Научная статья на тему 'АНДЕШАЊО ДОИР БА РУШДИ МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛЇ ВА МУЌОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНЇ'

АНДЕШАЊО ДОИР БА РУШДИ МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛЇ ВА МУЌОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
11
3
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
мафкура / миллат / давлат / дин / дунявият / демократия / мафкураи миллї / давлати миллї / сиёсисозї / озодии виљдон. / идеология / нация / государство / религия / секуляризм / демократия / национальная идеология / национальное государство / политизация / свобода совести.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Холиќзода А. Ѓ., Шосаидзода Ш. Ш.

Муаллифони маќолаи мазкур бо истифода аз сарчашмањо ва адабиёти илмї кўшиш кардаанд, то роњњои пешгирї аз суиистифодаи ѓаразноки дин бо маќсадњои сиёсиро, ки дар замони љорї ба омили асосии рушди экстремизму терроризм ва падидањои дигари хатарнок табдил ёфтааст, муайян кунанд. Бинобар њамин, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон принсипи дунявиятро њамчун асоси сиёсати давлатї эълом намудааст, ки тибќи он њељ як мафкура наметавонад дар љомеа ба њайси як идеологияи яккањукмрон вуљуд дошта бошад. Ба ибораи дигар, дар давлати демократию дунявии њуќуќбунёд, намояндагону пайравони њама гуна мафкурањо, дину мазњабњо, њизбњои сиёсї, иттињодияњои љамъиятию гурўњњо ва ќишрњои иљтимої њамчун узви як љомеаи ягонаи миллї, њуќуќу вазифањои баробари шањрвандї доранд ва њељ яке аз онњо бар дигарон бартарият надорад. Аз ин нуќтаи назар, мафњуми «мафкураи миллї» мафњуми куллї мебошад, ки њама гуна мафкурањои дар љомеа мављудбударо дар бар мегирад. Мафкураи солими миллї аз тариќи бо њам созиш кардану ба манфиатњо ва арзишњои миллию давлатї мутобиќ шудани мафкурањои гуногуне, ки дар љомеа мављуданд, ташаккул меёбад. Дар маќола бархе масъалањои марбут ба ташаккули мафкураи солими миллї тањлилу баррасї шуда, дар ин замина тавсияњои мушаххас пешнињод шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REFLECTIONS ON THE DEVELOPMENT OF A HEALTHY NATIONAL IDEOLOGIES AND COUNTERACTION TO RELIGIOUS EXTREMISM

Используя источники и научную литературу, авторы статьи попытались выявить пути предот-вращения злоупотребления религией в политических целях, ставшего основным фактором раз-вития экстремизма, терроризма и других опасных явлений. История человечества, как в про-шлом, так и в настоящем ясно и неопровержимо доказывает, что распад государств и их глубо-кие социальные кризисы часто являются результатом монополизации политики той или иной одной идеологией. Поэтому Конституция Республики Таджикистан провозглашает в качестве основы государственной политики принцип светскости, согласно которому никакая идеология не может существовать в обществе как монопольная идеология. С этой точки зрения термин «национальная идеология» является общим термином, включающим в себя все идеологии, су-ществующие в обществе. Здоровая национальная идеология формируется путем примирения и приспособления различных идеологий, существующих в обществе, к национальным и государ-ственным интересам и ценностям. В статье анализируются некоторые вопросы, связанные с формированием здоровой национальной идеологии, и даются конкретные рекомендации в свя-зи с этим.

Текст научной работы на тему «АНДЕШАЊО ДОИР БА РУШДИ МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛЇ ВА МУЌОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНЇ»

ТДУ 342.7

АНДЕШАХР ДОИР БА РУШДИ МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛЙ ВА МУЦОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНИ

РАЗМЫШЛЕНИЯ О РАЗВИТИИ ЗДОРОВОЙ НАЦИОНАЛЬНОЙ ИДЕОЛОГИИ И ПРОТИВОДЕЙСТВИЯ РЕЛИГИОЗНОМУ ЭКСТРЕМИЗМУ

REFLECTIONS ON THE DEVELOPMENT OF A HEALTHY NATIONAL IDEOLOGIES AND COUNTERACTION TO RELIGIOUS EXTREMISM

Холик.зода A.F. Kholikzoda A.G.

Профессори кафедраи %уцуци инсон ва ^уцуцшиносии муцоисавии факултети ^уцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон,

доктори илмуои ^уцуцшиносй Профессор кафедры прав человека и сравнительного правоведения юридического факультета Таджикского национального университета, доктор юридических наук Professor of the Department of Human Rights and Comparative Law of

the Law Faculty of the Tajik National University, Doctor of Juridical Sciences

Шосаидзода Ш.Ш. Shosaidzoda Sh.Sh. Ёрдамчии директори Маркази исломшиноси дар назди Президенти Цум^урии Тоцикистон, номзади илмуои ^уцуцшиносй Помощник директора Центра исламоведения при Президенте Республики Таджикистан, кандидат юридических наук Assistant to the Director of the Center for Islamic Studies under the President of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences

Ихтисоси илми: 12.00.02 - Хукуки конститутсионй; х,у;ук;и мурофиаи судии конститутсионй; танзими хукукди х,окимияти махдллй.

Научная специальность: 12.00.02 - Конституционное право; право конституционного судебного процесса; правовое регулирование местной власти.

Scientific specialty: 12.00.02 - Constitutional law; constitutional litigation; legal regulation of local authorities.

Такртдщанда'. Каримзода У.К. - муовини сардори факултети № 2-юми Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмх,ои хукукшиносй, подполковники милитсия.

Рецензент: КАРИМЗОДА У.К. - заместитель начальника факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, подполковник милиции.

Reviewer: KARIMZODA U.K. - Deputy head of faculty No. 2 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences, lieutenant colonel of militia.

Аннотатсия: Муаллифони мак;олаи мазкур бо истифода аз сарчашмах,о ва адабиёти илмй кушиш кардаанд, то рохдои пешгирй аз суиистифодаи гаразноки дин бо мак;садх,ои сиёсиро, ки дар замони чорй ба омили асосии рушди экстремизму терроризм ва падидах,ои дигари хатарнок табдил ёфтааст, муайян кунанд. Бинобар хдмин, Конститутсияи

E-mail:

[email protected]

E-mail:

[email protected]

Чумхурии Точикистон принсипи дунявиятро хамчун асоси сиёсати давлатй эълом намудааст, ки тибки он хеч як мафкура наметавонад дар чомеа ба хайси як идеологияи яккахукмрон вучуд дошта бошад. Ба ибораи дигар, дар давлати демократию дунявии хукукбунёд, намояндагону пайравони хама гуна мафкурахо, дину мазхабхо, хизбхои сиёсй, иттиходияхои чамъиятию гуруххо ва кишрхои ичтимой - хамчун узви як чомеаи ягонаи миллй, хукуку вазифахои баробари шахрвандй доранд ва хеч яке аз онхо бар дигарон бартарият надорад. Аз ин нуктаи назар, мафхуми «мафкураи миллй» мафхуми куллй мебошад, ки хама гуна мафкурахои дар чомеа мавчудбударо дар бар мегирад. Мафкураи солими миллй аз тарики бо хам созиш кардану ба манфиатхо ва арзишхои миллию давлатй мутобик шудани мафкурахои гуногуне, ки дар чомеа мавчуданд, ташаккул меёбад. Дар макола бархе масъалахои марбут ба ташаккули мафкураи солими миллй тахлилу баррасй шуда, дар ин замина тавсияхои мушаххас пешниход шудаанд.

Вожауои калиди: мафкура, миллат, давлат, дин, дунявият, демократия, мафкураи миллй, давлати миллй, сиёсисозй, озодии вичдон.

Аннотация: Используя источники и научную литературу, авторы статьи попытались выявить пути предотвращения злоупотребления религией в политических целях, ставшего основным фактором развития экстремизма, терроризма и других опасных явлений. История человечества, как в прошлом, так и в настоящем ясно и неопровержимо доказывает, что распад государств и их глубокие социальные кризисы часто являются результатом монополизации политики той или иной одной идеологией. Поэтому Конституция Республики Таджикистан провозглашает в качестве основы государственной политики принцип светскости, согласно которому никакая идеология не может существовать в обществе как монопольная идеология. С этой точки зрения термин «национальная идеология» является общим термином, включающим в себя все идеологии, существующие в обществе. Здоровая национальная идеология формируется путем примирения и приспособления различных идеологий, существующих в обществе, к национальным и государственным интересам и ценностям. В статье анализируются некоторые вопросы, связанные с формированием здоровой национальной идеологии, и даются конкретные рекомендации в связи с этим.

Ключевые слова: идеология, нация, государство, религия, секуляризм, демократия, национальная идеология, национальное государство, политизация, свобода совести.

Annotation: Using sources and scientific literature, the authors of this article tried to identify ways to prevent the abuse of religion for political purposes, which has become the main factor in the development of extremism, terrorism and other dangerous phenomena. The history of mankind, both in the past and in the present, clearly and irrefutably proves that the collapse of states and their deep social crises are often the result of the monopolization of politics by one ideology or another. Therefore, the Constitution of the Republic of Tajikistan proclaims the principle of secularism as the basis of state policy, according to which no ideology can exist in society as a monopoly ideology. From this point of view, the term "national ideology" is a general term that includes all the ideologies that exist in society. The formation of a healthy national ideology is a priority for any independent nation-state. A healthy national ideology is formed by reconciling and adapting the various ideologies that exist in society to national and state interests and values. The article analyzes some issues related to the formation of a healthy national ideology, and gives specific recommendations in this regard.

Key words: ideology, nation, state, religion, secularism, democracy, national ideology, nation state, politicization.

ММафкураи солими миллй бояд гизои комили маънавй чихати хифзи ис-тиклолияти сиёсй, миллй, давлатй ва то-загии боварй дар мукобили он тахдиду хатархое, ки ба вучуди миллати сиёсй им-

кони латма заданро дорад, омода намояд. Мафкураи миллй мисли организми зиндаи иттиходи сиёсй, инъикосгари розу ниёзи мардум буда, неруи маънавии исто-дагарй ба ин гуна зухуроти номатлубро

хамчун хучайрахои ичтимоии зинда мукобили бемории сироятй дар ниходи халк ташаккул медихад. Организми зиндаи давлат, ки дар мафкураи солими миллй инъикоси худро пайдо менамояд, бояд дар таркиби худ гизои маънавии со-лимро хамчун сипар («антителла») дошта бошад.

Замони нав дар баробари омузиши дин ба манфиатхои молй, даст ба сиёси-созии дин, ифротгароии дин ва дигар омилхои нобоби гайриахлокй нисбат ба эътикод задааст, ки хама ба нуктаи олу-дасозии дин ва эътикод ба манфиатхо ва нафси инсонй печидааст. Механизмхои химоя аз ин хатархо дар ниходи динхо таърихан вучуд доранд. Бинобар он, имруз як кисмати бузурги масъулияти химоя аз ин хатархо бар души худи дин-дорон аст. Онхо бояд андешахои солими диниро ба мукобили олудагихои ифротй дуруст рохандозй намуда тавонанд. Ин холат албатта, давлати дунявию демо-кратй ва ниходи назоратгару танзимгари онро чихати хифзи арзишхои эътикодй бетараф гузошта наметавонад. Зеро давлати демокративу дунявй на танхо хукуку озодихои эътикодиро эълон менамояд, балки барои зухури арзандаи онхо шароит фарохам меорад, инчунин шакли дурусти ифодаю татбики ин хукуку озо-дихоро дар доираи талаботи конститут-сия ва конунхо дар пахнои манфиатхои умумиллй назорат менамояд. Дар ин ма-сир хам накши таъсиррасонии хукукй ва хам мафкуравй аз чониби аъзо ва субъ-ектхои ичтимоию сиёсй бенихот бузург аст.

Мухаккики шинохтаи илми хукуки исломй Л.Р. Сюкияйнен дуруст таъкид мекунад, ки «Тахдиди фарогири имруз чун терроризми байналмилалй низ танхо тавассути васоити харбию техникй, молй ва технологй пешгирй нахохад шуд. На камтар аз ин воситахо бояд асосхои мафкуравй ва гоявй ногузир истифода гар-данд. Дар мавриди радикализми мусул-монй бояд ба таълимотхои дурусти ахлокй, инсонгарой ва маънавии ислом ру оварда, чунин идеологияхои фасодо-варро хунсо сохт» [9].

Дар ин чода адабиёти ниёгон ва осори мутафаккирони гузаштаи мо наму-на ва арзандааст.

Мурочиат ба афкори сиёсию хукукй ва фалсафию чамъиятии ниёгон, омузиши таълимоти мутафаккирону факехони тахаммулгарои асримиёнагии точик на танхо барои халли мушкилоти зикршуда, инчунин барои ташаккули шуури солим ва истиклоли фикрии мухаккикони чавон низ мусоидат намуда, ба онхо имконият медихад, ки дар хифз ва рушди мафкураи солими миллй сахмгузор бошанд. Маколаи мазкур кушише дар ин самт буда, дар он мо тасмим гирифтем, ки дар бораи роххои рушди мафкураи солими миллй ва муковимат бо як катор падидахои номатлубу хатарноки динй-сиёсии олами ноором андеша ва мулохизахои худро баён кунем.

Тавре ки маълум аст, инкишофу тараккиёти устувори чамъиятию иктисодии хар як чомеаи миллй, чй дар гузашта ва чй дар замони хозираю оянда, аз дарача ва сатхи инкишофи шууру мафкураи миллй, вучуди нерухои солими зехнию аклонй ва тавонмандй бо истифода аз тачрибахои пешинаю муосири фархангй дар халли мушкилоту масоили гуногуни ичтимой вобаста мебошад. Чомеа шакли таърихан ташаккулёфтаи иттиходи инсонхост, организми зинда ва фикркунанда мебошад ва муносибати он бо олами атроф ва талаботи замону макон дар асоси гояхо, принсипхо, арзишхо, хостахо ва ормонхое ташаккул меёбад, ки аслан макулаи «мафкура»-ро дар кунгураи назару дидгоххои барномавию хукукй ташкил медиханд.

Дар хар як давру замон дар назди чомеа талабот, тахдидхо, хатархо, манфиатхо, максадхо ва вазифахое меистанд, ки онро ногузир ба коркарди мафкура мачбур месозанд. Агар мафкураи чомеа ба талаботи замон мувофик набошад, чомеа аз замона акиб мемонад. Аз ин лихоз, барои хамкадами замона шудани чомеа мафкураи он бояд ба таври мунтазам тачдид ва такомул ёбад. Аз чониби дигар, вобаста аз гуногунии таркиби чомеа, дар он мавчуд

будани гуруххо, синфхо ва табакахои гуногуни ичтимой, этникй, динй, сиёсй, хеч як мафкура наметавонад ба хайси як мафкураи ягонаи хукмрон пазируфта шавад. Бо хамин далел, дар пахнои давлати демократй мавчудияти танхо як мафкураи тагйирнопазири хумкрон имкон надорад. Аммо ин ба хеч вачх маънии дар сатхи давлатй напазируфтан ё кабул накардани гояю андешахои созандаи ин ё он мафкураро надорад. Баръакс, ба инобат гирифтан ва кабул кардани дидгоху андешахои созандаи ичтимой ва сиёсй, ки дар ин ё он мафкура вучуд доранд (хох он мафкураи динмехвар бошад, хох мафкураи хирадмехвар), дар баробари инкори хокимияти тому тоталитарии хамон мафкура, имконият медихад, ки хамаи мафкурахои дар чомеа мавчуд рисолати бехтару мувофиктарро озодона ба осиёби амалкардхои сиёсй ва хукукй пешниход намоянд.

Ин муборизаи озоди мафкуравй дар зинаю даврони муайяни инкишофи чомеа хох нохох дар атрофи арзишхои воло ба вукуъ меояд ва миллату давлатро дар мачмуъ муттахид менамояд. Чунин навъи муттахидкунй дар мачмуъ мафкураи созандаи давлатро дар замони муайян муаррифй менамояд. Аммо

тагйирнопазирии мафкура бо санъати созандагию навоварии миллати сиёсй ва талаботи вокеии макону замон вобастагй дорад. Ба хотири хифзи хамин тагйирпазирии дискурсивии гояи созандаи миллат вобаста ба вазъият, Конститутсияи Чумхурии Точикистон монополияи як мафкураро инкор менамояд, аммо хатари шубха ва тахдидхоро эхсос карда, тагйирнопазир будани чумхурият, демократия, дунявият ва як силсила арзишхои дигари мехварии сиёсии худро эълон намудааст. Ва ин холат инкори вучуди мафкураи созанда дар чомеаи рушдкунанда комилан набуда, балки инкори хокимияти ноодилонаи як мафкура берун аз талаботи чомеа аст.

Дар баробари ин, Конститутсия ракобати озоди мафкурахоро дар пахнои чомеаи зиндаи рушдкунанда эълон

намуда, рохи эътироф ва таъмини мафкураи солими оммаро дар шароитхои муайян эълон доштааст. Яъне, мафкураи солими гурух ва ё хизбе то он замоне ки ба хадафу манфиатхои стратегии миллат ва давлат чавобгу аст, вай пуштибонй ва хифз мегардад. Зеро он имкони чавхари мафкураи солими чамъият буданро дар шароитхои муайян касб менамояд ва то зинаи мафкураи давлати миллй баромад намуданро пайдо менамояд, вале онро то ба «мафкураи давлатй»-и тагйирнопазир расидан рох намедихад. Пас, мафкура дар сатхи муайян чойиз мегардад, вале аз сатх, ки баромад, даъво ба мутлакият ва ягонагию хукмронй намуд, у худ садди рохи рушди акл, чомеа ва миллат мешавад. Махз хамин холати охиринро Конститутсия манъ менамояд. Аз ин хотир, он мафкурае, ки сифатхои оммавиятро касб карданй мешавад, чй кадаре ки вобаста ба шароит ва ба манфиатхои аслии миллату давлат мувофик бошад, ба хамон андоза давлату миллат кудратмандтар мегардад. Агар ин мафкура хар кадаре, ки ба арзишхои бегонаю ифротй бештар такя намояд, ба хамон андоза холати миллати сохибдавлат осебпазир мегардад.

Яъне, сухан дар бораи хамон мафкурахое меравад, ки дар ракобати озод мавкеи халкунандаро дар шароити муайян касб карданй мешаванд. Дар шароити имрузаи чахонишавй, ки бархурди тамадунхоро ба вучуд овардаасту дунявй будан давлатхо хусусияти умумичахонй пайдо намудааст, ин тамоюл тамоми чомеаи Точикистони сохибихтиёрро низ фаро гирифтааст ва гояву арзишхои он аз чониби давлат хамеша хифз карда мешавад.

Шаходати ин таъкидхои пайвастаи Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон мебошад: «Бо кабули Конститутсия майлу иродаи халки Точикистон оид ба эъмори давлати демокративу хукукбунёд ва дунявию ичтимой, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтихони чиддие буд, муайян гардид... Рохи интихобкардаи халки Точикистон

сохтмони чомеаи демократа, хукукбунёд, дунявй ва ичтимой мебошад. Мо ин рохро бебозгашт интихоб кардем» [6].

Дар фазой хукукии мо, чун анъана, суиистифодаи арзишхои динй ва махлутсозии он бо сиёсат ва муборизахои сиёисозй илова бар таззоди сохибихтиёрии халкй ва давлатй тачрибаи талх дорад. Ин тахдид то хануз дар мувофикат бо сатхи пасти шуури хукукй ва сиёсии баъзе афроди чомеа аз рузномаи мафкураи сиёсии иддае аз хангоматалабон дур нашудааст. Аз ин хотир, моро зарур аст, ба безараргардонии чавхари нерубахши ин суиистифодабарй, ки ба манфиати миллат ва давлат нест, чораандешй намоем. Чавхар ва махаки ин хамоиши маънавй ва фикрй тахаммулгарой ва

хамдигарфахмист.

Дар ин росто, хар шахрванди мусулмон ва диндори ин кишвар бояд дарк намояд, ки дин ва эътикод кори шахсии хар инсон буда (моддаи 26-и Конститутсияи Чумхурии Точикистон), олудасозии он бо сиёсат ва гаризахои шахсию гурухй дар асоси талаботи дунявияти конститутсионй (талаботи моддаи 1-и Конститутсияи Чумхурии Точикистон) катъиян пешгирй мегардад. Асли дин ва имон - на кудратталабй ва иштирок дар муборизахои сиёсист, балки эътикод ба Худои якка ва ягона, ба малоикахои он, китобхои осмонй, паёмбарони он, ба рузи киёмат ва казову кадар ва хаёти пас аз марг (зинда гардонидани баъд аз марг) аст. Бинобар ин, хар касе, ки эътикоду имонро ба муборизахои сиёсй ва манфиатноки молй олуда месозад, вай хам ба дин ва хам ба конуни адли умум хиёнат менамояд.

Тавре С.Н. Макаренко кайд менамояд, «мутобики принсипи дунявият муносибати давлатро нисбати тамоми динхо тибки асосхои баробар, инчунин муносибати бетарафона ва бегаразонаи онро хам нисбати чахонбинии бединй (атеиста) ва хам чахонбинии динй ифода менамояд. Робитахои давлат ва калисо бояд хамчун ду институти аз хамдигар мустакил дар асоси чудо намудани иттиходияхои динй аз хокимияти оммавй

ва тобеияти онхо ба конунхои дар давлат амалкунанда ташкил карда шаванд» [2, с. 42-43].

Падар ва пешвои миллати хинд -Махатма Ганди, ки яке аз тарафдорони акидаи давлати дунявй ва маъруфтарин пешвои харакати озодихохии миллй ва бузургони дини хиндуия дар арафаи бадастории истиклолияти Х,индустон аст, гуфта буд: «Ман касами вафодорй ба дини худ хурдаам. Ман ба марг аз барои вай хозирам. Аммо ин кори шахсии ман аст. Давлат ба ин хеч муносибате надорад. Давлат дар бораи некуахволии дунявии шумо, саломатии шумо..., муносибатхои хоричй, асъор ва гайра гамхорй мекунад, на дар мавриди дини ману шумо. Ин - ташвиши шахсии хар шахс аст» [8, с. 354-656]. Аммо, мутаассифона, имруз гуруххои манфиатчу мафкураи диниро ба максади расидан ба хадафхои сиёсии худ хамчун аслихаи нишонрас истифода бурда истодаанд. Дар натичаи чунин сиёсисозии сунъй ва гаразнок, суиистифодаи дин барои ноил шудан ба манфиатхои сиёсй ва дунявй, мафкураи динй нуксон мепазирад ва шууру эътикоди динии мардум хусусияти ифротй мегирад.

Давлат дар масири таърих аз каъри пур аз печидагию олудагихои нафсонй ва манфй хамчун фарзанди баркамоли сиёсат убур карда, вобаста ба шароит, барои такмили худ, хамсони хиради инсонй, навъхои зухури шоистаро чустучу мена-мояд ва бо гузашти айём рузгори пешини худро инкор карда, шаклу усулхои навро кабул менамояд, аммо динхои имрузаи чахонй, ки колаби худро дар мафкураи пайравони худ устувор кардаанд, зотан (аз ин ислохоти даврй аз бисёр чихат махруманд), ё ба чунин ислохот ва ман-фиатталабй ниёз надоранд. Лоик нест, ки дар ин чараён ба таъмири дин даст зада, он дар майдони сиёсат берун аз таъиноти аслиаш ба яроки сиёсй ва мунокишаба-рангезй табдил дода шавад. Ин холат ба мохият ва чавхари ахлокй ва эътикодии дин созгор нест. Дуруст аст, ки вобаста ба шароитхои таърихй дар даврахои гуногун вобаста ба заруратхо, динро сиёсй карда-анд, вале ин тачриба ба талаботи имрузу

фардои давлатхои миллй мувофик ва соз-гор нест. Зеро давлати миллй худ кафилу мухофизи озодихои эътикодист. Озодша-вии дин аз чанги хурофот ва аз махлут-шавиаш бо сиёсат хам ба манфиати дину хам давлат аст. Ин чараёнро тачрибаи динхои чахонй бамаротиб собит сохта-анд.

Пас, хифзи тозагй ва беолоиш нигох доштани арзишхои динй аз хама гаризахо дар пахнои боварии ботинй ба сони арзишхои умда, ки дар сарчашмахои аслии динй борхо таъкид шудааст, бехтарин воситаи хифзи муназзамии хаёти фардй ва ичтимой аст. Димояи ин тозагй аслан бар ухдаи давлат не, балки бар ухдаи худи мардуми диндор аст ва давлат барои ин танхо шароит фарохам меорад. Давлати демократй ба озодихо таъсир намерасонад, балки барои зухури онхо шароит фарохам меорад, пахнои онхоро бо конун мукаррар менамояд ва масъулияти атрофро барои риояи онхо таъмин месозад.

Таърих гувох аст, ки дар хама давру замонхо вобаста аз шароити мавчудбуда хизбу харакатхои сиёсй ва ё гуруххои алохидаи ичтимой ба хотири расидан ба хадафхои худ ба раванди хаёти чомеа таъсири назаррас мегузоранд. Давлат ва низоми одилонаи идораи он дар хар давру замон тавассути фарзандони асили миллат чихати химояи рохи дурусти давлатдорй кушиши химоя намудан аз ин качравихо мекарданд. Масалан, давраи давлатдории Сомониён, гурухои ман-фиатчу бо истифода аз мафкураи динии чомеа, кушиши химояи манфиатхои гурухии худро намуда, як фазои носолим-ро ба вучуд оварданд, дар Бухоро, Самарканд, Балх, Марв ва дигар шахрхои азим тухми фитнаю нифок кишта шуд. Нух ибни Наср (943-954) тамоми уламои Мовароуннахрро чамъ карда, фармуд то, мазхаби рост ба тарики суннат ва чамо-атро, ки вокеияти Ислом ва холй аз унсурхои итфротию нифокбарангез бошад, баён кунанд [1].

Вазъи мафкураи сиёсии давлати Со-мониён мураккаб гардида, аксарияти одамон ба мазхабхои мухталиф ру овар-да, мардум чихати масъалахои чузъй ба

бахсу мнозирахо кашида шуда, фазои но-мусоиди диниро эчод карданд. Барои ис-лохи ин нуксу хато ва солиму комил гар-донидани мафкураи динй ахли илму маърифатро зарур буд, то асли исломро ба халк фахмонанд. Бинобар ин, бо дастури Нух ибни Насри 2 Абулкосим Хдкими Самаркандй ва дигар олимони замона муваззаф шуданд, ки китоберо дар боби мазхаби дурусти бобой эчод намоянд. Дар натича китоби машхури «ас-Савод-ул-аъзам» ва чандин китобхои дигар дар доираи таълимоти мазхаби ханафй бо хосияти вижаи фахми фикхи мовароуннахрй ба нашр расонида шуд. Ин рисолати эчоди асархои мукаммали динй дар доираи талаботи мазхаб ва та-лаботи чомеа садди рохи фитнаи динй ва нифоки аъзои чомеа гашта, тухми тахам-мулу муросоро миёни пайравони динхои гуногун кишт кард.

Бояд тазаккур дод, ки дар даврони шуравй, хизби коммунистй, ки бо мафкураи марксистии худ ва ё ба истилох «идеологияи коммунистй» дар сари кудрат карор дошт, тамоми пахлухои рузгори мардумро зери назорат ва таъсири пурра гирифта, бо ваъдаи зиндагии шоиста ва баробарии хама дар тамоми сохахои ичтимой худшиносй ва хувияти миллии халкхоро костаю заиф намуда буд. Ин махдудияту тундравии мутлаки гояе низ бо мурури замон ба мафкураи миллати мо таъсири манфй расонида, рохи озодшавии мафкураро аз чолишхои мухталиф то хадде мушкил кард. Кор то чое ба кавли Макиавелли расид, ки халки аз махдудияти комили фикрй озодшуда дар ибтидо озодии фикриро хифз карда натавонист: «Барои мардуми вайроншудае, ки озодиро ба даст овардааст, хеле душвор аст, ки озод бимонад» [3, с. 370-371]. Бинобар ин, миллати точик аз ифротгароии мафкуравии коммунистй рахо наёфта, кисме аз мардум дар огози истиклоли давлатй бинобар надоштани хисси худшиносии миллй гирифтори мафкураи сиёсигардони динй гашт.

Баъзе шахсиятхои сиёсй ва зиёиёне, ки зери таъсири мафкураи коммунистй зиндагиву фаъолият мекарданд ва хисси

худшиносиашон коста гардида буд, чойгохи андешаи миллиро дар мафкураи давлатй холй гузоштанд. Хдмин фазо ва зарфияти маънавии холиеро, ки ба иллати очизии мафкуравии зиёиён ва донишмандон дар мафкураи чомеа ба миён омада буд, шахсони кудратхох ва рухониёни кудратталаб бо арзишхои манфиатхохона аз номи дин пур намуда, давлатро гирифтори чанги шахрвандй намуданд, ки паёмадхои он хочат ба шарх надорад. Вале, бояд икрор шуд илму дониш ва саводе, ки низоми шуравй ба мардуми Точикистон дод, дар хамохангй бо коди генетикии тахаммулгароии миллат ва хизматхои содиконаи Пешвои миллат тавонист яке аз омилхои муассири махкам кардани дарвозаи фитнаи динию нифоки шахрвандй низ гардад. Аммо бо вучуди ин, дигаргун шудани фазои мафкуравй ва ташаннучи сиёсии ба вучуд омада, дар сохтори идораи давлатй калавишхои мафкуравиро руи кор овард.

Махз хамин холигии мафкуравй ва ноустувории хокимияти сиёй боис гардид, ки дар хаёти чомеа чараёни носолиму манфиатхох шиддат гирифта, динро хам-чун восита барои ба максад расидан ис-тифода бурданд. Сиёсисозии дин чунон авч гирифта буд, ки дар бисёр холатхо мардуми ом мохият ва таъйиноти ахлокии умумиинсонии динро дуруст дарк карда наметавонистанд, зеро гуруххои манфиатхоху кудраталаб меъёрхои шаръиро тагйир дода, онхоро ба хадафхои худ созгор гардонида бу-данд.

Дар шароити имруза ин масъала тамоман шакли дигар гирифтааст, зеро пойдории асосхои анъанавии чомеа, хоса хифзи амнияти мафкуравй ва пойдории сохти конститутсионии Чумхурии Точикистон хамчун давлати сохибихтиёр, демократа, хукукбунёд, дунявй ва ягона, аз мафкураи созандаии миллат вобастагй дорад.

Имруз бахси мавриди назар он аст, ки кадом мафкура метавонад ба мукобили сиёсисозии дин ва нобоварии чомеа ба арзишхои миллй бошад, то ки пеши рохи чунин равандхои носолиму гаразнок гирифта шавад ва дар баробари

ин хисси бегонапарастию манфиатхохй, ки баъзе шахсон тавассути суиистифода аз мафкураи динй дар чомеа ба вучуд оварданд, аз байн бурда шавад. Ба андешаи мо, танхо рушду нумуи мафкураи миллй метавонад, пеши рохи хар гуна гароишоти бегонапарастй ва динситезиро дар чомеа гирад.

Махз ба ин хотир, Пешвои миллат соли 2015 дар назди ахли зиёи мамлакат вазифа гузошта буданд, ки «...бо максади муайян ва мушаххас намудани роху равиши хаёти ичтимоиву иктисодии кишвар ва самтхои асосии инкишофи мафкураи миллй аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатхои давлати миллй Консепсияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2050 тахия карда шавад» [7]. Зеро худшиносии миллй ва мафкураи миллй барои давлатхои шаклан демократию мазмунан миллй воситаи чиддй ва мехварии дифои истиклолияти фикрй ва сохибихтиёрии давлатист. Давлати демократию хукукбунёд махз дар заминаи арчгузорй бо арзишхо ва фарханги миллй забон ва эътикоди миллат, унсурхои зербинои маънавии худро дар хамохангй бо иродаи сиёсй ва хукукии халки муайян устувор намуда, хамчун иттиходи сиёсии мустакил дар сиёсати дохилй ва хоричй миллати муайянро муаррифй менамояд [9].

Худшиносии миллй падидаест, ки хусусиятхои рухиву равонии афроди чомеа, дарачаи шинохти маком ва накши таърихию сиёсии миллат - шуури таърихй ва шинохти чойгохи худ дар тамаддуни чахонй, ташаккули ифтихору гурури созандаи миллиро дар худ инъикос мекунад.

Худшиносй кутбнамоест, ки моро ба суйи асолати миллй рахнамой карда, бароямон рохи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорй, расидан ба рузгори ободу осуда ва чомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад [11].

Худшиносии миллй аз дидгохи худшиносии сиёсй, пеш аз хама, эхсосу дарки зарурати вахдат ва якпорчагии обу хок ва марзу буми миллй, эхсоси

пайванди байни афроди чомеа, дарки зарурати иттифок, хамбастагй, хамчун як нафси вохид, чун як тану як чон аст. Ин шинохти вахдат дар натичаи эхсоси ягонагии сарнавишти таърихию фархангии манфиатхои иктисодй ва гайра муяссар хохад шуд. Он хам ба шарте ки дар чомеа адолати ичтимой ва рафохию осоиштагй хукмрон бошад [12]. Худшиносии миллй иборат аз шинохти мавкеи таърихии худ, мавкеи имруза ва ояндаи миллати худ хамчун узви чудонашавандаи чомеаи чахонй аст. Рушди худшиносии миллй гарави бакои миллат, воситаи мухимми пешгирии хатари азхудбегонашавии миллат мебошад. ^абл аз хама, лозим аст, ки афроди миллат ва равшанфикрони он хамин холату вазъияти азхудбегонагй, фалокатзадагй, худбохтагии чомеаи худро дарк кунанд ва барои аз байн бурдани ин холат пешниходу тавсияхои зарурии илмию амалиро матрах созанд [11].

Дар шароити имрузаи давлатдории миллй, роху усули эхёи худшиносй дар Точикистон зиёд мебошад, ки яке аз онхо бунёди кохи мухташами мафкураи миллй аз тарики миллисозй ва аз худ кардани арзишхои инсондустонаи динй мебошад.

Мафкураи миллй - хамчун як ни-зоми том, дорои сохтори хеле мураккаб аст. Дарчанд ин низом мохият ва мазмуни махсуси худро дошта бошад хам, вале он аз доираи арзишхои умумиинсонй берун буда наметавонад. Он дар асоси ма-фхумхои илмхои ичтимой-гуманитарй тахия шуда, аз онхо босамар истифода мебарад. Дама гуна мафкура, алалхусус мафкураи миллй, мачмуи акидаю тасав-вуроти фалсафй, сиёсй, иктисодй, таърихй, хукукй, ахлокй, фархангй, эсте-тикй ва динй мебошад, ки манфиати муа-йяни давлати миллиро ифода намуда, фаъолияти чамъиятиро чихати татбики онхо рохнамой месозад.

Азбаски мафкура низоми муайяни акида ва гояхо мебошад, дар он дар асоси манфиат муносибати одамон ба вокеияти ичтимой, иктисодй ва сиёсй, инчунин, нисбат ба хамдигар дарк ва бахогузорй мешавад. Бинобар ин, ба сифати шаклхои

зохирии ифодаёбии он як зумра таълимо-ту консепсияхои ичтимой-сиёсй баромад мекунанд. Мафкураи миллй, новобаста аз он ки дар шакли як таълимоти бонизом ба кайд гирифта мешавад ё дар намуди гояхои парешон ва мухталиф кобили кабул мегардад, бояд ба сифати таълимо-ти бонизом ва максаднок шакл гирад ва рушду нуму ёбад [10].

Дар давлати демократию дунявии хукукбунёд, намояндагону пайравони хама гуна мафкурахо, дину мазхабхо, хизбхои сиёсй, иттиходияхои чамъиятию гуруххо ва кишрхои ичтимой хамчун узви як чомеаи ягонаи миллй, хукуку вазифахои баробари шахрвандй доранд ва хеч яке аз онхо бар дигарон бартарият надорад. Аз ин нуктаи назар, мафхуми «мафкураи миллй» мафхуми куллй мебошад, ки хама гуна мафкурахои дар чомеа мавчудбударо дар бар мегирад. Бунёди мафкураи солими миллй вазифаи аввалиндарачаи хар як давлати сохибистиклоли миллй махсуб мешавад. Мафкураи солими миллй аз тарики бо хам созиш кардану ба манфиатхо ва арзишхои миллию давлатй мутобик шудани мафкурахои гуногуне, ки дар чомеа мавчуданд, ташаккул меёбад.

Мафкурахо, хусусан, мафкураи миллй дорои конунияти хосси инкишофи худ мебошад. Дама гуна сохтори мафкуравй мафхум ва гояхоро, ки дар дин, илм, санъат, фарханг, тамаддун, таърих, хукук, ахлок ва гайра мавчуданд, дар шакли назариявй ба низом дароварда, ба онхо рушду нумуи хос мебахшад.

Бояд эътироф кард, ки камбудию нокомихои фазои мафкураи динй ва миллй дар чахони ноором агар аз як чониб, натичаи дасисахои абаркудратхо ва суиистифодаи арзишхои динй бошад, аз чониби дигар, натичаи дар шароити нави сиёсй дуруст ба рох намондани корхои таблиготй чихати расидан ба мархилахои олии худшиносй, сатхи ноустувори мафкуравии чомеа, ба хусус насли чавон дар давлатхои миллист. Махз чавонон аз хар роху воситахо тавассути магзшуихо ба харакатхои ифротй

гирифтор гашта, ба осиёби ноороми мунокишахои мазхабй об мерезанд.

Чун душманони миллат ру ба фирефтани чавонони мо намудаанд, мо бояд ин пахноро аз назари мафкуравй хифз намоем. Дур шудани чавонон аз мехнат, аз машгулиятхои варзишй, санъат ва дигар чорабинихои дастачамъонаи созанда онхоро на танхо аз чониби душманони миллат гофилгир менамояд, ин холат дар навбати худ боиси зухури хувияти ноустувор ва халалдор шудани мувозинат байни унсурхои хувиятсоз дар чомеа мегардад. Сатхи пасти маорифи динй дар кишвар фазоеро фарохам овардааст, ки ба афкори чомеа, алалхусус ба чахонбинии чавонон, равияхо ва фиркахои тундгарои динй-идеологй таъсири манфй расонанд. Мухайё кардани шароити мусоид барои интихоби рохи дурусти зиндагй, аз худ кардани илму донишхои муосир, касбу хунархои замонавй ва пайдо кардани чойгохи арзандаи худ дар чомеа ба чавонон имкон медихад худро аз тахочуми мафкурахои гайр эмин доранд. Бинобар ин, зарурати тахияи барномахои муштараки касбомузии чавонон, дастгирии сохибистеъдодон, ташкили ракобати озоди бозори мехнат, чалби чавонони донишманд ва поквичдон ба хизмати давлатй ва бехтар кардани низом ва сифати таълим дар муассисахои таълимй хеле мухим аст.

Бинобар хамин, хамзамон, бо тарбия ва бедор намудани раванди худшиносй, муайян кардани чойгохи давлатдории навини точикон чихати хидмат ба Ватану миллат ва фахмонидани окибатхои гаразхои нопоку

бегонапарастии манфиатхохон низ зарур аст. Зеро ин чорахо барои баркарор гаштани рисолати маънавию ахлокии дин

ва тахкиму тавсеаи накши он дар тарбияи ахлокии чомеа мусоидат хоханд кард.

Дар асоси гуфтахои боло, таъкид намудан зарур аст, ки интихобу эътикоди динй ичборй нест. Дар ин нукта мо яке аз аз аломатхои аслии динро, ки хосияти ичборй надоштани он аст, эхсос менамоем. Дар киболи давлат, тарзе мебинем, дин дар кадами аввал ва асли худ хосияти ичбориро касб намекунад, вале баъдан ба он хокимони давру замон ва онхое, ки аз номи дин баромад мекунанд, ин аломатро зам карда, тафовути дину давлатро бардоштанй мешаванд ва ин амал ба махлутнамоии функсионалии онхо мусоидат менамояд. Аз ин кор тарзе тачрибаи Аврупо ва Осиё шаходат медихад, хам давлату хам дин осеб мебинанд.

Дарки дурусти ичборй набудани дин барои дарки мохияти гайрисиёсии дин ва ва муносибати он бо давлат мусоидат мекунад. Зеро давлат ва хокимияти давлатй бо мачбурияти хукукй комат меафрозад. Крнунхо агар хатмй ва ичборй нашаванд ва моддахои махсуси онхо чавобгариро дар шаклхои вокей пешбинй нанамояд, он гох низому тартиб ва муттахидии чомеа аз байн меравад. Давлат ба хотири таъмини адолати ичтимой мачбур аст, ки мачбуриятро чорй намояд. Тантанаи адли додгохи илохй дар он аст, ки озодии ихтиёрро эълон, эътироф ва татбик менамояд. Аммо давлат, хамзамон, бо кабули конунхо ва мукаррар кардани меъёру коидахо чихати рияи шудани онхо мачбуркунии хукукиро пешбинй менамояд, зеро агар рафтори одамон ба коидахо мувофик нагардад, тартиботи чамъиятй аз байн меравад ва адолату амнияти ичтимой махв мешавад.

Адабиёти истифодашуда

1. Абулкосим какими Самаркандй. Ас-Саводу-л-аъзам / Бо тахрир, тасхех ва тахкики умумии Ф. Бародзода, С. Шахобиддинов, Р. Азизй, М. Начодзода. - Душанбе: «Андалеб-Р», 2016.

- 248 с.

2. Макаренко, С.Н. Проблемы реализации принципа светского государства в Российской Федерации / С.Н. Макаренко // Известия Южного федерального университета. Технические науки.

- № 9-2. Том 64. 2006. - С. 41-44.

3. Макиавелли, Н. Государь. - М.: Общественные науки, 2010. - 556 с.

4. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон - Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи самтхои асосии сиесати дохилй ва хоричии Чумхурии Точикистон» // Минбари халк, 27-уми январи с. 2021, №4 (1298).

5. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилию хоричии Точикистон дар соли 2022», Душанбе, 21.12.2021 // [Манбаи электронй]: Речаи дастрасй: http://www.president.tj/ru/node/19089#kushoniyon (санаи мурочиат 21.10.2022).

6. Рахмонов, Э. Истиклолияти Точикистон ва эхёи миллат. Чилди 6. - Душанбе: «Ирфон», 2006. - 544 с.

7. Рахмон Эмомалй. Суханронй дар мулокот бо зиёиёни мамлакат аз 19-уми марти с. 2015 // [Манбаи электронй]: Речаи дастрасй: http://www.president.tj/ (санаи мурочиат 21.10.2022).

8. Сотиволдиев, Р.Ш. Проблемахои назарияи давлат ва хукук: китоби дарсй барои муассисахои тахсилоти олии касбй / Р.Ш. Сотиволдиев. - Душанбе: Империал-Групп, 2005. - 847 с.

9. Сюкияйнен, Л.Р. Исламское право и диалог культур в современном мире: монография / Л. Р. Сюкияйнен. - М.: Высшая школа экономики, 2021. - 688 с.

10. Холикзода A.F. Мафкураи миллй ва хукук: монография / A.F. Холикзода. - Душанбе: «ЭР-граф», 2021. - 588 с.

11. Худшиносии миллй // [Манбаи электронй]: Речаи дастрасй: https://andesha.tj/index.php/tj/afkor/ilm/742-khudshinQsii-mill (санани мурочиат 25.08.2021).

12. Шосаидзода, Ш.Ш. Масъалахои хукукии худшиносии миллй ва истик лолияти давлатй. Истиклолияти давлатй ва эхёи арзишхои миллй / Ш.Ш. Шосаидзода // Мачмуаи Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносй» дар назди Президенти Чумхурии Точикистон // Зери тахрири д.и.х., профессор Холикзода A.F. - Душанбе: «ЭР-граф», 2021. - 268 с.

References

1. Abul Qasim Hakim of Samarkand. As-Sawadu-l-Azam / Edited, corrected and general research by F. Barodzoda, S. Shahobiddinov, R. Azizi, M. Najadzoda. - Dushanbe: "Andaleb-R", 2016. - 248 p.

2. Makarenko, S.N. Problems of implementation of the prindple of a seralar state in the Russian Federation / S.N. Makarenko // Proœedings of the Southern Federal University. Te^nkal sdenœ. - No. 9-2. Volume 64. 2006. - Р. 41-44.

3. Ma^iavelli, N. Sovereign. - M.: Sodal sdenœs, 2010. - 556 p.

4. Message of the President of the Republk of Tajikistan - Honorable Leader of the Nation Emomali Rahman to the Supreme Assembly of the Republk of Tajikistan "On the main dirertions of the internal and foreign polky of the Republk of Tajikistan" // Minbari Halq, January 27, p. 2021, No. 4 (1298).

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

5. Message of the President of the Republk of Tajikistan Emomali Rahmon to the Supreme Assembly of the Republk of Tajikistan "On the main dire^ions of the domestk and foreign polky of Tajikistan in 2022", Dushanbe, 21.12.2021 // [Екс^отс source]: Aœess mode: http://www.president. tj/ru/node/19089#kushoniyon (date of applkation 21.10.2022).

6. Rahmonov, E. The independenœ of Tajikistan and the revival of the nation. Volume 6. -Dushanbe: "Irfan", 2006. - 544 p.

7. Rahmon Emomali. Spee^ at the meeting with the œuntry's intelle^^ls from March 19. 2015 // [Ele^ron^ source]: Aœess mode: http://www.president.tj/ (date of aœess 21.10.2022).

8. Cotivoldiev, R.Sh. Problems of the theory of state and law: a textbook for students of higher eduœtion / R.Sh. Sotivoldiev. - Dushanbe: Imperial - Group, 2005. - 847 p.

9. Sukiyainen, L.R. Islams law and the dialogue of Stures in the modern world: monograph / L. R. Syukiyainen. - M.: Higher S^ool of Eœnomks, 2021. - 688 p.

10. Khaliqzoda A.G. National ideology and law: monograph / A.G. Kholikzoda. - Dushanbe: "ER-graf", 2021. - 588 p.

11. National self-awareness // [Ele^ron^ source]: Aœess mode: https://andesha.tj/index.php/tj/afkor/ilm/742-khudshinosii-mill (aœessed 08/25/2021).

12. Shosaidzoda, Sh.Sh. Legal issues of national self-awareness and state sovereignty. State independenœ and revival of national values / Sh.Sh. Shosaidzoda // Collection of the State Institution "Islam^ Studies Center" under the President of the Republk of Tajikistan // Under the editorship of D.I.H., Professor Khaliqzoda A.G. - Dushanbe: "ER-graph", 2021. - 268 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.