07 00 00 ИЛМ^ОИ ТАЪРИХ ва АРХЕОЛОГИЯ 07 00 00 ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ и АРХЕОЛОГИЯ 07 00 00 HISTORICAL SCIENCES and ARCHEOLOGY
07 00 02 ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07 00 02 HOME HISTORY
УДК 94 (575.3) ББК 63.3 (2Тад)64
АЗ ТАЪРИХИ ТАШАККУЛ ВА ГУСТАРИШИ БАРОДАРШАХрРЙ БАЙНИ ШАХРХ^ОИ ТОЦИКИСТОНУ
РУСИЯ
ИЗ ИСТОРИИ СТАНОВЛЕНИЯ И РАЗВИТИЯ ПОБРАТИМСТВА МЕЖДУ ГОРОДАМИ ТАДЖИКИСТАНА И РОССИИ
FROM THE HISTORY OF FORMATION AND DEVELOPMENT OF SISTERHOOD BETWEEN THE CITIES OF TAJIKISTAN AND RUSSIA
Исомитдинов Жорабек Бобобекович,
номзади илмуои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халци тоцики ДД^БСТ (Тоцикистон, Хуцанд)
Исомитдинов Жорабек Бобобекович,
к.и.н., доцент, заведующий кафедрой истории таджикского народа ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд )
Isomitdinov Zhorabek Bobobekovich,
candidate of historical sciences, Associate Professor, chief of the department of the history of the Tajik nation under the faculty of politology and international relations of the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan, Khujand) E-MAIL: Isomatdinov1961@mail. ru
Ключевые слова: побратимство, сотрудничество, международные связи, город, партнерство, развитие
Целью статьи является показ истории становления и развития побратимства городов Таджикистана и России в постсоветский период. В работе раскрыта сущность феномена побратимства-установления дружественных связей между городами разных стран. На примере феномена городов-побратимов анализируются формы существования культурно-социальных практик в пространстве города. Побратимство рассматривается как социальная практика, обладающая ресурсным
потенциалом для города и его жителей. Изучаются основные моменты в сотрудничестве городов-побратимов —Душанбе и Санкт-Петербурга, Худжанда и Оренбурга, Бустана (Чкаловска)и Снежинска и других. Констатируется, что партнерские отношения между некоторыми городами Таджикистана стали активно развиваться сравнительно недавно, а именно начиная с 90-х гг. ХХ в.
Key words: sisterhood, collaboration, international relations, city, partnership, development
The goal of the research is showing the history of formation and development of sisterhood between the cities of Tajikistan and Russia in the post-Soviet period. The author of the article discloses the essence of sisterhood-establishment phenomenon in reference to friendly ties between the cities of various counties. On the example of the cities sisterhood phenomenon the author analyzes the forms of cultural-social practices in the space of a city. The issue in question dwells on a social practice possessing resources of potential for the city and its inhabitants. In his article the author canvasses the main moments in regard to collaboration of sister-cities: Dushanbe and Saint-Petersburg, Khujand and Orenburg, Bustan (Chkalovsk) and Snezhinsk and etc. It is stated that partnerships between certain cities of Tajikistan have been actively developed comparatively recently, and namely - beginning with the 90-th of the XX-th century.
Бародаршахрй байни шахрхои давлатхои мухталиф бо максади баркарор кардани робитахои доимии дустона ба рох монда мешавад. Ин падидаи мухим дар низоми муносибатхои байналхалкй накши созанда дорад. Бародаршахрй хамкории ду шахри ба хам дуст буда, дар сохахои иктисодиёт, фарханг, варзиш ва гайра амалй мегардад. Бародаршахрй инчунин дар шаклхои мубодилаи вакилону намояндагони хокимияти махаллй, чомеахои бадей ва варзишй, ташкили намоишхо, чорабинихои адабй, намоиши кинофилмхо ва амсоли онхо баръало зохир мешавад. Бародаршахрй хамчун падидаи фархангиву ичтимой хадафхои зеринро пиёда мекунад: баркарор намудани хамкорихои иктисодии байни шахрхо, боло рафтани таваччухи бошандагони шахрхо ба гузаштаи фархангиву таърихй, мустахкам намудани тахаммулпазирй нисбат ба фарханги хамдигар, тагйир додани фазои ичтимоии шахрхо ва фарохам овардани имкониятхои чадид барои аъзои иттиход. Ба воситаи бародаршахрй шахрхо дар арсаи чахонй аз мавчудияти худ хабар медиханд ва иштирокдори раванди умумии чахонишавй мегарданд.
Бо шарофати бародаршахрй чозибияти шахрхо боло рафта, шароит барои чалби сармоягузорон фарохам меояд, сохибкорй рушд мекунад, дар натича чойхои нави корй пайдо мешаванд. Ба шарофати бародаршахрй лоихахо дар сохаи тандурустй, маориф, хизматрасонй, истирохату фарогат кабул ва амалй мегарданд. Бародаршахрй ба чараёнхои мухочират, демографй, муносибатхои байни миллатхо таъсир мерасонад.
Баркарор гардидани бародаршахрии Волгоград ва Ковентри (Англия) дар соли 1943 нахустин тачриба дар самти барпо намудани бародарй байни шахрхо дар даврони Иттиходи Шуравй ба шумор меравад. Андешаи ба рох мондани бародаршахрй байни ин шахрхо аз он ба миён омад, ки хам Волгоград ва хам Ковентри нисбат ба дигар шахрхо ба майдони чанг кашидашуда, бештар ба вайрона табдил ёфта буданд (1).
Х,аракати бародаршахрй дар чахон баъди ба итмом расидани Чднги дуюми чахон густариш ёфтааст. Одамон ва халкиятхо низою бадбиниро аз худ дур намуда
кушиш ба харч доданд, ки дустиву рафокат байни хам баркарор намоянд, хамдигарро хyбтарy бештар донанд. Ба ин маънй метавон гуфт, ки бародаршахрй махз дар заминаи дипломатияи мардумй ба вучуд омад.
Аз гуфтахои боло маълум мегардад, ки харакати бародаршахрй падидаи нав дар низоми муносибатхои байналхалкй ба шумор меравад. Баъди хотимаёбии Ч,анги дуюми чахон бо талаби президенти Амрико Д. Эйзенхауэр хукумати ИМА аз ниходхои хокимияти махаллй талаб карданд, ки шахрвандони одиро ба хар гуна лоихахои байналхалкй, аз чумла ба рох мондани «пулхои дустй» байни шахрхои дигар давлатхо чалб намоянд. Ин фаъолияти хукуматхои махаллй, созмонхои чамъиятии гайридавлатй ва шахрвандон ба ташкили робитахои бародаршахрй байни шахрхои ИМА ва дигар давлатхо мусоидат намуд. (8, с.38).
Мохи апрели соли 1957 намояндагони бародаршахрхо ташкилоти бонуфуз -Федератсияи байналхалкии бародаршахрхоро созмон доданд. Алхол ба ин Федератсия беш аз 6500 шахр аз 160 мамлакати чахон шомиланд. Бошишгохи марказии ташкилоти мазкур дар шахри Париж вокеъ мебошад (9).
Дар доираи ИДМ - Иттиходи давлатхои мустакил аз мохи декабри соли 1991 сохтори нави чамъиятй тахти унвони Ассотсиатсияи байналхалкии «Бародаршахрхо» фаъолият мебарад. Ин созмон дар доираи собик чумхурихои ИЧЩС амал намуда, дар самти хамоханг намудани робитахои шахрхо машгул аст.
Омилхои баркарор намудани бародаршахрй байни шахрхои мухталифи чахон инхоянд: 1) манфиатхо дар сиёсати хоричии давлатхо; 2) манфиатхои сиёсии хизбхои амалкунанда, муборизаи байнихизбй дар дар доираи минтакахои алохида доир ба масъалаи сиёсати хоричй; 3) аз чониби сарварони шахрхо дарк гардидани зарурати барпо намудани робитахои байнишахрй, новобаста аз мавчудияти баъзе муаммохои байнидавлатй; 4) аксияхои гуманитарй; 5) кушиши шахрхо барои баланд бардоштани обруву нуфузи хеш дар арсаи байналхалкй (7, с.58).
Дар шароити кунунии чахонишавй робитахои байнишахрии давлатхои мухталиф ахамияти хоса касб мекунад, зеро ин падида боиси афзудани нуфузи байналхалкии шахрхо мегардад. Х,аракати бародаршахрй ба сифати механизми аввалиндарачаи ба рох мондани дипломатияи шахрхо махсуб ёфта, дар ташкили робитахо дар сохахои сиёсй, иктисодй, фархангй, маорифу тандурустй накши мухим мебозад. Робитахои бародаршахрй имконияти васеи гирифтани иттилоот, омухтани тачриба, андешаву гояхоро фарохам меоварад, ба низоми идоракунй таъсир мекунад ва барои рушди иктисодиёти шахрхо мусоидат мекунад.
Тачрибаи бародаршахрии давлатхои чахон собит мекунад, ки бародаршахрй 1) хамчун мубодилаи фархангй, 2) хамчун робитаи иктисодй ва 3) хамчун нигох доштани робитахои таърихй маънидод мегардад. Барои аксарияти шахрхо робитахои иктисодй ва фархангй бахри баркарор кардани робитахои бародаршахрй асос гаштанд. Баркарор кардани робитахои бародаршахрй байни шахрхое, ки такдири таърихиашон бо хамдигар алокамандй ё монандй дорад, хеле осон амалй мешавад.
Х,амкорихои байни бародаршахрхо аз дигар робитахои байни шахрхо фарк мекунанд. Мохиятан, робитахои бародаршахрй низоми озоди хамкорй мебошад ва хар як шахр онро мустакилона халлу фасл менамояд. Бародаршахрхо дар алохидагй метавонанд самтхои робитаашонро муайян намоянд, зеро ташкили робитахо аз максадхо, манфиатхо ва захирахои хар як шахр вобастагии кавй дорад.
Баъди сохибистиклол гаштани Точикистон барои шахрхои чумхурй имкониятхои бештаре бахри баркарор намудани робитахо бо шахрхои мамлакатхои хоричй фарохам омаданд. Пеш аз хама, шахри Душанбе бо шахрхои мухталифи чахон риштахои бародаршахриро барпо мекунад. Пойтахти Точикистон - Душанбе алхол бо 17 шахрхои чахон: Анкара (Туркия) Боулдер (ИМА), Клагенфурт (Австрия), Лахор (Покистон), Лусака (Замбия), Мазори Шариф (Афгонистан), Минск (Беларус), Монастир (Тунис), Ройтлинген (Олмон), Техрон ва Шероз (Эрон), Санъо (Яман), Санкт-Петербург (Россия), Урумчи ва Сёмин (Хитой) шартномахои хамкории бародаршахриро ба имзо расонидааст. Инчунин шахри Душанбе бо 2 шахри Русия -Москва и Саратов робитаи шарикй баркарор намудааст.
Бояд таъкид намуд, ки Точикистон хамкорихои васеъро бо давлатхои хоричй, алалхусус бо кишвари Русия ба рох мондааст, зеро Русия барои Точикистон хамкори асосии стратегй мах,суб меёбад. Дар баробари робитахои густурдаи сиёсй, ичтимоиву иктисодй ва фархангии байнидавлатй, инчунин робитахои байниминтакавй низ ба рох монда шудаанд. Дар ин самт ташкили хамкорихои бародаршахрй байни шахрхои алохидаи ин ду кишвари бародар дар густариши робитахо накши мухим мебозанд. Бояд зикр намуд, ки Санкт-Петербург яке аз аввалин бародаршахрхои Душанбе ба шумор рафта, созишнома байни ин шахрхо санаи 6 октябри соли 1991 ба имзо расидааст.
Бо вучуди он ки соли 1918 хукумати шуравй пойтахтро аз Санкт-Петербург ба Москва кучонид, накши шахр дар сиёсат, иктисодиёт ва хаёти фархангии Русия ва чахон коста нагардид.
Имруз дар ин шахр 221 музей, 2000 китобхона, беш аз 80 театр, 100 муассисахои концертй, 45 нигоришсаро (галереяхо) ва толорхои намоиш, 62 кинотеатр, 80 клубхои фархангй ва г. фаъолият доранд. Х,амасола дар шахр наздик 100 фестивалу озмунхои ватаниву хоричй дар самтхои мухталифи фархангу санъат баргузор мегарданд.
Барои хамин хам байни Душанбеву Санкт-Петербург баъди ба имзо расидани Созишномаи бародаршахрй робитахои дустона бештар дар самти фарханг ба рох монда шудаанд. Аз чумла, мохи ноябри соли 2014 рузхои Санкт-Петербург дар пойтахти Точикистон - шахри Душанбе баргузор гардид. Дар чорабинихо бахшида ба рузхои Санкт-Петербург дар Душанбе намояндагони сохаи тичорату сохибкорй, ахли фарханг ширкат доштанд. Дар чорабинихо худи раиси шахри Санкт Петербург Георгий Полтавченко иштирок намуд. Аз чумла у аз мактаби тахсилоти умумии №92 шахри Душанбе, ки дар он тахсил бо забони русй сурат мегирад, дидан кард ва ба мактаб тухфахо - техникаи компютерию мултимедиа, филмхои таълимй, китобхои таълимй хадя намуд (2). Дар доираи Рузхои Санкт-Петербург дар шахри Душанбе консерти устодони санъати ду шахр, чорабинихои фархангй, аз чумла намоиши асархои эчодии рассоми точиктабори Санкт-Петербург Матлуба Яхёева дар мачмааи «Душанбе плаза» баргузор гаштанд (2).
Ба гайр аз Душанбе дигар шахрхои Точикистон низ бо шахрхои алохидаи Федератсияи Русия робитахои бародаршахрй барпо кардаанд. Чунончй, Хучанд бо Оренбург, Бустон (собик Чкалов) бо Снежинск, Гулистон ( соби; ^айроккум) бо Димитровград, Кулоб бо Воронеж робитаи дустиву бародарй барпо намудаанд. Инчунин шахрхои Точикистон бо бархе аз вохидхои маъмурии Федератсияи Русия шартномахои рушди тичоративу иктисодй ба имзо расонидааст. Чунончй, шахри Хучанд бо Сургут (аз 12. 09. 1993), Волгоград ( аз 10.06.1998), нохияи Киеви ш. Москва (аз 04.03.1993), бо ш. Энгелси вилояти Саратов (аз 04.04.2001), бо нохияи
Краснопресненскийи ш. Москва (аз 02.09.01993), бо Уст-Илимск (аз 28.02.1992) шартномаи дутарафаи хамкории тичоративу иктисодй ба тасвиб расонидааст (5).
Ба рох мондани алокахои бародаршахрй тавассути маъмурияти минтакахо, сохибкорони махаллй, иттиходияхои чамъиятии минтакахо имконият медиханд, ки «дипломатияи мардумй» густариш ёбад.Танхо як сохди туризм ва ташкили окилонаи он метавонад мухимтарин масъалахоро дар ин самт халлу фасл намояд.
Мохи июни соли 1998 шартнома оид ба хамкорихои тичоративу иктисодй, илмиву техникй ва фархангй байни шахрхои Снежински Русия ва Чкалов (алхол Бустон)и Чумхурии Точикистон ба имзо расида, риштаи бародаршахрй баркарор гардид. Шартномаи мазкур бо назардошти анъанаи робитахои байнишахрии Вазорати мошинсозии миёнаи собик ИЧ,ШС бо максади «фарохам овардани шароити мусоид бахри рушди робитахои иктисодй - бозоргонй байни субъектхои хочагй» баста шудааст. Тибки шартнома тарафхо ухдадор гаштанд, ки робитахоро дар сохахои фарханг, маориф, тандурустй, таъмини ичтимой, истирохат ва туризм ба рох монанд (7).
Бояд таъкид намуд, ки Маркази федералии хастаии Русия -Пажухишгохи умумииттифокии илмй-тадкикотии физикаи техникии ба номи академик Е. И. Забабахин, ки дар шахри Снежинск вокеъ аст, бо комбинати кухй-кимиёвии Ленинобод (алхол иттиходияи истехсолии «Востокредмет») солиёни зиёд аз давраи баъдичангй робитахои мустахками хамкорй доштанд. Мутаассифона, баъди пошхурии ИЧ.ШС хамкорй муддате аз байн рафта буд. Бо баробари баркарор шудани робитахои бародаршахрй хамкорихо аз нав эхё гаштанд. Х,ангоми сафари намояндагони шахри Снежинск ба Точикистон онхо дар сатхи олй пазируфта шуданд - сарвари шахри Снежинскро худи Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон кабул кард, имзои шартнома дар касри фарханги шахри Бустон сурат гирифт, консерти ахли санъати ду шахр намоиш дода шуд, барномаи консертии «Чкалов-Снежинск»дар шахри Хучанд низ ташкил карда шуд. Сафари мехмонон аз Снежинск бо кабули онхо аз чониби консули генералии Федератсияи Русия дар шахри Хучанд анчом пазируфт.
Шахри Хучанд аз соли 2004 инчониб бо шахри Оренбурги Русия хамкорихоро дар доираи Шартномаи бародаршахрй ба рох мондааст. Оренбург дар сохили дарёи Урал чойгир буда, таърихи хеле бой дорад, дар ин шахр вокеахои зиёди таърихй сурат гирифтаанд. Шахри Оренбург соли 1743 бунёд гашта, сараввал ба сифати истех-ком бахри дифоъи сархади чанубу шаркии кишвари Русия хидмат мекард. Дере нагузашта Оренбург ба шахри тичоратй ва бузургтарин шахри миёнарав байни Русия ва Осиёи Миёна мубаддал гашт. Азбаски шахр дар мавзеи мухими чугрофй чойгир буд, диккати точирони зиёди минтакаи Урал, Сибир ва Осиёи Миёнаро ба худ чалб кард. Аз Бухорову Тошканд, Самарканду Хучанд ба ин шахр корвонхои уштурон бо борхои гуногун: чарм, пашм, пахта, мевачот ворид мегаштанд. Бо гузашти айём Оренбург ба маркази яке аз калонтарин губернияхои Русия - губернияи Оренбург табдил меёбад, ки худуди губерния аз Волга то Сибир, аз Кама то сохили Каспй тул мекашад (5).
Дар замони муосир Оренбург ба яке аз марказхои бузурги сиёсй, саноатии на танхо вилояти Оренбург, балки тамоми округи Уралу Поволжеи Федератсияи Русия табдил ёфтааст. Шахр хамчун маркази илму маориф эътироф гаштааст. Дар шахри Оренбург донишгохи давлатй, академияи давлатии тиббй, донишгоххои педагогиву аграрй, пажухишгоххои сохахои мухталиф, аввалин омузишгохи кадетии президентй
дар Русия (1 сентябри соли 2010 таъсис ёфтааст) ва дигар муассисахои таълимй фаъолият мебаранд.
Х,ангоми сафари намояндагони Хучанд ба шахри Оренбург соли 2004 хатсайри парвози тайёрахо байни ин ду бародаршахр мунтазам ба рох монда шуд.
Дар шахри Оренбург барои мутобикшавии мухочирони точикистонй хамаи шароит мухайё карда шудааст. Дар шахр 6 ташкилоти чамъиятии фархангии точикон амал мекунад. Яке аз ташкилотхои бонуфуз "Мухторияти милливу фархангии минтакавии точикони Оренбург" махсуб ёфта, аз чониби ин ташкилот рузномахои «Вахдат» ва «Сугдиёна» нашр мешаванд, иншооти маркази милливу фархангй бино гардида, ошхонаи таомхои миллии точикон ба истифода дода шудааст.
Х,амин тавр, институти бародаршахрй байни шахрхои Точикистону Русия торафт густариш ёфта, дар рохи баркарор намудани робитахои байналхалкй, ворид шудани шахрхои алохида ба чараёни чахонишавй накши мухим мебозад. Максад, вазифа, принсипхои бародаршахрй имруз дар чомеаи чахонй мушаххас гаштаанд. Аммо рушду тахаввулоти он аз субъектхои муносибати бародаршахрй, аниктараш аз сатху сифати чунин хамкорихои байниминтакавй вобастагии кавй дорад.
Пайнавишт:
1. Афанасьев И.Д. Побратимские отношения как институт межрегиональной интеграции//http://www. sociosphera. com/ publication / conference/2013/164/pobratimskie_ otnosheniya_ kak_ institut_ mezhregionalnoj_ integracii/. (Дата обращения: 09.06. 2016)
2. В Душанбе стартовали Дни Санкт-Петербурга// http://www.xfakti.ru/317-interesnye-fakty-o-dushanbe. html. (Дата обращения: 11.06.2016)
3. Валентинова Е. Таджикистан: далекое рядом//Оренбургский университет.- №17 (1167).- 24.04.2013
4. Краткий обзор истории и развития экономики города Худжанда// http://www.khujand.tj/index.php?option=com content&view=article&id=126&Itemid=297 &lang=ru (Дата обращения: 09.06.2016)
5. Михайлова Т. История города Оренбурга// Роман-газета детская. № 8. 2014
6. Пятака B. Породнение городов: истоки и основные особенности. // Вестник мэрии, 1994.-С.54-62.
7. Таржанова Л. Братья нашли друг друга //Челябинский рабочий -02.06. 1998
8. Яровой Г.О., Подольский М. А. Побратимство как инструмент социокультурного и экономического развития городов: сравнение «континентальной» и «морской» школ // Studia Humanitatis Borealis. 2014. No 2. С. 38-45.
9. Лучше маленькая помощь, чем большое сочувствие // https: //sites. google. com/a/shko.la/ejrono_1/vypuski-zurnala/vypusk-21/innovacii-metodika-i-praktika/-lucse-malenkaa-pomos-cem-bolsoe-socuvstvie. (Дата обращения: 09.06.2016)
Reference Literature:
1. Afanasyev I.D. Sisterhood Relations as the Institute of Interregional Integration http://www. sociosphera. com/publication / conference/2013/164/pobratimskie_ otnosheniya_ kak_ institut_ mezhregionalnoj_ integracii/. (Data of address: 09.06. 2016)
2. Days of Saint Petersburg Have Started in Dushanbe //http://www.xfakti.ru/317-interesnye-fakty-o-dushanbe. html. (date od address: 11.06.2016)
3. Valentinova E. Tajikistan: The Far Near // Orenburg University. - # 17 (1167). - 24.04.2013.
4. Brief Review of the History and Economy Development of Khujand-City // http://www.khujand.tj/index.php?option=com content&view=article&id=126&Itemid=297&lan g=ru (Дата обращения: 09.06.2016)
5. Mikhaylova T. The History of Orenburg-City // Children' Novel-newspaper «Roman», # 8. 2014.
6. Pyataka V. Sisterhood of Cities: Origins and Basic Features // Bulletin of mayoria, 1994. - pp. 54 - 62.
7. Tarzhanova L. Brothers Found each other // Chelyabinsk Worker - 02.06.1998.
8. Yarovoy G.O., Podolsky M.A. Sisterhood as a Instrument of Social-Cultural and Economic Development of Cities: Comparision of «Continental» and «Marine» School // Studia Humanitatis Borealis 2014 # 2. - pp. 38 - 45.
9. Little Help Being Better than Big Sympathy // https: //sites. google. com/a/shko.la/ejrono_1/vypuski-zurnala/vypusk-21/innovacii-metodika-i-praktika/-lucse-malenkaa-pomos-cem-bolsoe-socuvstvie. (date of addressing: 09.06.2016)