5. 2 (08.00.00) ЭКОНОМИКА 5.2 ЩТИСОДИЁТ 5.2 ECONOMICS
5.2.1 (08.00.01) ЭКОНОМИЧЕСКАЯ ТЕОРИЯ 5.2.1. НАЗАРИЯИ ЩТИСОДЙ 5.2.1. ECONOMIC THEORY
УДК 330
DOI 10.24412/3005-8023-2024-4-59-69
ХУСУСИЯТХРИХАРОЦОТИ КузибаеваБароатМуротбоева, н.и.и., ТРАНСАКСИОНЙ ВА ОМИЛХ^ОИ БА дотсенти кафедраи бауисобгирии
СОХТОРИОНХ,О ТАЪСИРРАСОН бухгалтерииДДХБСТ(Хуцанд, Тоцикистон)
ОСОБЕННОСТИ ТРАНСАКЦИОННЫХ Кузибаева Бароат Муротбоевна, ИЗДЕРЖЕК И ФАКТОРЫ!, ВЛИЯЮЩИЕ канд.экон.наук, доцент кафедры НА ИХ СТРУКТУРУ бухгалтерского учета ТГУПБП
FEATURES OF TRANSACTION (Худжанд, Таджикистан)
COSTS AND FACTORS Kuzibaeva Baroat Murotboevna, candidate of AFFECTING THEIR Economics, associate professor of accounting STR UCTURE department under the TSULBP (Khujand, Tajikistan) e-mail: [email protected]
Зикр шудааст, ки дар давраи муосир, вацте ки муносибатуои ицтисодй дар Цумуурии Тоцикистон таути таъсири цонунуои бозорй ташаккул меёбанд, ба онуо мутобиц гардидани хоцагии халц зарурати объективй мебошад. Дар ицтисоди бозорй ицтисоди анъанавии аграрй цойи мууимро ишгол мекунад. Шароитуои асосии мавцудияти мууити солими бозорй, низоми ицтисодй ва таъмини рушди устувори ицтисодй, коуиш додани хароцоти трансаксионй дар ицтисодиёти цумуурй баррасй шудаанд. Собит гардидааст, ки чунин коуиш ба туфайли уалли вазифауои зерин ба даст меоянд: таъмини сохтори оптималии моддии низоми хоцагидорй, тауияи низомуои нави иттилоотй ва цорй намудани механизмуои навтарини бозорй чун имконияти истифодаи пешрафти илму техника дар ицтисодиёти анъанавии аграрй. Дар хотир доштан лозим аст, ки афзалият дар шароити рацобатии уозира амалан пурра аз уисоби инноватсия ва технология, схемауои самараноки идоракунй, уамчунин ташкили боэътимоди пешбурди мол ба даст меояд.
Калидвожа^о: цонунуои бозор, ицтисодиёти анъанавии аграрй, мууити солими бозорй, рушди устувори ицтисодй, истифодаи пешрафти илму техника, шароити рацобатй
Показано, что в современный период, когда экономические отношения в Республике Таджикистан формируются под влиянием рыночных законов, приспособление народного хозяйства к ним становится объективной необходимостью. В рыночной экономике видное место занимает традиционная аграрная экономика. Рассматриваются главные условия существования здоровой рыночной среды, экономической системы и обеспечения устойчивого экономического роста, снижения трансакционных издержек в экономике республики. Наглядно показано, что такое снижение может быть достигнуто благодаря решению следующих задач: обеспечению оптимальной материальной структуры хозяйственной системы; построению новых информационных систем и внедрению новейших рыночных механизмов как возможности использования НТП в традиционной
аграрной экономике. Необходимо иметь в виду, что преимущества в современных конкурентных условиях достигаются практически полностью за счет инноваций в технологиях, за счет эффективных схем управления, а также надежной организации продвижения продукции.
Ключевые слова: рыночные законы, традиционная аграрная экономика, здоровая рыночная среда, устойчивый экономический рост, использование НТП, конкурентные условия
The article shows that in the modern period, when economic relations in the Republic of Tajikistan are formed under the influence of market laws, adaptation of the national economy to them becomes an objective necessity. In a market economy, the traditional agricultural economy occupies a prominent place. The main conditions for the existence of a healthy market environment, economic system and ensuring sustainable economic growth, reducing transaction costs in the economy of the republic are considered. It is clearly shown that such a reduction can be achieved by solving the following problems: ensuring the optimal material structure of the economic system; building new information systems and introducing the latest market mechanisms as an opportunity to use scientific and technical progress in the traditional agricultural economy. It must be taken into consideration that advantages in modern competitive conditions are achieved almost entirely through innovation in technology, through effective management schemes, as well as reliable organization of product promotion
Key-words: market laws, traditional agricultural economy, sound market sphere, sustainable economic growth, to use STP, competitive conditions
Дар шароити хозира бисьёр корхонахои хочагии анъанавии аграрй, ки пештар истехсолоти ягонаро ташкил медоданд, аз хам чудо шудаанд. Ч,ои бештари трансаксияхои дохилиро трансаксияхои нисбатан вазнини беруна гирифтаанд, ки ин боиси харочоти мукоисанопазир гардиданд. Яке аз сабабхои ин ходиса дар он аст, ки механизми бозор дар Точикистон хануз ба кадри кофй ташаккул наёфтааст. Ва он чизе, ки каблан як муомилаи одии дохили хочагй буд, алхол бастани шартномаро кариб дар сатхи миллй такозо мекунад, ки бо харочоти мутаносиб иртибот дорад. Зимнан шартхои шартнома ва созишномахо тагйир меёбанд ва харочоти трансаксионй меафзояд.
Хдмаи иктидорхои истехсолии алохида амалан дар саросари мамлакат пароканда буда, алокахои пештараи байни субъектхои хочагй халалдор гаштаанд. Гуфтан мумкин аст, ки истехсолоти кишоварзй мачбуран ба бозори кушод ворид карда шудааст. Аз ин ру, онхо такроран зарурати муттахид шуданро эхсос мекунанд, аммо ин дафъа бо рохи душвортар, тавассути харочоти хангуфти беруна. Вазъиятро номукаммалии низоми конунгузории мо, ки он бояд ичрои босуръат ва бекилу коли амалиёти бозориро таъмин мекард, боз хам мураккабтар месозад ва ин боиси афзоиши харочоти трансаксионй мегардад.
Харочоти трансаксиониро, пеш аз хама, зарурати таъмини хамохангсозии байни шаклхои сершумори идоракунй ба вучуд меорад. Бинобар ин, дар иктисодиёти анъанавии кишоварзй зарурати таъхирнопазири танзими самараноки харочоти трансаксионй ба миён меояд, зеро онхо кисми чудонашавандаи раванди истехсолот мебошанд.
Иктисодиёти анъанавии кишоварзй низоми истехсолй - иктисодии сохахои агросаноатй мебошад, ки аз зернизомхои функсионалии бозорие иборат аст, ки дар истехсоли махсулоти кишоварзй, коркард ва ба истеъмолкунандаи инфиродй расонидани он иштирок мекунанд. Фаъолияти корхонахои агросаноатй ба истифодаи якчояи захирахои биохимиявй, иктисодй (аз чумла инфрасохторй), мехнатй ва механикй асос меёбад, ки якчоя бо шароитхои табиию иклимй, инчунин чойгиршавии онхо аз бозорхои фуруш низоми томи хамкории мутакобиларо такозо менамояд.
Трансаксияхо дар иктисодиёти анъанавии кишоварзй дорои хусусиятхои ба худ хосе мебошанд, ки бо вижагихои истехсолот ва махсусиятхои дороихо алокаманданд. Ба хусусиятхои мазкур мансубанд:
1. Имконияти истифодаи комьёбихои пешрафти илму техникаро дар хочагии анъанавии кишоварзй шароитхои табий, иклимй ва иктисодй махдуд мекунанд.
2. Амикрафта мунтазами тафрикаи молхое, ки аз махсулоти анъанавии кишоварзй истехсол мешаванд, ба амал меояд.
3. Дар харочоти истехсоли махсулоти анъанавии кишоварзй кисми зиёдро харочоти доимй ташкил мекунад.
Хусусиятхои мазкури иктисодиёти анъанавии кишоварзй хачми харочоти трансаксионй ва махсусияти онхоро муайян мекунанд. Фаъолият ва рушди корхонахо дар иктисодиёти анъанавии кишоварзй ба механизми боэътимоди танзим дар сохаи харочоти трансаксия эхтиёч дорад. Аз чумла, таквият додани равандхои хамгирой, барои оянда тахия кардани моделхои мувофики иттиходияхо дар иктисодиёти анъанавии аграрй, инкишоф ёфтани мухити дахлдори институтсионалй, ки ба баланд бардоштани самаранокии истехсолот, масалан, галла ва махсулоти коркарди он мусоидат мекунад, хамчунин ракобатпазирии сохаи галлакориро таъмин мекунад.
Зимнан дар назар доштан лозим аст, ки афзалиятхо дар шароити ракобати хозира кариб пурра аз хисоби навоварй дар технология, аз хисоби схемахои самарабахши идоракунй, инчунин ташкили боэътимоди пешбурди махсулот ба даст оварда мешаванд. Хамзамон субъектхои хочагидоре, ки дар иктисодиёти анъанавии кишоварзй фаъолият мекунанд, бояд ба захирахои иттилоотй, молиявй, технологй, инноватсионй ва мехнатй дастрасй пайдо намоянд. Истифодаи самараноки онхо ба кохиш додани харочоти трансаксионй имкон медихад, ки дар нихоят ба рушди иктисодй ва баланд бардоштани ракобатпазирии корхонахои иктисодиёти анъанавии кишоварзй таъсир мерасонад.
Дар амалияи муосири хочагидории чахонй барои таъмини нархи одилонаи моли ба фуруш рафта шаклхои нави алока, мубодила ва савдо истифода мешаванд. Агар пештар дар иктисодиёти анъанавии кишоварзй махсулот танхо дар сурати мавчуд будани он фурухта шавад, акнун дехконон метавонанд галла, картошка, сабзавотро пеш аз кишт ва чорворо то таваллуд ба фуруш гузоранд. Барои ин шартномахои дарозмуддат баста мешаванд, ки дар онхо микдор ва сифати махсулот, нарх, мухлат ва тахвили он кайду шарт карда мешавад. Хамаи ин тагйирёбии нархи бозорро медорад, даромади истехсолкунандагони махсулотро устувор месозад, кори муназзами корхонахои коркардро таъмин мекунад.
Халли ин ё он масъалаи иктисодиро бо роххои гуногун ташкил кардан мумкин аст. Дар ин бобат Р.Коуз навишта буд: «Барои ба амал баровардани трансаксияи бозорй муайян кардан лозим аст, ки бо кй бастани шартнома матлуб аст; маълумотро дар бораи он, ки як нафар мехохад муомила кунад ва шартхои муомиларо пахн кардан лозим аст; гуфтушунидеро ба субот расонидан лозим аст, ки боиси бастани созиш мегардад; барои боварй хосил кардан ба он нукта, ки шартхои шартнома риоя карда мешаванд, тафтиш гузаронидан зарур аст ва гайра». Тавре мебинем, дар сохтори харочоти трансаксионй харочоти чустучуй ва иттилоотй; харочоти марбут ба гуфтушунидхо ва кабули карорхо; харочоти назорат ва водор сохтан ба ичрои шартномахо зиёд мешаванд. Хамаи онхо талафоти захирахоро ифода мекунанд, ки ба сабаби камии иттилоот ба миён омадаанд. Масалан, харочоти назорат ва водор сохтан ба ичрои карордодхо хамон вакт ба миён меояд, ки маълум набошад, оё як тарафи (ё ду тарафи) созишнома кисми худро вайрон мекунад ё на.
Мулохизаи К.Далман дар бораи он ки «хамаи шаклхои харочоти трансаксионй мохиятан харочоте мебошанд, ки ба сабаби набудани иттилоот ба миён меоянд» ба шароити Точикистони низ сидк дорад.
Ин, пеш аз хама, ба паст будани сатхи дониши ицтисодии дехцон, инчунин бартарй доштани хочагидории анъанавй бо низоми пушида вобаста аст. Кормандони ицтисодиёти анъанавии аграрй хануз тачрибаи хамчун омили истехсолот истифода бурдани иттилоотро надоранд. Зимнан, чунон ки баъзе муаллифон мунсифона мегуянд, иттилоот аз захираи дилхохи дигар фарц надорад ва, аз ин ру, ба цоидаи маржиналистй тобеъ аст: истифодаи он оптималй аст, агар харочоти нихоии чустучу ва дарёфти иттилоот ба даромади хадди ацалли пешбинишуда баробар бошад». Ва агар «иттилоот моле бошад, ки аз моли дилхохи дигар фарц надошта бошад, пас ягон асоси махсусе нест, ки чунин фикр кунем: амали худи субъектхои хочагидор боиси ба хадди ацал расидани харочоти трансаксионй, аз цабили иттилоот мегардад. «Ба назар чунин мерасад, ки мушкилоти мазкури иттилоотиро танхо тавассути раванди ба тарзи матлуб ташкилшудаи шартномабандй ва савдо бартараф кардан мумкин аст». Масалан, царордоди киро кардани цувваи корй дар муцоиса бо муомилоти фуруш дар чахорчубаи институтсионалии царордод харочоти камтарро талаб мекунад. Сарфа аз он хисоб ташаккул меёбад, ки зарурати мунтазам аз нав бастани царордод вучуд надорад, бинобар ин аз номгуйи (таснифоти) дацици хамаи чузъиёти муомила даст кашидан мумкин аст.
Акнун сохтори харочоти трансаксиониро дар ицтисодиёти анъанавии кишоварзй баррасй мекунем.
Ду намуди харочоти трансаксионй вучуд дорад: Ба намуди аввал ех ante харочоти тахияи лоихаи царордод, харочоти гузаронидани гуфтушунидхо ва харочоти таъмини кафолатхои татбици шартнома мансубанд. Хдмаи ин амалхо бояд бо диццати махсус ба чузъиёт ба чо оварда шаванд. Одатан, як хуччати хеле мураккаб тартиб дода мешавад, ки дар он хатталимкон, тамоми руйдодхои оянда ва рафтори тарафхои шартнома пешбинй карда мешавад. Агар ин шарт ичро нагардад, шартнома нопурра мешавад ва камбудихои онро тарафхо дар мавриди зарурат бо салохдиди худ ислох мекунанд.
Ба харочоти ех post царордодй харочоти зерин мансубанд:
1. Харочоте, ки бо самтгирии бад дар ходисахои гайричашмдошт марбутанд, онхо хангоми мувофицат накардани муомила ба шароити амалисозии он ба вучуд меоянд. М.Аоки харочоти мазкурро «тагйирёбии хатти качи царордод» меномад.
2. Харочоти гуногун хангоми цатъи муносибатхои шартномавй.
3. Харочоти ташкилй ва бахрабардорй вобаста ба истифодаи сохторхои идоракунй, ки тарафхо барои халли низоъхо ба онхо мурочиат мекунанд.
4. Харочоти вобаста ба ичрои ухдадорихои царордодй.
Цадвали 1.
Хароцоти трансаксиони дар мар.\ила.\ои^ гуногуни бастани царордоди дарозмуддат
Хароцоти ех ante, ки пеш аз бастани муомила ба миён меоянд Хароцоти ех post, ки пас аз бастани муомила ба миён меояд
Хароцоти цустуцуи иттилоот (ХЦИ), коркард ва нигоудории он. Пеш аз анцом додани муомила, шумо бояд дар бораи дар куцо ёфтани харидорону фурушандагони эутимолии неъматуои истеъмолй (маусулоти истеусоли) ва нархи дар лаузаи Хароцоти мониторинг (ХМ) хароцоти мониторинги риояи шартуои муомила мебошад, ки бо номутаносибии иттилоот ва набудани "цоидауои бози" -и аз цониби умум пазируфта мураккабтар шудааст.
мазкур ташаккул ёфта иттилоот дошта бошед. Ин навъи хароцот аз сарфи вацт ва захирахои барои цустуцуи иттилоот зарури, хамчунин аз талафоти марбут ба нокомили ва беэътимодии иттилооти ба дастоянда ташаккул меёбад. Цустуцу метавонад аз цониби уар ду тарафи бозор (хам фурушандагон ва хам харидорон) гузаронида шавад ва шаклхои экстенсиви (мацсад ошно шудан бо теъдоди харчи бештари вариантхо) ва интенсивиро (омузиши нисбатан амици як вариант) гирифта метавонанд. Хароцот дар шакли даромади ногирифта (ХДН) аз давомнокии муносибатуои шартномави вобаста аст. Онхо дар уолатуои зерин рух медщанд 1. Ицтисодиёти аграрии анъанави аз сабаби ба талаботи пешнщодкардаи истеъмолкунанда мувофиц набуданн сифати махсулоти фурухташаванда, ки дар натица эътироз дохил мешавад, як цисми пули фурушро аз даст медщад. Ворид шудани эътироз ба истехсолот на тануо зарари модди, балки маънави хам меорад, зеро ба обруи он таъсир мерасонад. 2. Фурухтани махсулот дар мухлатхо ва аз руи нархе, ки ба манфиати худи зарар меорад. 3. Талафи хацми физикии махсулот (зиёда аз меъёрхои зарари табии) дар раванди фуруш бо ифодаи арзиши. 4. Талаф шудани як цисми даромад дар натицаи бецадр шудани он мутаносибан бо шохиси таваррум бинобар сари вацт напардохтани ухдадорщо тибци шартнома (махсусан дарозмуддат).
Хароцоти бурдани гуфтушунид (ХБГ). Бозор талаб мекунад, ки барои бурдани гуфтушунид оид ба шартхои мубодила, бастан ва ицрои шартномауо маблагуои калон цудо карда шавад. Чи цадаре ки иштирокдорони муомила бештар бошанд ва мавзуъ хар цадар мураккабтар бошад, хароцот хамон цадар зиёд мешавад.
Хароцоти андозагирии сифат (ХАС). Ба онхо хароцоте мансубанд, ки барои андозагирии сифати мол ва хидматхое, ки дар бобати онхо муомила ба амал меояд, то мутобикати махсулот ба талаботи техники, экологи, эргономики ва дигар талаботи пешбинишуда муайян карда шавад. Хароцоти номгуй ва хифзи хукуци моликият (ХНХХМ) хароцоти вацт ва воситахои заруриро барои барцарор кардани хуцуцхои хангоми ицрои шартнома вайроншуда, инчунин талафоти номгуй пастсифати хуцуци моликият ва хифзи беэътимоди онхо дар бар мегирад.
Хароцоти бастани шартнома (ХБШ) хароцоти таъмини ууцуцй ё ба расмият даровардани гайрицонунии муомила аст.
Дар хотир бояд дошт, ки харочоти ;арордоди ех ante ва ех post ало;аи мута;обила доранд ва бояд на пай дар пай, балки хамзамон ба инобат шрифта шаванд. Зимнан фар;и хусусияти харочоти трансаксионй мухим аст, на бузургии мутла;и онхо (ниг. ба чадвали 1.).
Дар назарияи и;тисодй формулахои зерини хисобкунй дар истифодаи илмй мебошанд:
1. Хароцоти цустуцуи иттилоот (ХЦИ), коркард ва ниго^дории он:
ХЧИ = ХР + ХНД + НШМ + АС + ХС + ХА,
дар ин чо: ХР - харочоти реклама;
ХНД - хариди нашрияхои даврй;
НШМ - нигохдории шуъбаи маркетинг;
АС - пардохти хизматрасонии агентхои савдо;
ХС - харочоти сафар;
ХА - пардохти хизматрасонии ало;а (телефон, интернет).
Баъзе маълумоти берунй дар чузвахои таблиготй, нархномахо, нашрияхои даврй ва адабиёти махсус мавчуданд.
Ин додахо нисбат ба додахое, ки дар натичаи тадцицоти махсуси интихобии фикру акидахои истеъмолкунандагон дар бораи нарх ва сифати махсулот ба даст оварда шудаанд, боэътимодтаранд. Аммо маълумоти аз тадцицоти интихобшуда ба даст овардашударо бо чизе иваз кардан душвор аст. Агар корхона хохиши муштариёнро барои тасхехи хачми фуруш хангоми бехтар намудани хосиятхои махсулоти истехсолшаванда ба инобат гирифтанй бошад, махз додахои тадцици интихобй талаб карда мешавад.
Бо ин мацсад пурсиши фурушандаю харидорони махсулотро истифода бурдан ё пешакй ахолиро ба гуруххои (синфхои) ичтимой тацсим карда пурсиш гузарондан ба мацсад мувофиц аст. Дар асоси интихобхои типпии хисобшуда ва хисобу китоби оморй афкори харидорони хамаи гуруххои ичтимой ва синнусолиро муайян кардан мумкин аст.
Хулоса, барои бо фоида фурухтани махсулот истехсолкунандаи молхои кишоварзй бояд иттилооти зеринро дар ихтиёр дошта бошад: аввалан, иттилоот дар бораи он, ки моли худро дар кучо, кай ва бо кадом нарх фурухта метавонад; сониян, доштани имконияти воцеии истифодаи инфрасохтори зарурии бозорй.
Аммо имруз дар Точикистон риояи ин шартхо хеле мушкил аст. Масалан, хангоми тавсифи муносибатхо бо корхонахои галлатайёркунй бисёрихо цайд карданд, ки аз руи схемаи «сахро-элеватор» фурухтани махсулот ба сабаби амалияи ташаккулёфтаи пардохт фоидаовар нест. Ба сабаби набудани дар корхона имкони нигох доштани галла истехсолкунандагон мачбур мешаванд, ки ба шарти сохибони элеватор розй шаванд. Нархи мусоидтарини фуруш дар давраи зимистону бахор ташаккул меёбад, корхонахои кишоварзй бошанд мачбуранд галларо баробари пайдо шудани харидор ва бо нарххое, ки аз нарххои имконпазир хеле арзонтаранд, фурушанд. Аз сабаби набудани маълумоти муътамад дар бораи вазъи бозор ва нархи ашьёи хом хочагихо шартномаро на бо шарикони бехтарину боэътимод, балки аз руи зарбулмасали халцй "хар ки пеш ояд, хуш ояд" мебанданд.
2. Харочоти бурдани гуфтушунид: ХБГ = ХН + АС + ХС,
дар ин чо: ХН - харочоти намояндагй, яъне харочоти бастан ва ба расмият даровардани шартномахо.
АС - пардохти хизматрасонии агентхои савдо;
ХС - харочоти сафар.
3. Харочоти андозагирии сифат: ХАС = КН + ТМ + ШТ + Н,
дар ин чо: КН - харочот ба кормандони назоратй;
ТМ - харочоти тачхизоти махсус, озмоишхои лаборатории воситахои андозагирй ва хизматрасонй ба онхо;
ШТ - изофахарчии иловагии шуъбаи назорати техникй (шуъбаи сифат);
Н - харочоти номгуй.
Харочоти тахияи номгуй, яъне, гирифтани сертификат ё аломати мутобицат, ки мутобицати махсулот ё хидматро ба стандартхо ё шартхои техникии муайян тасдиц мекунад. Харочот барои ба вучуд овардан ва нигох доштани истехсоли махсулоти хушсифат ва, аз ин ру, имичи корхонае, ки онро истехсол мекунад, хам дар дохили корхона ва хам берун аз он ба амал меояд.
Дар фаъолияти корхонахои галлацабулкунй душворихои муайян дорад. Кариб хамеша ва дар хама чо сифати галлаи супурдашударо цабулкунандагон паст мекунанд. Аз ин кор ташкилотхои махсулоттайёркунй фоидаи иловагй мегиранд, истехсолкунандагон бошанд
зарар мебинанд. Барои назорат кардани боинсофию дурусткории кабулкунандагони махсулот галлакорон мачбур мешаванд, ки намояндагони худро ба элеватор фиристанд. Ин кор бошад харочоти иловагиро талаб мекунад.
Муносибатхо бо корхонахоии коркарди гушт низ гайриокилона ба рох монда шудааст. Дар рафти ба комбинати гушт кашондани чорво ва дар он чо мунтазир шудан ба кабули чорво, хар сар чорво, сухан дар бораи чорвои калони шохдор меравад, то 30 — 40 килограмми вазни зиндаро гум мекунад. Коркунони муассисахои махсулоттайёркунй ба пешгирии талафи вазни чорво хангоми кабул манфиатдор нестанд, масъалаи одилона муайян кардани фарбехии чорво онхоро ба ташвиш намеорад, ки ин боиси низою ихтилофи байни тарафхо мегардад.
Дар вакти супурдани шир рохбарони фермахо мукаррар намудани алокаи бевоситаи байни ширистехсолкунандагон ва ташкилотхои махсулоттайёркуниро мухим мешуморанд. Бевосита дар ферма кабул кардани шир бо муайянкунии нихоии сифати махсулот ба пешгирии аксарияти муаммохо мусоидат мекунад.
Дар Точикистон то хол коидахои тайёр кардани ашьёи хоми чармй тахия нашудаанд. Фуруши он умуман ба рох монда нашудааст. Сифати махсулот ва нархи онро харидори хусусй яктарафа мукаррар мекунад.
Дар аксар мавридхо кормандони хочагихо ягон усули техникаи муайян кардани сифати ашьёи хомро намедонанд. Нархи махсулот паст аст, бинобар ин ба бехтар намудани истехсоли чарм хавасмандй низ вучуд надорад.
Корхонахое, ки техника тачхизот тахвил мекунанд, одатан барои экмол (комплект кардан) ва сифати махсулоти худ чавобгар буда, оид ба васл ва истифодаи он маслихатхо медиханд, мулохизахои мутахассисони хочагиро дар бораи эътимоднокии тачхизот ба инобат мегиранд. Айни замон дар ин соха хам талафот ба назар мерасад. Талафот бо паст будани сифати хидматрасонии техникй ва инхисори тахвилгарони ин намуди хизматрасонй алокаманданд.
4. Харочоти бастани шартнома:
ХБШ = ХН + АММ + ХХ,
дар ин чо: ХН - харочоти намояндагй;
АММ - арзиши масолехи масрафшаванда барои ба расмият даровардани шартнома;
ХХ - пардохти хизматрасонии хукукшинос.
5. Харочот дар шакли даромади нагирифта аз давомнокии муносибат^ои шартномави вобаста аст.
ХДР = ТДс + ТФМзм + ТХФМиа + ДБи.
Онхо дар холатхои зерин рух медиханд.
ТДс - талафи як кисми даромад дар натичаи паст будани нишондихандахои сифатии моли фурухташаванда нисбат ба сифати каблан изхоршуда, ки хам аз сифати пасти махсулот ва хам аз сифати кори корхона шаходат медихад. Ба ибораи дигар гуем эътирозхо (рекламатсия) дар назар аст.
ТФМзм - талафот хангоми фуруши махсулот дар мухлат ва бо нарххое, ки ба манфиати худй зарароваранд.
ТХФМиа - талафи хачми чисмонии махсулот (зиёда аз меъёрхои зарари табий) дар раванди фуруш бо ифодаи арзишй.
ДБи - аз даст додани як кисми даромад дар натичаи бекурбшавии он мутаносибан ба шохиси таваррум ба сабаби сари вакт пардохт накардани ухдадорихо оид ба шартнома.
6. Харочоти мониторинг:
ХМ = ХМ + ХМ + ХН,
дар ин чо: ХМ - пардохти хизматрасонии мухосиб (иктибоси_хисобномахо ва гайра);
ХМ - пардохти хидматхои менечер;
ХН - пардохти хизматрасонии нацлиётй.
Харочоти нацлиёт (кашонидани берунй ва дохилии ашёи хом, экмол ва махсулоти тайёр) ба ду намуд чудо мешавад: 1) ба харочоти ташкилй, ки кори муназзами нацлиёт ва ба хам пайвастани имконият ва зарурати пурра бор кардани онро таъмин мекунад; 2) техникй, аз чумла арзиши воситахои нацлиёт, коргоххо ва роххои даровардани ашёи хом ва харочоти коркунони шуъбахои нацлиёт (ба корцабулкунй, музди мехнат).
7. Харочоти номгуй ва ^ифзи зукуки моликият: ХНХДМ = БД + ХИС + ХА + Ч,
дар ин чо: БД - пардохти бочи давлатй;
ХИС - пардохти хизматрасонихои ичрочии суд (7% аз маблаги даъво);
ХА - пардохти хизматрасонии хуцуцшинос;
Ч - чарима, пеня, товон (0,3% аз маблаги нопурра барои хар руз).
Идоракунии харочоти трансаксионй яке аз зинахои низоми идоракунии молиявии воситахои гардон ва масъалаи хеле мураккаб мебошад. Мушкилот ба набудани бахисобгирии харочоти трансаксионй дар мачмуи харочоти корхонахои кишоварзй алоцаманд аст, зеро дар бахисобгирии мухосибй чунин унсури харочот умуман пешбинй нашудааст. Гузашта аз ин, дар амал, цисми зиёди ин харочот аксар вацт гайрицонунй мебошанд.
Таснифгари харочот, ки мо тахия кардаем, ба тарици тачриба ба панч хочагии типии ба истехсоли картошкаи машгул будаи нохияи Шахристон пешниход карда шуд. Хочагихои мазкур дар амалияи худ шаклхои гуногуни шартномахои фуруши картошка, хариди нурихои минералй ва сузишвориро истифода мебаранд ва ба бехтар намудани муносибатхои шартномавй манфиатдоранд.
Дар давоми сол дар ин хочагихо як цисми харочотро мухосибон хамчун харочоти бевоситаи бастани шартномахо (харочоти намояндагй, ки бо гуфтушунидхои пешакй алоцаманданд; пардохти хизмати агентхои савдо; харочоти сафархои хизматй) ба хисоб гирифтанд, як цисми харочот бошад, тибци тавсияхои мо, аз хисоби маблаги умумии харочоти омехта дар рафти тачриба руйпуш карда шуд.
Храмин тариц, таснифи харочоти трансаксионии хочагихои кишоварзии пешниходкардаи мо, ки аз руи мархилахои бастани шартнома тахия шудааст, имкон медихад, ки ба масъалаи арзёбии мицдории онхо хам дар сатхи микроицтисодй ва хам дар сатхи макроицтисодй равшанй андохта шавад. Мо умедворем, ки алгоритми гурухбандй ва хисобу китоби харочоти трансаксия, ки, мо пешниход кардем, ба муайян кардан ва ташкили мониторинги хам хар як унсур ва хам маблаги умумии онхо мусоидат мекунад. Ин бошад имкон медихад, дар бораи андозаи харочот барои бастани шартномахои дарозмуддат иттилооти объективй ба даст оварда шавад. Ин харочот зиёда аз чорьяки харочоти умумиро ташкил мекунад.
Дар схемахои махсулоти галлагй боз якчанд звенохои занчира ва хисобхои пешниходшавандаро муайян кардан мумкин аст. Онхо диаграммахои сохторхои мебошанд. Ин сохторхои хамгиро чи цадаре ки бештар робитахои трансаксиониро дар бар гиранд, харочоти танзими муносибатхои байни шарикон хамон цадар кам мешавад. Ба ин хочагихои галлакорй, элеваторхо, корхонахои коркард ва шабакаи савдо дохил мешаванд.
Fаллае, ки корхонаи кишоварзй истехсол мекунад, ба элеватор дохил мешавад, баъд ё ба фурушгохи яклухт меравад ва ё барои коркарди орд интицол мегардад. Орд бошад барои пухтани нону кулча (истеъмоли худй) истифода мешавад. Як цисми орд ба шабакаи яклухтфурушй ирсол мегардад. Аз руи ин схема, ки одатан дар сохтори корпоративии
калон амал мекунад, молистехсолкунандаи дастачамъй арзиши пурраи махсулоти галларо бо харочоти камтарини трансаксионй мегирад.
Дар тамоми рох аз истехсоли бевоситаи махсулот то истеъмолкунандаи нихоии он, истехсолкунандагони мол мачбур мешаванд, ки тибки хар як вазифаи маркетингии худ бо бисёр шарикон хамкорй кунанд. Вале, дар баъзе мавридхо он трансаксияи бозорй аст, дар мавридхои дигар тахвили дар дохили як созмон танзимшаванда мебошад. Иштирокдорони хурду миёнаи бозори озукавории кишоварзй бошанд, мустакилона бо шарикон ва миёнаравхои сершумор хамкорй мекунанд ва дар рафти ин хамкорй хангоми хариду фуруши молу хизматхо захирахоро аз даст медиханд.
Аз гуфтахои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки танхо бо рохи худташкилкунии тахвилгарон ва истеъмолкунандагон масъалаи дар бозори озукаворй аз алокахои нодаркор халос шуданро хал кардан мумкин нест. Фаъолияти хадафманд дар самти ташаккули инфрасохтори бозорй дар минтака инчунин кор оид ба танзими мухити бозор такозо карда мешавад.
Донистани сохтори харочоти трансаксионй на танхо воситаи идоракунии онхо мебошад, балки имкон медихад, омилхои кохишдихандаи бузургии онхо муайян карда шаванд. Ба андешаи мо, дар катори олатхои аллакай маълуми иктисодии таъсиррасон ба трансаксияхо омилхои зеринро номбар кардан мумкин аст, ки ба сохтори харочоти трансаксионй таъсир мерасонанд:
1. Истифодаи шартномахои стандартй (типй) хангоми бастани муомилот имкон медихад харочоти бурдани гуфтушунид кам карда шавад.
2. Мавчудияти стандартхои конунигардонидашудаи сифат, меъёрхо ва тарозухо харочоти андозагириро кохиш медихад.
3. Ташаккули мафкураи консенсусй дар чамъият боиси кам шудани харочоти номгуй ва хифзи хукуки моликият мегардад.
Самаранокии воситахои мазкури кам кардани харочот аз басомад ва шиддатнокии истифодабарии онхо вобаста нест. Баръакс, хар кадар онхо васеътар истифода шаванд, нархи харочоти трансаксионй ба як трансаксия хамон кадар паст мешавад.
Дар бобати кам кардани харочоти муомилот дар дохили ташкилот вазъият каме дигар аст. Бо зиёд шудани шумораи муомилоти ташкилй самаранокии сарфаи харочоти трансаксия кам мешавад.
Харчанд муомилот дар дохили худи ташкилот имкон медихад харочоти чустучуи иттилоот кам карда шавад, зеро хайъати иштирокдорон тагйир намеёбад, вале зимнан афзоиши дигар намудхои харочот мушохида мешавад. Масалан, бо афзоиши хачми созмон харочоти маниторинг ва пешгирии оппортунизм зиёд мешавад, бо афзоиши шумораи иштирокдорони созмон бошад, ноил шудан ба ягонагии манфиати онхо, аниктараш, хамоханг шудани манфиати онхо бо манфиатхои принсипал мураккабтар мегардад. Бинобар ин принсипал бояд барои маниторинг ва назорати амали агентхо кушиши бештар ба харч дихад.
Рушди созмон принсипалро водор мекунад, ки ба схемаи муносибатхои мураккаби хукмфармой гузарад ва як кисми ваколатхои худро оид ба назорати агентхо ба намояндагони худ вогузор кунад. Тагйироти сохтории иерархй бо афзоиши харочоти назорат аз болои агентхо ва зарурати назорати амали худи намояндагони манфиатхои принципал алокаманд аст.
Р.Коуз кохиши самаранокии созмонро дар баробари рушди он "камшавии самаранокии нихоии менечмент" номида буд ва таъкид мекард, ки хамеша махдудияти рушди созмон нисбат ба бозор вучуд дорад. Рушди ширкат то лахзае давом мекунад, ки харочоти ташкили трансаксияи иловагй дар дохили ширкат ба харочоти амалигардонии хамон трансаксия дар бозор баробар мешавад.
Аммо бо мурури замон, зернизомхои худи ширкат метавонанд муста^илона, бидуни хисоботдихй дар назди касе амал кунанд ва баъзан бо хам ихтилоф дошта бошанд. Ба кавли Н.Кэй, «дар баробари таъсири аз хад зиёди манфиатхои гаразнок ва чидду чахди нигох доштани status quo даст кашидан аз хавфхо (таваккалхо) мушкилоти асосии муста^илият ё мухторияти бюрократя мебошад».
Сабаби асосии дар як чо шахшуда мондаи ширкат дар он аст, ки ^олабпарастию кухнапарастй рохбарият ва кормандони ширктаро аз ангезахои тавсеа ва такмил додани истехсолот махрум мекунад.
Аз ин ру, бояд роххои бештар тагйирпазири зиёд кардани доираи таъсири ширкат истифода шаванд: контраксияи васеъми^ёси муносибатй ва бар^арор кардани муносибатхои дарозмуддат бо мизочон ва дигар ширкатхое, ки аз сифати махсулоти хамон ширкат ^аноатманданд.
Бартарии ин равиш дар он аст, ки, аввалан, он то андозае ба устувории ширкат ва эчоди фазои садо^ат мусоидат мекунад, сониян, ба ширкат мутахаррикй ва хассосияти иловагй медихад, ки онхо хавасмандиро ба такмили махсулот ва баланд бардоштани назорати сифат ба вучуд меоранд.
Аммо дар назар доштан лозим аст, ки муайян кардани марзи да^и^ байни институт (ниход) ва ташкилотро мавчудияти шартномахои неоклассикй, ки дар худ хам унсурхои шартномаи хариду фуруш (муомилоти бозорй) ва хам шартномаи киро (муомилахои дохилй)-ро муттахид мекунанд, мушкил мегардонад. Шартномахои неоклассикй ба во^еият хеле наздиктаранд ва аз он бармеоянд, ки пешбинии хамаи холатхои берунй ва дохилии имконпазир ва хисоб кардани дарачаи мувофи^ати амали контрагенттон гайриимкон аст.
Хулоса^о. Дар асоси гуфтахои боло хулосахои зерин баровардан мумкин аст.
1. Дар шароити муосир дар байни истехсолкунандагони анъанавии кишоварзй ва ташкилотхое, ки ба харид, коркард ва фуруши махсулоти тайёри кишоварзй машгуланд, ало^ахои матлуби хочагидорию и^тисодй хануз ба кадри кофй ба рох монда ва танзим карда нашудаанд. Набудани мувозинати манфиатхои и^тисодй ин холатро боз хам чу^уртар мегардонад.
2. Дар иктисодиёти анъанавии кишоварзй бартарии афзоиши равандхои хамгирой, ки ба болоравии самаранокии истехсоли махсулоти анъанавии кишоварзй ва коркарди он мусоидат мекунанд, возеху равшан аст.
3. Дар доираи сиёсати кластерй имкони дастрасй ба захирахои иттилоотй, молиявй, технологй ва мехнатй меафзояд, ки ба иктисодиёти анъанавии кишоварзй, оптимизатсияи сохахо ва кам кардани харочоти трансаксионй мусоидат мекунад.
4. Ахаммияти дастгирии давлатии субъектхо дар руйпуш кардани харочоти трансаксионй сол то сол меафзояд.
5. Чузъхои асосии дастгирии давлатии иктисодиёти анъанавии кишоварзй дар сохаи трансаксияхо, пеш аз хама, таъмини муносиби меъёрии ху^у^ии фаъолияти субъектхои бозорхои дохилй ва хоричй, инчунин татби^и сиёсати кластерй, ки ба бунёди инфрасохтор, ташкили фуруши махсулоти анъанавии кишоварзй ва коркарди он ба воситаи биржахои молй нигаронида шудааст, ба хисоб меравад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Aoki M. Managerialism revisited in the light of bargaining-game theory / M.Aoki //
International Journal of Industrial Organization. - 1983. - Vol. 1. - P. 1-21.
2. Coase, R. H. The Problem of Social Cost / R. H. Coase // Journal of Law and Economics. -
1960. - Vol. 3. - P. 1-44.
3. Dahlman, C. J. The Problem of Externality / C. J. Dahlman // Journal of Law and Economics.
-1979. - Vol. 22. - P. 62-141.
4. Варакута С. А. Управление качеством продукции: Учеб. пособие. - Москва: ИНФРА-М, 2001. - 155 с.
5. Капелюшников Р. Экономическая теория прав собственности. - Москва: ИМЭМО, 1990. - 90 с.
6. Кау N. M. The Emergent Firm: Knowledge, Ignorance and Surprise in Economic Organization. -M. -Macmillan L, 1984. -237p.
7. Кузибоева Б.М. Роууои коуиши хароцоти трансаксионии субъектуо дар соуаи кишоварзии ицтисодиёти Тоцикистон / Номаи донишгоу. МДТ ДДХ ба номи БТафуров. - Хуцанд, 2023. - №2(65). - С. 49-54. ISBN2077-4974.
8. Кузибоева Б.М., Дадоматов Д.Н. Хароцотуои трансаксионй уамчун объекти бауисобгирии корхонауои азим// Кишоварз, Душанбе. 4(93) 2021. - С. 184-188ISSN2074-5435.
9. Кузибоева БМ.Оид ба масъалауои рушди минбаъдаи комплекси агросаноатй дар ицтисодиёти Тоцикистон // Ахбори ДДХБСТ. - Хуцанд, 2021. - №3 (88) - С. 78-86 ISSN 2411-1945.
10.Кусмарцева Ю.В. Минимизация трансакционных издержек в сельском хозяйстве в условиях долгосрочного контракта// Вестн. Волгогр. гос. ун-та. Сер. 3. Экон. экол. 2011. - № 2 (19) - С. 201-208.
11.Лебедева Н. Н. Институциональная экономика. Лекции, тесты, задания: учебно-метод. пособие / Лебедева Н. Н. - Волгоград: Волгогр. на изд-во, 2004. - 208 с.
12.Олейник А.Н. Институциональная экономика: Учеб. пособие. - Москва: ИНФ-РА-М, 2005. - 416 с.
13.Стиглер, Дж. Дж. Экономическая теория информации. Теория фирмы. - Санкт-Петербург: Экономическая школа, 1995. - 536 с.
14.Ходжсон Д. Экономическая теория и институты: Манифест современной институциональной экономической теории (пер. с англ.) - Москва: Дело, 2003. - 464 с.
REFERENCES:
1. Aoki M. Managerialism Revisited in the Light of Bargaining-Game Theory / M.Aoki // International Journal of Industrial Organization. - 1983. - Vol. 1. - PP. 1-21.
2. Coase, R. H. The Problem of Social Cost / R. H. Coase // Journal of Law and Economics. -1960. - Vol. 3. - PP. 1-44.
3. Dahlman, C. J. The Problem of Externality / C. J. Dahlman // Journal of Law and Economics. -1979. - Vol. 22. - PP. 62-141.
4. Varakuta S. A. Product Quality Management: Textbook. Manual. - M. : INFRA-M, 2001. -155pp.
5. Kapelyushnikov R. Economic Theory of Property Rights. - M. : IMEMO, 1990.-90pp.
6. Кау N. M. The Emergent Firm: Knowledge, Ignorance and Surprise in Economic Organization. -M. -Macmillan L, 1984. -237pp.
7. Kuzibaeva B.M. Ways to Reduce Transaction Costs of Subjects in Agriculture of the Economy of Tajikistan / University bulletin. SEI KhSU named after B. Ghafurov. - Khujand, 2023. -№2(65). - PP. 49-54. ISBN 2077-4974.
8. Kuzibaeva B.M., Dadomatov Д..N. Transaction Costs as an Object of Accounting of Large Enterprises /Farmer. Dushanbe. 4(93) 2021. - PP. 184-188 ISSN2074-5435.
9. Kuzibaeva B.M. On Issues of Further Development of Agro-Industrial Complex in the Economy of Tajikistan /Bulletin of TSULBP. - Khujand, 2021. - №3 (88) - PP. 78-86ISSN2411-1945.
10.Kusmartseva Yu.V. Minimizing Transaction Costs in Agriculture under Long-Term Contracts //Bulletin of Volgogr. state University. Ser. 3, Econ. Ekol., 2011, No. 2 (19) - PP.201-208.
11.Lebedeva N. N. Institutional Economics. Lectures, tests, assignments: educational method. manual / Lebedeva N. N. - Volgograd: Volgogr. to the publishing house, 2004. -208pp.
12.Oleynik A.N. Institutional Economics: Textbook. Manual. -M.: INF-RA-M, 2005. -416pp.
13.Stigler, J.J. Economic Theory of Information. Theory of the Firm - St. Petersburg: Economic School, 1995.-536pp.
14.Hodgson D. Economic Theory and Institutions: Manifesto of modern institutional economic theory (translated from English) - M. : Delo, 2003. - 464pp.