АЦИДАХ.ОИ ФАЛСАФИИ ИБНИ СИНО
ДАВЛАТМАНДОВ МАНУЧЕХР ШУКУРЧ.ОНОВИЧ
Ассистенти кафедраи фалсафаи факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгохи
давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
КАРИМОВ САФАРАЛЙ НАСРУЛЛОЕВИЧ
Ассистенти кафедраи фалсафаи факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгохи
давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
ХАМИДОВА ДИЛАФРУЗ АБДУЧДББОРОВНА
Ассистенти кафедраи фалсафаи факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгохи
давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
ХАЛИМОВ УМЕДЧ.ОН БАЛАЧ.ОНОВИЧ
Ассистенти кафедраи х,ук;ук;и инсон ва ху;у;шиносии му;оисавии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгохд давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Аннотация: В идеях Ибн Сина можно наблюдать как материализм, так и идеалистический рационализм, что соответствует его научным и натуралистическим взглядам. Ибн Сина считается одним из самых известных ученых-энциклопедистов Средневековья не только на Востоке, но и в мире, и изучение его ценных трудов имеет большое научное и культурное значение для каждого таджикского интеллектуала и инженера. Роль философских, нравственных и социальных мыслей Абу Али ибн Сина в формировании учений последующих философов мира очень велика.
В философской теории Ибн Сина большое внимание уделялось изучению сущности движения, времени и пространства, являющихся формами существования материи и мира. По его словам, тело всегда меняется. Признание связи между материей, движением и временем является одним из важных моментов его философии. Мыслитель считал время конкретным и реальным, как материя и движение. В глазах Ибн Сина время, подобно материи и движению, вечно и вечно, и для доказательства этих вопросов он приводил надежные интеллектуальные и логические аргументы.
Ключевые слова: материалист, рационалист, идеалист, материалист (энциклопедист), материал, движение, познание, познаваемое, восток.
Абуалй Х,усайн ибни Абдуллох ибни Сино (980-1037) ба ;атори мутафаккирони бузурги асримиёнагй дохил мешавад, ки сохахои гуногуни илми замонаш - манти;, фалсафа, илохиёт, табииёт, риёзиёт ва тибро рушду ч,илои нав бахшидааст. Давраи зиндагии Ибни Сино ба замони су;ути давлати Сомониён ва шикасти комили он мувофи; омадааст. Баъди шикасти давлати Сомониён дар Мовароуннухр ва Хуросон сулолахои туркии Газнавиён, Кдрохониён ва Салчу;иён салтанат мекарданд ва байни хамдигар хамеша дар мубориза буданд.
Ибни Сино номдортарин аллома ва барчастатарин файласуфи машшоии точик аст.
Ибни Сино донандаи ду забони илму фарханги замонаш - форсй ва арабй буд [1.
С.97]
«Донишнома» ягона асарест, ки Ибни Сино онро ба забони точикии форсй навиштааст, дигар асархояш пурра бо забони арабй таълиф ёфтаанд.
Масъалахои фалсафии таносуби Худо ва табиат, шаклхои хастй, сурату модда, нафсу тан, сабабият, маърифати олами моддй ва тахкиди масоили гуногуни мантид мазмун ва мухтавои асосии осори уро ташкил медихад.
Масъалаи маъмуле, ки мавриди таваччухи хакимони асримиёнагй буд, ин масъалаи оё оламро Худо офаридааст, ё он азаливу абадй вучуд дорад?, мебошад. Назари Ибни Сино ба ин масъала ин аст, ки олам аз мохияти илохй судур карда, дарачахои гуногунро гузашта, намуди хозираашро гирифтааст. Вале таносуби Худо ва табиат, на чун таносуби холик ва махлук, балки чун таносуби иллат (сабаб) ва маълул (натича) мебошад. Ба андешаи файласуф, Худо оламро на аз руи иродаи худ, балки бо амри зарурат офаридааст. Чунин натичагирии Ибни Сино аз тахлили робитаи иллат ва маълул сар мезанад, зеро тибки он алокаи иллат ва маълул на робитаи тасодуфй, балки зарурист. Сабаб танхо дар холате сабаби вокей шуда метавонад, ки натичае ба бор оварад. Агар он натича надошта бошад, пас хамеша дар хукми сабаби имконй бокй хохад монд. Аз ин ру, барои он ки Худо сабаби вокей шавад, Уро вочиб буд, ки оламро биофарад. .[2.с.197] Чунончи, Ибни Сино таълим медихдд, ки олам аз материя офарида шудааст, на аз х,еч, ки фалсафаи дини масехй таълим медод. Материя абадист. Худовандро х,амчун бах,аракатоварандаи аввалини бех,аракат, шакли хама шаклх,о маънидод мекунад, ки он ба фалсафаи Арасту шабох,ат дорад.[1. С.98]
Дар назарияи фалсафии Ибни Сино ба тахкики масъалаи мохияти харакат, замон ва макон, ки шаклхои хастии модда ва оламанд, таваччухи зиёд зохир шудааст. Ба акидаи у, чисм хамеша дар тагйирот аст. Эътирофи робитаи модда, харакат ва замон яке аз лахзахои мухими фалсафаи уст. Мутафаккир замонро ба мисли моддаю харакат айнй ва вокей донистааст. Дар назари Ибни Сино, замон ба мисли модда ва харакат азалию абадист ва барои исботи ин масоил далелхои боэътимоди аклию мантикй овардааст.
Масъалаи назарияи маърифат ва мантик низ яке аз масъалахои мухиму марказии фалсафаи Ибни Синост. Файласуф дар хусуси маърифат сухан ронда навишта буд, ки: «Ба акидаи ман идрок иборат аст аз ин, ки идроккунанда сурати идрокшавандаро ба нахве аз онхо бигирад. Ва агар идрок шайъй бошад, хамин ки идроккунанда идрокшавандаро тачрид аз модда кард, идрок хосил мешавад» .[3. С.83-87]
Масъалаи бисёр мухими назарияи маърифати файласуф масъалаи мохияти хадс ( ходис шудани чизи нав) мебошад. Ба андешаи Ибни Сино, хадс он аст, ки ба як бор ва хар гуна таълим ва тааллум хадди васати киёс дар зехн ояд. Дониши хадсй донишест, ки як бор пайдо мешавад, донишест, ки бефикру андеша ба вучуд меояд. Дониши хадсй маърифати гайритачрибавй буда, гуё бе таълиму тааллум (илмомузй) сурат мегирад. Файласуф бо масъалаи хадс, масъалаи дониши тачрибавй ва гайритачрибавиро алокаманд менамояд. Ибни Сино дониши гайритачрибавиро пояи тамоми дониши инсонй, заминаи маърифати тачрибавй медонист. Ибни Сино масъалаи мантику масоили ба он марбутро хеле эчодкорона дида баромадааст.
Файласуф дар рисолааш «Тадбири манзил» ва дигар асархояш рочеъ ба мухимтарин рукнхои хикмати амалй имтиёзу афзалияти инсон ва мохияти он, бунёди оилаи солеха, роху тарики тарбияи фарзанд, макоми мураббй дар тарбияи фарзанд, сабабхои истикрори чомеа, таркиби ичтимой, хокимияти сиёсй, фарохам овардани адолату амният ва гайра сухан рондааст.
Ибни Сино сабаби асосии пайдоиши ичтимоъро дар зарурати фарохам овардани шароитхо ва омилхо барои фаъолияти хаётии одамон ва дар пойдориву бакои хастии насли инсонй мебинад. Ба андешаи у, ин зарурияти устувору пойдор одамонро мачбур менамояд, ки дар иттиходия гирди хам оянд ва бо усули иштирок, хамкорй, ёрмандии байнихамдигарию мубодилот неъматхои истехсол кардаашон шароите барои мавчудияти афроди инсонй ва насли он мухаё намоянд.
Агар файласуф яке аз шартхои зарурии иттиходи ичтимоъро дар муованати (мададгорй) доимиву мунтазами одамон донад, шарти дуюмини рушду ривочи онро дар мехнати софдилонаи шахрвандони чомеа дидааст. чомеа бояд ногузир бар зидди хама гуна тазохуроти номатлуб -муфтхурону ришвахурон, дуздону фохишагон ва гайра муборизаи беамон барад. Аз назари Ибни Сино, таркиби чомеа аз ахли мудаббирон (тадбиркунанда-подшох), аъёну ашроф, сипохсолорхо), ахли сайф (шамшер - лашкар) ва
ахли чокар (хидматгорхо) иборат аст. Файласуф дар хусуси дороиву сарватмандй ва инчунин дар малому манзалат хамоханг набудани одамонро яке аз шартхои мухими пойдории чомеа медонад ва дар ин боб гуфтааст: «...агар хамаи мардум подшоху шахриёр бишаванд, хамагй аз байн мераванд. Ва агар хамаашон ранчбару коргар ва тобеу раият бишаванд, подшоху султоне дар байн набошанд, хамагй фано ва халок мешаванд» [4.с.13]
Аз тахлили андешахои ичтимоию сиёсии Ибни Сино сарехатан бармеояд, ки бадову пойдории кишвар на фадат ба василаи дасгириву хамкории шахрвандони он сурат мепазирад, хамчунин ба танзими донунхои одилона низ робитаи зич дорад. Вай таъкид менамояд, ки дар кишвар донун ва меъёри адолат бояд чорй бошад. Конунгузор бояд аз болои донун ва татбиди мунтазами он дар хама сатхи умури чомеа назорати доимй барад. Аз назари файласуф, хар шахрванде, ки ба беадолативу беинсофй рох медихад, хатман бояд ба чазо кашида шавад ва дар ичрои ин амали хайр ахли чомеа хатман бояд муштарак бошанд ва ба манфиати хайрияту рифохияти умум мадад расонанд.
Шайхурраис Абуалй Ибни Сино дар аввал, дер гох,е сахт зери таъсири фалсафаи машшоияи юнонй буда, дар ривочи он хизмати зиёде кардааст, аммо дар марх,алах,ои охири умраш ба коркарди намунае аз фалсафаи шардй-"хикмати ишрод" кушидааст, баъдан ин тархи уро файласуфи дигари эронй Сухравардй идома дод. .[1. С.89-90]
Пизишкй набуд, онро Будрот (Гиппокпат)-(460-377) ба вучуд авард, пизишкй мурда буд, онро Чрлинус (Гален)-(129-200) зинда кард, пизишкй пароканда буд, онро Закариёи Розй (865-925), фарохам овард, пизишкй нодис буд, онро Буалии Сино (980-1037) комил кард. Боиси ифтихор аст, ки аз миёни чахор табиби овазадори чахон ду тан аз ниёгони точикон махсуб мегарданд. .[4. С.5]
Хулоса Ибни Сино яке аз машхуртарин олимони мавсуавии (энсиклопедии) асримиёнагии натанхо Шард, балки олам махсуб меёбад ва омухтани осори арзишманди у ба хар шахси зиёй ва механдусти точик ахамияти калони илмиву фархангй дорад. Дар адидахои Ибни Сино хам майлхои моддагарой ва хам ратсионалистии идеалистй мушохида мешаванд, ки ба баррасихои илмиву табиатшиносии у мувофидат мекунанд. Надши афкори фалсафй, ахлодй ва ичтимоии Абуалй ибни Сино дар ташаккули таълимоти файласуфони минбаъдаи чахон багоят бузург аст.
РУЙХАТИ АДАБИЁТХ.ОИ ИСТИФОДА ШУДА:
1.Мирзоев F. Фалсафа дар саволу чавоб. Душанбе-2013.
2.Ф А Л С А Ф А:(таърихи фалсафа) (Китоби дарсй барои мактабхои олии чумхурй) М.Д.Диноршоев, Р.С.Комилов Душанбе - 2011
3. Донишнома.- Техрон, 1337х.
4. Абдулхай комилй. Закариёи Розй ва "Тарозуи физикй"-и У. Душанбе 2016.
5.Абдулозода Шерзод. Мудадимаи фалсафа. Душанбе-2004;