Научная статья на тему 'Comparative analysis of two most important sources (Madjmuatu-sh-Shuaro by Fazli Namangoni and tukhvatu-l-аkhbob by Vozekh Bukhoroi)'

Comparative analysis of two most important sources (Madjmuatu-sh-Shuaro by Fazli Namangoni and tukhvatu-l-аkhbob by Vozekh Bukhoroi) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
169
47
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ ХIХ ВЕКА / ТРАДИЦИЯ / СОЧИНЕНИЯ ЖАНРА "ТЕЗКИРЕ" / "МАДЖМУАТУ-Ш-ШУАРО" ФАЗЛИ НАМАНГОНИ И "ТУХФАТУ-Л-АХБОБ" ВОЗЕХА БУХОРОИ / Key words: history of the Tajik literature of the XIX-th century / by Fazli Namangoni Tukhvatu-l-akhbob by Vozekh Bukhoroi) / tradition / tezkire compositions / Madjmuatu-sh-shuaro

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Рачабов Э.

Статья посвящена сопоставительному анализу особенностей структуры и содержания двух важнейших литературных источников истории таджикской литературы XIX века «Маджмуату-ш-шуаро» Фазли(1822) и «Тухфату-л-ахбоб» Возеха (1872). Анализ двух тезкире, имеющих временной интервал почти в 50 лет и написанных в разных литературных центрах Мавераннахра в Коканде и Бухаре показывает, что они имеют структурные, содержательные, литературные и стилевые отличия. Выявление и анализ этих отличий имеет большое значение в исследовании литературной жизни Мовераннахра XIX века. Тезкире Фазли и Возеха оказали значительное влияние на возрождение традиции составления литературных антологий, которая, как известно, была прервана почти на сто лет после написания тезкире Малехо Самарканди (XVIIe.) Автор статьи выявляет и комментирует ряд принципиальных различий между двумя тезкире. Подчеркивается что труд Фазли Намангони послужил одним из источников тезкире Возеха.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article presents a comparative correlative analysis of the peculiarities concerned with the structure and contents of two most important literary sources of the XIX-th centuries: Madjmuatu-sh-Shuaro,by Fazli (1822) and Tukhvatu-l-Аkhbob by Vozekh (1872). The analysis of two tezkires whose temporal span makes up 50 years and which were written in different literary centres of Maverannakhr Kokand and Bukhara shows that they have non-similar structural, content-literary and stylistic distinctions. Elucidation and analysis of the latters is of great importance in the exploration of Maverannakhr literary life of the XIX-th century. Tezkires of Fazli and Vozekh exercised a considerable sway over the revival of the tradition related to the composition of literary anthologies interrupted for almost hundred years after Malekho Samarkandi's tezkire (1691). The author of the article finds a number of principle distinctions between two tezkires and comments on them. He lays an emphasis upon the fact that Fazli Namangoni's work served as one of the sources for Vozekh's tezkire.

Текст научной работы на тему «Comparative analysis of two most important sources (Madjmuatu-sh-Shuaro by Fazli Namangoni and tukhvatu-l-аkhbob by Vozekh Bukhoroi)»

Э. Рацабов

ТАХ.ЛИЛИ К.ИЁСИИ ДУ САРЧАШМАИ МУХ.ИМ («Ма^муату-ш-шуаро»-и Фазлй бо «Ту^фату-л-а^боб.. .»-и Возех,)

Вожатой калидй: таърихи адабаиёти тоцик дар асри XIX, тазкиранависй, «Мацмуату-ш-шуаро»-и Фазлии Намангонй, «Ту\фа ту-л-а^боб»-и Возе^и Бухорой

Дарёфти вижагих,ои ин ё он асар ва мукоисаву мукобалаи онх,о бо дигар асарх,ои х,амвазн барон шннохтн бештару пештар ва дарки шабох,ату мушаххасоти мавдудан онх,о дар эдодн назароти густурдае онд ба осори мавриди тах,к,и к, хеле муфид мебошанд. Аз ин дидгох, муцоисаи «Мадмуату-ш-шуаро»-и Фазлии Намангонй, ки аз сарчашмах,ои боэътимод (тонику узбек, бештар готики) дар х,авзаи адабии Хучанд мах,суб мешавад, бо сарчашмаи дигари хеле мух,им ва арзишманд «Тух,фату-л-ах,боб...»-и Возех, аз х,адафх,ои судманд хох,ад буд. Баъд аз таълифи ин ду тазкира дар х,авзаи адабии Мовароуннах,р тазкирах,ои зиёдечун «Тазкираи Х.ашмат», «Афзалу-т-тазкор»-и Афзал махдуми Пирмастй, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Абдуллохо^аи Абдй, «Тазкираи Фахдш», «Тазкирату-ш-шуаро»-и Х04Й Неъматуллох,и Мухдарам, «Тазкори ашъор»-и Шарифдон махдуми Садри Зиё, «Намунаи адабиёти го^ик»-и Садриддини Айнй ба майдони адабй омаданд, ки х,ар яке маълумоти «Мадмуату-ш-шуаро» ва «I ух,фату-л-ах,боб.. .»-ро иазируфтаанд. Азбаски тазкираи Возех, барои тазкирах,ои баъд аз худ х,амчун манбаи муътабар мавриди истицболу истифода царор гирифтааст, мо тасмим гирифтем, арзишу ах,амияти тазкираи Фазлй ва пакдпи онро дартаснифи тазкираи Возех,таъйин намоем.

Табиист, ки дар таълифи х,ама гуиа асар такя ба маълумоти сарчашмах,ои мавдуд аз х,адафх,ои судмаид мебошад ва х,еч асаре бидуии иттилоот ва истифода аз манбаъх,ои мавриди омузиш ба вудуд иамеояд. Тазкиранигорон низ дар таълифи асарх,ои худ сабку услуб, рох,у равиши нигориш ва майорату истеъдоди адибони гузаштаро мавриди корбаст >арор додаанд. Ин гуиа равиши чолиби i аваччух, дар таълифи асарх,ои арзишмаиди адабй аз замоии цабл то имруз истикбол шудааст. Таъкиди муцаррари ин гуиа матлаб барон бознамоии пакдпу ах,амияти «Ma^Myaiy-iu-iuyapo»-ii Фазлй дар таълифи тазкираи Возех, (1871) низ ах,амияти мух,им дорад.

«Мадмуату-ш-шуаро» ва «Туфату-л-ах,боб...» дар сохту услу-би нигориш, дарбаргирии мавод ва мушаххасоти дудогона аз х,амдигар мутафовитанд, аммо аз маълумоти родеъ ба баъзе шоирон додан ин ду асар маълум аст, ки иртиботи вижае байни онх,о вучуд дорад. К,абл аз он, ки ин нуктаро бо далелх,о нишон дих,ем, мехох,ем, дар мавриди тафовути сохторй, мухдавой, фикрй, адабй ва забонии ин ду тазкира маълумоти мухтасаре биоварем. Мавриди ёдоварист, ки оид ба мушаххасоти тазкираи Возех, адабиётшииосои Р.Х,одизода ва Т. Неъматзода бештар изгори иазар кардааид.

Таълифи ин ду тазкира дар фосилаи тацрибаи 50 сол дар х,авзах,ои гуногуни адабии Мовароуииах,р - Хуцапд ва Бухоро сурат гирифтааст. Дар мух,1 аво ва сохтору сабки нигориши ин ду асар тафовутх,о вудуд доранд. Нахуст, тафовути аслии газкирах,ои Фазлй ва Возех, дар манзум ва мансур будани онх,ост. Тафовути дигар дар добадогузории шоирон ва тадвини мавод мебошад. Дар тазкираи Фазлй намунаи газалиёти шуаро ва дар тазкираи Возех,номи шоирон батартиби алифбо фарох,ам омада-аид. Дар овардани маълумот низ миёни газкирах,ои мавриди иазар тафовут вудуд дорад. Фазлй цабл аз овардани цасида ё газали шоире дар колаби маснавии хурд дар бораи муаллиф иттилоот медих,ад ва зимни намунаоварии навбатй аз он шоир маълумоти дигар пешкаш мекунад. Ва ин равиш то интих,ои тазкира идома ёфтааст. Аммо Возех, мисли тазкираиигороии гузашта оид ба шахсият ва шеъри шоир маълумот дода, сипас иамуиае аз ашъори уро дар1; меиамояд. Барои тасд1щи ин матлаб ба шеваи маълумотдих,ии мусаннифони газкирах,о мутаваддех, мешавем.

Аз тазкираи Возех,:

«AKMAJ1 - тахаллуси ( ах,бону-л-Ачам, ашъару-л-умам, зайну-л-мах,омил ва-л-маосир, зи-л-мадди ва-л-мафохир Мулло Шермух,аммади Хукдпдй аст. Аз шуарои амир Умархон - волии Фаргона, ба х,ар ду забои - туркй ва форсй к'исоид ва газалиёт ва мукдп аоти бадеъа гуфта ва гавх,ари басе асрор суфта ва Уро дар назди хони мазкур эътибор ва микдори тамом буда. Шухрати шеъраш аз он бештар аст, ки м^хдоч ба баён ва тацрир бошад. Ии чанд байт, ки сабт мешавад, дурьяс аз он мул ва барге аз он гул аст».

Синае аз ашъораш намуна овардааст.

Дар тазкираи Фазлй шеваи иттилоот дигаргуна аст: Бувад Акмал он комили илму фан, Яке шердар найситони сухан, Ба майдони гуфтан зидонишварй, Кашида чунон наъраи цайдарй. Кигашта х)аросондили бедилон, К,адимй дуогуи ин хонадон. Цах,онро в арак; пур зи ашъори уст, Храминякгазал^амзигуфториуст. (6,5.)

Дар идомаи ин матлаб низ намуна аз ашъори шоир омадааст. Аммо, мусанниф бо ин иктифо намекунад ва дар мавориди дигар низ ро^еъ ба ин шоир иттилои дигаргуна медих,ад. Чунончи: Чу Акмал, ки акмал бувад дар камол, Чушер аст дар маргзори хиёл. Ба чавгониидрок барцаетагуй, Зи майдони маънй бадар бурда туй. Зидонишварон фазлй у бештар, Сар ояд ба арбоби фазлу хунар. Басе гуфта мадх,и ша^идодгар, Бувад ин газал х,ам аз у нурхунар. (6, 179)

Ё:

Дигар Акмали Комилохунди шер, Ба майдони дониш царифи далер. Ки дар шеър гуи забоноварй, Рабуда зиХоцонивуАнварй. (6, 5)

Яъне, дар равиши маълумотдих,й Фазлй аз анъанаи тазкира-нигорй андак дурй чуста, дар ин самт то чое эдодкорй кардааст. Аммо, дар ин замина муаллифи тазкира назар ба пах,лух,ои гуногуни зиндагиномаи х,амзамонои бештар ба тавсифи шеъру

шоирии эшон таваччУ*, зох,ир кардааст. Тазкиранигорони цаблй баъд аз як маротиба зикри маълумот оид ба ягой шоир бо овардани намунаи ашъори f иктифо мекардаид. Возех, дар ин маврид анъанаи тазкиранигории иешииро риоя кардааст. Яъие, баъд аз овардани маълумот оид ба шахсият ва шеъри шоир аз ашъори f чанд намуна овардааст.

Дар х,ар ДУ тазкира х,осили мулокот ва шунидах,ои мусаииифои бо шоирон бештар таъкид шудааст. Аммо дар ин маврид маълумоти Фазлй нисбатан эътимодбахш ба иазар мерасад. Зеро у бо х,ар шоир мусох,иба ва иртиботи шахсиву адабй доштааст. Ин матлабро матни тазкира тасдик; мекуиад. Аз х,амии '(пх.а г тазкираи Фазлй барои омузиши зиидагииома ва ашъори шоироии замоии худ арзишманд аст. Возех, дар бораи шоироии х,авзаи адабии Хуцанд ба маълумоти Фазлй иктифо карда, ба он тозагие ворид накардааст. Возех, низ бо аксари шоироне, ки исмашонро дар тазкира овардааст х,амсух,бат шудааст, аммо у баъзе шоиронеро, зикр мекуиад, ки ба мулокотантн ё сух,баташои иарасидааст. Ин нукта бештар дар мавриди шоироии х,авзаи адабии Хуцаид ах,амият дорад. Х^мчунин Возех, азбаски бештар ба шунидах,ои худ такя кардааст, ба иштибох,от рох, додааст. Чуиоичи сабаби интихоби тахаллуси Гулхаииро аз х,аммомдорй донистан, зодгох,и Хотифро Ху>аид эълои доштан, 1>ех,датро низ аз Ху>анд гуфтани у маълумоти сах,сх, иестаид. Сабаби ин иштибох,от дар он аст, ки Возех, шоиронеро, ки дар х,авзаи адабии Хуцанд зиидагй ва эдод кардааид, Ху>аидй доиистааст. I "ох,о чуиии ба иазар мерасад, ки Возех, дар баъзе маврид родеъ ба бархе шоирон иттилооти Фазлиро сарфи иазар кардааст. Дар патина оид ба баъзе шоироии х,авзаи адабии Ху>аид маълумоти махдуду пок,ис иешиих,од кардааст. Бо вудуди ин х,ама равшан аст, ки Возех, х,иии таълифи тазкираи худ «Мадмуату-ш-шуаро»-и Фазлиро иешоруй доштааст.

Тафовути дигари тазкираи Фазлй аз тазкираи Возех, дар мазмун ва мухдаво равшан мегардад. Аз мутолиаи ин ду тазкира маълум мешавад, ки сабаби таълифи ин тазкирах,о чун аксари тазкирах,ои форсй барои муаррифии шуаро ва ашъори эшон мебошад. Ин нукта дар ofo3h ин тазкирах,о дар^ гардида ва х,ар ду мусанниф дар сабаби таълиф як х,адафро иайгирй кардаанд. Аммо зимни га х, к, и к, маълум мешавад, ки тазкираи Фазлй нисбат ба тазкираи Возех, бештар хусусияти тавсифй дорад. Яъие, тазкираи Фазлй

х,арчи бештар ба ташвици сиёсати Амир Умархон гирех, мех^рад. Возех, х,арчанд ба тавсифи шох,и замон шпора дорад, аммо х,адафи аслиашро дар муаррифии шоирон донистааст.

Тафовути дигар байни ин ду тазкира дар сохтор ва тарзи нигориши опх,о !ох,ир мешавад. Тазкираи Фазлй дар сохтор низ вижагии хоссе дорад. Яъне, дар фасли сабаби таълиф дар бораи х,амаи 75 шоир, ки зикрашон дар тазкира омадааст, ба таври алох,ида дар х.а^ми як ё ду байт маълумоти мухтасар медих,ад. Яъне, аз огози китоб маълум мешавад, ки мусанниф минбаъд дар бораи кадом шоирон сухан гуфтанист. Баъди х,амду наъти Худову расул подшох,и замонро ситоиш мекунад. Возех, дар иайравй ба гузаштагон дар огоз нахуст ба ситоиши Худову расул, тавсифи нюх,, сабаби таълифи тазкира ва сипас ба овардани маълумот дар бораи шоирон мепардозад.

Аз дих,ати шумораи шоирон низ тазкирах,о фарц доранд. Тазкираи Фазлй дар бораи 75 шоир (дар нусхах,ои мухталиф шумораи шоирон фарц мекунад) маълумот медихдд. Дар тазкираи Возех, шумораи шоирон 145 нафарро дар бар мегирад. Дар тазкираи Возех, х,амагй 3160 мисраъ ва тазкираи Фазлй зиёда аз 6300 байт ашъори шоирон намуна оварда шудаанд. Тазкираи Фазлй аст, бо назардошти жапрх,ои шеърй ба се бахш та к, с и м шудааст. Дар бахши аввал кдсоиди баъзе аз шоирон - Амир, Нола, Маъюс, Афсус, Фазлй, Мушриф, Хотиф, Хидлат, Хо ппд Нузх,ат, Маъдан, Зиннат, Бех,дат ва г. интихоб шудааст. Бахши дувум газалиёти шоиронро дар бар мегирад. Дар бахши севум мухаммас, мустазод, рубой ва дигар жапрх,ои хурди ганой - фард, моддаи таърих ва г. фарох,ам омаданд. Ин гуна тацсимбандй дар тазкираи Возех, ба назар намерасад.

Тавофути чашмраси дигари ин тазкирах,о боз дар он ¡ох,и р мегардад, ки тазкираи Фазлй бо ду забои таълиф шуда ва ашъори дузабонаи шоиронро низ фарогир аст. Азбаски дар х,авзаи адабии Хуцапд адабиёт бо ду забои - тоники ва узбекй риво^ дошт, ин амр дар таснифи тазкира бетаъсир набудааст. Дар тазкираи Возех, абёт ба забоин узбекй (20 мисраъ) ва арабй (41 мисръа) ба чашм расад х,ам, мивдоран ва дар мукоиса бо тазкираи Фазлй хеле каманд.

Возех, дар муаррифии шоирон бештар ба форсй сухан мегуяд. Аммо Фазлй зимни овардани намунаи шеъри узбекй худаш х,ам ба забоин узбекй родеъ ба он шоир маълумот медихдд. Намунаи

ашъори узбекии шоирон дар тазкираи Фазлй зиёда 1800 байтро дар бар мегирад. Аз ин лих,оз, маълумоти тазкираи Фазлй дар омузиши адабиёти дузабоиаи х,авзаи адабии Хуь;анд ва шоироии зуллисонайн ах,амияти махсус дорад.

Тафовути дигари ин газкирах,о дар х,а^ми маълумот низ ба чашм мерасад. Чунончи, дар мавриди бештари шоирон Фазлй нисбат ба Возех, маълумоти муфассал медихдд, яъие маълумоти у аз маълумоти тазкираи Возех, х,адмаи зиёд аст. Ин матлабро иттилоот дар мавриди Бехдат дар х,ар ду тазкира исбот мекуиад.

Аз Фазлй:

Бувад Бе^цат аз наврасони хпёл, Ба хукми цавонист ошуфтах,ол. Ба мазмуни шрх аст табъаш радпф, Ки афтода шеъраш писанди х,ариф. Агаршеър гряд ба %ар анцуман, Равад дар паи шоироии ку^ан. Аз инр?ст гуфтори у бехалал, Ба цар цо кунад маснавй ё газал. Ба тщлиди султони гардунцаноб, Бигуфтунавишт ингазалдар китоб. (6,174)

Дар дои дигар:

Чу Мирзон Бе^цат аз ин хел буд, Дар ин бах)р^х)ам тараннум намуд. Хиёли матинаш баланд омада, Ба дища тписандон писанд омада. Падар бар дари шох, фармонпазир, НамакиарварихонадониАмир (6,192)

Ё :

Бувад Бе^цат аз хайли донишварон, Цавони накутабъу ширинзабон Бувад толибн нлму фазлу хунар, Каломаш бувад соф х,амчун гух,ар. Бувад ин газал зодаи табъи у, Диловезу санцида астунаку. Дар ин саф^а бинвишт беипггибох,, Ба табъиятишох^игетипанох,. (6,203)

Ва ё:

Бувад Бе^цат он нодири хурдсол,

Гули навраси гулситони хиёл.

Бад ин хурдсолй нак$ мунсиф аст,

Гули гулбуни гулшани Мушриф аст.

Ба тацлиди шо%и фатонатсиришт,

Бигуфтин газалро ба дафтар навишт (6, 362)

э(с э(с э|с

ЗиБе^цат, киу зодаи Мушриф аст, Миёни суханпарваронмунсиф аст... (6,403)

Гарат хусни маънист мадди назар, Зи тащщиБех,цатмашав бехабар. Зи субхр мазомири он неккор, Чунингашт ме^ри сухан ошкор. (6, 362)

Дигар Ибни Мушриф, киуБехдат аст, Зи илму адаб добили срцбат аст. Нщоли баруманди боги хаёл, Фалотуншавадгаррасад бар камол. (6, 8)

Илова бар ин Фазлй боз ба забони узбеки дар чанд маврид родеъ ба 1>ехдат дар колаби ин гуна хурдмаснави х,о маълумот додааст. Ин гуна равиши иттилоот на танх,о ба 1>ехдат, балки ба кулли шоирон х,а^ман беш ё кам истифода гардидааст. Аммо зикри ин нукта ч<ип аст, ки маълумоти х,а^ман зиёди тазкираи Фазлй дар мавриди шоирон х,амсанг нестанд. Дар баъзе маврид родеъ ба ин ё он шоир маълумоти х,а^ман зиёд оварда бошад х,ам, он маълумот ганх,о як ё ду '(пх.аги рузгори шоирро дар бар гирифтаасту халос.

Дар тазкираи Возех, ахбор родеъ ба бештари шоирон нисбат ба маълумоти Фазлй х,адман хурд буда, мухтасар ва умумй баён шудааст. Чунончи:

«БЕХДАТ - аз шуарои Хук,апд аст. Дар ах,ди Мух,аммад Умархон, волии он 40 бисёр уручу га рак, к, й намуда, тутии килки фасох,аттардумонаш шакаррезих,о намуда, басе доди суханварй ва шоирй дода. Ин абёти шакарнабот, ки марк;у м мегардад, дар исботи камол ва х,оли у бурх,онест лоех, ва баёнест возех,» (5, 36).

Возех, дар бораи шоирони х,авзаи Хуь;анд монанди Амир, Адо, Акмал, 1>ех,чаг, Хозиц, Хотиф, Рамзй, Риндй Фазлй, Гулханй Музмар, Нола, Нузх,ат, Вазир,Хи1фй низ иттилои мухтасар медих,ад.

Хулласи калом Фазлй нисбат ба Возех, дар бораи шоирони мазкур маълумоти бештар пешкаш намудааст, зеро шуарои зикрёфта х,амзамонони Фазлй буданд. Возех, шояд бо назардошти мавдудияти тазкираи Фазлй воциф буд, аз зикри бештари шоирони Худанд худдорй кардааст.

Зикри ин нукта ба маврид аст, ки Возех, оид ба рузгори баъдинаи баъзе шоирони х,авзаи адабии Ху^анд ба монанди Зох,ид, Хошк,, Касрат ва Хидлат маълумот додаст. Тавзех,и ин нукта он аст, ки Фазлй аз рузгори шоирон то он замоне маълумот додааст, ки хукумати Амир Умархон чараён дошт ва худ низ дар кдйди х,аёт буд. Баъди вафоти Амир салтанат ба дасти иисараш Мух,аммадалихои гузашт. Аммо дар замоин хукмропии ин иодшох, вазъи зиндагии баъдии баъзе шоирон чигуна будааст, дар тазкираи Фазлй зикр нашудааст. Аз ин 1(их,аг Возех,, ки ба вазъи баъдии ду-се шоир ишорае кардааст, добили истикбол аст. Чунон ки у дар бораи рузгори баъдинаи Зох,ид чунин ёд кардааст:

«Зох,ид - ба номи худ тахаллус менамояд. Аслаш аз Хукдпд, алх,ол дар Бухоро дар силки бандагони фалакиштибох,и мунтазам ва ба амали мирохурй сарафрозиву ифтихор ёфта ва аз ва^х,и мирзой ва иншонависй андак ба вуцуф ва ба шоирй машх,ур. Гох,е ароизи ах,воли худро ба либоси назм дароварда, манзури назари анвори мулозимони дарбори niox,aiiiiiox,fl гардонида, ба матлаби худ фоиз мегардад. Ба Faiïp аз ин фард аз у шунида нашуд (5,87).

Аз ин маълумот равшан аст, ки Зох,ид баъд аз интих,ои салтанати Амир Умахон ба Бухоро омада, дар ин до игпюли вазифа кардааст. Аммо маълум нест, ки ин шоир баъди марги Амир Умархон ба Бухоро омадааст ё шох,и Бухоро х,ангоми тасарруфи Худанд дар кдюри дигар шоирон Зох,идро х,ам ба Бухоро мадбуран овардааст. Дар асл ба гах,к,ик,и сабаб ва таърихи ба Бухоро омадани ин ё он шоир мо коре надорем. Аммо зикри ин нукта далел бар он аст, ки Возех, маълумоти тазкираи Фазлиро ба андозаи них,оят кам х,ам бошад такмил бахшидааст. Вале дар бештари маврид чунин ба назар мерасад, ки Возех, дар бораи шоирони х,авзаи адабии Худанд маълумоти Фазлиро бо андак ихтисор ва бидуни тозагй мавриди корбурд к,арор додааст. Ин нуктаро аз намунаи ашъори шоирон, ки дар тазкирах,о мавдуданд пай бурдан мумкин аст. Намунаи ашъори 16 нафар шоири х,авзаи адабии Хуцан, (, ки дар

тазкираи Фазлй омадааид, дар тазкираи Возех, такрор шудааид. Ба таври мисол чаид иамуиа меорем: Аз тазкираи Фазлй: Амир

Чаман аз сабза дорад ранги рухсори нигор аз хат, Риёзихусни цононрост айёми бах,ор аз хат. (6,289) Бех,дат

Дар куцо мех,ри ту аз суб^и нщоб ояд бурун, Аз дилих,ар зарра чандин офтоб ояд бурун. (6, 362) Х,оз1щ

Х,ар гах, навиштаам зи лаби лаъли ёр хат, Гардидаастх,амчу хаташмушкбор хат... (6,295) Рамзй

То б а гулгашти чаман он гулъузор омад бурун, Наргис аз шабнам ба чашми ашкбор омад бурун.

(6, 360)

Риндй

Шаб чу о^амдар хаёли лаъли ёр омад бурун, Ч$ши ашк аз дидаам гавцарнисор омад бурун.

(6, 360)

Фазлй

То нщон шуд он ба рух чун офтоб аз чашми май, Рехт анцум^ои ашки бщисоб аз чашми ман. (6,355) Гулханй

Гриё аз нарда акси pfH ёр омад бурун, Ашкишодй аз рах,и мижгон цатор омад бурун.

(6, 361)

Нола

Аз чаман то сарви ман гулгунсавор омад бурун, Дар инонигардироци f ба^ор омад бурун, (б, 357) Касрат

То ба гашти бог он гулгунсавор омад бурун, Гул ба нешидидаи булбул чу хор омад бурун... (6, 365) Дар тазкираи Возех, х,амин газалх,ои шоирон дар сах,фах,ои 25, 36, 56, 86, 87, 137, 153, 178, 153 омадаанд.

Х,амин гари к, аз мутолиаву мукоисаи тазокири мавриди иазар ва омузнши маводи фарогири онх,о равшан мегардад, ки аз 75 шоири дар тазкираи Фазлй зикршуда 16 нафари онх,о дар тазкираи Возех, муаррифй шудааид. Дар мавриди шоирон Зох,ид, Хозик;

Касрат ва Хидлат Возех, иисбат ба Фазлй маълумоти иав овардааст, ки рузгори баъдинаи шоиронро пас аз салтанати Амир Умархон дар бар мегирад. Х1амчуннн миёии ин газкирах,о тафовути сохторй, мухдавой, фикрй, адабй ва забонй вудуд дорад, ки зикр кардем.

Бояд гуфт, ки арзишу ах,амияти ин тазкирах,о цабл аз х,ама дар он аст, ки мо ба василаи маълумоти м^ътамади ин газкирах,о оид ба шоирони ду х,авзаи адабии Мовароуниах,р, вазъи адабй, шоирони сох,ибдевон, корбасти анвон адабй, назирагуй, шоирони дузабона ва г. ошной пайдо мекунем. Зеро бештари ахбори оих,о х,осили мусох,иба ва муоширатн чудогона бо шоирони замой мебошад, ки арзиши сарчашмавии онх,оро афзун мекунад. Илова бар ин маълумоти тазкираи Фазлй, ки родеъ ба шоирони х,авзаи адабии Х$^анд додааст, аз чониби Возех, мавриди пазириш ва корбаст царор гирифтааст. Баёии ин нукта зарур аст, ки тазкираи Возех, давоми маитгщии тазкираи Фазлй буда, маълумоти он дар шинохти шоирони бисёри х,авзаи адабии Бухоро ах,амияти балаидро сох,иб аст. Агар тазкираи Фазлй аз вазъи шеъру шоирй ва ашхоси адабии Худанд ва гирду атрофи он маълумот дих,ад, тазкираи Возех, мух,ити адабии Бухороро бо п уй мекунад. Зеро бисёре аз шоироианд, ки дар тазкираи Фазлй зикр шудаанд, аммо Возех, аз онх,о ёд накардаст ё шоироне, ки бештар таваччук,и Возехро далб кардаанд, аз назари Фазлй дур мондаанд. Аз ин лих,оз дар ом^зиши адабиёти тодик дар х,авзах,ои гуногуии Мовароуинах,р ин тазкирах,о маводи якдигарро такмил медих,анд. Таъкиди ин нукта мух,им аст, ки дар мукоиса иазируфтани ин тазкирах,о х,аргиз паст иамудани арзишу ах,амияти яке ё мух,им шуморидаии маълумоти дигаре иабуда, балки ба ин васила мутолиа ва гах,к,и к, и бештари ин гуна сарчашмах,ои мух,ими адабиёти асрх,ои ХУ111- Х1Х-И то^ик мебошад.

ПАЙНАВИШТ

1. Ах,мад Гулчини Маонй. Таърихитазкирах,ои форси. Ч,илдх,ои 1-2 Тех,рон, 1363

2. Ёдгори умр. ^илди 2.-Худанд: Нури маърифат, 2003

3. Нак;авй С. Тазкиранависии форси дар Х,инду Покистон.-Тех,рон, 1966 (1383 х,.^. // 1363 х,.ш.)

4. Неъматзода Т. Возех,. - Душанбе, 1967

5. Рах,матуллох,и Возех,. Тух,фату-л-ах,боб фй тазкирату-л-асх,об. Матни инт1щодй ва муцаддимаву тасх,ех,и Асгар Ч,онфидо.-Душанбе: Дониш, 1977

6. Фазлии Намангонй. Мадмуат-уш-шуаро.-Тошканд, 1900

7. Х,одизода Р. Адабиёти тодик дар нимаи дуюми асри XIX. Душанбе, 1967

Сопоставительный анализ двух важнейших источников («Маджмуату-ш-шуаро» Фазлй Намангонй и «Тухфату-л-ахбоб» Возеха Бухорои)

Э. Раджабов

Ключевые слова: история таджикской литературы XIX века, традиция, сочинения жанра "тезкире", "Маджмуату-ш-шуаро" Фазлй Намангонй и "Тухфату-л-ахбоб" Возеха Бухорои

Статья посвящена сопоставительному анализу особенностей структуры и содержания двух важнейших литературных источников истории таджикской литературы XIX века «Маджмуату-ш-шуаро» Фазли(1822) и «Тухфату-л-ахбоб» Возеха (1872). Анализ двух тезкире, имеющих временной интервал почти в 50 лет и написанных в разных литературных центрах Мавераннахра - в Коканде и Бухаре - показывает, что они имеют структурные, содержательные, литературные и стилевые отличия. Выявление и анализ этих отличий имеет большое значение в исследовании литературной жизни Мовераннахра XIX века.

Тезкире Фазлй и Возеха оказали значительное влияние на возрождение традиции составления литературных антологий, которая, как известно, была прервана почти на сто лет после написания тезкире Малехо Самарканди (ХУПв.)

Автор статьи выявляет и комментирует ряд принципиальных различий между двумя тезкире. Подчеркивается что труд Фазлй Намангонй послужил одним из источников тезкире Возеха.

Comparative Analysis of two most Important Sources ("Madjmuatu-sh-Shuaro" by Fazli Namangoni and "Tukhvatu-l-Akhbob" by Vozekh Bukhoroi)

E.Rajabov

Key words: history of the Tajik literature of the XIX-th century, tradition, tezkire compositions, "Madjmuatu-sh-sliuaro",by Fazli Namangoni "Tukhvatu-l-akhbob " by Vozekh Bukhoroi)

The article presents a comparative correlative analysis of the peculiarities concerned with the structure and contents of two most important literary sources of the XIX-th centuries: "Madjmuatu-sh-Shuaro",by Fazli (1822) and "Tukhvatu-l-Akhbob " by Vozekh (1872). The analysis of two tezkires whose temporal span makes up 50 years and which were written in different literary centres ofMaverannakhr - Kokand and Bukhara - shows that they have non-similar structural, content-literary and stylistic distinctions. Elucidation and analysis of the latters is of great importance in the exploration ofMax'erannakhr literary life of the XIX-th century.

Tezkires of Fazli and Vozekh exercised a considerable sway over the revival of the tradition related to the composition of literary anthologies interruptedfor almost hundred years after Malekho Samarkandi s tezkire (1691).

The author of the article finds a number of principle distinctions between two tezkires and comments on them. He lays an emphasis upon the fact that Fazli Namangoni s work sen'ed as one of the sources for Vozekh s tezkire.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.