мухаббати модар расидан карзи инсонии хар як фарзанд аст. Бехуда нест, ки дар таърихи хамаи тамаддунхои чахонй эхтироми волидайн яке аз меъёрхои мехварии ахлокй буда, макому мартабаи модар аз хама баланд аст.
Модар офарандаи хаёт, пайвандгари наслхо, сарчашмаи мехру мухаббат ва нерубахши руху чон мебошад. Махз ба хамин хотир, мардуми точик ва умуман, ахли башар ба ин тимсоли бехамтову човидона арч мегузоранд, бузургии уро ситоиш менамоянд ва дар наздаш хамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо хамин сабаб чашни фархундаи Рузи Модарро бо фарорасии бахор ва Соли нави ачдодй мутобик карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи
хам тачлил менамоем. Зеро мехру мухаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эхё шудани табиат тачассумгари идомаи хаёт ва фардои нек мебошанд.
Мову шумо нафакат дар як Рузи модар, яъне 8-уми март, балки бояд хамеша ва доимо нисбат ба модарону хохарону духтарони худ гамхору мехрубон бошем.
Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арчманди мо минбаъд низ дар риояи мукаррароти конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба хаёти мустакилона омода намудани фарзандон, рушди хунархои мардуми ва бехтар гардидани зиндагии хар як оилаи мамлакат накши арзишманди худро мегузоранд.№
Модар офарандаи хаёту мамот буда аз хама кимматтарину азизтарин шахс дар олами хасти мебошад. Мехри бемайлони модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмондана нур мепошад, ишки поки модар ба мисоли чашмахои пурчушест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.
Мо, хамчунин, ба накши зан - модар, ки мавчуди мукаддас мебошад, хамеша арч мегузорем, чунки у насли инсонро ба вучуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад/
Калимаи Модар дар тамоми забонхои чахон як хел оханги навозишкорона дорад. Синну соли мо чанде ки набошад, хох тифл бошад хох калонсол, барои мо навозишу нигохи Модар зарур аст. Ва хар кадре ки мухаббати кас ба Модар зиёд бошад, хамон кадар хаёти башар фарахбахшу дурахшон аст.
Мо бояд як нуктаи мухимро хамеша дар ёд дошта бошем, ки зан - модар мавчуди мукаддас мебошад ва хамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз чумла Пайгамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири чонбахши у бузург шудаанд.
Вокеан, макоми зан - модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва бехуда нест, ки дар Куръони карим сураи чахорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.
Бинобар ин, ба чо овардани иззату эхтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири халли мушкилоти онхо ва фарохам овардани шароит барои илму донишомузй ва сохиби касбу хунар гардидани духтарон вазифаи чонии мо мебошад/1
Ба хамин тарик Пайгамбари ислом фармудаанд: «Бихишт зери пои модарон аст».(«Лубб-ул-албоб», Ровандй, хадиси 17933).
Илова ба ин «Бандае, ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардорй кунад, дар болотарин дарачаи бихишт карор дорад» («Канз-ул-уммол», хадиси 45480).
Дар чои дигар «Модарон ба мисоли мактабанд». Ин маънй аз суханхои гаронбори Пайгамбари ислом бармеояд. Дар хакикат модар барои фарзанд хам мактаб аст, хам муаллим. Шахсиятест, ки лоику сазовори эхтиром аст. Х,ар кас хурмати модарро ба чо орад, ба макому манзалати баланд сазовор мегардад.
Дар замири ин гуфтахо ривоят аст, ки Султон Увайси Каранй модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар чустучуи шир дар махаллахо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хохад, пиёла дар даст, то сахар дар назди модар коим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хурда, дар хакки Увайс дуои нек кард. Хдмон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Каранй то ба киёмат вирди забонхост.
Дар ин маврид Пайгамбари ислом фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргохи Худованд мустачоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар».
Зи гетй хаме панди модар ниюш,
Ба бад тез маштобу бар бад макуш.
Шабу руз чун чон гиромиш дор,
Ки чун чон бипарвардат андар канор.
Хдким Абулкосими Фирдавсй
Хдмин тарик, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавчудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба у хаёт мебахшад.
Ба ин хотир, мо масъул хастем, ки ба ин мавчуди офарандаи инсоният арч гузорем, ранчу машаккат ва захмату хизматхои уро кадр намоем.
Хдмзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи конунхои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросими милли» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз хам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустакилона омода карда, онхоро ба рохи дурусти зиндаги хидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатхои бехтарини миллати кадимаи мост, риоя кунанд, дар эхёи хунархои мардуми хамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатхо ва фарханги миллиамонро хифз намоянд.
Бонувону модарони мо бояд, мухимтар аз хама, барои поку беолоиш нигох доштани забони точики, ки мо онро маъмулан забони модари меномем, кушиш карда, ба наслхои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омузонанд.
Бори дигар ба падару модарони азиз мурочиат карда, аз онхо хохиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон ахаммияти аввалиндарача диханд.та
Модар бо рафтору одоби наку ва иффату покдомани ва бо хосил намудани донишу малака метавонад, хушбахтии оилаи худро созад. Дар хакикат чомеаи солим аз оилаи солим ташкил меёбад. Ба дунё омадани фарзанд падару модарро ба зиндаги дилгарм карда, ба оилаи онхо сафову самимият мебахшад.
Кист Зан- Модари точик, ки аз каъри асрхо барои чалолу азамати у мардону фарзандонаш чоннисори карда, дар баробари Худову китобхои мукаддас ба номаш касам мехуранд ва уро гироми медоранд?
Х,ануз бузургони мо медонистанд, ки огози офариниш, ибтидову интихои олам дар рахми модару замин аст. Бесабаб нест, ки дар устураи миллии точикон аввалин инсони руйи замин Каюмарс аз нутфае аз замин руидааст.
Дар асоси гуфтахои боло, навиштахои зиёде доир ба модар дорем, вале хеч донишманде, шоире, мутафаккире дар сатхи устод Лоик Шералй натавонистааст дар тасвири хикмати волои пурасрори модари беозор, модари зебо, модари дилогох ва гамхор ба чавхари офариниш руй биёрад ва вучуди саропо мехрофарини уро ба калам дихад.
Устоди зиндаёд Лоик Шералй аз нахустин кадамхои эчодияш ба мавзуи модар таваччух пайдо кардааст. Яке аз аввалин шеърхои шоир " Ба модарам" ном дорад, ки бори нахуст ибтидои соли 1965 ба табъ расидаат. Вакте ки «Дасти дуои модар» ном мачмуаи шоирро варак мезанем, ба панчоху панч шеъри ба модар ва зан бахшида дучор меоем.
Дар ин асно, тамоми ашъори устод Лоик, аз шеърхои «Модар», «Суруди модар», «Карз», «Касидаи модар», «Ч,омаи гадой», «Чордард»,«Ту монанди замин танхой, модар», «Дар сари гур», «Хдсрат», «Муночот ба модар» то рубоиву дубайтихои мачмуаи «Дасти дуои модар», човидонаанд. Дар ин шеърхо хусусияти миллию шаркии модари одии точик, ботини поку беолоиш ва чахони орзуву хавасхои модари рустой мавриди тасвир карор гирифтааст.
Дар модарномаи Лоик рухи халкии тасвир пуркувват аст. Шоир дар тасвири хастии модар аз урфу одат ва анъанахои кадимии мардуми точик устодона истифода кардааст. Дар шеъри «Ч,омаи гадой» модар бо ният ба дари хонаи занони серфарзанд, пирони ботадбиру солор, одамони бодавлату бонанг ва арусони хушбахт гаштугузор карда, порахои матоъ чамъ месозад ва аз ин порахо хамрохи пиразанхои худочу чомаи садпораву садранг духта ба кудакаш мепушонад.
Вобаста ба ин тахлилхо ва тахкикоти илмй исбот мекунад, ки мавзуи модар ба Лоик имконият додааст, ки таваччухи фарзандонро ба мухимтарин масъалахои хаёти башарй чалб намояд. Дар шеъри «Ту монанди замин яктой, модар» шоир модарро ба замину осмон ва хуршеду мох ташбех медихад, зеро онхо хамчун модар ягонаанд ва мехри худро миёни фарзандони инсон таксим намекунанд. Хуршед ба хама мавчудоти дунё баробар нур мепошад ва огуши замин низ ба руйи хама сокинони сайёраи мо баробар боз аст.
Гар шоирони олам якчо мадхия гуянд,
Як байт хам наарзад андар санои модар!
Аз ин лихоз, дар симои суханони устод Лоик аст, ки модарро суруди човидоне медонад, ки дар сузу наво ва аллахои вай ангезаи бузурге нухуфтааст. Ин оханг хамеша бо суруди хузнангези кадими ки аз мохияту вучуди аллаи модар бармехезад, танинандоз аст. Модари зор кудаки бо ранчхову бехобихо парвардаи худро бо суруди алла, ки аз сарогози хастии инсон сарчашма гирифтааст, мехобонд ва зери лаб замзама мекард, ки тифли гирёнаш калон шуда, хамчун нишоне дар чахон аз у боки монад.
Аз миёни шуру гавгои чахони бачаги,
Аллагуихои ту ояд ба гуши ман хануз.
Хулосаи Х,икмати модар ва макоми волои у дар фарханг ва чомеаи точикон мавкеи хеле баланд дорад. Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар суханронихо ва паёмхои худ ба ахамияти модар хамчун сарчашмаи зиндаги, тарбияи фарзанд ва нигохдорандаи арзишхои милли пайваста таъкид мекунанд. Чунин паёмхо на танхо эхтироми махсусро нисбат ба модарон нишон медиханд, балки хамзамон ахамияти онхо дар рушди чомеа ва давлатдории милли равшан месозанд.
Дар суханронихои Пешвои миллат дар бораи хикмати модар чунин нуктахо таъкид мешаванд:
1. Модар - сарчашмаи хаёт ва тарбия: Пешвои миллат дар суханронихои худ борхо гуфтаанд, ки модар нахустин мурабби ва рохнамоест, ки фарзандро ба рохи дуруст хидоят мекунад. Таълими фарзанд аз модар огоз меёбад, ва муносибати модар метавонад такдири шахсро муайян кунад.
2. Макоми баланди модар дар фарханг: Пешвои миллат борхо таъкид кардаанд, ки модар дар фарханги точики хамчун сарчашмаи мухаббат, садокат ва сабр шинохта мешавад. У рамзи поки ва фидокори аст.
3. Эхтироми модар - нишонаи фархангии миллат: Дар паёмхои худ Пешвои миллат на танхо чавонон, балки тамоми кишрхои чомеаро даъват
мекунанд, ки нисбати модар эхтироми хоса дошта бошанд. Модарон на танхо дар оила, балки дар чомеа низ накши калидй мебозанд.
4. Модар - нигохдорандаи сулх ва вахдат: Дар замони муосир накши модарон дар тахкими сулх ва вахдат, махсусан дар тарбияи фарзандон бо рухияи ватандустй ва арзишхои миллй, хеле мухим арзёбй мешавад.
5. Накши модар дар тарбияи насли наврас: Пешвои миллат кайд мекунанд, ки модарон дар тарбияи фарзандон ба рухияи ватандустй, худогохй ва худшиносй сахми бузург доранд. Онхо дар ташаккули шахсияти инсонй ва ахлокии фарзандон калидй мебошанд.
Х,амин тавр, дар андеша ва паёмхои Пешвои миллат, хикмати модар хамчун мехвари хаёт ва пешрафти чомеа муаррифй шуда, эхтиром ва кадршиносии онхо вазифаи хар як фарди худогох ва ватандуст дониста мешавад.
СПИСОК ЛИТЕРАТУРЫ:
1. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 28.12.2024. шахри Душанбе.
2. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 28.12.2024. шахри Душанбе.
3. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 28.12.2023. шахри Душанбе.
4. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 28.12.2023. шахри Душанбе.
5. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии чумхури. 23.12.2022. шахри Душанбе.
6. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии чумхури. 21.12.2019. шахри Душанбе.
7. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии чумхури. 26.12.2018. шахри Душанбе
I Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 28.12.2024. шахри Душанбе.
II Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 28.12.2024. шахри Душанбе.
111Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 28.12.2023. шахри Душанбе.
1v Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 28.12.2023. шахри Душанбе.
v Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 23.12.2022. шахри Душанбе.
v1 Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 21.12.2019. шахри Душанбе.
v11 Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. 26.12.2018. шахри Душанбе.