Научная статья на тему '“Akli Surkh” treatise by Shahabuddin Suhravardi'

“Akli Surkh” treatise by Shahabuddin Suhravardi Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
219
46
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СУХРАВАРДИ / РАСКАЛЕННЫЙ РАЗУМ / СИМВОЛ / СЮЖЕТ / СКАЗАНИЕ / МИСТИКА / SUHRAVARDI / PLOT INTELLECT / SYMBOL / OUTLOOK / MYSTICAL / SUFIY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Исмоилова Мутриба Охунджоновна

The article is an exploration of a mystical outlook belonging to Shahabuddin Suhravardi the well-known representative of the Persian-Tajik Sufiy literature and expounded by him in his treatise “Akli Surkh”. The author analyzed the compositional and artistic peculiarities of the treatise: the symbolism of the letter being paid special attention to.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article is an exploration of a mystical outlook belonging to Shahabuddin Suhravardi the well-known representative of the Persian-Tajik Sufiy literature and expounded by him in his treatise “Akli Surkh”. The author analyzed the compositional and artistic peculiarities of the treatise: the symbolism of the letter being paid special attention to.

Текст научной работы на тему «“Akli Surkh” treatise by Shahabuddin Suhravardi»

Исмоилова Мутриба Охунцоновна,

муаллимаи кафедраи забонуои хориции ДИС ДДТТ

РИСОЛAИ «AK^ СУРХ»-И ШД^ОБУДДИНИ СУXРABAРДЙ BA БAЪЗЕ ХУСУСИЯТ^ОИ ОН

Дар миёни рисолахои форсии Шайх Шахобуддини Сухравардй рисолаи «Акли сурх» чойгохи мухимеро сохиб аст. Аглаби рисолахои форсии Сухравардй хачман кутох бошанд хам, дар онхо масоили гуногуни ирфонй бо шеваи рамзпардозй тахкику тафсир шудааст. Рисолаи «Акли сурх» хам асосан бо хамин усул навишта шудааст ва он чи аз нусхахои хаттй ва чопии он бокй мондааст, хамагй 15 сахифаро фаро мегирад. Сохтори рисола асосан аз муколамаи худи муаллиф бо нафаре иборат аст, ки ба у дар мавриди забони мургон суоле додааст ва дар ин замина у бо гуфтани посух ба саволхои вай мазомини ирфониро шарху тавзех намудааст. Дар ин рисола Сухравардй аз забони мургон ва паррандагон хикоят мекунад ва чанбаи рамзии рисола дар хамин матлаб ошкор мегардад. У хамчун солики рохи тарикат ба чисму сурати паррандагон ворид гардида, дар анчоми сафари рухонй эхтимом меварзад. Аз мухтавои рисола хувайдост, паррандае, ки нависанда ба колбади он вуруд мешавад, то сафари рухонии хешро идома бахшад, боз аст ва бо ворид гардидан ба чисми он Сухравардй хамрох бо дигар бозон ба суи кухи ^оф рох мегирад. Дар чараёни хамин сафар аст, ки Сухравардй бо хаводиси чахон ва вокеоти он пайванд гирифта, зинахои камолоти маърифати инсонро тай мекунад. Парвози у ба хар чониб унсури мухим дар маърифати олам аст, зеро бо бархурд ба хар чизе дар атроф кушиши шинохти он дар вучуди вай авлавият касб намуда, мунтахо ба мурод мерасад, яъне рамзи акл дар унвони хамин рисола хам пайванд ба хамин маърифат дорад. Аз диди хунари нависандагй хам гузоштани унвони «Акли сурх» рамз ва киноя аст, ки дар заминаи пайванди он ба унсури вокеии ранг як мафхуми фалсафй ва ирфонии хоси муаллифи асар берун омадааст. Шархи ирфонии акли сурх дар заминаи посуххои нависандаи солик ба саволхои дусти у, ки аслу мухтавои рисоларо фаро гирифтаанд, тачассуми равшан пайдо мекунад. Аз диди сохторшиносй нахуст рисола бо хамди Худо-ванд огоз мешавад, ки ин махсусияти сохтории рисолахои ирфонй ба шумор меояд. Дар огози рисола омадааст:

«^амд бод Маликеро, ки хар ду чахон дар тасарруфи уст. Буди хар кй буд, аз у бувад ва хастии хар кй хаст, аз хастии уст. Будани хар кй бошад, аз будани у бошад» (1,252). Дар идомаи ин хамд наъти Расули Акрам чараён мегирад, ки сохтори маснавихои ирфонй ва шеваи махсуси нигориши таълифоти тасав-вуфиро ба хотир меорад. Сухравардй хам дар чараёни кори худ аз он риоят намудааст: «Ва салавот ва тахиёт бар фиристодагони у ба халк, хусусан бар

Мухаммади мухтор, ки нубувватро хатм бад-у кард ва бар сахоба ва уламои дин ва ризвону-л-Лохи алайхим ачмаъин»(1,251).

Ч,олиб аст, ки дар шеваи наъти Сухравардй нахуст дуруд ба тамоми паёмбарони баргузидаи Худованд, ки ба руи замин барои хидоят фиристода шудаанд, ирсол мегардад. Шояд хамин шеваи кори у боиси сар задани хар гуна сару садохо нисбат ба эътикодоташ гардида бошад, ки баъдан бар асари игво ва фитнахои мутаассибин бар иттихомаш нисбати зардуштигарой мактул гардид. Дар холе ки бо равшантарин чумалот хотимаи анбиё будани хазрати паёмбарро эътироф намудааст ва ин матлаб дар чумлаи наътии у тачассуми мубин дорад. Албатта, ин бахси чудогона аст.

Тавре гуфта омад, арзиши аввалияи адабии ин расоил дар он аст, ки онхо сохиби сужаи мустакил буда, хамчун як киссаи ирфонй рунамо мешаванд. Аз чумла, «Акли сурх» хам чунин сурати адабиро ховист ва он бо пурсише огоз мешавад, ки оё мургон забони хамдигарро мефахманд ва ин суолро нафаре ба Сухравардй хамчун кахрамони марказии асар - солики рохи тарикат медихад:

«Дусте аз дустони азиз маро суол кард, ки мургон забони якдигарро донанд? Гуфтам: Бале. Гуфт: Туро аз кучо маълум гашт? Гуфтам: Дар ибтидои холат чун мусаввар ба хакикат хост, ки ба ният маро падид кунад, маро дар сурати бозе офарид ва дар он вилоят, ки ман будам, дигар бозон буданд. Мо бо якдигар сухан гуфтему шунидем ва сухани якдигарро фахм мекардем»(1, 251). Дар идомаи суол пурсиш мешавад, ки пас бад-ин хол чи гуна расидй, яъне ба сурати одамй даромадай ва гар замоне сурати боз доштай. Хати сужаи рисола дар давоми ин бахс ба чое мерасад, ки аз руи накли ровии аслии кисса, солики тарикат замоне сайёдон домхое мегузоранд ва баъди бар дом афтодани у онхо чашмонашро мебанданд ва ба тадрич боз мекунанд, ки дар ру ба руяш марде сурхру нишастааст ва даъвии нахустин фарзанди офариниш буданро дорад. Дар бархе аз шарххое, ки ба ин рисолаи Сухравардй навишта шудааст, акли сурхро сумбули кисмат хам гуфтаанд. Дар асл у хам марде солхурда ва намояндаи инсони комиле аст, ки кабл аз офариниш ба сурати мисоле дар камоли махз мезиста ва хам дар як вакт чавоне аст, зеро аз назари хастишиносй бо Худованд, ки азалй ва кадимтарин аст, фосилаи зиёд дорад. Бахси чолиби Сухравардй дар ин чо дар он тазохур мекунад, ки хама офаридахо шуруъ аз акли аввал, ки ин чо дар ибораи акли сурх тачассум ёфтааст, нисбат ба Худованд, яъне сонеи худ чавонанд ва барои хамин маърифати кул(л) фосилахои тулониро фаро мегирад ва хатто имкони расидан бар он ормони аслии солик ба шумор меравад.

Дар чараёни сужаи рисола баъди бастани чашмони солик уро ба макони дигаре мебаранд ва дах нафарро барояш муваккил мегузоранд, ки панч аз суи у ва панч аз пушт карор мегиранд. Ин чо хам рамзест нухуфта, ки ин дах муваккил дах нафс аст, ки дар вучуди инсон бошад ва панч нафси аммора ё замима ва панчи дигар ахлоки хасана аст, ки пайваста онхо дар чидол ва мубориза мебошанд. Дар матни рисола ин фурсат ба таври зайл тасвир шудааст: «Ин панч, ки руй суи ман доштанд ва пушти эшон берун, он гах маро дар олами тахайюр бидоранд, чунонки ошёни хеш ва он вилоят ва хар чй маълул буд, фаромуш кардам ва мепиндоштам, ки ман пайваста худ чунин будаам» (2, 338).

Чехраи акли сурх тачассуми инсони комил аст, ки аз чамъи мухассаноти инсонй бархурдор буда ва рангу руи сурху чавон дорад ва иллати чавонии он дар худи матни рисола шарх ёфтааст, ки каблан тазаккур ёфт. Дар канори ин, у сайёхест дунёдида ва фазилати дунёдидагй, ки марбут ба ахли ирфон аст, барои камолоти маънавии вай таъсир гузоштааст. Ин аст, ки зимни огози наклхои худ ба ровии кисса, худи Сухравардй ва дар як вакт солики рохи тарикат аз тачоруби худ хикоят мекунад. Ч,амъи ачоиботи оламро у дар хафт чиз хулоса мекунад: кухи ^оф, гавхари шабчарог, дарахти Тубо, дувоздах коргох, зарраи довудй, теги балорак, чашмаи зиндагонй. Х,ангоми шархи дарахти Тубо сухан аз Симург ба миён меоварад, ки киссаро боз хам рамзомез ва рангоранг мегардонад. Х,амин чо собит мешавад, ки ин хафт ачоибот хамон хафт шахри Ишк хастанд, ки солик бояд аз онхо сафар кунад ва дар идомаи кисса мушохида мешавад, ки хар яке аз онхоро Акли сурх ба унвони пири комил тавзех медихад. Масалан, вакте дар мавриди дарахти Тубо суол мекунад, посухи Акли сурх ин гуна аст: «Гуфт: Дарахти Тубо дарахте азим аст. Х,ар кас, ки бихиштй бувад, чун ба бихишт равад, он дарахтро дар бихишт бинад ва дар миёни ин ёздах кух, ки шарх додем, кухе аст, ки дар он кух аст»(2, 333).

Дар робита ба кухи ^оф бошад, муаллифи достон ин гуна шарх медихад: «Аввал кухи Цоф аст, ки гирди чахон даромадааст ва ёздах кух аст ва чун ту аз банд халос ёбй, он чойгах хохй рафт, зеро ки туро аз он чо овардаанд ва хар чизе, ки хаст окибат ба шакли аввал баргардад»(2, 334).

Чун вакте сухан аз кухи ^оф рафт, ин чо барои солик Пир аз шевахои гузаштан аз куххои дигар сухан мекунад, то ки мунтахо ба ин сарманзили максуд бирасад. Дар хамин бахсхост, ки у аз асли киссаи кухи ^оф ва симург сухан мекунад ва ба заминахои эронии он мепардозад. Мухаккики эронй Абдуррафеи Х,акикат ин тимсолхоро, ки аз достони Золи «Шохнома» Сухравардй хамчун намоди шаркгароии хеш дар киссаи худ меоварад, намодхои зардуштии кухи ^оф, достони Зол, Рустам ва Исфандиёр унвон кардааст, ки кахрамонии аслии хамосаи миллии эрониён хастанд(1, 250).

Зимнан, ровй ин чо аз парвариши Зол ва пирузии Рустам бар Исфандиёр мепурсад, ки дар ин маврид ба рамзхои ирфонй бадал шудани симо ва асотири эрони бостонй ба мушохида мерасад. Аммо аз руи мукоисаи матншиносй ва фазилатхои асотирй он чй пирамарди Акли Сурх дар достони Сухравардй мегуяд, аз ривоёти «Шохнома»-и Фирдавсй рочеъ ба Симург фаркияти куллй дорад. Дар достони Сухравардй ба чои Симург охуе Золро шир медихад ва дар устураи марбут ба Рустам ва Исфандиёр барки пари Рустам аст, ки ба чашмхои Ифандиёр метобад ва кори уро ба анчом мерасонад, на тири Рустам.

^иссаи парвариши Зол аз чониби оху дар достони Сухравардй ба гунаи зайл тавзех ёфтааст: «Чун шаб даромад ва Симург аз он сахро мунхазим шуд, охуе бар сари Зол омад ва пистон дар дахони Зол ниход, чун Зол шир хурд, худро бар сари Зол бихобонид, чунонки Золро хеч осеб нарасид»(1, 253).

Поёни достон ба накли расидани солик ба зулмот аст, ки дар он чо оби хаёт аст ва ин киссаро Сухравардй чунин ба калам овардааст: «Ва ту худ дар зулмотй, аммо ту намедонй. Он кас, ки ин рохро равад, чун худро дар торикй бинад, бидонад, ки пеш аз ин хам дар торикй будааст ва харгиз рушной ба чашм

надида. Пас аввалин кадами рохи равон ин аст, аз ин чо мумкин бувад, ки тараккй кунад. Акнун агар касе ба ин маком расад, аз ин чо тавонад бувад, ки пеш равад. Муддаии чашмаи зиндагонй дар торикй бисёр саргардонй кашад. Агар ахли он чашма бувад, ба окибат баъд аз торикй рушаниро бинад, пас уро бе он рушаной набояд гирифтан, ки он рушаной нуре аст аз осмон бар сари чашмаи зиндагонй. Агар рох бурд ва ба он чашма гусл баровард, аз захми теги балорак эмин гашт.Х,ар кй ба он чашма гусл кунад, харгиз мухталим нашавад. Х,ар кй маънии хакикат ёфт, ба он чашма расид, чун аз чашма баромад, истеъдод ёфт, чун ругани баласон, ки агар каф баробари офтоб бидорй ва агар катрае аз он руган чаконй, аз пушти даст бадар ояд. Агар Хизр шавй, аз кухи Цоф осон тавонй гузаштан»(1, 353).

Аз мухтавои ин кисмати нихоии достони Сухравардй хувайдост, ки он чашмаи зиндагонй хамон мархилаи нихоии камолот яъне кухи ^оф барои Симург аст, ки солик ин чо ба макоми Хизр яъне инсони комил расидааст. Дар чумлаи нихоии ин гуфтор хакикати нуктаи фарчоми сафари солик нухуфтааст, яъне агар Хизр шавй, аз кухи ^оф осон тавонй гузаштан». Хизр дар андешаи Сухравардй пири муршид аст ва Кухи ^оф нихояти сафари солик, куллаи максуд. Тамоми самбулхои ин достон маънихои ирфонй касб кардаанд ва хатто дар фароварди достон вакте худи Сухравардй хам ба нафари соил ин достонро накл мекунад, гохе макоми муршиди комилро дорад. Он чо ки мегуяд: «Чун он дусти азиз ин мочаро бигуфтам, он дуст гуфт ту он бозй, ки дар домй ва сайд мекунй. Инак маро фитрок банд, ки сайде бад нестам» (2, 16) .

Дар ин маврид нахуст Акли сурх рамзи пирест, ки хамаи вижагихои сафари рухониро ба ровй, яъне Шайхи Ишрок мегуяд ва акнун Шайхи Ишрок ин ки ба суолхои нафаре ба унвони мурид посух мегуяд, худ хам дар мавриди дигар макоми шайхй касб кардааст. Хати сужаи достон тафсири хамин достони сафари рухонист, ки ин чо боз хам тавассути самбули мургон тафсир шудааст ва ин чо худи ровй ба рамзи боз ворид мешавад, то ба тадрич мачмуи макомоти маънавиро тай кунад. Гохо Сухравардй истилохоти маком ва вилоятро ба кор мебарад, ки хамин чанбаи ирфонии достони уро бозгуй мекунанд.

Сабки нигориши рисолаи «Акли сурх» хам хеле чаззоб ва равон аст, харчанд достоне рамзй ва ирфонй аст ва барои кашфи маонии он огохй аз истилохоти ахли тасаввуф зарур мебошад. Танхо дар кисмати охири достон, ки дар боло тазаккур ёфт, истифодаи вожагони равган, чаконидан, пушти даст аз чумлаи таркибу иборахои ноби форсй махсуб мешаванд, ки ба равон будани сабки нигориши достон ишорат мекунад. Рамзгаройй ва рамзпардозй вижагии аслии достонхои ирфонист, ки дар ин достон низ чилваи барчаста дорад. Дар канори ин, дар баъзе нусхахои достон истифодаи ашъор ба назар мерасад, ки дакикан маълум нест, ки ин сурудахо ба кй тааллук доранд. Масалан, дар кисмати поёнии кисса ду порчаи шеърй дар бархе аз нусахи достон ба мушохида мерасад. Дар фарчоми накли киссаи Симург нахуст ин байт омада:

Ба теги ишц шав кушта, ки то умри абад ёбй,

Ки аз шамшери Буя^ё нишон надсад касе э%ё(3,252).

Х,амзамон дар фарчоми достон баъди сухани ровй ва хадафи соил бо хам порчаи шеърие оварда шудааст, ки мантикан хадаф ва андешаи аслии Сухра-вардиро чамъбаст мекунад:

Ман он бозам, ки сайёдони олам,

Хама вацте ба ман муутоц бошанд.

Шикори ман сияучашм оуувонанд,

Ки уикмат чун сиришк аз дида боранд.

Ба пеши мо аз ин алфоз дуранд,

Ба пеши мо аз ин маънй тарошанд (3, 253).

Ин порчахои шеърй дар матни нусхаи кисса дар китоби «Мачмуаи мусан-нафоти Шайхи Ишрок» омадаанд. Ба назар мерасад, ки харчанд агар ин порчахоро котибони баъдй илхок карда бошанд, аммо хеле бомаврид ва чавоб-гуи холи кахрамонони кисса сурат гирифтааст, ки ба чо афтода барои таквияти чанбахои адабии достонхои ирфонй таъсири равшан гузоштаанд. Дар мачмуъ, рисолаи «Акли сурх» яке аз рисолахои кутохи рамзии Сухравардист, ки дар та-шаккули насри ирфонии форсу точик ва шаклгирии он накши хосса гузоштааст. Калидвожа^о: Сухравардй, Ацли сурх, рамз, сужа, цисса, ирфон

Пайнавишт:

1. Абдурафеи Хацицат. Сууравардй шауиди фаруанги миллй. -Теурон: Интишороти Кумиш, 1378.

2. Ахмад Тамимдари. История персидской литературы. -Санкт- Петербург, 2007.

3. Сууравардй Шауобуддин. Киссауои Шайхи Ишроц. Вироиши Цаъфар Мударриси Содицй. -Теурон: Нашри Марказ, 1375.

4. Сууравардй Шауобуддин. Ацли сурх. Ба кушиши Хусайни Муфид аз руи нусхаи Мууаммади Цоцармй, -Теурон, 1384.

5. Мацмуаи мусаннафоти форсии Шауобуддини Сууравардй. Дар се цилд. Тасуеу ва таушияи Саид Хусайни Наср. -Теурон, 1378.

Исмоилова Мутриба Охунджоновна,

ассистент кафедры иностранных языков ТГУК Трактат «Акли сурх»(«Раскаленныйразум») Шахабуддина Сухравардй Ключевые слова: Сухраварди, раскаленный разум, символ, сюжет, сказание, мистика Статья посвящена исследованию мистических воззрений известного представителя персидско-таджикской литературы Шахабуддина Сухраварди, изложенных в его трактате «Акли сурх», и анализу композиционных и художественных особенностей, в частности символики этого трактата.

M.O. Ismoilova

“Akli Surkh” Treatise by Shahabuddin Suhravardi Key words: Suhravardi, plot intellect, symbol, outlook, mystical, sufiy.

The article is an exploration of a mystical outlook belonging to Shahabuddin Suhravardi the well-known representative of the Persian-Tajik Sufiy literature and expounded by him in his treatise “Akli Surkh”. The author analyzed the compositional and artistic peculiarities of the treatise: the symbolism of the letter being paid special attention to.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.