Научная статья на тему 'АМАЛИГАРДОНИИ МУҚАРРАРОТИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ «ИҚТИСОДИ САБЗ»: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО'

АМАЛИГАРДОНИИ МУҚАРРАРОТИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ «ИҚТИСОДИ САБЗ»: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
стратегияи рушд / тағйирёбии иқлим / иқтисоди сабз / захираҳои табиӣ / газҳои гулхонаӣ / маҳсулоти ниҳоӣ / корхонаҳои саноатӣ / рақамикунонии иқтисодиёт / технологияҳои муосир / инкишофи неруи инсонӣ / маҳсулоти ватанӣ / имкониятҳои содиротӣ. / стратегия развития / изменение климата / зеленая экономика / природные ресурсы / парниковые газы / конечная продукция / промышленные предприятия / цифровизация экономики / современные технологии / развитие человеческого потенциала / отечественные продукты / экспортные возможности.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Давлатзода А. Д.

Дар мақолаи мазкур самтҳои асосии ва амалигардонии стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ба роҳ мондани технологияҳои муосир дар саноат ва истеҳсолот, даст кашидан аз истифодаи маҳсулоте, ки партовҳои зиёд, хусусан газҳои гулхонаӣ доранд, бо мисоли возеҳ оварда шудааст. Ҳамзамон дар мақола ташаббусу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ба масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обию табиии кишвар таваҷҷуҳи махсус менамоянд оварда шудааст. Инчунин гуфта шудааст, Иқтисоди сабз иқтисодиётест, ки барои нигоҳ доштани некӯаҳволии ҷомеа тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин таъмини баргардонидани маҳсулоти ниҳоӣ ба давраи истеҳсолот равона шудааст, мусоидат мекунад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по экономике и бизнесу , автор научной работы — Давлатзода А. Д.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

IMPLEMENTATION OF THE PROVISIONS OF THE GREEN ECONOMY DEVELOPMENT STRATEGY: PROBLEMS AND PROSPECTS

В данной статье наглядно представлены основные направления и реализация стратегии развития «зеленой экономики» в Республике Таджикистан с учетом внедрения современных технологий в промышленности и производстве, отказа от использования продуктов с высоким уровнем выбросов, особенно парниковых газов. Одновременно в статье приводятся инициативы и действия Основателя мира и национального единства, Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона, которые постоянно уделяют особое внимание охране и эффективному использованию водных и природных ресурсов страны. Также было сказано, что зеленая экономика это экономика, направленная на поддержание благосостояния общества за счет эффективного использования природных ресурсов, а также на обеспечение возврата конечной продукции в производственный цикл.

Текст научной работы на тему «АМАЛИГАРДОНИИ МУҚАРРАРОТИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ «ИҚТИСОДИ САБЗ»: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

УДК: 338.22

АМАЛИГАРДОНИИ МУКАРРАРОТИ СТРАТЕГИЯМ РУШДИ «ИКТИСОДИ САБЗ»: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Давлатзода АД.

Аннотатсия: Дар мацолаи мазкур самт%ои асосии ва амалигардонии стратегияи рушди «ицтисоди сабз» дар Цум^урии Тоцикистон бо назардошти ба ро% мондани технологищои муосир дар саноат ва исте%солот, даст кашидан аз истифодаи ма%сулоте, ки партов%ои зиёд, хусусан газ%ои гулхонаи доранд, бо мисоли возе% оварда шудааст. Хамзамон дар мацола ташаббусу ицдом%ои Асосгузори сул%у ва%дати милли, Пешвои миллат, Президенти Цум^урии Тоцикистон му%тарам Эмомали Ра%мон, ки пайваста ба масъалаи %ифз ва истифодаи самараноки захира%ои обию табиии кишвар таваццу%и махсус менамоянд оварда шудааст.

Инчунин гуфта шудааст, Ицтисоди сабз - ицтисодиётест, ки барои ниго% доштани некуа%волии цомеа тавассути истифодаи самараноки захира%ои табии, инчунин таъмини баргардонидани ма%сулоти нщой ба давраи исте%солот равона шудааст, мусоидат мекунад.

Калидвожахр: стратегияи рушд, тагйирёбии ицлим, ицтисоди сабз, захира%ои табии, газ%ои гулхонаи, ма%сулоти нщой, корхона%ои саноати, рацамикунонии ицтисодиёт, технологиями муосир, инкишофи неруи инсони, ма%сулоти ватани, имконият%ои содироти.

Барои ицтибос: Давлатзода, А. Д. Амалигардонии муцаррароти стратегияи рушди «ицтисоди сабз»: мушкилот ва дурнамо /А. Д. Давлатзода //Паёми молия ва ицтисод. - 2024. - N0. 3(42). - С. 444-451.

РЕАЛИЗАЦИЯ ПОЛОЖЕНИЙ СТРАТЕГИИ РАЗВИТИЯ «ЗЕЛЕНОЙ ЭКОНОМИКИ»: ПРОБЛЕМЫ И ПЕРСПЕКТИВЫ

Давлатзода А.Д.

Аннотация. В данной статье наглядно представлены основные направления и реализация стратегии развития «зеленой экономики» в Республике Таджикистан с учетом внедрения современных технологий в промышленности и производстве, отказа от использования продуктов с высоким уровнем выбросов, особенно парниковых газов. Одновременно в статье приводятся инициативы и действия Основателя мира и национального единства, Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона, которые постоянно уделяют особое внимание охране и эффективному использованию водных и природных ресурсов страны.

Также было сказано, что зеленая экономика - это экономика, направленная на поддержание благосостояния общества за счет эффективного использования природных ресурсов, а также на обеспечение возврата конечной продукции в производственный цикл.

Ключевые слова: стратегия развития, изменение климата, зеленая экономика, природные ресурсы, парниковые газы, конечная продукция, промышленные предприятия, цифровизация экономики, современные технологии, развитие человеческого потенциала, отечественные продукты, экспортные возможности.

IMPLEMENTATION OF THE PROVISIONS OF THE GREEN ECONOMY DEVELOPMENT STRATEGY: PROBLEMS AND PROSPECTS

Davlatzoda A.D.

Annotation. This article clearly presents the main directions and implementation of the strategy for the development of the "green economy" in the Republic of Tajikistan, taking into account the introduction of modern technologies in industry and production, the rejection of the use of products with high emissions, especially greenhouse gases. At the same time, the article presents the initiatives and actions of the Founder of Peace and National Unity, the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan, the respected Emomali Rahmon, who constantly pay special attention to the protection and effective use of the country's water and natural resources.

It was also said that the green economy is an economy aimed at maintaining the well-being of society through the efficient use of natural resources, as well as ensuring the return of final products to the production cycle.

Keywords: development strategy, climate change, green economy, natural resources, greenhouse gases, end products, industrial enterprises, digitalization of the economy, modern technologies, human development, domestic products, export opportunities.

Гузориши масъала. Дар назди чамъияти инсонй масъалахои дастгирии суръати баланди тараккиёти иктисодй бахри баланд намудани некуахволии ахолй ва кохиш додани таъсири манфй ба мухити атроф меистанд, ки бевосита ба самтхои татбики иктисодиёти сабз инъикос ёфтаанд. Бо баробари пайдоиши муаммохои глобалй ва гузариш ба донишхои нави илмй зарурат дар коркарди консепсияи махсус ба миён меояд, ки кобилияти ба ходисахои муосир чавобгу бошанд. Дар ин росто консепсияи рушди устувор хамчун хадафи умумии пешрафти ичтимой-иктисодй дар тамоми дунё баромад мекунад. Ч,оиз ба кайд аст, ки консепсияи рушди устувор барои ташаккулёбии иктисодиёти сабз заминаи асосй ба хисоб меравад.

Тахлили тадкикотх,ои охир ва нашрияхо. Тахкики масъалахои вобаста

амалигардонии стратегияи рушди «иктисоди сабз» дар таълифоти илмии иктисоди ба монанди: Исайнов Х., Алиджанова С.А. ва дигарон мавриди омузиш карор дода шудааст.

Максади макола ин омузиши стратегияи рушди «иктисоди сабз» мебошад.

Пешниходи маводи асосй. Чумхурии Точикистон дорои захирахои бойи «иктисоди сабз» дар сохаи энергетика, кишоварзй, истехсоли махсулоти аз лихози экологй тоза мебошад. «Иктисоди сабз» яке аз самтхои муосири илми иктисод мебошад, ки солхои охир таваччух ба он беш аз пеш меафзояд. Коршиносон мегуянд, ки «иктисоди сабз» дар оянда хама сохахоро фаро мегирад. Аз чумла, дар сохаи кишоварзй ба чои нурихои минералй истифодаи нурихои органикй (поруи чорвою паранда, пусидаи хазону пасмондаи рустанихо), ба чои захрхимикатхо усули биологии химояи зироат, бунёди гармхонахои офтобй, ба рох мондани усули катрагии обёрии зироат, захира намудани оби

барфу борон дар мавзеъхои камоб дорои манфиати зиёди иктисодию экологй мебошанд.

Иктисоди сабз - иктисодиётест, ки барои нигох доштани некуахволии чомеа тавассути истифодаи самараноки захирахои табий, инчунин таъмини баргардонидани махсулоти нихой ба давраи истехсолот равона шудааст. Пеш аз хама, иктисоди сабз ба истифодаи иктисодии ин захирахое, ки холо ба талафи (маъданй - нафту газ ва ангишт) дахл доранд ва истифодаи окилонаи захирахои беталаф ба назар мерасанд. Дар маркази иктисоди сабз - ин технологияи тоза ё сабз ба хисоб меравад. Тибки иттилои коршиносон, рушди иктисоди сабз ба кишвархои чахон имкон медихад, ки бухрони экологие, ки аллакай характери глобалй пайдо кардааст то андозае паст намояд.

Бояд кайд намуд, ки Чумхурии Точикистон дар рохи рушди «иктисоди сабз» кадамхои устувор гузоштааст. Тавре маълум аст, бо шарофати энергетикаи обй Точикистон миёни кишвархои ИДМ аз чихати истехсоли неруи барки тоза чои аввалро мегирад. Дар ин рох бо ташаббуси Хукумати Чумхурии Точикистон тачдиду сохтмони неругоххои обй идома дошта, ба наздикй дар чумхурй истехсоли электромобил, электробус ва

электротроллейбус огоз мегардад, ки идомаи мантикии сиёсати хукумат дар рохи рушди «иктисоди сабз» мебошад.

Иктисоди сабз яке аз самтхои муосири илми иктисод буда, тайи ду дахсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшхои дигари иктисод, ки аз чузъхои табиати мухити атроф вобастагй доранд, баррасй мешаванд. Аз ин ру, солхои охир ибораи иктисоди сабз вирди забони олимон, сиёсатмадорон, мухаккикон ва

мутахассисони сохахои хифзи мухити зист, кишоварзй, энергетика, иктисод ва хоказо мечархад. Консепсияи иктисоди сабз гояхои мухталифи улуми иктисод ва фалсафа, аз

чумла иктисоди феминистй, иктисоди захиравй, иктисоди экологй, иктисоди мухити зист, постмодернистй,

зиддиистеъмолот, мукобил ба чахонишавй, анархияи сабз, сиёсати сабз ва назарияи муносибатхои байналмилалиро дарбар мегирад. Х,амин аст, ки барои амикан ифода кардани иктисоди сабз то хануз фахмиши ягонаю умумй вучуд надорад.

Айни замон чомеа мохияти ибораи иктисоди «сабз»-ро ба маънохои мухталиф фарк мекунад. Гурухи аввал чунин мехисобанд, ки ин сохаи нави иктисод буда, табиати мухити зистро бехтар мегардонад. Тарафи дуюм ин ифодаро хамчун технологияи нав ва як навъи экосистема, ки ба кумаку фоидаоварй ба табиат даъват мекунад, мефахманд. Гурухи сеюм чунин мепиндоранд, ки он мархилаи нави гузариши рушд буда, максади асосиаш истехсоли махсулоти аз чихати экологй тоза аст. Дар мачмуъ, иктисоди сабз ба технология тоза ё «сабз» асос ёфтааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки солхои охир мушкилоти экологй характери глобалй пайдо карда, ба яке аз мавзуъхои асосии сиёсати байналмилалй табдил ёфтааст. Ахолй ва истеъмолот меафзояд ва ба хифзи мухити зист чандон ахамият дода намешавад. Ин ба афзоиши истехсолот, партовгоххои нав ва паст шудани сифати зиндагй оварда мерасонад. Ва барои аз байн бурдани чунин хатархо, СММ дар солхои 70-80-уми асри гузашта, консепсияи рушди устувор - бидуни зарар ба наслхои ояндаро ба тавсиб расонидааст. Стратегияи рушди иктисоди сабз бори аввал аз тарафи конфронси байналмилалй оид ба рушди устувори иктисодй ва мухити зист соли 1992 дар Бразилия (Рио-де-Жанейро) ва соли 2002 дар Африкои Чанубй (Йоханнесбург) кабул карда шуд, ки барои ташаккулёбии иктисодиёти сабз асос гузоштааст.

Маврид ба ёдоварист, ки максади Стратегияи мазкур- гузаронидани ислохоти

дастурй, таъмини истифодаи самараноки сармояи табий, чалби сармоягузорй, рохдндозии технологияи муосиру

инноватсионй ва тах,кими хдмкории байналмилалй дар самти «ицтисоди сабз» мебошад. Амалй намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар сох,ах,ои ицтисодиёт, суботи ичтимой, мувозинати экологй ва баланд бардоштани сатх,и некуах,волии мардуми Точикистон мусоидат менамояд. Татбици хддафу вазифах,ои Стратегия дар доираи маблагх,ои бучети чумхуриявй, институтх,ои молиявй, шарикони рушд, бахши хусусй ва дигар манбаъх,ои маблаггузорй, ки цонунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад. Х,ачми маблаггузории «Стратегияи рушди «ицтисоди сабз» дар Чумхурии Точикистон барои солх,ои 20232037» 21586,3 млн сомониро пешбинй намудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо мацсади рушди «ицтисоди сабз», мутобицшавй ба тагйирёбии ицлим, кам кардани партовх,ои газх,ои гулхонай, истифодаи самараноки захирах,ои табий ва чалби сармояю технологиями каммасраф «Стратегияи рушди «ицтисоди сабз» дар Чумхурии Точикистон барои солхои 20232037» цабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди татбиц царор мегирад.

Тибци тахлилхои коршиносони соха Чумхурии Точикистон аз лихози партови газхои гулхонай дар мицёси чахон чои 135 -ро ишгол намуда, дар байни кишвархои Осиёи Марказй дар зинаи охирин царор дорад, яъне аз хама камтар ба атмосфера газхои гулхонай мепартояд, вале мутаассифона, аз хама бештар зарар мебинад. Дар ин росто саволе ба миён меояд, ки чаро Точикистон аз раванди тагйирёбии ицлим бештар хисорот мебинад? Ин раванд бештар ба чойгиршавии мавцеи чугрофии Точикистон марбут аст, зеро кишвари мо дар минтацае доман густурдааст, ки дар самти

чанубу шарцаш Чин -бузургтарин кишвари саноатии чахон чойгир шудааст ва бо саноати пешрафтааш дунёро тасхир намудааст. Дар самти гарбии Точикистон давлатхои аврупой ё кишвархои пешрафтаи чахон, ки бо ицтидори бузурги саноатиашон дар чахон чойгох,и шоиста касб кардаанд, мавцеъ доранд, ки дар онх,о коркард, истехсол ва саноати мухталиф хеле рушд кардаанд. Инчунин аз лихози чойгиршавии чугрофй ин табиат аст, зеро харакати хар як хавои атмосферй хам ба самти кишвари мо меояд ва хам аз самти давлати мо ба дигар чониб мевазад. Дар ин росто ба кишварамон хангоми ворид шудани хавои гарбй ва чанубй он бо худ хдвоеро ворид месозад, ки аз партовхои газхои гулхонаие, ки дар давлатхои хамсоя ва дигар кишвархои саноатй истехсол, коркард ва партов мешаванд, вориди Точикистон мегарданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо мацсади расидан ба хадафхои Стратегияи рушди «ицтисоди сабз» чихдти бунёди неругоххои барцй аз хисоби манбаъхои барцароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба хдчми на кам аз 1000 мегаватт расонидани ицтидорхои алтернативии истехсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захирахои офтобиву бодй тадбирхои амалй андешида шаванд. Дар робита ба амалисозии лоихахои сохтмони хатти интицоли барци CASA-1000 ва азнавпайвастшавй ба низоми энергетикии Осиёи Марказй барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт - соат афзоиш додани содироти неруи барц тадбирхои таъхирнопазир андешида шаванд. Корхо дар самти гузариш ба тачхизоти каммасрафи барцй дар иншооти ицтисодиву ичтимой ва истехсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барц аз чониби ахолй тацвият бахшида шаванд.

Бо амалисозии тадбирхои зикршуда соли 2032 истехсоли барц дар кишвар пурра

аз хисоби манбаъхои баркароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (холо 98 фоиз), дар ин замина аз руйи меъёрхои байналмилалй то соли 2037 партови газхои гулхонай то хадди нихой кохиш дода мешавад. Яъне Точикистон хамчун давлати пешсафи чахон дар самти инкишофи «иктисоди сабз» соли 2037 вокеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Мушкилоти экологии умумичахонй хеле зиёданд, сарфи назар аз ин, хадди акал хар сокини саёра оид ба масъалахои экологй ва таъсири онхо ба шароитхои иктисодй, ичтимой, иклимй, гидроэнергетикй, географй, гидрологии чахонй андешахои хоси худро дошта бошад. Ин масоилро олимони намоёни сохахои мухталифи илм ба ду омилхои ба хам алокаманд тагйирёбии иклим ва ифлосшавии мухити зист таксим намудаанд.

Иктисодиёти сабз ба мавзуи асосии мубохиса барои форумхои мухими байналмилалии сатхи баланд табдил ёфтааст. Х,амин тарик, масъалахои рушди «сабз» хамчун стратегияи рушди устувори минтакаи Осиё ва хавзаи укёнуси Ором, махсусан истифодаи окилонаи захирахо, кохиши карбон ва рушди устувори шахрхо дар самти истифодаи энергияи сабз дар истехсоли махулот ва коммуникатсияи наклиётй самтхои калидй ба шумор меравад.

Се принсипи асоси иктисоди сабз мавчуд мебошад:

- арзёбй ва нишон додани хадамоти табий дар сатхи миллй ва байналмилалй;

- таъмини шугл тавассути таъсиси чойхои кории сабз ва тахияи карорхои сиёсии мувофик;

- истифодаи механизмхои бозор барои ноил шудан ба рушди устувор.

Аз принсипхои мазкур бар меояд, ки дар айни замон, чомеа ба таври мухтасар ифодаи «Иктисоди сабз» - ро дарк менамоянд. Баъзехо боварй доранд, ки ин бахшхои нави иктисодиёт табиати кишварро бехтар мегардонанд. Дигарон ин изхоротро хамчун

технологияхои навй, як намуди экосистемахо, ки барои расонидани кумак ба табиат офарида шудаанд, мефахманд. Ва баъзехо чунин мешуморанд, ки ин гузариш ба мархилаи нави рушд аст, ки максади он фарохам овардани шароити экологй мебошад. Имруз, 40% инноватсияхои чахонй аз хисобй «Иктисоди сабз» буда, 20 фоизи онро неруи барк ва самаранокии энергия, ки омили асосии иктисоди сабз аст ташкил медихад. Неруи энергетикй на танхо барои ракобатпазирй ва бехатарй, хамчун гармй ва сабукй истифода мешавад ва барои 50 фоиз аз партовхои ифлоскунанда ва 70 фоизи газхои гармидихандаро паст менамояд. Яъне, сатхи шиддатнокии энергетикй бо таркиби мухити иклими зист ва иктисодиёти миллй муайян карда мешавад. Модели пештараи иктисодй захирахои фарогирро ба харочоти зиёд оварда мерасонад ва самаранокии махсулотро кохиш дода сабаби зиёд шудани хавфхои экологй, норасоии экологй ва нобаробарии ичтимой гардида бухронхои давомдорй иктисодиву молиявиро бабор меоварад. Ва дар нихоят идеяи модели нави «Иктисоди сабз», ки дар он бехбудии моддй аз таъмини рушди устувори чомеа мебошад, ташаккул меёбад.

Дигар масъалаи мухиме, ки имруз мавриди таткикоти доимй карор дорад, ин тагйирёбии иклим ва хатари таъсири манфии глобалй ва минтакавй баъзе мавзуъхои махали чахон ба хисоб мераванд. Ахамияти ин тахкикот ва тадбирхо барои мутобик шудан ба мушкилоти тагйирёбии иклим мебошад. Объекти асосии тагйирёбии иклим ин гузариш ба иктисодиёти сабз ва манбаъхои алтернативй мебошад.

Тагйирёбии иклим яке аз масъалахои глобалии замони муосир ба шумор рафта, он сабаби дар гушаю канори чахон ба амал омадани офатхои табий, аз кабили босуръат обшавии пиряххо, обхезихои бесобика, туфону гирдбодхои халокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолй бинобар боришоти кам ва дигар зухуроти фалокатбори

гидрометеорологй гардида, ба захирахои обию гидроэнергетикй, солимии чомеа ва амнияти озуцавории давлатхо таъсири манфй мерасонад. Дар ин росто, Хукумати Чумхурии Точикистон тахти рохбарии Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба масъалаи хифз ва истифодаи самараноки захирахои обию табиии кишвар таваччухи махсус зохир менамояд.

Яке аз сабабхои асосии тагйирёбии ицлим дар чахон ба афзоиши партовхои газхои гулхонай марбут мебошад, ки аз руи мушохидахо ва пешгуии олимон ин раванд солхои охир идома ёфта истодааст. Донишмандон раванди зухури тагйирёбии ицлимро дар сайёраи замин асосан дар солхои аввали асри 20 муайян карда буданд. Солхои 80-ум барои паст кардани таъсири тагйирёбии ицлим дар байни олимони чахон ва мутахассисони соха бахсу мунозирахо ба вучуд омаданд. Кишвархои чахон дар ин самт бояд аз ухдадории ба зиммадоштаи худ бароянд ва дар самти кохиш додани партови газхои гулхонай ба хаво ва дар ин замина дар рушди «ицтисоди сабз» ицдомхои муассир руи даст гиранд. Дар ин росто Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон дар Паёми имсолаи хеш ба Мачлиси Олии кишвар цайд намуданд, ки бо мацсади истехсоли «энергияи сабз», рушди «ицтисоди сабз» ва паст кардани партови газхои гулхонай зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатй ва рацамикунонии хифзи мухити зист тадбирхои иловагй амалй карда шаванд.

Асосгузори сулху вахдати миллй -Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон санаи 28.12.2023, дар Паёми навбатии худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон цайд намуданд, ки бо дарназардошти фаровонии захирахои гидроэнергетикй, ицтидори бузурги истехсоли «энергияи сабз» ва

содироти он, дар чодаи ноил гардидан ба хадафи стратегии худ - расидан ба истицлоли энергетикй цадамхои устувор гузошта истодааст. Соли 2023 ицтидори энергетикии Точикистон зиёда аз 6 хазор мегаватт ва истехсоли неруи барц 22 миллиард киловатт -соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт - соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.

Таърих гувох аст, ки дар тацдиру толеъи инсоният хеч гох монанди имруз барои рушду инкишоф додани сохтори афкору андеша имконият фаро нарасида буд. Тавре ба назар мерасад, бо вучуди он хама комёбихои беназир, боз якцатор муаммохои ицтисодй, сиёсй ва экологй инсониятро ба ташвиш оварда, олимон, мутахассисону сиёсатмадорон барои бартараф намудани онхо гояхои рушдро пешниход менамоянд, ки яке аз онхо махз ицтисоди сабз аст. Дар ицтисоди сабз ба фаъолияти он хочагидорие афзалият дода мешавад, ки дар баробари тачдид ва баланд бардоштани самаранокии истехсолот, ба баланд шудани сифати хаёт ва бехбудии мухити зист мусоидат намояд. Дар хуччатхои расмии кишвархои мухталиф хадафхои ицтисоди сабз аз хам тафовут доранд. Масалан, барои кишвархои рушдёфта хадафи асосй - рацобат ва таъмини чойхои корй ва дар хуччатхои кишвархои ру ба инкишоф хадаф - расидан ба рушди устувор, кохиш додани масоили камбизоатй, масъалахои хуцуцй ва бунёди чомеаи шахрвандй мебошад. Вале дар ягон хуччат цазияхои экологй, бахусус махдудияти экологии рушд дар мафхуми ицтисоди сабз ишора нагардидааст. Ин исботи он аст, ки омили асосй дар ицтисоди сабз - худи ицтисод ва сохаи ичтимоию ицтисодй ба хисоб меравад. Бо вучуди ин, ицтисоди сабз ба таъминоти талаботхои инсон бо назардошти алоцамандй бо мухити зист ташаккул меёбад.

Бинобар ин, яке аз принсипхои асосии ицтисоди сабз волоияти арзиши истеъмолй ва сифат мебошад, ки он ба

истеъмолгари нихой ва бехдошти мухити зист нигаронида шудааст. Дар иктисоди сабз усулхои гайрисамаранок ва исрофкоронаи ташкили хама гуна бахши иктисод чоиз нест. Тибки ин консепсия дар табиат партов вучуд надорад, анчоми як раванд ё чараён ин огози равандхои дигар мешавад. Яъне, ин чунин маъно дорад, ки партовхо ба сифр баробар мешаванд. Принсипи дигари иктисоди сабз ба гуногунй рабт дорад ва ин мафхум ба хамаи сатххои зиндагй (гуногунии намудхо, экосистемахо, минтакахо) ва инчунин, гуногунии ичтимоию экологй дахл дорад. Бо экологикунонии чомеа худудхои сиёсию иктисодй аз байн рафта, ба иктисоди биоминтакавй табдил меёбад. Дар иктисоди сабз бештар ба рушди устувори сохаи кишоварзй, ба рох мондани истехсолоти саноати «сабз» ва энергияи баркароршаванда афзалият дода мешавад. Аз ин ру, чанбаи тагйироти ичтимоию экологиро дар консепсияи иктисоди сабз дар якчоягй дида баромадан мумкин аст. Дар консепсияи рушд ба ягон бахши чамъиятию хусусии иктисод афзалияти махсус дода намешавад. Чунки, бахшхои давлатию хусусй дар бозор таваччухи худро бояд ба арзишхои ичтимоию экологй равона намоянд. Ва дар ин раванд хамкории зич миёни давлат бо иттиходияхои чамъиятй бо максади тахаввулоти инноватсионй вучуд дошта бошад. Барои амалй кардани ин тачриба бояд тархи нави

раванду коидахои иктисодй тартиб дода шаванд ва рафтори экологиро ташаккул дода, дар хаёти харрузаи иктисодй татбик намоянд.

Омили дигари амалй шудани иктисоди сабз барои бартарафсозии камбизоатй имкони хуб фарохам меорад. Зеро байни бартарафнамоии камбизоатй ва идоракунии устувори захирахои табиию экосистемахо робитаи мустаким вучуд дорад, чунки аз афзоиши сармояи табий барои кишри камбизоати ахолй манфиати бевосита мерасад. Дар баробари ин, тадбирхои гузариш ба иктисоди сабз ва дар худуди 2 дарача нигохдории гармшавии глобалй имкон медиханд, ки то соли 2030 24 млн чойи нави корй ташкил мешавад. Бино ба иттилои Созмони байналмилалии мехнат чойхои нав дар натичаи дигаргунй дар бахши энергетика ба вучуд омада, зарурат ба кормандон дар сохахои тозасозии хаво, об, замин ва инчунин, хифз аз офатхои хусусияти табиидошта низ хохад афзуд.

Дар мачмуъ барои расидан ба хадафхои мехварии сиёсати умумибашарй оид ба рушди иктисодиёти сабз зарур аст, ки тамоми давлатхо, созмонхои байналмилалй новобаста аз эхтиёчмандиашон оид ба захирахои алтернативии табий ташаббускорй ва хамбастагии муштаракро таквият бахшанд, ки ин ба бехтар шудани сифати хаёти инсон оварда мерасонад.

АДАБИЁТ

1.Давлатзода, К. К. Ташаккул ва инкишофи кластерхои сохавй дар минтака / К. К. Давлатзода, Д. Халифазода. - Душанбе : Таджикский национальный университет, 2023. - 158 p.

2.Мухаббатов, Х. М. Истифодаи окилонаи захирахои обй ва энергетикй - асоси рушди "иктисоди сабз" дар Точикистон / Х. М. Мухаббатов, У. О. Кимсанов // Паёми Донишгохи давлатии тичорати Точикистон. - 2021. - No. 2(36). - P. 196-201.

3.Саидзода, С. С. Захирахои об ва накши он дар рушди иктисоди сабз / С. С. Саидзода // Паёми Донишгохи миллии Точикистон. Бахши илмхои ичтимой-иктисодй ва чамъиятй. - 2024. - No. 4-2. - P. 110-116.

4. Саидов, С. С. Истифодаи самараноки захирахои об хамчун омили мухимми рушди иктисоди сабз / С. С. Саидов, Д. М. Мачидзода // Паёми Донишгохи миллии Точикистон. Бахши илмхои ичтимой-иктисодй ва чамъиятй. - 2023. - No. 7. - P. 116-124.

5. Стратегияи рушди ицтисоди «сабз» дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2023-2037

6.Халифазода, Ч. Б. Ру овардан ба «ицтисоди сабз» талаби замон / Ч. Б. Халифазода // Идоракунии давлатй. - 2024. - No. 2(67). - P. 90-95. - EDN QZVHUZ.

7.Шарифзода, М. М. Хусусиятхои рушди ицтисодиёти миллй дар замони муосир / М. М. Шарифзода // Ахбори Донишгохи давлатии хуцуц, бизнес ва сиёсати Точикистон. Силсилаи илмхои чомеашиносй. - 2023. - No. 4(97). - P. 90-98. - DOI 10.24412/2411-1945-2023-4-90-98.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Давлатзода Абдулло Давлат - муаллими калони кафедраи фанхои гуманитарии Донишгохи давлатии молия ва ицтисоди Точикистон. Сурога: 734067, Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, кучаи Нахимов 64/14. Телефон: 907302311. E-mail:[email protected]

Свидения об афторе:

Давлатзода Абдулло Давлат - старший преподаватель кафедры гуманитарных дисциплин Таджикского государстственного финансово-экономического унверситета адрес: 734067, Республика Таджикстана, г. Душанбе, улица Нахимов 64/14. Телефон: 907302311. E-mail: [email protected]

Information about the author:

Davlatzoda Abdullo Davlat - senior lecturer at the department of Humanities of the Tajik State University of Finance and Economics address: 734067, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Nakhimov str., 64/14 Phone: 907302311. E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.